05 Sep 2023
Submitted by Admin
1387

Таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ сарчашма мегирад. Вале баъди ба Истиқлол расидани Тоҷикистон забони модарии мо дар ҷомеа мақоми давлатӣ касб намуд.

Имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 5-уми октябри соли 2009 қабул гардид, мавриди амал қарор гирифтааст. Мувофиқи ин қонун мавқеи ҳуқуқии забони тоҷикӣ муайян карда шудааст.

22-юми июли соли 1989 Қонуни забон қабул гардид, ки барои рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмӣ ва давлатӣ сарнавиштсоз гардид. Аслан талошу сайъу кӯшиши зиёиён ва фарҳангиёни тоҷик барои аз бунбасти сиёсиву иҷтимоӣ берун баровардани забони тоҷикӣ бо шуруи давраи бозсозӣ ва фароҳам шудани имконияти ошкорбаёнӣ ва ба таври аланӣ рушд ёфтани бедории миллӣ оғоз гардид. Дар Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ ҳаракати истиқлолхоҳӣ бештар аз ҳама хусусияти фарҳангӣ дошта, дар навбати аввал бозгашт ба анъанаҳои миллӣ ва дигар унсурҳои пешқадами миллиро тарғиб мекард. Ҳаракати дар баробари забони русӣ ба забони тоҷикӣ додани мақоми расмиву давлатӣ дар нимаи дувуми солҳои 80-уми асри XX аниқтараш дар соли 1987 бо чопи мақолаҳо дар ин мавзуъ дар матбуоти кишвар сар зад. (1) Зери таъсири чунин иқдомҳо ва шояд барои паст кардани шиддати вазъият дар моҳи майи соли 1988 қарори якҷояи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Шурои вазирони Тоҷикистон (№127 аз чоруми ноябри 1988) «Дар бораи чорабиниҳо дар мавриди такмили омӯзиши забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ» қабул карда шуд, ки он аввалин санади расмӣ дар баробари густариши забони миллӣ дар давраи бозсозӣ дар Тоҷикистон буд. Вале қабули ин санад дигар ба вазъи иҷтимоӣ таъсир расонида наметавонист ва таҳти таъсири боло рафтани худшиносии миллӣ ва муборизаи равшанфикрони тоҷик барои ба забони миллӣ додани мақоми давлатӣ 22-юми июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул кард. Баъд аз чанд рӯзи қабули Қонуни забон «Тадбирҳо…» оид ба иҷрои Қонуни забони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз тарафи Шурои Вазирони ҷумҳурӣ ба се забон - тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ (№142, аз 11 августи соли 1989) қабул гардид. Ин «Тадбирҳо» барои гузаштани коргузории расмии идора ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба забони давлатӣ як давраи гузаришро муайян сохта буд: «Муқаррар карда шавад, ки дар органҳои ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо дар давраи гузариш аз соли 1990 то соли 1995 коргузорӣ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ буда, аз якуми январи соли 1996 ба забони давлатӣ сурат мегирад.

Дар ин муддат коргузории органҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе ба забони давлатӣ гузаронида мешавад». (10) Минбаъд то тағйиру дароз кардани иҷрои баъзе бандҳои ин «Тадбирҳо…» он як ҳуҷҷати расмӣ барои таъмин намудани иҷрои Қонуни забон ва густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ буд. Дар ин тадбирҳо чораҳои ба зергурӯҳҳо тақсим кардани гурӯҳҳои таълимӣ, ки шумораи таълимгирандагони онҳо аз 25 нафар зиёд буданд, ҷорӣ намудани дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ғайритоҷикӣ, тарбия кардани тарҷумонҳо, чопи дастуру фарҳанг¬номаҳо ба забони тоҷикӣ ва як силсила тадбирҳои дигар пешбинӣ гардид. Бояд гуфт, ки дар муддати солҳои 1989 аввали соли 1992 барои татбиқи ин «Тадбирҳо…» корҳои зиёде амалӣ гардид, вале бо муташанниҷ гардидани вазъи ҷумҳурӣ ва сар задани ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ иҷрои ин «Тадбирҳо…» ба таъхир афтод ва ҳатто дар солҳои баъдӣ пасравӣ аз иҷрои он, кам кардани соатҳои дарси забони тоҷикӣ, бастани маҳфилҳои забономӯзӣ, бештар шудани истифодаи забони русӣ дар коргузории расмӣ ва ғ. мушоҳида гардид.

