09 Sep 2022
Submitted by Admin
1263

Забони ҳар қавму миллат на танҳо ойинаи таҷаллии рӯзгору афкор, балки шаҳсутуни бинои ҳастӣ ва беҳтарин сарвату дороии мояи ифтихори ҳамон қавму миллат дар тамоми тули таърихи мавҷудияти он ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, забони миллатро дар ҳар давру замон метавон ҷавҳари ҳувияти миллии он ба шумор овард, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллат ба он бастагии ногусастанӣ дорад. Ба эҳтимоли қавӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар дафтари дувуми «Маснавии маънавӣ» зимни ҳикояти «Итоб кардани Ҳақ таъоло Мусо, алайҳиссаломро аз баҳри шубон» ҳамин ҳақиқатро дар либоси баёни ирфонӣ таъйид фармудааст:

Ҳар касеро сирате бинҳодаем,

Ҳар касеро истилоҳе додаем…

     Ҳиндувонро истилоҳи ҳинд мадҳ,

  Синдиёнро истилоҳи синд мадҳ.

Воқеан, ҳинду бо таваҷҷуҳ ба ҳувияти миллии худ аз асолат ва забони ҳиндӣ, синдӣ, яъне мардуми бумии яке аз чор музофоти имрӯзаи Покистон дар ҳама давру замон аз аслу забони модарии синдии хеш ифтихор хоҳад кард, ки бурҳони бебаҳс аст ва бар ин ҷойи ҳеч шакку тардид нест.

Барои мардуми мо низ аз рӯзгори қадим забони модарӣ ва асолати миллӣ ба сифати муҳимтарин унсури ҳувиятсоз ва меҳвари фарҳанг мояи ифтихор буду ҳаст ва умед дорем, ки барои наслҳои оянда низ ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Бо назардошти ҳамин матлаб, дар ин навишта дар бобати бархе масъалаву мушкилоти марбут ба забон ва ҳувияти миллӣ дар рӯзгори истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ ба таърихи гузашта ва вазъи имрӯза, сухан хоҳад рафт.

Мусаллам аст, ки мардуми тоҷик асли ориёӣ дорад ва ифтихор аз асолати ориёӣ рукни муҳимми ҳувияти миллии мо – тоҷиконро ташкил медиҳад. Калимаи «ориёӣ» ғолибан «наҷибзода», «асил», «озода», «бовиқор», «зебо» маънӣ мешавад, ҳарчанд муҳаққиқону донишмандони муосир онро ба гунаҳои дигаре низ чун «имоноварда» ва ғайра маънидод кардаанд. Азбаски наҷибзодагӣ, озодагӣ ва ашрофият аз рӯзгори қадим унсури муҳимми фарҳанги мардуми мо маҳсуб мешавад ва ниёгони мо худро аз нажоди «озодагон» («...Модари озодагон кам орад фарзанд», устод Рӯдакӣ) ё «озодзодагон» («Имрӯз шарм н-ояд озодзодагонро...», Носири Хусрав) донистаанд, метавон ҳадс зад, ки вожаи «ориёӣ» бо вожаҳои «озода» ё «озодзода» муродиф мебошад ва маънии саҳеҳи луғавии калимаи «ориёӣ» ҳамон «озода» ё «озодзода» аст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар таърихи пурифтихори мардуми мо, аз рӯзгори қадим то ба имрӯз, ифтихор аз асли ориёӣ ба суратҳои мухталиф, гоҳе пуррангу пурҷило ва гоҳе камрангу камнамо ҷилва кардааст, вале шуълаи фурӯзони ин ифтихор дар тули таърих ҳаргиз хомӯш нагардидааст. Ба баёни дигар, ҳар гаҳ, ки таърих барои рушду боландагии миллии мо шароити созгору имкони мусоид фароҳам овардааст, фурӯғи ин шуъла фурӯзонтару тобандатар зуҳур карда, ҳар гаҳ, ки зулму ҷаври таърих мардуми моро ба ҳошия кашидааст, дурахши он камтар ба мушоҳида расидааст.

Ин нукта ҳам шоистаи таъкид аст, ки ниёгони бузурги мо бо таваҷҷуҳ ба ҳампайвандии забону миллат, аз рӯзгори қадим забони модарии худро низ «ориёӣ» ном бурдаанд. Масалан, дар бузургтарин сангнавиштаи ҷаҳон – катибаи маъруфи Бесутун, ки ба се забони дунёи қадим: эломӣ, аккадӣ ва форсии бостон сабт шуда, дар батни матни он сарзаминҳои аҷдодии мо тоҷикон – Суғду Бохтару Хоразм дар баробари 21 кишвари дигар ҷузъи таркибии императории Ҳахоманишӣ ба шумор рафтаанд, забони форсии бостон забони ориёӣ номбар шудааст. Аз ҷумла, дар банди 20-и сутуни чоруми ин катиба чунин омадааст: «Дориюшшоҳ гӯяд: - Ба хости Аҳуромаздо ин навиштаро ман [ба тариқи] дигар [низ] кардам. Ба илова ба [забони] ориёӣ буд, ҳам рӯйи лавҳ ва ҳам рӯйи чарм тасниф шуд. Ин навишта ба меҳр таъйид шуд. Пеши ман ҳам навишта, ҳам хонда шуд. Паз аз он ман ин навиштаро ҳама ҷо миёни кишварҳо фиристодам. Мардум пазиро шуданд».

