21 Sep 2023
Submitted by Admin
1887

Аз байни осори боқимондаи устод Рӯдакӣ қасидаи «Бӯйӣ Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме» ягона асарест, ки аз замони эҷодаш ба баъд аз ҳама бештар диққати аҳли адабро ба худ кашида, мавриди тазмину истиқбол қарор гирифтааст ва дар атрофи он баҳсҳои мухталифе ба миён омадааст. Имрӯз маълум шудааст, ки ба қасидаи мазкур даҳҳо тан аз шоирони минтақаҳои гуногуни форсизабон дар имтидоди зиёда аз даҳ аср муроҷиат кардаву ҷавобия гуфтаанд. Воқеан, ба он аҳли адаби ҳамаи сабку мактаб ва равияҳои адабӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд: чи шоирони сабки ироқиву ҳиндӣ, чи шоирони орифу равшангар, чи аҳли адаби воқеъгаро ва чи пайравони шеъри наву шеъри сафед. Ин таваҷҷуҳи ҳамагонӣ, ба андешаи банда, ҳодисаи мазкурро аз татаббуъ ва ё назирагӯии суннатӣ ва муқаррарӣ берун мебарад ва мантиқӣ мебуд агар онро чун як падидаи куллӣ, ки ба намод ва ё мотиви равониву адабӣ табдил ёфтааст, номзад кунем.

Аммо барои тавзеҳи дурусти қазияи мазкур лозим аст, ки як назари иҷмолӣ ба вазъу шароити эҷод, муҳтаво ва дарунмоя, ҷиҳатҳои ҳунарии қасида ва сарнавишти он дар фарҳангу адабиёти форси тоҷикӣ андохта бошем.

1. Шароит ва вазъи эҷоди қасида.

Устод Рудакӣ, дар воқеъ, шоири тавоно, бунёдгузори адабиёти пешин ва шаклдиҳандаи забони адабии нави форсии тоҷикӣ ба шумор омадааст. Ҳарчанд аз ӯ ба миқдори хеле кам (андаке зиёдтар аз 1000 байт) дар даст ҳаст, вале аз он ҳам маълум аст, ки устод дар эҷоди шеър ва суханварӣ дасти тавоное доштааст. Яке аз хусусиёти ҳунари волои устод Рӯдакӣ дар он зоҳир мешавад, ки метавониста вобаста ба шароит ва вазъи мавҷуда дар мавзӯи мушаххас бадоҳатан шеъре бигӯяд, ки дарзамон ҳам мавзӯъро комилан фаро бигирад, ҳам моҳияти амиқи таъмимиву ибратбахшӣ касб кунад ва ҳам дар либоси шеъри ҷаззоб пироста шуда бошад. Ба тариқи намуна, метавон қасидаи «Модари май» ва низ қасидаи дар марги шоир Муродиро ёдрас шуд, ки ҳарчанд дар мавзӯи мушаххас, воқеаҳои дақиқу моддӣ ва ҳолати мушаххас эҷод шудаанд, вале зимнан фарогири маъниҳои фалсафиву ахлоқӣ ва тахайюлоти рангине мебошанд. Ё худ қасидаи «Шикоят аз пирӣ», ки мушаххасоти биографӣ ҷамъбасти зиндагии басарбурдаи шоирро бо ҳама нишоту сахтиҳо ва панду ибратангезиаҳояш фаро мегирад, пеш аз ҳама, бо дақиқ будани мавзӯъ ва воқеънигорӣ имтиёз дорад.

Таҳлилу баррасии қасидаҳои мазкур ва куллан эҷодиёти устод Рӯдакӣ дар мақолаву тадқиқоти устод Айнӣ, Саъид Нафисӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Иосиф Брагинский, Аълохон Афсаҳзод, Абдунабӣ Сатторзода, Абдулманнони Насриддин ва дигарон ба хубӣ ва ба таври кофӣ анҷом ёфтааст. Аммо як нуктаи муҳимме, ки ба фикри банда дар ин маврид ва ҳам тамоми эҷодиёти устод Рӯдакӣ лозим ба тавзеҳ мебошад, ин аст, ки ин амали дарзамон эҷод кардани шеъри олӣ, шеъри дар зоҳир содаву дар амал пурмуҳтаво ва шево аз ҷониби устод Рӯдакӣ вобастаи чӣ омиле будааст ва хосса дар нисбати қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме»-и он дар чӣ зоҳир мешавад?

Омили аввалин, ба эътироф ва эътиқоди орои ҳамаи донишмандон, ҳамоно истеъдоди фавқулода доштани устод Рӯдакӣ мебошад, ки ӯро аз деҳи Панҷрӯд ба Самарқанд ва ниҳоят ба Бухоро, ба дарбори Сомониён овард. Ин ки Рӯдакӣ дар гуфтани шеър чӣ ҳунаре дошта, аз суханони худи ӯ маълум аст:

Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър,

Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.

