25 Jan 2023
Submitted by Admin
1327

АБДУҚОДИР МАНИЁЗОВ: 10 августи соли 1930 дар шаҳри Конибодом ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳамзамон, солҳои таҳсил гӯяндаи шуъбаи хориҷии радиои тоҷик будааст. Баъди хатми аспирантура (1956) ходими илмӣ, муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муовини сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, (1969-1972), солиёни дарозе директори институти номбурда, чанде муовини Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», ҷонишини раиси Шуъбаи Тоҷикистони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо Афғонистон ва узви Кумитаи муҳофизати сулҳи Тоҷикистон будааст.

Аввалин мақолаҳояш аз ибтидои солҳои 50-уми асри мозӣ ба табъ расидаанд. Рисолаи «Публитсистика ва назми устод Айнӣ» (1958) дар ҷодаи таҳқиқу омӯзиши осори асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик қадами наву ҷиддие будааст. Баъд аз ин ҳам дар таҳқиқи эҷодиёти устод Айнӣ мақолаҳои зиёде навиштааст, ки дар рӯзномаву моҳнома ва маҷмӯаҳои дастҷамъии илмӣ мунташир гардидаанд.

Дар таҳия ва нашри мунтахаби ашъори Устод Айнӣ «Ахгари инқилоб» (1958) ва «Куллиёт»-и ӯ (1960-1981), маҷмӯаи «Устод Айнӣ дар хотири дӯстон ва шогирдон» (1968), китоби «Масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик» (1970), ашъори Ибни Сино (1980), «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (ҷ. IV, 1980) дуҷилдаи осори М. Турсунзода (1981), «Луғати русӣ тоҷикӣ» (1985), таҳрири нашри форсии «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1998) ва ғ. саҳми босазо гузоштааст. Яке аз муаллифони китоби дарсии «Адабиёти советӣ» (барои синфи 4, 1971-1985) будааст.

Мақолаҳои алоҳидааш дар Киев, Тошканд, Кобул, Теҳрон, Вашингтон ба табъ расидаанд.

Тарҷумаи «Хамсат-ул-мутаҳаййирин»-и Алишер Навоӣ, қиссаи А. Яковлев «Руал Амундсен» (ҳамроҳи Н. Холмуҳаммадов, 1961), «Лол»-и В. Короленко (1965), «Тоҷикон»-и Б. Ғ. Ғафуров (ҷ. 1, 2, 1983; ҳамроҳи Н. Холмуҳаммадов) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Номзади илми филология, узви вобастаи АИ Тоҷикистон (1981), узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форсии Эрон (1966).

Бо чанд нишону ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

5 майи соли 2008 аз олам даргузашт.

Undefined

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