Дар сангнавиштаи дигари рӯзгори куҳан – катибаи Работак, ки ба қарибӣ, яъне соли 1993 дар наздикии Сурхкӯтали Афғонистон ошкор гардид ва ба забони бохтарӣ аз забонҳои шарқии эронии давраи миёна ва ба хатти юнонӣ сабт гардидааст, ҳамчунин забони катиба – забони ориёӣ ёд шудааст. Аз ҷумла, дар сатри 3-и катибаи мазкур шоҳи давлати Кӯшониён – Канишка аз соли аввали ба тахти шоҳӣ нишастанаш одамхудо ва шоистаи таъзиму тамҷид эътироф гардида, таъкид шудааст, ки: «вай [ба] юнонӣ маншур содир кард, баъдан онро ба забони ориёӣ овард».

Чунонки ба мушоҳида мерасад, ҳам дар марҳалаи оғозин ва ҳам дар давраи миёнаи рушду такомули худ забонҳои эронии ба истилоҳ ҳам ғарбӣ (дар намунаи форсии бостон) ва ҳам шарқӣ (дар намунаи забони бохтарӣ) забони ориёӣ номбар шудаанд. Гузашта аз ин, дар ин катибаҳо ҳам Дориюш ё Дорои I (522-486 то мелод) – аз бузургтарин шоҳони сулолаи Ҳахоманишӣ (705-330 то мелод) ва ҳам Канишка (78-101) – севумин шоҳи силсилаи Кушониён (15-250), яъне шоҳоне, ки бо дастури онҳо ин катибаҳо ҳак гардидаанд, асолат, бузургӣ, шоистагӣ ва шукӯҳу азамати давлатдории худу пешиниёни худро ситоиш кардаанд.

Аслан, ба андешаи муҳаққиқони забон, мафҳуми «забони ориёӣ» ба забони «ҳиндуэронӣ» муродиф дониста мешавад. Ба ин маънӣ, ки дар бомдоди таърих қавми ягонае ба забоне суҳбат мекард, ки дар садаи XIX забоншиносон ҳамон модарзабонро дар робита ба густардагии он «ҳиндуаврупоӣ» ном ниҳоданд. Бо гузашти садсолаҳо шояд бо дигар шудани иқлим ё сабабҳои дигар гӯяндагони ин забон ба чор сӯйи олам пароканда шуданд ва ҳар ҷо, ки барои зиндагии хеш муносиб донистанд, сукунат ихтиёр карданд. Дар натиҷа дар забони ҳар кадоми онҳо тағйироту дигаргуниҳое ба миён омад ва забони ягона бо вуҷуди решаи умумию шабоҳатҳои зиёд ба забонҳои алоҳида тақсим шуд. Ба андешаи донишманди маъруф Парвиз Нотили Хонларӣ «аз ҷумлаи ин шуъбаҳо, ки дар забони ҳиндуаврупоӣ, ба сабаби муҳоҷирату ҷудоии тавоифи он ба вуҷуд омад, яке забоне буд, ки имрӯз онро «ҳиндуэронӣ» ё «ориёӣ» мехонанд».

Вале чунонки аз матни катибаҳои қадими Бесутун ва Работак ба назар мерасад, дар асл мафҳуми «забони ориёӣ» бештар ба забонҳои эронии гурӯҳи ғарбӣ ва шарқӣ марбут аст ва ин нукта ҷойи баҳс надорад.

Бино бар ин, мафҳуми «ориёӣ» бо вожаи «тоҷик» ва ба таъриху забону фарҳанги мо пайванди азалию абадӣ дошта, рукни муҳимми ҳувияти миллии моро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат дар Тоҷикистон соли 2006 Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон гардид. Ҳадафи олӣ аз ин иқдом на бартариҷӯйии нажодӣ, балки эҳёи ҳофизаи таърихӣ, рушди худшиносӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳангофари мо буд, ки дар рӯзгори нави давлатдории миллӣ моро ба пайванд додани гузаштаву имрӯза ва ояндасозии муваффақона раҳнамун мешавад.