Ҳамин далел, ки «Калилаву Димна»-ро барои Рӯдакӣ мехонданд ва ӯ онро дарзамон ба назм медаровард, низ шаҳодати истеъдод ва ҳунари волои шоирӣ буда метавонад. Албатта, ба соҳиби ҳунари фавқулода будани шоир ҳеҷ шубҳае нест. Аммо ба фикри банда дарки он нукта муҳим аст, ки Рӯдакӣ ба он пояи камолоти шоирӣ расида буд, ки аз зеҳну забонаш чашмаи шеъри софу беғаш меҷӯшиду метаровид, табъаш дар заминаи диди шоирона ончунин тарбият дида ва қудрате пайдо карда буд, ки ҳар чизи одиро, ба қавли худаш, ба сони ҳарир таҳрир намуда метавонист.

Омили дигар ин буд, ки мавқеъ ва шароити фаъолияти устод Рӯдакӣ дар дарбор ҳамеша омода будан ва фаврикориро тақозо мекард, зеро чунон ки Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар мақолаи дувуми китоби «Ҷаҳор мақола» - «Дар моҳияти илми шеър ва салоҳияти шоир» зикр кардааст: «…Дар хидмати подшоҳ ҳеч беҳтар аз бадеҳа гуфтан нест, ки ба бадеҳа табъи подшоҳ хуррам шаваду маҷлисҳо барафрӯзад ва шоир ба мақсуд расад». Вай дар идомаи сухан оид ба қазияи мазкур маҳз устод Рӯдакиро чун намуна нишон дода, менависад: «Ва он иқбол, ки Рӯдакӣ дар Оли Сомон дид, ба бадеҳа гуфтану зудшеърӣ кас надидааст» (Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Куллиёти «Чаҳор мақола». Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби Қазвинӣ. – Теҳрон: Интишороти «Ишроқӣ» (бознашри соли 1909, саҳ. 31).

Инак, метавон чунин натиҷа гирифт, ки дарзамон, бадеҳӣ гуфтан ва ба қавли Низомии Арӯзӣ «зудшеърӣ» аз сифатҳои волои шоири комил ба шумор меомадааст, ки устод Рӯдакӣ, бешубҳа, устоди ин ҳунар буд. Қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» низ дар ҳамин замина таълиф шуда, сирру асрори ҳунарӣ ва эъҷози шеърии он низ вобаста ба омилҳои мазкур мебошад.

Таърихи таълифи қасидаи мазкур тибқи нақли Низомии Арӯзии Самарқандӣ, дар сарчашмаҳо ва асарҳои пажӯҳишӣ ба такрор омада, вале аз назари масъалаҳое, ки зикр кардем, бори дигар онро мутолиа кардан ба манфиати кор хоҳад буд. Ҳарчанд дар мавриди ба куҷо сафар кардани Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ақидаҳо гуногунанд, аммо ӯ хоҳ ба Ҳирот ва хоҳ ба Марву Бодғиси Ҳарӣ ва ё хоҳ ба ҷойи дигар сафари тӯлонӣ (ба қавле 4 сол) дошт, муҳим нест. Муҳим он аст, ки дар имтидоди ин солҳо Бухоро қариб аз ёди ӯ рафта буд ва ҳатто то он дараҷа, ки «ҳавои Ҳарӣ дар сари ӯ ва ишқи Ҳарӣ дар дили ӯ» (Ҳамон манбаъ, саҳ. 32) нишаста. Зиёда аз он, ба гуфтаи Низомии Арӯзӣ амир Наср ибни Сомонӣ он қадар ба Ҳарӣ дил баста буд, ки онро «ба биҳишти адн монанд кардӣ, балки бар биҳишт тарҷеҳ ниҳодӣ ва аз баҳори Чин зиёдат овардӣ». Бино бар ин чун аҳли рикоб «донистанд, ки сари он дорад, ки ин тобистон низ ин ҷо бошад» (Ҳамон асар, саҳ. 32), ба ташвиш афтода, аз паи чора шуданд.

Дар ин маврид нуктаи дигареро аз таърих ёдовар шудан мумкин аст. Шарқшиноси маъруф А. Семёнов дар иртибот ба қазияи мазкур нуктаеро ёдрас мешавад, ки дар он замон шоирони Хуросон дар мазаммати Бухоро хеле интиқодҳо таълиф карда буданд ва хавфи тағйири пойтахти давлати Сомониён низ дар миён буда (А. Семёнов. Ду шоири бузурги асри Х. Рӯдакӣ ва Дақиқӣ. – дар маҷ: Устод Рӯдакӣ, 1940). Бино бар ин, метавон гуфт, ки аҳли дарбор, низомиён ва умарои Наср ибни Аҳмад, аз ҷумла Рӯдакӣ низ шояд аз ин ҷиҳат андеша доштанд.

