06 Jun 2023
Submitted by Admin
1167

ЧАНД АНДЕША ДАР БОРАИ АФКОРИ ИНТИҚОДИИ

АМИНҶОН ШУКӮҲӢ

Аминҷон Шукӯҳӣ (1923-1979) аз адибони хушқареҳаи адабиёти тоҷикӣ ба шумор меояд. Фаъолияти кории вай ба сифати корманди корҳои дохилӣ оғоз шудааст. Сипас, тамоми умр дар риштаҳои табъу нашр, садову симо дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият кардааст. Солҳои 1947-1952 мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») буд. Соли 1955 факултаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС-ро хатм намуда, муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») таъйин шуд. Солҳои 1961-1967 котиб ва ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Аз соли 1967 то охири умр раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ будааст. Мушоҳида мешавад, ки таҳсилу кор ба осори Шукӯҳӣ таъсири сареъ ва муайянкунанда доштаанд ва аз бисёр ҷиҳатҳо барои муайян гардидани сабки адабии ӯ мусоидат кардаанд.

Шукӯҳӣ дар ҳамаи жанру навъҳои адабӣ асар эҷод кардааст. Фаъолияти адабии ӯ бо таълифи шеър оғоз гардидааст. Нахустин шеърашро соли 1942 навиштаву маҷмуаи нахусти ашъораш таҳти унвони «Суруди чашмасор» соли 1948 рӯйи чопро дидааст. Шукӯҳӣ парвардаи муҳити адабии Хуҷанд аст, ки ҳамроҳ бо Пӯлод Толис, А. Баҳорӣ, М. Фарҳат пасу пеш ба арсаи эҷод расида, ба адабиёти тоҷикӣ рангу бӯи тоза ворид оварданд. Устод Садриддин Айнӣ ин навназарӣ ва истеъдоди умедбахши онҳоро пай бурда, дар мактуби кушодаи худ ба Толис навишта буд:

«Рафиқ Толис! Ман аз ин пеш ҳам дар забони «адабӣ»-и баъзе ҳаваскорони нависандагӣ ин гуна ҳолатҳоро дидаам. Аммо азбаски муаллифони он гуна парчаҳо кирои гап заданро намекарданд, ман дар бораи онҳо чизе нагуфта будам. Аммо Шумо, Фарҳат ва Шукӯҳӣ чизи дигаред. Забони адабии тоҷик аз шумо - ҷавонон сарсабзиҳои бисёр аълоро умедвор аст.

Бояд инро ҳам қайд карда гузарам, ки ман то ҳол ба касе хушомадгӯёна муроҷиат накардаам ва мақсадам дилбардории шумо ва дигар рафиқон нест, балки ба сабаби он ки қобилияти шумоёнро ба хубӣ пай бурдаам, мехоҳам, ки он қобилият бо роҳи нодурусти забонӣ нашъунамо наёбад ва вазифаи ман ин аст, ки он қобилияти баланди шуморо иқрор карда истода, шуморо ба роҳи таълимоти Гуркий даъват намоям».

Ин таманниёти устод, барои ҳамаи ин нависандагон, аз ҷумла Аминҷон Шукӯҳӣ раҳнамои эҷодӣ гардид ва ӯ дар адабиёти тоҷикӣ кору эҷод ва ибтикороти зиёдеро анҷом дод.

Шукӯҳӣ пеш аз ҳама чун шоири ғиноисаро машҳур аст. Вай дар тӯли умри худ ҳашт маҷмуаи шеър чоп намуд, ки тасвири масъалаҳои замон, ахлоқу одоби ҳамида, муаммоҳои хонаводагӣ, ҳиссиёти воқъии инсони ҳамзамон, ишқи поки инсонӣ, дӯстии халқҳо ва ғайра аз мавзуоти асосии онҳо мебошанд. Лирикаи Шукӯҳӣ саршор аз ҳарорати нафису меҳрубонона, назари дақиқ ва ғайримунтазира ба ҳаводис, танзи латифу танқиди бамуддао буда, забону баёнаш сода ва образнок аст. Хосса силсилаи «Муҳаббат ва оила»-и ӯ байни мардум хеле шуҳрат ёфта буд. Шеъру ғазалҳои воқеии вайро оҳангсозон оҳанг баста, ҳофизони зиёде сурудаанд. Лирикаи Шукӯҳӣ ҷанбаи қавии ҳаётӣ дорад ва ӯ дар рушди тафаккури бадеии муосир ба сӯйи тасвири воқеъгароёнаи руҳу равон ва ахлоқи муосирон ҷойгоҳи хосеро доро мебошад.

