29 Sep 2023
Submitted by Admin
1320

Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ, ки шоҳкори инсоният маҳсуб шуда, ба қарибӣ, яъне дар таърихи 24 майи соли 2023 бо ташаббуси Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ба мо дӯст, бо қарори ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО ба сифати мероси мондагор расман ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, бо ном ва шахсияти Шамси Табрезӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Тавзеҳан, Куллиёти Мавлоно аз “Девони кабир” ё “Девони Шамси Табрезӣ”, “Маснавии маънавӣ”, “Фиҳи мо фиҳи”, “Маҷлиси сабъа” ва “Мактубот” иборат аст ва бояд таъкид кард, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1275) аз сари эътиқоду иродат ҳамаи гуфтору ашъори худро садои дили Шамси Табрезӣ медонист ва дар “Девони кабир” ба ин матлаб возеҳан ишора дорад:

Мафхари табрезиён Шамси ҳақи дин бигӯ,

Балки садои ту ҳаст ин ҳама гуфтори ман.

«Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно ҳам чунонки маълум аст, ба ташвиқи Ҳусомиддини Чалабӣ ба ёди Шамси Табрезӣ ва ба поси «ҳаққи суҳбат»-и ӯ таълиф шудааст. Худи Мавлоно дар “Маснавӣ” дар ин хусус чунин мефармояд:

Воҷиб ояд, чунки омад номи ӯ,

Шарҳ кардан рамзе аз инъоми ӯ.

Ин нафас ҷон доманам бартофтаст,

Бӯйи пероҳони Юсуф ёфтаст,

К-аз барои ҳаққи суҳбат солҳо

Бозгӯ ҳоле аз он хушҳолҳо.

Бинобар ин, дар ин навишта дар робита ба овоза ва ҳақиқати мазори пиру устоди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – Мавлоно Шамсиддини Табрезӣ (Шамси Табрезӣ) дар Тоҷикистон ба ваҷҳи мухтасар ва бо чанд далел сухан хоҳад рафт.

Дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ мазори ободони бузургворе воқеъ аст, ки садсолаҳост мардуми ин мавзеъ ва деҳоти атрофи он ба Шамси Табрезӣ нисбат дода, бо эҳтиром мазори Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Сабзпӯши Табрезӣ ном мебаранд ва иродатмандон аз дуру наздик ба зиёрату хокбӯсии он дару даргоҳи муқаддас меоянд.

Ривоят мекунанд, ки бунёдгузори давлати Темуриёни Ҳинд – Мирзо Бобур (1483-1530) ва дигар шахсиятҳои маъруф дар давраҳои мухталиф аз ин мазор дидан карда, аз файзу раҳмати ин остони муқаддас бархурдор шудаанд.

Абдурраҳмони Мустаҷир дар «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» (1870), ки ба қавли худи ӯ «баёноти рафтани мардуми Урусия ба кӯҳистон маъа (бо) кӯли Искандар»-ро тасвир намудааст, дар тавсифи бузургвори деҳаи Вешаб чунин мефармояд: «Дар он мавзеъ бузургворе ҳастанд, ки Мавлоно Шамсиддини Сабзпӯш мегӯянд. Дар болои ҳазрати бузургвор хонақоҳе ҳаст, ки бо фармони Амир Насруллоҳ андохта буданд, ки бисту ҳашт сол шудааст». Таърихи ин сафар дар «Рӯзнома» 16 майи соли 1870 сабт гардидааст. Аз ин навиштаи Абдурраҳмони Мустаҷир бармеояд, ки хонақоҳи болои гӯрхонаи он ҳазратро бо фармони Амир Насруллоҳ дар соли 1842 бино кардаанд.

Ин ривоят ҳам миёни мардум машҳур аст, ки дар охирҳои садаи нуздаҳ шоҳи Афғонистон – Абдурраҳмонхон (1844-1901) ба манзури зиёрат ба ин мавзеъ меояд ва ҳангоми бозгашт чанд тан аз аҳли ин деҳкадаро ҳамроҳи худ ба Афғонистон мебарад. Ривояти ба деҳаи Вешаб тавассути ағбаи Овучӣ омадани Абдурраҳмонхон воқеият дорад ва ҳақиқати он дар таърихномаҳо сабт шудааст. Ин воқеа эҳтимол баҳори соли 1880, яъне даҳ сол пас аз анҷом пазируфтани сафари ҳайати эъзомияи илмии Русия ба кӯҳистон, ки Абдурраҳмони Мустаҷир тарҷумони ин ҳайат буд, рух дода бошад. Зеро дар ин ҳангом Абдурраҳмонхон, ки ба Самарқанд фирор карда буд, дигарбора ба Афғонистон баргашт ва 21 сол дар он кишвар ҳукумат ронд. Воқеияти ҳол ин аст, ки Абдурраҳмонхон амири Афғонистон – Шералихонро дар соли 1866 аз тахт барканор карда, падараш Муҳаммад Афзалхонро ба тахт нишонд. Соли 1869 Шералихон дубора дар Афғонистон қудратро ба даст гирифт ва Абдурраҳмонхон маҷбур шуд дар аморати Бухоро паноҳ ҷӯяд. Пас, вай муддате ба Балх, Хива, Бухоро сафар анҷом дод ва бештар аз ҳамаи дигар шаҳрҳои аморати Бухоро, тақрибан даҳ сол дар Самарқанд монд. Ривояти мардуми Вешаб бастагӣ ба он дорад, ки гӯё Абдурраҳмонхон ҳангоми дар Самарқанд буданаш хоб дид, ки дар кӯҳистон мазори бузургворест, ки бо шарофати зиёрату хокбӯсии он остон муродаш дигарбора ҳосил ва подшоҳияш дар Афғонистон барқарор хоҳад шуд. Бинобар ин, азбаски роҳи қад-қади Зарафшон пурхатар буд, бо наздикони худ дар аввали баҳор, тавассути ағбаи Овучӣ (ба гуфтаи Абдурраҳмони Мустаҷир - Оҳучӣ) ба Вешаб фуруд омад. Мегӯянд, ки дар ҳамон айём роҳи ағба баста буд ва Абдурраҳмонхон яке аз надимонашро ба Вешаб фиристода, фармуд хабари ба зиёрат омаданашро расонад ва хоҳиш кунад, ки мардуми деҳа барои аз ағба фуровардани молу колои Абдурраҳмонхону наздиконаш мадад расонанд. Баъди шунидани ин хабар ҳамаи мардони деҳа ба пешвоз мебароянд ва Абдурраҳмонхону наздиконашро истиқбол намуда, бо чизу чорааш ба деҳа меоранд. Гуфтаанд, ки Абдурраҳмонхон ба ҳар кас, ки мадад кард, хоҳ аз ағба як хирвор бор поин овард, хоҳ як асо, як тангаи тилло ҳадя дод ва ба қавле даҳ рӯз, ба ривояти дигар чил рӯз дар хонақоҳи бузургвори Вешаб ба дуову намоз машғул буд. Пас, ба Афғонистон баргашт ва чанд тан аз аҳли деҳаро ҳамроҳ бурд. Раҳораҳ ду-се нафар, ки таҳаммули бори ғурбат надоштанд, аз ӯ барои дар деҳаи худ мондан хоҳиш карданд ва Абдурраҳмонхон монеъ нагардид. Танҳо як-ду нафар кӯҳистониён ҳамроҳаш ба Афғонистон рафтанд ва мегӯянд, ки ҷоҳу мақоми шоиста ёфтанд.