Дар баробари мафҳуми ҳувиятсози «забони ориёӣ» дар таърихи куҳани мардуми мо мафҳуми «забони паҳлавӣ» ё «забони паҳлавонӣ» ҳам ба мушоҳида мерасад.

Ин мафҳум, ки дар зеҳни мардуми мо бо вожаи «паҳлавон» ба маънии бузургворию қудрату шуҷоат айният дорад, ҳамчунон ба асолату наҷибзодагӣ пайванд мехӯрад ва мояи ифтихор маҳсуб мешавад. Дар байти маъруфи зер, ки ба Абдурраҳмони Ҷомӣ нисбат медиҳанд, ибораи «забони паҳлавӣ» ба сифати муродифи забони модарии мо корбаст шудааст:

«Маснавии Маънавӣ»-и Мавлавӣ,

Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

Вале забони паҳлавӣ дар асл ҳамон забони портии ашконист, ки ба забони модарии мо қаробати наздик дорад ва ба андешаи ғолиб аслу решаи забони моро ҳам шоиста аст, дар ҳамин забони портӣ ва тавассути он дар забони авестоӣ ҷустуҷӯ кард.

Таъкиди ин нукта ҳам муҳим аст, ки дар таҳқиқоти аксари забоншиносон марҳалаҳои таърихии ташаккули забони модарии мо аз се давра иборат дониста мешаванд:

1) форсии бостон ё форсии ҳахоманишӣ, ки забони расмии даврони Ҳахоманишиён (558-330 т.м.) ба шумор меравад;

2) форсии миёна ё паҳлавӣ, ки ду забонро дар бар мегирад:

а) портӣ ё парсавӣ (паҳлавии шимолӣ),

б) паҳлавии сосонӣ (паҳлавии ҷанубӣ);

3) форсии нав ё форсии дарӣ.

Аммо давраи дувум, ки «форсии миёна ё паҳлавӣ» номбар мешавад, тавзеҳи бештар металабад, зеро, хат ва забони форсии миёна, ки маъмулан «хатти паҳлавӣ» ва «забони паҳлавӣ» гуфта мешавад, аз дидгоҳи илм чандон дуруст ба назар намерасад. Қобили зикр аст, ки давраи миёнаи забонҳои эронӣ аз ду забони мустақил: забони паҳлавӣ (pahlavīk) (лаҳҷаи шимолу ғарбии забонҳои эронӣ) ва забони форсии миёна (pārsīk) (лаҳҷаи ҷанубу ғарбии забонҳои эронӣ) иборат дониста мешавад.

Забони паҳлавӣ (портӣ) дар асл забони хонадони Ашкониён (шоҳигарии Парсава (Порт) ф.б. Рarθava > ф.м. Рahlav) буд, ки аз қисмати ҷануби Осиёи Миёнаву Хуросон (шимолу шарқи Эронзамини таърихӣ) зуҳур карда, тақрибан панҷсад сол (солҳои 250 т. м. – 224 м.) дар тамоми қаламрави Эронзамин ва қисмати бештари Байнаннаҳрайн ҳукумат карданд. Баъди шикаст хӯрдани ин хонадон аз тарафи Ардашери Бобакон (224-241) ва ба сари кор омадани сулолаи Сосониён (224-651), ки аз Форс (ҷанубу ғарби Эрон) сар бароварда буданд, тадриҷан забони форсии миёна, ки забони минтақаи Форс буд, забони паҳлавиро аз доираи муошират берун кард, вале мафҳуми хатту забони паҳлавӣ дар асрҳои баъдӣ ба маънии хатту забони форсии миёна ҳамчунон боқӣ монд. Пас, имрӯз зери мафҳуми «паҳлавӣ», чунонки дар аксари асарҳои таҳқиқӣ ба мушоҳида мерасад, ҳамин забони форсии миёнаи аҳди сосонӣ дар назар дошта мешавад. Дар робита ба ин, зарур аст, ки ба хотири роҳ надодан ба омезиши ин забонҳо дар таҳқиқоти илмии забоншиносӣ ҳар кадоми онҳо бо номи худ: «паҳлавӣ» ва «форсии миёна» ва ё ҳадди ақал «паҳлавии ашконӣ» ва «паҳлавии сосонӣ» ифода гардад.

Гузашта аз ин, «паҳлавӣ» гунаи дигари «парсавӣ» ё «партавӣ» («портӣ») мебошад, ки ба номи шоҳигарии Парсава – ҷузъи империяи Ҳахоманишӣ, ки бо ҳамин ном дар катибаи дар боло ёдшудаи Бесутун сабт шудааст, алоқаманд аст. Зоҳиран, калимаҳои «парсавӣ» ва «порсӣ» бо ҳам бешабоҳат нестанд ва эҳтимолан аз решаи ягона маншаъ мегиранд. Забоншиносони муосир ба хотир ҳадгузорӣ байни ин забонҳо, якеро «порсӣ» ва дигареро «портӣ» гуфтанд.