Шукӯҳӣ дар эҷоди шеъри калонҳаҷм низ таҷрибаи хубе дорад ва достони «Кӯчабоғи ошиқон» маҳсули ҳамин ҷӯяндагиҳои вай аст. Бояд ёдовар шавем, ки достони мазкур саҳнавӣ низ шудааст ва ҳамин тавр Шукӯҳӣ дар инкишофи драмаи манзуми тоҷикӣ низ саҳм гузоштааст. Ҳамчунин намоишномаҳои «Шабҳои фироқ» (1968), «МИВО» (1970), либреттои операи «Бозгашт» (1967) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Дар эҷодиёти Шукӯҳӣ осори мансур мақоми хосе дорад. Насри вай бештар хусусияти лирикӣ ва ҳуҷҷатӣ дорад. Нахустин асар дар ин силсила ҳикояи «Шаҳло» (1964) мебошад, ки бо ҳамқаламии Ҳилолиён Аскар навиштааст. Қиссаҳои «Шаҳло ва Шифо», «Имзои шахсӣ» (1967), романи «Печутоби роҳҳо» (1977-1978) ва «Садафи сиёҳ» (1974) натиҷаи ҳамкории эҷодии ин ду адиб мебошанд.. Қиссаи «Парии ҷазира» (1973) маҳсули қалами худи Шукӯҳӣ мебошад.

Саҳми ӯ дар рушди адабиёти кӯдак назаррас мебошад. Маҷмуаҳои «Ил-18 омад» (1968), «Баррачаи дупо» (1964), қиссаҳои «Об аз куҷо меояд?» (1969), «Асад ва Самад» (1972) аз ҳаёти бачагон, олами орзуҳо ва хислатҳои неку бади одамон қиссаҳои ҷолибу муассир мекунанд, ки писанди бачагон афтодаст.

Дар бораи чандпаҳлу будани эҷодиёти Аминҷон Шукӯҳӣ сухан ба миён оварда, бояд як риштаи фаромушшудаи осори вай, яъне асарҳои публистистӣ ва мақолоти интиқодии ӯро ҳам ба хотир оварем.

Яке аз нахустин навиштаҳои интиқодии Аминҷон Шукӯҳӣ мақолаи «Лирика ҳаёт ва руҳи назм аст» мебошад, ки соли 1956 таълиф шудааст. Ин нукта сазовор ба таъкид аст, ки шоир дар айёми расидан ба таҷрибаи кофии адабӣ, хосса шеър, ба нақди он пардохтааст. Ба фикри мо ин кори табиист.

Дар мақолаи мазкур масъалаи асосӣ баррасии лирикаи ишқӣ ва тасдиқи он нукта аст, ки лирикаи ишқӣ низ ҳаёти реалиро тасвир карда метавонад. Лирика ҳаётро на комилан, балки дар лаҳзаҳои алоҳида ва махсус ифода менамояд. Шукӯҳӣ пеш аз ҳама як намуна аз шеъри Пушкинро мисол оварда, андешаи худро дар бораи шеъри воқеъгаро аз ин лиҳоз мавзуъ мушаххас ҷонибдорона баён мекунад. Ҳамзамон аз шуарои классики тоҷик намунаҳо оварда, таъкид мекунад, ки аксари онон лирикасаро буданд.

Ба ақидаи Шукӯҳӣ муроҷиат ба фолклор барои як шоири ғиноисаро хеле муҳим мебошад, зеро дар он руҳияи одамон, орзуву умеди онҳо ба забони сода ва пухтаву равон баён шудааст. Як хусусияти муҳимми лирика содагии сохти грамматикии он дониста шудааст ва ин нукта бо овардани намуна аз осори Мушфиқӣ ва Саййидо таъйид карда мешавад.