Ба ин маънӣ, ёди ватане, ки аҳли рикобро фаро гирифта буд, дар заминаи таърихӣ ба масъалаи ҳимояи Ватан ва давлат омезиш меёбад. Яъне ёди диёру хумори ёр, орзуи хонумон ва аҳли аёлу фарзанд ва иштиёқи дидор ба Бухоро чун маркази давлат ба ҳам омезиш меёбанд, ки ин ҳама дар дили Рӯдакӣ шояд бештар хона дошт. Бино бар ин, Рӯдакӣ, на танҳо барои музди хидмат, ки панҷ ҳазор динор муайян шуда буд, балки ба хотири бароварда кардани асли нияти хеш, ки ҳатман бояд расидан ба дидори ватан бошад, низ ба таълифи асаре ё ба амал баровардани ҳунаре, ки боиси ҳаракати подшоҳ ба сӯйи Бухоро гардад, даст мезанад. Гумони ғолиб ин аст, ки агар худ Рӯдакӣ ба ин амал тайёр набуд ё ба қавле дарду доғи ҷудоии ватанро ба ҷони хеш насанҷида буд, чизе ба ин дақиқии матлаб ва бо ин муассирии сухан таълиф карданаш ғайримумкин буд. Зиёда аз ин, Рӯдакӣ дар давоми хид-мат дар дарбори Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ба қавли Низомии Арӯзӣ «набзи амир бигрифта буду миҷози ӯ бишнохта» ва бино бар ин, аз ӯ талаби дақиқе мешавад, ки: «санъате бикунӣ, ки подшоҳ аз ин хок ҳаракат кунад, ки дилҳои мо орзӯи фарзанд ҳамебарад ва ҷони мо аз иштиёқи Бухоро ҳамебарояд» (Ҳамон асар, саҳ. 32-33).

Ва Рӯдакӣ ба иҷрои ин амал пардохт ва бо риояи мизоҷи амир қасидае гуфта, субҳгоҳон, пас аз сабӯҳӣ кардан шоҳ, чун мутрибон омода шуданд, «…чанг бигрифт ва дар пардаи «Ушшоқ» ин қасида оғоз кард:

Бӯйи ҷуйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Пас фурӯтар шавад ва гӯяд:

Реги Омуву дуруштий роҳи ӯ,

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст

Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Мир зӣ ту шодмон ояд ҳаме.

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме».

Ва ин шеър ба амир муассир афтод, ки чун Рӯдакӣ байти охирро суруд, ӯ «чунон мунфаил гашт, ки аз тахт фуруд омад ва бе мӯза пой дар рикоби хинги навбатӣ оварду рӯй ба Бухоро ниҳод, чунонки ронину (шалвору) мӯза то ду фарсанг дар пайи амир бурданд… ва инон то Бухоро ҳеч ҷой боз нагирифт» (Ҳамон асар, саҳ. 33).

Ва аммо саволе табиӣ ба миён меояд, ки сабаби ин муваффақият ва таъсири сареъ чӣ будааст? Ва оё ин шеър зарфиятеро дорад, ки амирро ба чунин як амали ғайримунтазира во дорад? Ба ин пурсишҳо танҳо мавриде ҷавоб метавон ёфт, ки агар мутолиае бар мазиятҳои ҳунарӣ он карда бошем.

2. Ҳусни ҳунарӣ ва адабии қасида.

Чунон ки дар боло гуфта омад, омилҳои пайдоиш ва эҷоди қасида хеле ҷиддӣ ва муҳим буданд. Дар ин маврид таъкид кардани чунин қазия муҳим ба назар мерасад, ки ҳар гуна шеъри бадоҳатан гуфташуда ҳатман дар заминаи андӯхтаҳо, таҷриба ва омилҳои пешакӣ ва ҳамчунин ҳунари воло сурат мегирифтааст. Вале таъсири он, пеш аз ҳама, ба хусусиятҳои дохиливу ботинии шеър бояд вобастагии бештаре дошта бошад ва лозим аст, ки шоир мутаваҷҷеҳи куллии мавзӯъ гардад, то ки умқи масъала, моҳияту аҳаммияти онро дар иртибот ба мавриду шароити мушаххас дарк кардаву баҳо дода тавонад. Бахусус, ҷанбаи равонии ин таъсир хеле муҳим ба назар мерасад, зеро Рӯдакӣ онро маҳз бо мақсади муасссир афтодан ба амир фикр кардаву таълиф намудааст. Бесабаб аз ӯ тақозо нашуда буд, ки «санъат»-е кунад, яъне кори шуданаш ғайримумкинеро анҷом бидиҳад.

Рӯдакӣ барои ба ин ҳадаф расидан, пеш аз ҳама, шаклу воситаи мувофиқеро интихоб мекунад. Маълум, ки дар ин мавриди ҷиддӣ ва ҳассос аз ташвиқ ё насиҳати одӣ, яъне сухани наср кор гирифтан натиҷаи дилхоҳ ба бор намеоварад ва аз ин ҷо Рӯдакӣ «донист, ки наср бо ӯ дар нагирад, рӯй ба назм овард» (Ҳамон асар, саҳ. 33). Ҳамчунин вазне сабуку хушоянд - рамали мусаддаси маҳфуз (фоилотун /фоилотун/ фоилун)-ро, ки омехта бо рукнҳои макфуф (фаилотун) низ ҳаст, интихоб менамояд. Аммо лаҳни қасида низ бисёр ҷолиб аст: дар он ёду хотироти ширин, шодии расидан ба дидор бо мадҳи шоҳу Бухоро ба ҳам омехта, оҳанги болидагӣ ва шодрӯҳӣ бахшидааст, ки ҳатман натиҷа ва амали мусбатеро бо худ ҳамроҳ хоҳад дошт. Ҳамин тавр Рӯдакӣ қасидаро дар заминаи воситаҳои ҳиссӣ ва равонӣ эҷод менамояд ва ҳангоми пешниҳод ва иҷро низ аз ин омилҳо истифода мекунад. Аввалан, вақте қасидаи мазкурро месарояд, ки амир сабӯҳӣ карда буд ва сухан ба вай таъсири дигар дошта метавонист. Бино бар ин, шеър ба нозуктарин торҳои эҳсоси амир нохун зада, ҳисси панҷгонаи вайро ба ҷунбиш меоварад, балки ҳофизаи ӯро бедор ва, бар илова, тавассути зикри исми Бухоро мақоми вайро дар ин шаҳр ва масъулиятяшро назди кишвар таҳрик медиҳад.