Вақте ки Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистонро 22 июли соли 1989 қабул гардид, Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат вуҷуд дошт, ки сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ аз як марказ идора мешуд ва албатта қонуни забоне, ки дар Тоҷикистон қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар сатҳи Иттиҳоди Шуравӣ буд. Баъд аз Ҷумҳурии Эстония дувумин Қонуни забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва албатта аз сабаби он ки ин аввалин Қонуни забон буд, дувум он ки Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат қарор дошт ва ҳама вақт он сиёсати худро вобаста ба сиёсати марказӣ пиёда мекард, ин қонун як силсила нуқсону камбудиҳо дошт. Пеш аз ҳама дар асоси ин қонун ба таври саросарӣ истифодаи се забон дар Тоҷикистон расмӣ шуда буд, яъне ҳам забони тоҷикӣ, ҳам забони русӣ ва ҳам забони узбекӣ. Аксарияти қонунҳои Тоҷикистон, аксарияти он қарору қонунҳое, ки Шурои Олии Тоҷикистон қабул мекард бо ҳамин се забон нашр мешуданд. Аз тарафи дигар, дар ин қонун масъалаҳои бисёр муҳимми нигаҳдорӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ, масъалаҳои риояи меъёрҳои он дар ҷомеа, яъне бисёре аз масъалаҳои муҳимму бунёдие, ки барои инкишофи забон роҳи васеъ мекушод, мутаассифона дарҷ нагардида буданд. Албатта, дар ҳамон давра, дар ҳамон замон қабули Қонуни забон як қадам ба пеш барои ҷомеаи мо буд. Мардуми Тоҷикистон ба як шӯру шавқ ин қонунро ҷонибдорӣ кард, ба ташаббуси устоди зиндаёд, Зафар Нозим Бунёди забон таъсис гардид, дар тамоми муассисаҳои Тоҷикистон курсҳои забономӯзӣ ташкил гардид. Баъди ба сари кор омадани Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон декабри соли 1992 ва нисбатан ором гарифтани вазъият дар Тоҷикистон ҳамоно Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи тақвияти масъалаҳои забон гардид ва ҳамасола ҷашни Қонуни забон таҷлил мегардид, ҳамасола вобаста ба татбиқи Қонуни забон чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал пиёда мегардид. Ба вазъи номусоид ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, дар соли 1994 қарори Шурои Олӣ дар бораи гузаронидани ҷашни забон дар шароити фавқулода ба имзо расид. (2)

Баъд аз ба андозае мусоид шудани вазъи сиёсӣ ва рушди иҷтимоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи Қонуни забон ва рушди густариши забони тоҷикӣ ба иқдому чорабиниҳои ҷиддӣ пардохт. Пеш аз ҳама бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995, №142 муддати давраи гузаришро дар татбиқи Қонуни забон, ки мувофиқи Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (№142 аз 11 январи соли 1989) якуми январи соли 1996 муқаррар шуда буд, то моҳи декабри соли 1999 тамдид намуд. Дар асоси ин қарори Шурои Олии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 23-юми феврали соли 1996 ба Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 11 августи соли 1989 № 142 тағйироту иловаҳо ворид кард. Масъалаи густариши забони давлатӣ ва татбиқи Қонуни забон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври махсус баррасӣ гардида, дар ин бора 2 июни соли 1997 № 256 қарори махсус қабул гардид. Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 № 459 қабул гардид. Имлои нави забони тоҷикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998 № 355 тасдиқ гардид.