Таърихи пурифтихори пешиниёни мо, аз ҷумла достонҳои ҳамосию устуравии миллӣ, ки ба корномаи Рустам бахшида шудаанд, реша дар забони парсавӣ ё паҳлавӣ доранд. Дар манзумаи «Дарахти Осӯрик», ки ба ҳамин забон суруда шудааст, номи Рустам ба мушоҳида мерасад. Фирдавсии бузург ҳам ҳақиқати реша дар забони паҳлавӣ доштани корномаи Рустами Дастонро дар «Шоҳнома»-и безавол сареҳан таъкид кардааст:

Суханҳои Рустам ба нойу ба руд

Бигуфтанд бар паҳлавонӣ суруд.

Тавзеҳан дар сурудаи паҳлавии «Дарахти Осӯрик» ва дигар матнҳои бозмонда аз ин забон садоноки вови маҷҳул ё ба истилоҳи имрӯза ӯ-и дароз ба назар мерасад, ки аз асолат доштани ин садонок дар забонҳои ориёӣ гувоҳӣ дода, андешаи аз забонҳои бегона ба забони мо таҳмил шудани онро ботил месозад. Барои намуна ва нишон додани ҳампайвандии забони паҳлавӣ бо забони модарии мо дар зер чанд мисраъ аз сурудаи «Дарахти Осӯрик» дар бозхонии донишманди шинохташуда Фаридуни Ҷунайдӣ шоҳид оварда мешавад:

Драхте рустест

Тар ӯ шатр Осӯрик

Бунаш ҳушкест

Сараш ҳаст тар

Варгаш най монет

Бараш монет ангур...

(Дарахте рустааст

Тар ба кишвари Осӯрик

Бунаш хушк аст

Сараш ҳаст тар

Баргаш (ба)най монад

Бараш монад (ба) ангур...

Чунонки мебинем, дар ҳамин як порчаи сурудаи паҳлавӣ се гунаи садоноки у (у-и кӯтоҳ (рустест, бунаш, ҳушкест), у-и устувор ё вови маъруф (ангур) ва у-и дароз ё вови маҷҳул (ӯ, Осӯрик)) корбаст шудааст.

Эҳтимоли қавӣ меравад, ки садоноки вови маҷҳул аз забони паҳлавӣ ё парсавӣ, ки онро метавон пешинаи забони модарии мо арзёбӣ кард, ба забони модарии мо интиқол ёфта, дар марҳалаи оғозини ташаккул ва рӯзгори шукуфоию боландагии он дар замони Сомониён (875-999) доираи корбурди бештар пайдо кардааст. Масалан, дар яке аз куҳантарин намунаҳои назм ба забони модарии мо «Суруди оташкадаи Каркӯй», ки дар батни матни «Таърихи Систон» маҳфуз монда, аз 33 калима иборат аст, 10 калима (фурӯхта=афрӯхта, рӯш(ноӣ), ҷӯш, нӯш (2 бор), дӯст, оғӯш, кӯш, гӯш, дӯш) ё бо ҳисоби оморӣ 30,3% миқдори умумии калимаҳо бо вови маҷҳул сабт гардидааст, ё дар як калимаи «сурудгӯён», ки дар шеъри устод Рӯдакӣ омадааст (Сурудгӯён, гӯйӣ ҳазордастон буд…), ҳар се гунаи садоноки у мавриди истифода қарор гирифтааст. Яъне, дар калимаи «сурудгӯён» у-и аввал кӯтоҳ, у-и дувум у-и устувор ё вови маъруф ва у-и севум у-и дароз ё вови маҷҳул мебошад. Пешинаи таърихӣ доштани садоноки вови маҷҳул дар забони паҳлавӣ ва форсии дарӣ дар таҳқиқоти пурарзиши забоншиносони маъруф Фаридуни Ҷунайдӣ, Жилбер Лазар, Ҳенрик Нюберг ва дигарон ба таври равшану возеҳ таъйид шудааст.

Шоистаи таъкид аст, ки дар давраи ба истилоҳ нави рушди забонҳои ориёӣ, бо шарофати дигарбора ба сари қудрат омадани хонадонҳои маҳаллии тоҳирию саффорӣ, бахусус, хонадони сомонӣ, забони модарии мо ба сифати василаи ҳувиятсоз ва мояи ифтихор рушду боландагии бештар пайдо кард. Сухани маъруфи амири истиқлолталаби саффорӣ Яъқуби Лайс «чизе, ки ман андарнаёбам, чаро бояд гуфт», хитобан ба шоире, ки дар мадҳи ӯ ба забони арабӣ шеър суруда буд, нахустин тозиёнаи бедорӣ ва паёми ҳувиятсози миллӣ буд, ки пеши густариши забони арабӣ дар сарзаминҳои аҷдодии мо сад гузошт ва барои шукуфоии забони модариямон дар рӯзгори шукӯҳу ҷалоли давлатдории Сомониён заминаи мусоиду созгор фароҳам овард.