Масалан, дар байти матлаъ, ки ба иборате ташбиби қасида аст, аз табиат, мавзеи зебо ва тафреҳгоҳи Бухоро – Ҷӯйи Мӯлиён ва бӯйи хуши он, яъне бӯйи Ватан, сухан ба миён оварда, дарзамон машоми шоҳро бо он ҳама хушиҳои дар хотироташ нуҳуфта мепайвандад ва ин сабаби таъсири сареъ дар ҳавоси ӯ мегардад ва ниҳоят тавассути «ёди ёри меҳрубон» ин иртибот мушаххас, балки таҳрики тоза мегирад. Ҳамин тавр куллан ҳолу ҳавои орому осуда ва масаратбахши Бухоро ба миён меояд ва дар зеҳни шоҳ андешаи дидор ва роҳи баргашт зинда мешавад. Шоир, ки ин ҳолро медонад, дар байтҳои баъдӣ ҳатман аз роҳи сафар ва сахтиҳои он, ки бо болидарӯҳии расидан ба дидори дӯст ва пойтахти ҳукумати ӯ, мушкилҳоро барояш сабук ҷилва медиҳад (реги Омӯ ва дуруштии роҳаш парниён ва убур аз оби Ҷайҳун кори содаест) ва ин ҳама дар айни замон андешаҳои шоҳ аст, ки дар тасаввури худ дорад ин роҳи расидан ба дидори дӯстро мепаймояд. Устод Рӯдакӣ дар ин маврид хеле бамавқеъ таъкид мекунад, ки:

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Мир зӣ ту шодмон ояд ҳаме!

Шарқшиноси машҳур И. С. Брагинский, ки аз ин назар қасидаи мазкурро таҳлили хубе кардааст, дар ин маврид менависад: Инак, садоҳои мардуми ба истиқболи шоҳ баромада ба гӯш мерасад: «Дер зӣ! Шод бош!» Радифи «ояд ҳаме» аз ин ҷо баъд мушаххасан маънии «меояд, меояд, меояд…» яъне омад-омади амирро ифода мекунад. Ва ниҳоят, пеши чашмони амир моҳу осмон ва боғу бӯстони Бухоро зоҳир мешавад, ки он ҳама ба иштироки ӯ ҳусни худро мукаммал менамоянд. Ва амир бо тундӣ асп металабад, то ба ин кайфият ва дидор зудтар бирасад. Ва ин ҳама зермаънои соҳиронаи қасида аст, ки ҳамроҳ ба сухани бадеӣ шеърро қудрату тавоноии фавқулода ато кардааст (И. Брагинский. О мастерстве Рудаки. – Рудаки. Стихи. М. Наука, 1964, стр. 427- 430).

Рӯдакӣ ба ин васила эҳсоси кундшудаи амирро ба ватан ва аҳли хонавода аз нав зинда сохта, масъулияти ӯро дар кори давлатдорӣ ёдовар шуд. Сониян, чун қасидаро тавассути оҳанги «Ушшоқ» суруд, таъсири он ба маротиб афзуда, эҳсоси дар таҳтушшуури вай нуҳуфтаро бедор кард ва сабаби амали ғайримунтазира аз ҷониби амир гардид.

Аммо ин шеъри дар назари аввал сода ва бепироя, натанҳо бо дарунмояи ғанӣ ва лаҳну оҳанг ва ғарази муаллиф ҷолиби диққат аст, балки як асари комили адабист, ки қолаби ба худ хосе дорад ва аз ҳайси ҳунарӣ ва коркарди адабӣ низ сазовор ба гуфтугӯ мебошад. Ҳарчанд гуфтаанд, ки дар асл ин қасида асари тӯлонист, вале чунин ба назар мерасад, ки он ё қасидаи фишурдаест ва ё асарест, ки аз қасидаи бузурге қисми муҳим-маш дар ҳофизаҳо монда ва сазовор ба зиндагии мустақилона мебошад. Ҳоло дар ҳамин шакл ҳам он унсурҳои асосии қолаби мазкурро дорад: дар он ташбибу тағаззул, руҷӯъ, мадҳ ва талаб ба мушоҳида мерасад.

