Сообщение об ошибке

Notice: Undefined variable: layout_width в функции include() (строка 18 в файле /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
18 Mar 2026
Submitted by Admin
28

Наврӯзи хуҷастапай ягона ҷашнест, ки ба гумони ғолиб баробар ба таърихи пайдоиш ва ҳастии миллати наҷибамон арзи ҳастӣ кардааст.

Бинобар ин яке аз унсурҳои барҷастаи қадимӣ будани миллати мо низ ҷашни Наврӯз аст. Наврӯз ҷашнест, ки ба умқи тамаддун ва фарҳанги ғании мардуми ориёӣ реша дорад. Решаи амиқи фарҳангӣ ва маънавии он аз тамаддуни оламгири давраи бостони ниёгони шарафмандамон шодоб аст.

Ин шодобии пурсамар аз фарҳанги гузаштаи давраи бостон онро ҳамеша ҷавон ва барои ҷаҳониён писандида гардонидааст. Аз тарафи дигар Наврӯз чун ойинаи беғубор дороиҳои илмӣ ва фарҳангию адабии гузаштагонро дар худ таҷассум намудаву то рӯзгорони мо он суннату ойинҳоро бегазанд расонидааст.

Пурбории суннату ойинҳои ин ҷашни куҳан фарҳанги хоси Наврӯзро ба вуҷуд овардааст. Фарҳанги Наврӯз дорои фалсафаи амиқ буда, бо гузашти замонаҳо пайваста худро ғанӣ месозад.

Гузашта аз он ки ин ҷашни бостонӣ бо коинот, илми нуҷум ва гардиши офтоб низ пайванди ногусастанӣ дорад, ҳамчунин бо фарҳанги заминдорӣ, кишту кор ва сарсабзу хуррам нигаҳ доштани муҳити зист низ иртиботи қавӣ дорад. Фарҳанги заминдорӣ ва кишту кор рӯёнидани ризқи худу пайвандони худ аз замин бо меҳнати ҳалол яке аз ойинҳои куҳани Наврӯз аст. Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек ба тамоми маъниҳои хеш дар ин ҷашни бостонӣ аксандозӣ намудааст. Ҷашни Наврӯз на танҳо ҷашни эҳёи табиат, балки эҳёи андешаву тафаккури ҷӯяндаи инсон аст. Инсонро ба пешравию бедорӣ талқин менамояд. Бино бар ин инсон ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашад ва орзуи онро менамояд, ки зудтар ба баҳор бирасад.

Наврӯзро бесаброна интизор шудани мардум пас аз таҳаммули сардиҳои сахти зимистон табиист, зеро ӯ аз тангнои манзили хеш берун мебарояду ба гармиҳо мерасад.

Мардум орзуи худро дар як силсила рубоиву дубайтиҳо чунин ифода менамояд:

Барфҳо об мешавад, баҳор меояд,

Лаклак ба ҳаво қатор-қатор меояд.

Моҳи Ҳамалу Сарв гулҳо шукуфанд,

Булбул ба сайри лолазор меояд.

***

Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,

Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.

Мурғони ҷаҳон ҷумла ба парвоз шуданд,

Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

Омадани Наврӯз инсони дар зулмоти сарди зимистон дар кунҷи хона мондаро ба фазои кушоду сабзи табиат раҳнамун месозад. Ҳангоми дар сардиҳои зимистон дар хона мондан мардум дилгиру дилтанг мешаванд ва бо омадани он хушҳолӣ мекунанд:

Наврӯз расиду шоду хуррам гаштем,

Аз рафтани барф ҷумла беғам гаштем.

Дидем, чашидем ба сад меҳнату ғам,

Як дам ба гули баҳор ҳамдам гаштем.

Аз омадани баҳору Наврӯз ва сабзу хуррам гаштани дашту саҳро мардум хушнуду хурсанд мешуданд. Омадани Наврӯз ба дилҳо шодиву сурур мебахшид:

Иди Наврӯз аст олам сабзу гулгунпӯш шуд,

Рӯйи гулро дида булбул масту ҳам мадҳуш шуд.

Тухми ҳар чизе, ки дар хок аст, сар бар мекунад,

Войи тухми одамӣ, андар лаҳад хомӯш шуд.

Наврӯз илова бар он ки ҷаҳонро тозаву гулпӯш ва зебо месозад, омадани он дилҳоро саршор аз зебоӣ менамояд, ҳамчунин неруи ваҳдатсозу иттиҳодгар дорад. Иттиҳоду ягонагии инсонҳо аз сулҳу оромӣ гувоҳӣ медиҳад. Сулҳу оромии пойдор ва ваҳдату ҳамгироӣ аз фалсафаи Наврӯз аст. Наврӯз инсонҳоро сарҷамъу муттаҳид месозад. Шаҳомати Наврӯз дар иттиҳоду ягонагии мардум бештар намоён мешавад.

Ба қавли шоир:

Наврӯз дар он ҷост, ки ёрон ҳама ҷамъанд,

Гулҳо ҳама ҷамъанду ҳазорон ҳама ҷамъанд.

Наврӯз дар он ҷост, ки аз кина асар нест,

Мардум ба сари хони фаровон ҳама ҷамъанд.

Наврӯзи сарҷамъию иттиҳодгари миллати тоҷик хуҷаста бод!

Дар ин рӯзҳои Наврӯзӣ орзу менамоям, ки ин ҷашн дар саросари ҷаҳон сулҳи кул ва осоиштагии бардавомро ба мардуми сайёра ҳадя биёварад ва ғаму дарду кинаву адоват ва душманиҳоро аз миён бардорад!

Анзурати Маликзод, н.и.ф., ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