Сомониён дар навбати худ, тавассути пешбурди сиёсати фарҳангии оқилона ба пайкари забони модарӣ ва ҳувияти миллии ориёӣ руҳи тоза дамиданд ва бақои забони модарӣ ва руҳи миллии ориёиро барои садсолаҳои баъд таъмин карданд. Ҳақиқати ифтихор аз асолат ва корномаи амирони фозили ориёиасли сомонӣ аз сурудаи зери Абушакури Балхӣ, ки дар манзумаи пандомези «Офариннома» ба номи амири сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур (934-954) омадааст, ба мушоҳида мерасад:

Худованди мо Нӯҳи фаррухнажод,

Ки бар шаҳри Эрон бигустард дод.

Шак нест, ки дар ин байт мурод аз «Нӯҳи фаррухнажод» асолати ориёии хонадони сомонӣ ва мақсад аз «шаҳри Эрон», ҳамон Эроншаҳри таърихӣ – қаламрави паҳновари сукунати мардуми ориёитабор аст. Ҳамчунин таъкиди ин нукта ҳам муҳим аст, ки таълифи пандномаи мазкур ба қавли шоир «Абар сесаду сию се буд сол», яъне соли 333 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 945 мелодӣ, дар рӯзгори наврасии ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ (934-1020) иттифоқ афтодааст. Ба баёни дигар, метавон ҳадс зад, ки корномаи давлатмардони сомонӣ, бахусус арҷгузорию гиромидошти онҳо аз забони модарӣ ва ҳувияти миллӣ сарчашмаи илҳоми Фирдавсӣ дар сурудани «Шоҳнома»-и безавол будааст.

Чунонки гуфтем, забон воқеан унсури ҳувиятсоз аст ва ифтихор аз аслу асолат ғолибан дар ойинаи забони миллӣ таҷаллӣ меёбад. Шуруъ аз замони давлати Сомониён ва шояд ҳатто пештар аз он, то ба ин рӯзгор бузургони миллати мо забони модариро ҳамчун омили ҳастӣ, ҳувият ва ҳамбастагии миллӣ ва бо таваҷҷуҳ ба ширинию шевоӣ, фасоҳату балоғат, арзишмандию гаронмоягӣ ва шукӯҳу ҷалолаш, бо беҳтарин сифатҳо: порсии дарӣ, дурри дарӣ, ганҷи дурри дарӣ, дурри лафзи дарӣ, қанди порсӣ, шакари порсӣ, порсию дарии роҳи рост, паҳлавонизабон, гулбонги паҳлавӣ, тоҷикӣ ва ғ. ситоиш кардаанд.

Масалан, устод Рӯдакӣ муътақид аст, ки сурудаҳои булбули хушнавое чун ӯ дар саросари олам густариш ва маҳбубият пайдо кард, ки бегумон бастагӣ ба асолат ва ширинию шевоии забони модарӣ дорад:

Бад-он замона надидӣ, ки зӣ чаман рафтӣ,

Сурудгӯён, гӯйӣ ҳазордастон буд…

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвишт,

Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

Ё ҳаким Фирдавсӣ ифтихор аз он дорад, ки ба ин забони руҳафзову ҷонбахшо «Шоҳнома»-ро ба назм овард ва шукӯҳу ҷалоли сарзамини аҷдодии Аҷамро дубора зинда кард:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Ҳамчунин қавли маъруфи Фирдавсӣ:

Ниёгони мо тоҷдорони даҳр,

Ки аз додашон офарин буд баҳр,

далели нахустин хусравони соҳибтоҷ будани ниёгони шарафманди мост, ки бори дигар ҳамон суханони шоҳони ҳахоманишию кушониро дар катибаҳои Бесутун ва Работак ба забони ба истилоҳ «ориёӣ» доир ба шукӯҳу азамати пешиниёни мо таъйид мекунад.

Ё ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ «дурри лафзи дарӣ»-ро барои худ гаронмоятарин сарвату дороӣ ба шумор меорад ва ба ҳеч ваҷҳ зиллату хорӣ ва ба пойи номардумон рехтани онро қабул надорад:

Ман онам, ки дар пойи хукон нарезам

Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро.

Ё ҳаким Унсурии Ғазнавӣ бо таваҷҷуҳ ба латофату назокати забони модарӣ итминони комил дорад, ки дар сурати бо одамӣ ёр шудан парӣ ҳатман ба лафзи ширини модарии мо сухан хоҳад гуфт:

Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,

Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.