Қасида дорои вазни хос, қофия (аа, бб, вв…) ва мураддаф (ояд ҳаме) мебошад. Лаҳну оҳанги сабуки вазн, қофияи «он» ва «ён» ва ҳам радифи иборат аз ду калима, ки ин ҳама ҳамнаво буда, ба зудӣ такрор мешаванд, ба шеър мусиқии хосе ато намуда, онро хотирмон ва таъсирбахш кардаанд. Ҳамчунин бояд таъкид кунем, ки дар қасида саноеъ ва орояҳои адабии фаровоне ба кор гирифта шудааст. Низомии Арӯзии Самарқандӣ танҳо дар байти мақтаъ ё қисми талаби он, ки ба тариқи зайл аст:

Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,

То ба ганҷ андар зиён ояд ҳаме. –

мавҷуд будани ҳафт санъатро мисли мутобиқ, мутазод, мураддаф, баёни мусовот, узубат, фасоҳат ва ҷазолат қайд кардааст. Ин саноеъ ва дигар аз пирояҳои адабӣ, унсурҳои тасвирӣ ва мусиқизо дар тамоми шеър фаровон ба кор рафтаанд, ки аз онҳо метавон таносуб, ҷиноси ихтилофӣ, вожороӣ, муболиға, истиора, ташбеҳу такрор ва ташхисро ном бурд. Ин ҳама васоити тасвир ва саноеъ дар як шеъре, ки аз 7 байт иборат аст, бешубҳа, бояд баёнгар ва бозгӯкунандаи шеърияти олӣ ва ба худ хоси ин асар ба шумор равад.

3. Пайравӣ ва истиқбол аз Рӯдакӣ.

Бино бар чунин хусни адабӣ ва ҳунарист, ки дар тазмину истиқболи ин қасида даҳҳо шоири форсизабон дар давоми зиёда аз даҳ аср дар Мовароуннаҳру Эрон, Ҳинду, Покистон, Афғонистону Қафқоз ва ғайра шеъри ҷавобия гуфтаанд. Аслан, масъалаи пайравӣ ба ашъори устод Рӯдакӣ доманаи васеъе дорад. Дар ин хусус аҳли тадқиқ диққат ҷалб кардаанд ва бахусус мақолаву андешаҳои Саъид Нафисӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Абдунабӣ Сатторзода, Ансор Афсаҳов, Шокир Мухтор дар мавзӯи мазкур ҷолиби диққат мебошад. Аммо мушахассан дар бораи қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме», ки бештар мавриди тазмину истиқбол ва пайравию татаббуъ қарор гирифтааст, чӣ метавон гуфт?

Як далели муҳим он аст, ки дар байни ин ҳама даҳҳо шеър ками андар кам шеъре мавҷуд аст, ки ба пояи қасидаи мазкур боло рафта бошад, балки аксар тазмингарон баъди як-ду байт гуфтан пеши сеҳри қалами содаи Рӯдакӣ худро нотавон ҳис кардаанд. Як намунаи онро Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар мисоли кӯшиши бебарори Амир Муиззӣ дар асари мазкураш нақл кардааст ва таъкид ҳам карда, ки «ҳанӯз ин қасидаро касе ҷавоб нагуфтааст, ки маҷоли он надидаанд, ки аз ин мазоиқ озод тавонанд берун омад» (Низоми Арӯзии Самарқандӣ. Асари мазкур, саҳ. 33). Аммо ба гуфтаи Саъид Нафисӣ «…ин ашъори Рӯдакӣ ҳамеша маъруф будааст» (Саъид Нафисӣ. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ. – Душанбе, 2008, саҳ. 605). Чунонки А. Сатторзода зикр намудааст, ба ин қасида қариб сад шоир пайравӣ кардаву ҷавоб навиштаанд (А. Сатторзода. Аз паи устод // Маориф ва маданият, 1973, 18 ноябр). Аммо ба фикри банда дар ин маврид фақат муайян кардани он муҳим нест, ҷавобу тазминоти шоирон ба асли муҳтавои қасида ва талаботи назирагӯӣ то чӣ андоза мувофиқ афтодааст, балки муҳим он аст, ки ин шеър чӣ сиррие дорад, ки ҳама дар ин дарозои таърих бештар аз ҳама маҳз ба он муроҷиат кардаанд. Чунон ки зикр кардем, дар байни онҳо шоирони сабку равия ва ҷараёнҳои гуногун мавҷуданд. Аз ҷумла, Амир Муиззӣ, Ҳаким Саноӣ, Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ), Сайфи Фарғонӣ, Адиб Шаҳобиддин Вассоф, Ҳофизи Шерозӣ, Мирмоили Таттавӣ, Суруши Исфаҳонӣ, Сипандии Самарқандӣ, Шиблии Нуъмонӣ, Саййидансори Ништар, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Адими Шуғнонӣ, Ҳушанги Соя, Нодири Нодирпур, Муҳаммади Яктоӣ, Муҳаммадҳусайни Тасбеҳ, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Ашрафӣ, Озари Бекдилӣ ва даҳҳо шоири дигари хурду бузург дар ин миён мавҷуданд.