Шукӯҳӣ ба андешае муқобил аст, ки лирикаро танҳо ба мавзуъи ишқӣ маҳдуд мекунанд, ҳол он ки ба қавли Белинский назм эпикӣ, лирикӣ ва драмавӣ низ шуда метавонад. Хулосаи вай чунин аст, ки: «Дар ҷамъият вақте ки ҷавонӣ ҳаст, ишқу муҳаббат ҳаст, ғаму андӯҳ, ҷудоӣ, беморӣ ва марг ҳаст, ҳангоме ки гулҳо мешукуфанд, баҳор нашъунамо мекунад, то даме ки ҳаёт ҳаст ва дили одам дар тапидан бошад, лирика ҳам ҳаст». Ин андешаҳо бояд дар вазъи адабии он замон, ки ба лирикаи ишқӣ муносибат сард буд, хеле бамаврид ва ҷасурона ба шумор овард.

Ба фикри Шукӯҳӣ лирикаи классикӣ оҳанги рӯҳафтодагӣ дошт ва ин бесабаб набудааст. Аммо лирикаи имрӯза бояд аз он фарқ кунад.

Шукӯҳӣ саволе ба миён мегузорад, ки «Лирикаи имрӯзаи тоҷик дар кадом зина аст ва он чӣ тавр бояд бошад?». Вай лирикаи он рӯзро (ба ҷуз аз лирикаи гражданӣ) дар зинаи паст донистааст. Аммо ба қавли вай агар шеър мисли шеъри Турсунзода «Хонаи мо он қадар ҳам дур нест» бошад, зуд мақбули хонандагон мешавад. Муваффақияти шеър на ба кӣ будани муаллифи он, балки ба маҳорати эҷодии он вобаста дониста шудааст.

Шукӯҳӣ муқобили кӯркӯрона омӯхтан аз адабиёти гузашта аст, зеро ба фикри вай ин кор адибро ба тақлид мебарад. Аммо вай дар ин маврид таъкиди ин нуктаро низ лозим донистааст, ки: «Аз классикҳо мо бояд бисёр чизҳо: муносибати сухан, қувваи мантиқ, лутф, назокати шеър ва воситаҳои беҳтарини тасвирро монда нашуда омӯзем ва онро дар эҷодиёти худ истифода барем!» Дар ҳамин замина, яъне таваҷҷуҳ ба ҷанбаи ҳунарии шеър, он амалро, ки дар шеър ба ҷойи одамон истеҳсолот тасвир мешавад ва шеър ба очерк табдил меёбад, қабуд надорад.

Пас, аз ин ҷо мантиқан саволе ба миён мегузорад, ки «Лирикаи замони мо чӣ гуна бояд бошад?» Ҷавоби ӯ ба ин суол чунин аст, ки аз лирика бояд бӯи замон, руҳи одамони ҳамзамони зиндадил эҳсос шавад ва ахлоқу одоби ҳамида бо маҳорат ба тасвир ояд. Шоир бояд дониши кофии зиндагӣ ва адабӣ дошта бошад ва ҳар сухан бамаврид ва дар ҷои худаш истифода шавад. «Лирикаи мо бояд лирикаи ҳаёти мо, замони мо, орзу ва умедҳои мо мебошад. Барои мо лирикаи ноумедӣ, афтодаруҳӣ, дилгиршавӣ бегона аст», - таъкид мекунад ӯ. Дар лирика ҳам конфликт мешавад, аммо на ба сони драма ё роман. Ба қавли Шукӯҳӣ гоҳе лирика низ беконфликт мешавад ва ин мушоҳида низ ҷолиб мебошад. Ниҳоят дар лирика шакл аз ҷузъи муҳим ба шумор омадааст, вале вай мухолифи дар қолабе (масалан, ғазал) маҳдуд мондан аст, яъне танаввуъи шаклро тақозо дорад. Агар замони таълифи ин мақоларо ба назар гирем (нимаи солҳои 50 асри гузашта), бояд изҳор дорем, ки дар мақолаи мазкур роҳҳои бартараф кардани тасаввуроти маҳдуд ва ғалат дар бораи лирика хеле бамаврид ба миён гузошта шудааст.