Ё Хоқонии Шарвонӣ забони арабиро бо он ҳама қудрату тавон ва густардагии доираи истифода дар баробари забони модарии мо камрангу каммоя мебинад:

Дид маро гирифта лаб, оташи порсӣ зи таб,

Нутқи ман оби тозиён бурда ба нуктаи дарӣ.

Ё ҳаким Низомии Ганҷавӣ, ки ба қавли худаш «Низомӣ, ки назми дарӣ кори ӯст, Дарӣ назм кардан сазовори ӯст», аз асли ориёии худ садои ифтихор баланд намуда, сухани баланди забони модариро шоиставу боиста ба асолати худ медонад:

Туркисифатӣ вафои мо нест,

Туркона сухан сазои мо нест.

Он к-аз насаби баланд зояд,

ӯро сухани баланд бояд.

Ё Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки лаззати табъи сурудани сухани баландро аз чашидани қанди забони биҳиштии модарӣ дарёфтааст, дар сухан гуфтан забони шаккарини модарии моро бар забонҳои дигар тарҷеҳ медиҳад ва бар ин андеша аст, ки ин забон бояд дастраси ҳамагон бошад, то мардумони дигар низ аз лаззату ширинии он бебаҳра намонанд:

Мусулмонон, мусулмонон, забони порсӣ гӯям,

Ки набвад шарт дар ҷамъе шакар хӯрдан ба танҳоӣ.

Ё Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ки ибораи «қанди порсӣ» сохтаи табъи шакарбори ӯст (…Ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад), ҳамчунин дар байтулғазалҳои оламшумулаш бар сифати забони мо ибораи зебои «гулбонги паҳлавӣ»-ро кор бастааст:

Булбул зи шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ,

Мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ.

Пешиниёни мо ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба ширинию шевоӣ ва шукӯҳу азамат забони модарии моро забони аҳли биҳишт ва забони малакутӣ ба қалам овардаанд. Муҳаммадҳусайн ибни Халафи Табрезӣ, ки бо тахаллуси «Бурҳон» маъруф аст, дар фарҳанги тафсирии «Бурҳони қотеъ» (1652) дар моддаи луғавии «дарӣ» ин матлабро ба таври возеҳ таъкид кардааст: «Ва баъзе гӯянд дарӣ забони аҳли биҳишт аст, ки расул, сала-л-Лоҳу алайҳи ва олиҳи, фармуданд, ки «лисону аҳли-л-ҷаннати ъарабӣ ав форсии дарӣ» ва малоики осмони чаҳорум ба луғати дарӣ такаллум мекунанд…». Ҳамин матлаб дар баъзе кутуби тафсири аҳли суннат, аз ҷумла дар китоби Исмоил Ҳаққӣ ал-Барусавӣ «Рӯҳу-л-баён фӣ тафсири-л-Қуръон» ба гунаи «лисону аҳли-л-ҷаннати ал-ъарабийати ва-л-форисийати-д-дарийати», яъне забони аҳли биҳишт арабӣ ва форсии дарист, ҳадиси саҳеҳ қаламдод шудааст.

Чунин тавсифу озинбандии забонро дар осори мансур ва сурудаҳои аксари шоирони гузаштаву имрӯзаи мо метавон ба мушоҳида гирифт, ки ҳама бастагӣ ба асолат ва ҳувияти миллӣ дорад.

Байти зебову самимонаи Туғрал:

Гарчи дар мулки сухан ман Туғрали Аҳрориям,

Лек ҷоми қисматам аз хоки Тӯрон рехтанд,

ҳам ба асолати ориёию эронӣ алоқаманд мебошад, ҳарчанд ба назари ғайриилмӣ ва омиёнаи айният додани сарзамини ориёии Тӯрон бо калимаи «туркон» асос ёфтааст. Тавзеҳан дар байти мазкур вожаи «аҳрорӣ» ба ду маънӣ: маънии нахуст, мансубият ба асли эронию ориёӣ ё озодагон, ки «аҳрор» тарҷумаи арабии он мебошад ва дигар, пайванди хонаводагӣ ба пири тариқати нақшбандия Хоҷа Аҳрор (1404-1489) истифода шудааст.