Чунин ба назар мерасад, ки аҳли адаб, пеш аз ҳама, хостаанд ба ин шеър танзим гуфта бошанд, яъне бо Рӯдакӣ дар сабқат шудан хостаанд (Саноӣ). Ҳамчунин, ин шеър ба сифати садои нахустин шоири форсизабон боиси ба некӣ ёдовар шудан ва эътирофи ин аввалқадамии ӯ будааст, чуноки Ҳофиз гуфта: «Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем, К-аз насимаш «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме». Дар ин миён таваҷҷуҳи Мавлонои Балх ба қасидаи мазкур бештар будааст. Ӯ ду ғазал ва як тазмин дар «Маснавии маънавӣ» ба қасидаи Рӯдакӣ таълиф кардааст. Ҳамин нукта низ аҷиб аст, ки ҳам маснавӣ ва ҳам қасидаи Рӯдакӣ дар як вазн - рамали мусаддаси маҳфуз (фоилотун/ фоилотун/ фоилун) таълиф шудаанд. Дар мавриди ҷавобияҳои Саноӣ ва Мавлоно ба чунин андеша расидан мумкин аст, ки онҳо дар баробари пайравӣ ба вазну қофия ва оҳанги қасидаи Рӯдакӣ, боз аз он маъниҳои амиқе афзудаанд. Эшон ба он оҳанги ирфонӣ дода, зимнан зебоиҳои дохилии дар оҳанги қасидаи устод нуҳуфтаро берун кашидаанд.

Ранҷи ғурбат рафту тимори сафар,

Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.

(Саноӣ)

Бӯйи боғу гулситон ояд ҳаме,

Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Аз нисори гавҳари ёрам маро

Оби дарё то миён ояд ҳаме.

Бо хаёли гулситонаш хорзор

Нармтар аз парниён ояд ҳаме…

(Мавлоно)

Ба ин маънӣ радифи «ояд ҳаме» ва мазмуни ғурбати ватан ва «ёри меҳрубон» баробари маънии воқеӣ боз оҳанги ҷудоӣ ва умеди пайвастан ба асли хешро фаро мегирад. Чун такрори мукаррари онро дар давоми асрҳо пеши назар меоварем, чунин андешае пеш меояд, ки лаҳну оҳанги қасидаи мазкур ба адабиёти мо мотив ё намоди ҷудоӣ ва кӯшиши расидан ба пайванди худ ва хушҳолие, ки аз ин васл ба ҳам мерасад, ворид намудааст, ки бунлоди шеъри тасаввуфӣ ва ҳам ҷудоиву ба ҳам расидани афроди воқеӣ дар шеъри воқеъгаро бар ин асл ниҳода шудааст. Аз ин оҳангу мавзӯъ шуарои асрҳову сабкҳои мухталиф барои ифодаи мақсадҳои худ истифода кардаанд ва боз истифода хоҳанд кард.

4. Интиқодот ва баҳсҳои адабӣ ва идеоложӣ.

Қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме» дар таърихи зиёда ёздаҳ асаре, ки мавҷуд аст, баробари истиқболи ҳамагонӣ, инчунин ба интиқоду баҳсҳои мустақим ва ғайримустақим мувоҷеҳ шудааст. Аз нахустин касоне, ки ба асолати ин шеър шубҳа кардаву ба ҷанбаи ҳунарии он камгирона нигаристааст, Давлатшоҳи Самарқандӣ – муаллифи «Тазкират-уш-шуаро» мебошад. Ӯ дар ин асар дар фиқрае таҳти унвони «Устод Рӯдакӣ» менависад: «…Филҷумла, табъи карим ва зеҳни мустақим дошта ва аз ҷумлаи устодони фанни шеър аст». Дар бораи қасидаи мазкур бошад, андешааш бад-ин сон аст: «Ин қасидаест тавил ва эроди маҷмӯи онро ин китоб таҳаммул наёварад. Гӯянд, амирро чунон ин қасида ба хотир мулоимтабъ афтод, ки мӯза дар пой нокарда савор шуд ва азимати Бухоро намуд ва уқалоро ин ҳолат ба хотир аҷиб менамояд, ки ин назмест сода ва аз саноеъу бадоеъ ва матонат орӣ, чи ки агар дар ин рӯзгор суханваре мисли ин навъ сухан дар маҷлиси салотин ва умаро арз кунад, муставҷиби инкори ҳамагон шавад…» (Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро. Чопи дувум – Теҳрон: Интишороти «Падидаи Ховар» 1366, саҳ 28). Ва сабаби қабули қасидаро бештар дар оҳангу таснифи ба он баста медонад (Ҳамон манбаъ, саҳ. 28). Мо дар боло қайд кардем, ки то чӣ андоза тасаввур дар бораи аз ҷанбаи ҳунарӣ орӣ будани қасидаи мазкур андешаи нодуруст аст. Аслан содагӣ худ ҳунар аст, бахусус содагие, ки иҷрояш мушкил ва ҳатто номумкин бошад, чунонки хоси сабки устод Рӯдакӣ буда ва он бо номи «саҳли мумтанеъ» маълум аст. Аммо дар баҳси Давлатшоҳ як ҳакиқати таърихи адабиёт нуҳуфтааст. Ин ҳам тағйир дар сабки адабӣ ва завқи хонанда дар арзи панҷ аср (ва шояд гуфт дар ҳамаи давру замонҳо) мебошад. Ба аҳли андеша маълум аст, ки дар асрҳои баъдӣ сабки нигориш ба мураккабӣ ва тахайюлписандии бештар, тасвирҳои маҷозиву истиорӣ ва гоҳе ба баёни маснуъӣ майл намуд ва аз ин ҷо нигориши сода дар иншои шеър (сабки хуросонӣ) ба табъу завқи аҳли адаби асрҳои баъдӣ (сабки ироқӣ ва ҳиндӣ) гоҳе писандида набуд. Ва шояд ин як амри табиӣ бошад, вале, дар айни замон, агар мо шеъри мухайялро меписандем, бояд ашъори содаи боҳунарона сурударо низ дарк ва қадр карда тавониста бошем.

