23 Aug 2022
Submitted by Admin
1134

Дар ин рӯзҳо рафиқ Зингер[2] дар шуъбаи ленингродии Нашриёти тоҷик шоҳкори нави шуморо ба ман нишон додааст, яъне «Луғати забони адабии тоҷик»-ро. Баъзе қисматҳои онро хонда баромадам ва гуфта метавонам, ки ғайр аз Шумо, ҳеҷ касе дигар аз уҳдаи чунин коре наметавонист барояд. Ин китоб як ганҷинаест аз ҷавоҳири гаронбаҳо моломол, як асарест, ки ҳазорон мардум метавонанд солҳои дароз аз он истифода кунанд. Ман, ки чанд сол аст кор мекунам, то як луғатчаи тоҷикӣ ба русӣ тартиб кунам, хуб метавонам ташхис кунам, чӣ қадар маълумот на, чӣ ранҷ боист бурда шавад, то чунин асаре ба анҷом расад.

Бо ин ҳама, баъд аз хонда баромадани он баъзе шубҳаҳо пайдо шуд, ки мехоҳам Шуморо аз он иттилоъ бидиҳам. Рафиқ Зингер гуфта буд, ки ман бояд ин китобро таҳрир (редакция) кунам. Ба назарам ин таҳрир аз тарафи ман ғайр аз рафъ кардани ғалатҳои чопӣ ҳеҷ чизе дигар нахоҳад буд, чунки маълумоти ман дар соҳаи забони тоҷикӣ назар ба маълумоти Шумо маълумоти ян бачаи ҳафтсола барин мебошад назар ба маълумоти ҳаким Абӯалӣ Ибни Сино. Он чӣ Шумо навиштаед, ман бояд фақат тасдиқаш кунам, ки дар ин ҷо албатта ҳеҷ ҷои эътироз нест. Вале мехостам бигӯям, ки ин шубҳаҳо иборат аз чист: дар луғати Шумо бо он ҳама сарват, ки дорои он аст, калимаҳои советӣ ва интернатсионалӣ ҳеҷ ёфта намешавад. Агарчи ман шояд сабабашро мефаҳмам, вале метарсам, ки агар ин китоб дар ҳамон шакли ҳозирааш аз чоп мебарояд, баъзе танқидчиёни мӯшикоф як ҳойҳуе хоҳанд баровард, ки он сараш нопайдо хоҳад буд. Хоҳанд гуфт, ки Шумо мухолифи дохил кардани чунин калимаҳо дар забони адабии тоҷик ҳастед ва дигар ҳамин хел музахрафот. Агарчи Шумо албатта метавонед ба чунин танқид чунон як ҷавоби қатъӣ бидиҳед, вале ба назарам аз ин қисм гуфтугӯҳо ҳеҷ касро хушаш намеояд. Аз ин сабаб ман фикр кардам, ки бояд роҳе пайдо карда шавад, то барои чунин эътирозот дигар роҳ дода нашавад.

Шояд мумкин мебуд як луғати иҷтимоӣ-сиёсӣ гирифта аз ин китоб луғати Шумо такмил карда шавад? Мо метавонем барои як мутахассис супориш кунем, ки муҳимтарин терминҳои русӣ аз як луғатчаи сиёсии русӣ. Баъд аз он ин ҳама луғатҳоро бо шарҳи он як мутарҷими забардаст аз қабили Улуғзода ба забони тоҷикӣ тарҷума кунад. Ин калимаҳо барои Шумо фиристода хоҳад шуд ва агар Шумо ба дохил кардани он ба китоби Шумо ризоят диҳед, он вақт ба китоб илова карда шавад.

Тасаввур мекунам, ки дар ин сурат ҳеҷ касе ёрои он нахоҳад дошт, ки чизе бар хилофи ин китоб бигӯяд. Ин назари ман аст, ки хеле майл дорам ақидаи Шумо[ро] дар бораи он бидонам. Бояд такрор кунам, ки барои Шумо, устоди донишманди муҳтарам, як пешниҳоде ва ё чизе мисли он кунам. Ман фақат хоҳиш мекунам, ки ин асари пурбаҳо зудтар чоп шавад ва ҳеҷ касе натавонад монеи чопаш шавад.

Хеле маъзарат мехоҳам, ки бо ин коғази дуру дарози ба чунин забони хароб навишта вақти гаронмояи Шуморо зоеъ мекунам, вале масъалаи чопи ин китоб ба назарам як масъалаи хеле муҳим мебошад, чунки ин китоб албатта яке аз муҳимтарин василаи пешрафти адабиёти тоҷик хоҳад шуд. Ман натавонистам худдорӣ кунам ва мехостам раъйи Шуморо дар ин бора бидонам.

Ба саломи самимона ва хоҳишҳои офият ва саломатӣ дӯсти мухлиси Шумо

Е. Бертелс[3]
23.IV.39
Таҳияи Л. Шарифзода
[1] . С. Айнӣ. Куллиёт. Ҷилди 12/ Луғати нимтафсилаи тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик / Тартибдиҳанда: К. Айнӣ ва Ҳ. Рауфов. – Душанбе: Ирфон, 1976. – С. 10,12.
[2]. Зингер – намояндаи нашриёти Тоҷикистон дар Ленинград.
[3]. Бертелс – Евгений Эдуардович Бертелс (1890-1957), шарқшиноси машҳури шуравӣ, аъзо-корреспонденти АФ СССР, аъзои фахрии АФ Тоҷикистон, ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон.
Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