Расмият бахшидан ба корбасти мафҳуми «забони тоҷикӣ» дар садаи сарнавиштсози XX низ бастагӣ ба ҳувияти миллӣ дорад. Тавзеҳан, корбасти истилоҳи «забони тоҷикӣ» дар Осиёи Миёна асосан баъд аз Инқилоби Октябр (1917) ва марзбандии Осиёи Миёна, нахуст ба ҷумҳуриҳои халқӣ ва баъдан ба ҷумҳуриҳои миллӣ, бештар расмият пайдо кард, зеро, пантуркистҳо ва баъзе тоҷикони туркгаро, ки дар мактабҳои олии Туркия таълим гирифта буданд, бо дастгирии тоторҳо дар идораҳои роҳбарии Ҳукумати Шӯроӣ роҳ ёфта, барои ба қудрат расидан мавҷудияти тоҷиконро дар сарзамини аҷдодии онҳо - Осиёи Миёна инкор мекарданд. Ҳамин буд, ки бо талошу кӯшишҳои фарзандони асили миллати тоҷик соли 1924 Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон ва соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис гардид. Азбаски номи забони ҷумҳуриҳои миллии туркизабони Осиёи Миёна бо номи миллати ҳокими онҳо ифода мегардид, дар Тоҷикистон ва минтақаҳои тоҷикнишин низ зарурат пеш омад, ки минбаъд ба таври расмӣ забон «тоҷикӣ» ном бурда шавад.

Устод Садриддин Айнӣ низ дар ибтидои садаи бист дар сарсухани «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) бо ҳисси ифтихори беандоза мардуми тоҷикро «қавми муаззам», «қавми бузург»-и мансуб ба «ирқи орӣ» тавсиф намуда, ба ин васила, мардуми моро дар рӯзгори сиёсатҳои нави ҷаҳонӣ ба хештаншиносӣ ва пуштибонӣ аз забону фарҳанги миллӣ фаро мехонд.

Академик Бобоҷон Ғафуров бо таълифи шаҳкитоби «Тоҷикон» (1972) дар рӯзгори давлатдории шӯравӣ на танҳо дигарбора шоҳраги худшиносӣ ва ҳувияти миллии мардуми моро ба таҳрик овард, балки ба бунёди мактаби илмии тоҷикшиносӣ ва муҳимтар аз ҳама, эътирофи тоҷикон дар доираҳои муътабари илмии ҷаҳон, ба сифати яке аз қадимтарин мардумони тамаддунофар роҳ ҳамвор кард.

Зикри ин матлаб ҳам муҳим аст, ки кӯшишҳои истиқлолталабии мардуми тоҷик дар охири солҳои 80-уми садаи бист ҳам ба мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ба сифати нахустунсури ҳувиятсози миллии мо – тоҷикон бастагӣ дошт.

Пешвои миллат ҳам аз рӯзҳои нахустини ба мақоми раҳбарӣ расиданаш, тақдири давлату миллат ва забони давлатиро бо ҳам тавъам шумурда, бақои давлатро дар паноҳи забон ва забонро дар паноҳи давлат эълом дошт. Ҳамчунин китобҳои Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Забони миллат – ҳастии миллат» (ҷилдҳои 1 ва 2) дар амри болобурди сатҳи маърифати хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии мардуми мо аз аҳаммияти зиёд бархурдоранд.

Ифтихор аз забон ба сифати унсури ҳувиятсози миллӣ дар рӯзгори имрӯзаи буҳронии ба истилоҳ «ҷаҳонгароӣ» ё «ҷаҳонӣ шудан», ки мавҷудияту амалкарди забонҳои маҳаллиро зери таҳдиди нобудӣ қарор медиҳад, беш аз пеш аҳаммият пайдо кардааст.

Як рукни муҳимми таконбахшу тавонбахши забони модарӣ дар рӯзгори имрӯза кӯшиши дастаҷамъонаи зиёиён ва дигар қишрҳои ҷомеа барои ғаноафзоии таркиби луғавии забон мебошад, ки баҳри по ба пойи замон пеш рафтани забон мусоидат мекунад. Ғаноафзоии забон дар рӯзгори мо имкон дорад бо роҳҳои зер таъмин карда шавад:

1) истифодаи босамар аз калимаву таркибҳои зебову шевои забони адабӣ, ки дар батни фарҳангу луғатномаҳо мавҷуданд, вале аз доираи истеъмол берун мондаанд. Муҳим аст, ки чунин калимаву таркибҳо гирдоварӣ ва аз рӯйи имкон ба маънии мафҳумҳои нави дархури замон кор баста шаванд;

2) истифода аз вожаҳои ноби маҳфуз дар ганҷинаи лаҳҷаву шеваҳои забони тоҷикӣ ва саъйу кӯшиши ҳамвора барои умумиистеъмол шудани онҳо;

3) истифода аз дастовардҳои ҳамзабонон, ки ба дарёфти калимаву таркибҳои шевову ноб муваффақ шудаанд;

4) ҳангоми зарурат сохтани калимаҳои нав бо риояи қатъии қоидаҳои калимасозии забони модарӣ;

5) иқтибос гирифтани калимаҳо аз забонҳои дигар ҳангоми зарурат бо таваҷҷуҳ ба савтиёт ва дигар меъёрҳои забони модарӣ.