Банда дар ин маврид мехоҳам бо суханони Шиблии Нуъмонӣ ба ин баҳс хотима бахшам. Ӯ менависад, ки Давлатшоҳи Самарқандӣ «ин ҳикоятро навишта, баъд изҳори тааҷҷуб мекунад, ки ашъори мазбур бо вуҷуде, ки содаву ҳеч гуна саноеи шеърӣ дар он ба кор бурда нашуда, чӣ гуна дар вуҷуди Наср то ин ҳад таъсир бахшидааст?» Ва баъд давом мекунад:

«Бале, замони Давлатшоҳ шеъру шоирӣ сурати воқеии худро аз даст дода буд ва бад-ин ҷиҳат мардум аз баёни ҳақоиқ ва чизҳои содаву табиӣ кайф намекарданд. Вале то вақте ки завқу салиқаи ҷомиа ва машраби афрод содаву орӣ аз олоиш буд, шуаро дар муқобили ашъори мазбура сари таслим хам намуда, аз ҷавоби он изҳори аҷз менамуданд» (Шиблии Нуъмонӣ. Шеър-ул-Аҷам. Китоби 1. - . Теҳрон: Дунёи китоб, 1367, саҳ.27).

Аслан Давлатшоҳ ба ҳунари воло ва сарвари шоирони форсигӯ будани устод Рудакӣ ҳеч шубҳа надорад ва ин нуктаро махсус таъкид менамояд: «Алқисса устодро инкор нашояд кард ба муҷарради ин сухан, балки ӯро дар фунуну улум ва фазоил вуқуф аст… ва устод Рӯдакӣ азимушшон ва мақбули хосу ом буда…» (Давлатшоҳ. Ҳамон манбаъ, саҳ.28)

Чунин гумон меравад, ки дар имтидоти адабиёти форсии тоҷикӣ то ибтидои садаи XX дар мавриди қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме» дигар эътирозе шуда бошад. Балки чунон ки гуфта омад, шеъри рӯдакивор дар ҳар давра ва дар ибтидои асри бист дар наҳзати ҷадидия боз ба хотир омад ва аз қасидаи мазкур ёд шуд, балки сабки ӯ чун услуби писандидаи асри нав эътироф карда шуд (Бухорои шариф, 1912, №№ 40, 47). Зиёда аз он, шуарои равшангару навписанде мисли Садриддин Айнӣ ва Пайрав Сулаймонӣ ба қасидаи мазкурро тазмин кардаанд. Тибқи маълумоти Саъид Нафисӣ Абулқосим Лоҳутӣ низ қасидаро истиқбол намуда, ба он шеъри тазмин гуфтааст. Аммо дар солҳои Ҳокимияти шӯроӣ, вобаста ба муборизаҳои мафкуравию синфӣ (табақотӣ), ва аз меъёрҳои идеологӣ баҳо дидани арзишҳои адабӣ назар ба қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ба куллӣ тағйир ёфт, балки он мавриди ҳуҷумҳои бемавриду хандаоваре қарор гирифт, ки ёдрас шудани он ба назари мо бисёр ибратбахш менамояд.

Воқеият чунин будааст, ки дар солҳои аввали Давлати Шӯравӣ дар баробари сохтмони ҷомеаи ба ном нави сутсиолистӣ ва барқарор кардани Ҳукумати коргару деҳқон, бахусус дар амалияи он, нисбат ба мероси гузашта, дар баробари истифода аз намунаҳои пешқадами он, андешаи инкоргарӣ ба осори мухолифи идеологияи коммунистӣ ва мероси табақаи боло ва ҳукмрон, умуман арзишҳои ҷамъияти феодалӣ пурқувват буд. Ҷомеаи шӯравӣ дар аксари мавридҳо ба муқобили тамоми «дунёи куҳна» дар ҳолати ҷанг қарор дошт. Ва ин вазъи нохуш боиси хеле аз тундгароиҳои фарҳангӣ шудааст, ки оқибаташ ба аҳли илму адаб маълум мебошад.