Дар охири солҳои 90-уми садаи гузашта забони тоҷикӣ ба як забони тавонои давлатӣ табдил ёфт ва аллакай дар соли 2000-ум тамоми муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки барои дар амал пиёда шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ гузаранд. Яке аз муваффақиятҳои бисёр бузурге, ки дар ин давра мо ба даст овардем дар асоси сиёсати бисёр пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан пуштибонии Президенти кишвар дар коргузории расмии ҷумҳурӣ ба таври пурра ҷорӣ гардидани забони давлатӣ буд. Умуман соли 2000-умро гардиши куллӣ дар сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон номидан мумкин аст. Аз соли 2000-ум шуруъ карда, ҷараёни гузариши муассиса ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба забони давлатӣ боз ҳам бештар қувват гирифт. Махсусан қабули оинномаҳо, амру фармонҳо ба забони тоҷикӣ ва тасдиқ шудани онҳо дар Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши забони давлатӣ дар қувваҳои мусаллаҳ аҳаммияти калоне доштанд. Инчунин, сохторҳои иқтисодии Тоҷикистон (Вазорати молия, Вазорати савдо ва рушди иқтисод, бонкҳо) низ оҳиста-оҳиста рӯ ба забони тоҷикӣ оварданд ва санаду ҳуҷҷатҳои худро ба забони давлатӣ гузарониданд. Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикии хеш ба муносибати Рӯзи забон дар соли 2003 нақши забони давлатиро дар рушд ва инкишофи ҷомеа чунин арзёбӣ кард: «Дастоварди бузурги мо дар бахши сиёсати забон аз ин иборат аст, ки забони давлатӣ дар марҳилаи кутоҳ, вале ниҳоят ҳассоси таърихӣ нақши ваҳдатовариро адо намуд». (4)

Солҳои 2000-2010 дар таърихи рушду густариши забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлол шояд аз солҳои пурсамартарини инкишофи забони давлатӣ бошад. Агар ба таври мухтасар ба ин давра равшанӣ андозем метавон гуфт, ки ин солҳо солҳои таҳкими раванди густариши забони модарии мо дар маснади забони давлатӣ мебошад. Соли 2004 70-солагии Институти забон ва адабиёт дар сатҳи баланд таҷлил гардид ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари арҷгузорӣ ба забони модарӣ дар назди зиёиён ва махсусан кормандони Институти забон ва адабиёт як силсила вазифаҳои мушаххас гузошта, ин муассисаи илмиро ҳамаҷониба ҳам аз лиҳози маънавӣ ва ҳам аз лиҳози моддӣ мавриди пуштибонӣ қарор дод: «Яке аз вазифаҳои асосӣ ва пурифтихори Институти забон ва адабиёт дар давраи истиқлолият пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он аз ҳисоби захираи забони классикӣ ва халқӣ суфтаву ғанитар намудани забони адабӣ, оммафаҳм сохтани забони нашрияҳо, пеш аз ҳама китобҳои дарсӣ, забони матбуот ва тоза нигоҳ доштани забони муошират мебошад. Ҳамчунин зарурати эҷод ва эҳёи забони илмии тоҷикӣ кайҳо расидааст, ки ин ҳам аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини муҳаққиқон ва зиёиён, аз ҷумла Институти забон ва адабиёт аст». (9)