Мақолаи «Шафақи дурахшони инсоният» зоҳиран идомаи мақолаи болост. Он пас анҷумани ХХ1 ҳизб таълиф шудааст, ки дар ҷомеа афкори адабӣ рӯ ба тағйир дошт. Яке аз масъалаҳое, ки бар хилофи муҳим донистани мазмуну мавзӯъ дар он замон ба миён гузошта мешавад, ин аст, ки: «Дар адабиёти бадеӣ бояд ду чиз монанди гӯшту нохун аз ҳам ҷудонашаванда ва монанди гулҳои ошиқони печон бо ҳам ҳамеша печида бошанд. Ин мазмуни баланд ва назокати сухан. Асаре, ки вай, ҳар қадар бо идеяи баланд дар мавзӯи зарурӣ навишта шуда бошаду аммо аз ҷиҳати бадеиёт, тарзи баён назокати сухан паст бошад, онро асари бадеӣ шуморидан нодуруст ва хатост, чунки адабиёти бадеӣ бояд ба бадеият ва нафосати худ аз публистика, китобҳои имлӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ фарқ кунад».

Хосса, ки адабиёт оинаи ҳаёт аст. Ҳар як жанр ба сари худ низ як оина аст. Бузургтарин оина ин наср мебошад... Шукӯҳӣ вобаста ба ин ташбеҳ хостааст имкони шеърро дар тасвири ҳаёт муайян кунад. Ба андешаи ӯ: «Шеърҳои лирикӣ низ оинаи ҳаётанд, аммо доираи онҳо боз ҳам хурдтар аст. Лекин хусусияти бисёр аҷиб ва ҷозибаангези шеърҳои лирикӣ дар он аст, ки агар вай ҳақиқатан ҳаётӣ буда, бо маҳорати баланд навишта шуда бошад, садҳо ва ҳазорҳо одамон аз он тапиши дили худро ҳис менамоянд...». Яъне ҳар навъи адабӣ ба фикри Шукӯҳӣ муҳим ва яке ҷойи дигареро гирифта наметавонад.

Сипас, вай дар бораи «пайвастани анъанаи назми ҳазорсола бо навпардозии имрӯза» сухан гуфта, «монда нашуда омӯхтан»-и онро зарур медонад. «Омӯхтан, - гуфтааст Шукӯҳӣ, - ҳеҷ гоҳ маънии тақлид карданро надорад. Шоир шеърнависиро аз шоир ёд мегирад. Мактаби шоирӣ ин худи ҳаёт, мероси адабӣ, дарёи пурҷӯши зиндагонии халқ аст». Инро хосса бояд ҷавонон бояд бидонанд, зеро дар эҷодиёти онҳо «як камбудии ҷиддӣ ва авфнопазир ҳукумрон аст. Ин, пеш аз ҳама, суст будани маҳорати бадеӣ, набудани робитаи узвӣ ва мантиқӣ дар байни ибораҳо, ифодаҳо ва ҷумлаҳо мебошад. Мо, шоирони ҷавон бисёр вақт ба таълимоти устодони худ, ки ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад, риоя намекунем, аз паси бисёр шудани сатрҳо давида, барои тару тозагӣ, назокати сухан, дарёфт намудани фикри бикр аҳаммият намедиҳем»- хулоса кардааст вай. Хосса шеъри шоирони ҷавон Ф. Ансорӣ, М. Фарҳат, Бобо Ҳоҷӣ, худаш (ин корро огоҳона мекунад) ва хосса Ғаффор Мирзоро аз ин ҷиҳат танқид кардааст. Бино бар ин, намунаи шеъри классикиро мисол нишон медиҳад:

Ҷавоне гуфт бар пири дилогоҳ,

Чи гум кардӣ, ки хам мегардӣ дар роҳ.

Ҷавобаш дод пири хуштакаллум,

Ки айёми ҷавонӣ кардаам гум.

Ва пурсише ба миён мегузорад, ки: «Дар ин сатр кадом калима зиёд, кадом ибора бемавқеъ ва кадом сатр номафҳум? Ин чор сатр монанди хишти тилои қимат суфта ва рехта аст, шеър бояд ҳамин тавр бошад».

Дар ниҳоят аз тарҷумаи шеърҳои тоҷикӣ ба забони русӣ сухан ба миён оварда, гуфтааст, ки баъзан тарҷума аз асли шеър хубтар ва беҳтар мебарояд. Ҳол он ки «тарҷимаи назм тарафи чаппаи дастархони зебост», дар ин ҷо сир дар куҷост?» - ки имрӯз ҳам ба муаммо мемонад.