Дар ин масъала, яъне иқтибос гирифтани калимаҳо аз забонҳои дигар ба ҳеч ваҷҳ бояд ба зиёдаравӣ роҳ дода нашавад, зеро иқтибосгирии безарурат ба девори асолати забон рахнаҳо ворид карда, забони модариро дер ё зуд ба тобеияти забонҳои дигар мекашад. Иқтибоси калимаву истилоҳот аз забонҳои дигар ба забони модарӣ бояд танҳо дар шакли исм сурат гирифта, аз иқтибос гирифтани калимаву истилоҳот дар шакли дигар ҳиссаҳои нутқ, аз ҷумла сифат ҷилавгирӣ ба амал ояд. Масалан, аз забони русӣ дар шакли «аттестатсионӣ», яъне сифат иқтибос гирифтан ба табиати забони мо мухолифат дорад. Бояд ин калима дар шакли исм - «аттестатсия» дар забони тоҷикӣ иқтибос шуда, ҳам ба ҷойи исм ва ҳам ба ҷойи сифат (комиссияи аттестатсия) истифода карда шавад.

Рукни муҳимми дигар, ки ба мондагории забон дар рӯзгори «ҷаҳонӣ шудан» беш аз пеш мусоидат мекунад, ба пояи забони илм расидани забони модарист. Муҳимтар аз ҳама, ҷойи афтихор аст, ки дар кишвари мо барои ба пояи забони илм расидани забони модарӣ имкону заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Дар банди 1-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони илм забони давлатӣ аст».

Илова бар ин, таъсиси Комиссияи Олии Аттестатсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълифу дифои рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ барои ба пояи забони илми муосир расидани забони мо роҳ боз мекунад. Таълифи ҳар чи бештари асару рисолаҳои илмӣ ба забони модарӣ барои равон шудан ва сайқал хӯрдани забон дар ҷодаи илм заминаи созгор муҳайё хоҳад кард.

Мушкилоти дигар, ки дар пешорӯйи мо қарор дорад, вазъи имрӯза ва дурнамои амалкарду мондагории забонҳои ба истилоҳ шарқии эронӣ дар Тоҷикистон аст.

Бо камоли ифтихору итминон метавон гуфт, ки дар ҷаҳони муосир маҳдудаи Тоҷикистони имрӯза ганҷинаи забонҳои ориёист. Дар Тоҷикистон дар баробари забони модарии мо – забони тоҷикӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ дохил мешавад, як силсила забонҳои ба истилоҳ шарқӣ: забони яғнобӣ ё суғдии нав, забонҳои зергурӯҳи шуғнонӣ-рӯшонӣ (шуғнонӣ, рӯшонӣ, баҷувӣ, хуфӣ, бартангӣ, рошорвӣ ва сарикӯлӣ) ва забонҳои язғуломӣ, вахонӣ, ишкошимӣ мавриди истифода қарор доранд. Ба баёни дигар, тоҷикон имрӯз ягона мардуми хушбахти оламанд, ки ба забонҳои мухталифи зиндаи ориёӣ суҳбат мекунанд, яъне агарчи забони модарии теъдоди бештари онҳо забони гурӯҳи ғарбист, забони модарии теъдоди камтарро силсилаи забонҳои шарқии эронӣ ташкил медиҳад. Рисолати ҳамагонии мо дар рӯзгори файзбори Истиқлол ва бунёди давлатдории миллӣ ҳифзи ин дороиҳои ҳувиятсоз ва ба ояндагон мерос мондани онҳост.

Илова бар ин, рӯзгори давлатдории миллӣ талаб мекунад, ки дар баробари фароҳам овардани шароит барои рушду таҳкими ҳамаҷонибаи ин забонҳо, аз ҷумла бунёди Пайкараи забони тоҷикӣ, ҳамчунин зарур аст пайкараи ҳамаи забонҳои шарқии эронӣ, ки дар кишвари мо истифода мешаванд, ба вуҷуд оварда шавад. Ин иқдом дар роҳи бунёди эҳтимолии Пайкараи ягонаи забонҳои тоҷикон дар оянда, ки барои аҳли илм ва алоқамандони забон ҳам дар дохил ва ҳам хориҷ аз кишвар аз аҳаммияти фаровон бархурдор хоҳад буд, мадад намуда, ҷиҳати ҳампайвандии ҳамаи тоҷикон ва мондагории забонҳои онҳо ба сифати муҳимтарин унсури ҳувиятсози миллӣ дар рӯзгори «ҷаҳонгароӣ» ё «ҷаҳонӣ шудан» мусоидат хоҳад кард.

Ҳасани СУЛТОН,

узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