Минбаъд барои рушду такомули забони тоҷикӣ дар назди муҳаққиқон як силсила вазифаҳои ниҳоят муҳим, таҳияи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд соли 2008 чоп шуд), таҳияи «Донишномаи Рӯдакӣ», ки ду китоби он соли 2008 чоп шуд, гузошта шуд. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» дар шаш ҷилд оғоз гардид. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2007 соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон гардид ва якҷо бо 1150 солагии устод Рӯдакӣ дар саросари кишвар таҷлил гардид. Татбиқи тамоми ин тадбиру чорабиниҳо ва рушду густариши бемайлонаи забони давлатӣ дар ҷомеаи зарурати бозбинии ҷадиди куллиеро дар самти дурнамои инкишофи забон ва қабули қонуни нави забон ба вуҷуд овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти таърихии ин қонунро барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қайд намуда, зарурати пешниҳоди лоиҳаи навро зарур дониста, ҳадаф ва мақсади қабули онро низ ба таври возеҳ нишон дод: «Ин санади ҳуқуқӣ, ки дар замони шуравӣ бо дарназардошти воқеияти сиёсии он давра таҳия шуда буд, имрӯз ба ниёзҳои ҷомеаи мо пурра ҷавобгӯ нест ва кайҳост, ки зарурати пешниҳоди лоиҳаи нави он ба миён омадааст…». (12)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарори тадбирҳои мушаххас бобати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки муддати солҳои 2007-2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар Қонуни забони пешин набуд, ҷойгоҳи худро пайдо кард ва ин қонун яке аз қонунҳои хеле муосири сатҳи байналмилалӣ мебошад. Чунки ҳангоми таҳияи ин қонун мазмуну меъёрҳои бисёре аз қонунҳои забони кишварҳои дигар, ҳатто кишварҳои араб, кишварҳои Аврупо, то Лаҳистону то тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ дар назар гирифта, дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифода шудаанд. Акнун, ки ин қонун мавриди амал қарор гирифтааст, роҳи васеъ барои инкишофи забони модарии мо ҳамчун забони давлатӣ боз хоҳад шуд.

Махсусан пешниҳодҳои судманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ӯ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (5-октябри соли 2010) барои рушду густариши забони модарии мо шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. Таҳияи як Барномаи мукаммали густариши забони тоҷикӣ бо дар бар гирифтани тамоми масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ аз қабили ба забони илм табдил додани забони давлатӣ, ҳамгунсозии истилоҳот, кампютерӣ кардани забони тоҷикӣ, забони давлатиро фаро гирифтани мансабдорони давлатӣ ва аз санҷиши донистани забони давлатӣ гузаштани шахсоне, ки ба вазифаҳои давлатӣ таъин мешаванд, таъсиси «Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ» дар Китобхонаи миллӣ барои рушди забони давлатӣ роҳи васеъ кушод.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2009) қабул гардид. Ин қонун вазъ, истифода, ҳимоя ва дурнамои рушди забони тоҷикиро дар шароити имрӯзаи сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар муайян менамояд. Қонуни нав дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ омода гардида, дар он чунин вазъи ҳуқуқии истифодаи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва хориҷӣ муайян гардидааст. Барои татбиқи ин қонун сохтори нави давлатӣ – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бар уҳдаи ин Кумита масъулияти татбиқи қонуни мазкур, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот ва назорати истифодаи меъёрҳои забони адабӣ гузошта шудааст.

Дар даврони истиқлол бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд. Махсусан, асарҳои Президенти кишвар (5), суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун (6) дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доштанд. Бояд гуфт, ки ақидаҳо ва пешниҳодҳои Президенти кишвар дар ин бобат на танҳо хусусияти назариявӣ, балки хусусиятҳои амалӣ ҳам доранд, ки дар ин бора бояд ба таври алоҳида сухан ронд.

Дастовардҳои асосии моро дар даврони Истиқлол метавон ба таври фишурда ба шакли зер гурӯҳбандӣ кард:

1. Ба таври комил дар коргузории расмӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ;

2. Таҳияи як силсила асарҳои муҳим дар бахши забоншиносии тоҷик.

Махсусан, асарҳо оид ба таърихи забони тоҷикӣ (, забони муосири тоҷикӣ (3), фарҳангу луғатномаҳои гуногун «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Донишномаи Рӯдакӣ» «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҷилдҳои I ва II) ва ғайра (11).

3. Ба забони муоширати байни халқҳои сокини кишвар табдил ёфтани забони давлатӣ (идома дорад).

Назарзода С., д.и.ф., профессор, узви вобастаи АМИТ, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ

Шодиев Р.А., н.и.ф.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