Аммо дар мавриди қасидаи «Бӯи Ҷӯйи Мӯлиён»-и устод Рӯдакӣ асли қазия ба ин тартиб будааст. Замоне, ки дар Осиёи Марказӣ марзбандиҳои ноодилона дар соли 1924 аз тарафи шӯравиён ва бо дахолати дағалонаву муғризонаи пантуркистон амалӣ шуд, Ҳукумати Тоҷикистон дар садади барқарор кардани адолати таърихӣ шуд, то хаққи худро ба марзҳои таърихиаш чун як қавми асосиву бумӣ ва фарҳангофари ин сарзамин ба субут расонида бошад. Ва яке аз чунин тадбирҳо дар масъалаи мазкур ҳамин будааст, ки ба Садриддин Айнӣ супориш дода мешавад, то таърихи адабиёти мардуми моро дар сарзамини Мовароуннаҳр ҷамъоварӣ ва таълиф кунад. Дар натиҷа асари машҳури устод «Намунаи адабиёти тоҷик» (Маскав, 1926) рӯйи чоп омад, ки дар саҳафоти аввали он ному насаб, эҷодиёт ва рӯзгори устод Рӯдакӣ ҷой дода шудааст ва дар он қатор қасидаи мазкур низ мавҷуд буд. Устод Айнӣ, ба қавли худаш, бо ин асар ба даҳони душманони халқи тоҷик, бахусус пантуркистон муҳри хомӯшӣ зад. Бино бар ин, ба ин асари устод ҳуҷуми душманони миллати тоҷик оғоз шуд ва мисоли боризи онҳо ҳамон қасидаи Рӯдакӣ буд, ки онро чун намунаи даъвати амир ба Бухоро ва аз ин ҷо даъват ба дунёи куҳан маънидод карданд. Ин амал аввал дар сатҳи роҳбарияти Ҷумҳурии Ӯзбакистон сурат гирифт, баъд онро ба доираҳои расмии Маскав бароварданд. Аз ҷумла, Н.Бухарин, яке аз сарварони идеоложии вақти шӯравӣ, ин далели сиёсиро дар анҷумани У111 умумиитифоқии комсомол (6 майи соли 1928) ба ҳама мамлакат эълом дошт ва се байти охири қасидаро мисол оварда, онро чун далели «…дар шакли шоирона ба таври ошкоро таблиғ намудани шоҳпарастии аксулинқилобӣ» (Н.И.Бухарин. Путь к социализму. – Новосибирск: Наука 1990, стр.305) мисол нишон дод. Ба ҳамин далел ҳарчанд доираҳои илмӣ ва шарқшиносӣ дар китоб ҷой дода шудани қасидаро чун як далели таърихи адабиёт, на чизи дигар, шумурда бошанд ҳам, вале бо ин баҳона китоби устод Айниро аз дукону китобхонаҳо ҷамъ карда, ба коми оташ фиристоданд.

Чанде баъд, бархӯрд бо қасидаи «Бӯи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме» дар анҷумани нахустини Иттифоқи нависандагонии Тоҷикстон (1934) ба миён омад. Роҳбари нави ҳизбии Тоҷикикстон Г.И. Бройдо аз маърӯзачӣ А.Раҳимбоев дар бораи дар китоби устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» мавҷуд будан ё набудани маводи ба ҳукумати шӯравӣ номувофиқ суол мекунад. Дар ин маврид устод Лоҳутӣ ин масъаларо муфассал тавзеҳ дода, ҳақиқати воқеаро равшан менамояд ва як туҳмати ғаразкорона будани онро ба субут мерасонад.

Бори дигар дар охири солҳои 40 аз тарафи роҳбарияти Иттифоқи нависандагон амали устод Айнӣ дар мавриди ба китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» ҷой дода шудани қасидаи устод Рӯдакӣ мавриди интиқод қарор гирифт. Ва ниҳоят дар замони Истиқлол, дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон (2007) «дӯстон»-и мо ба матни ин қасида, ки дар барномаи консертӣ ворид буд, эътироз карданд ва он бо андак таҳрири шоир С. Айюбӣ ба иҷро гузошта шуд. Дар воқеъ, ин тасодуф ва иттифоқи аҷибест, ки шеъри Рӯдакиро дар ватани худаш баъди чанд даҳсола боз намехоҳанд ба гӯши ҳаммилатонаш дар шакали асл бетаҳриф садо диҳад…

Аммо ин ҳама садгузориҳо барои ба фаромӯшӣ рафтани ин асар сабаб шуда натавонистанд, балки он дар давру замони Истиқлоли Тоҷикистон аз нав вориди китобҳои дарсӣ, асарҳои бадеӣ ва киноқиссаҳо гардид, мавриди таваҷҷуҳи оҳангсозон қарор гирифт ва аз тарафи ҳофизон суруда шуд. Замоне, ки ин қасидаро ҳофизи мумтоз Ҷӯрабеки Мурод дар замони шӯравӣ бо ҷасорат дар оҳанги классикӣ иҷро намуд, ҷавонони бедори солҳои 70 мегуфтанд, ки он бояд суруди худшиносии мо гардад. Ва дар ҳақиқат имрӯз он ба суруди дӯстдоштаи мардуми мо, баёнгари таърихи қадим ва бунёдгузорони давлати навини тоҷикон ва пойтахти шарафманди он гардидааст. Қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме» бо ин ҳам сарнавишти пурмоҷарои таърихӣ боз замонавӣ садо медиҳад, моро ба сӯи таърихи ниёгон, адабиёту фарҳанги ғанӣ, бедории ҳофизаи миллӣ, худшиносӣ ва таҳкими давлати ҷавони соҳибистиқлоли тоҷикон ҳидоят мекунад. Оре, асари асили адабӣ умри ҷовидона дорад ва имрӯзу баъдҳо низ ба такрор хоҳем гуфт:

Бӯи ҷӯйи мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме!

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