Дар нақди Шукӯҳӣ зоҳиран чунин менамояд, ки вай бештар мутаваҷҷеҳи масъалаҳои шеър аст. Вале чунонки минбаъд мебинем, вай ба тамомии бахшҳои адабиёт нақду назари худро дорад. Яке аз ин мақолаҳояш «Ҳаёти мо ва насри мо» (1964) ном дорад. Назари ӯ дар ин маврид чунин аст, ки наср аз рӯи имконоти ноҳудуди худ, бо майдони фарохи амалиёти худ дар адабиёт бояд мавқеи ниҳоят муҳимро ишғол кунад. Барои ин фаъолияти устод Садриддин Айнӣ ва сабаби ба насрнависӣ гузаштани эшон мисол оварда шудааст.

Мисли ҳамин ба қавли Шукӯҳӣ: «Роману повестҳои нависандагони маъруфи мо Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, марҳум Абдусалом Деҳотӣ, Ҳаким Карим ва Пӯлод Толис дар қатори китобҳои устод Садриддин Айнӣ хазинаи адабиёти советиро бой карданд, насри имрӯзаи тоҷикро ба вуҷуд оварданд. Ҳозир дар қатори нависандагони калонсоли мо Фазлиддин Муҳаммадиев, Арнолд Одинсов, Михаил Левин, Аъзам Сидқӣ, Болта Ортиқов низ бо асарҳои ҷолиби диққат баромад мекунанд».

Аммо Шукӯҳӣ лозим донистааст, ки дар бораи тарафҳои сусти наср, сабабҳои ақиб мондани он, роҳҳои бартараф кардани камбудҳо бештар сухан гуфта бошад, зеро ин ба манфиати рушди адабиёт дониста шудааст. Барои он ки масъала хеле густарда аст, мунаққид танҳо ба масъалаҳои умумии наср дахл карданро лозим донистааст.

Вай изҳор медорад, ки аз асарҳои наср «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ, «Одамони куҳна»-и Фазлиддин Муҳаммадиев, «Ҳисса ва қиссаҳои ҷанг»-и Фотеҳ Ниёзӣ, «Ҷӯраи деринаи ман» ном китоби очеркҳои Аъзам Сидқӣ ба Мукофоти ба номи Рӯдакӣ пешниҳод карда шуданд. Ин нишон медиҳад, ки дар насри мо асарҳои баландмазмун ва ҷолиби диққат ҳастанд. Аммо бисёр ҷолиб аст, ки Шукӯҳӣ дар ин асарҳо низ тарафҳои сустро дидаву зикр кардааст.

Ҳамин тавр, ба ақидаи ӯ «дар романи хеле нағзи Ҷалол Икромӣ «Духтари оташ» тасвири воқеаҳои сотсиалӣ, типҳои одамони тариққипарвар ва револютсионер, нисбат ба воқеаҳои оилавӣ, типҳои одамони куҳна сусттар тасвир ёфтаанд. Ҳамин ҳолатро бо ранги дигаре дар очеркҳои Сидқӣ низ мебинем. Дар очерки «Ҷӯра-саркор» проблемаҳои ниҳоят муҳимме ба миён гузошта шуда, воқеаҳо реалистона нишон дода шавад ҳам, қисми «Фарзанди замон» нисбатан суст баромадааст. Дигар асарҳои ба мукофот пешниҳодшуда низ ҳамин хел тарафҳои сусти худро доранд…». Ҳамчунин аз ду повести нави Юсуфҷон Акобиров «Вақте ки осиё бозмонд» ва «Духтаре, ки ҷустуҷӯяш мекардам» ва «Аҷоиботи сафар»-и Ҷалол Икромӣ ва Одинсов ёд мешавад. Аммо ин Шукӯҳиро қаноатманд накардааст ва вай хушнуд аст, ки «нависандагони маъруфи мо Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода ҳам барои офаридани асарҳои калон боз кор мекунанд» ва «романи Ҳасан Ирфон «Дар кулбаи косибон» чоп шуд». Вале ҳамаи ин талаботи хонандаи имрӯза, талаботи халқро қонеъ гардонда наметавонанд (Идома дорад).

Абдухолиқи НАБАВӢ, ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосири тоҷики ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