Қиссаи шоҳзодаи Қаротегин ва садоқату иродати ӯ ба Шамси Табрезӣ ҳам дар байни мардум маъруф аст. Вале пирони деҳа ин қиссаро ба садаҳои понздаҳ ва шонздаҳи мелодӣ эҳтимол медиҳанд. Ҳикоят мекунанд, ки шоҳзодаи Қаротегин ҳам ба манзури зиёрат ба ин деҳа омад ва ходимии ин даргоҳи муқаддасро аз подшоҳии мулки худ афзал дониста, то охири умр ҳамин ҷо сукунат ихтиёр кард. Ҳарчанд падараш кас фиристод ва баъдан ҳатто худаш ҳам барои ба Қаротегин бурдани ӯ ба ин мавзеъ омад, шоҳзода қабул накард ва ба сифати шайхи ин даргоҳ дар ҷавори хонақоҳ ба ёди Шамси Табрезӣ умри худро сипарӣ кард. Мегӯянд, ки чун вай дар пиронсолӣ эҳсос кард, ки офтоби умраш ба ғуруб расид, чанд қадам берунтар аз гӯрхонаи Шамси Табрезӣ бо дасти худ барои худ гӯр кофт ва чун кофтани гӯрро ба охир расонд, аҷалаш фаро расид. Мардуми деҳа, ки ба ҳайси шайхи он остон азизаш медоштанд, ӯро дар ҳамон гӯри кандааш дафн карданд ва ин гӯр дар ҷавори гӯрхонаи Шамси Табрезӣ ҳанӯз боқист.

Сездаҳ сол муқаддам, яъне дар таърихи 8 июли соли 2010 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин остони муқаддас ташриф оварда, дар назди ҳазорон ихлосманди ин даргоҳ, ки аз деҳоти наздику дур ҷамъ омада буданд, дар робита ба шахсияти Шамси Табрезӣ ва бузургдошти ин боргоҳ суханронии ширину пурмуҳтаво карданд ва дар охири суханронӣ ба хушнудии руҳи пурфутуҳи Шамси Табрезӣ ва дигар бузургони гузаштаи миллат дасти дуо бардошта, чун ҳамеша аз дилу ҷон хостори саодати мардум ва ободию шукуфоии ҳарчи бештари Тоҷикистони азиз шуданд (Барои иттилои бештар нигаред: Эмомалӣ Раҳмон. Шахсияти бузург ва камназири олами ирфон // Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе, 2016. с.249-253 ва сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: www.president.tj).

Воқеан орифи маъруф Мавлоно Шамсиддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ аз бузургони камназирест, ки ҳанӯз шахсияташ ба пуррагӣ шинохта нашудааст ва оқибати кору таърихи вафоташ ҳам ба таври дақиқ маълум нест. Аз аҳволу осори ин бузургвор он чи маълуму машҳур аст, ин аст, ки маҳз асари шигифтангези мулоқоти ӯ буд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ тарки маҷлиси ваъз ва хонақоҳу мадраса карда, пас аз ин мулоқот ба сурудани ашъори ширину шевои ошиқона пардохт.

Агар ба сафаҳоти рӯзгору осори Шамси Табрезӣ назар андозем, фишурдаи рӯзгору осори ӯ дар оинаи тасвир чунин хоҳад буд:

Шамси Табрезӣ соли 582 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1186 милодӣ дар шаҳри Табрез таваллуд шудааст. Номи аслияш Муҳаммад, номи падараш Алӣ, номи бобояш Маликдод буда, Шамсиддин, Шамсулҳақ – лақаб ва Шамси Табрезӣ тахаллуси ӯст. Гузашта аз ин, гурӯҳе ӯро бо таваҷҷуҳ ба фазлу камоли бемисолаш Комили Табрезӣ, бархе дар робита ба ин ки ҳар касро мехост маҷруҳи руҳ мекард, Сайфуллоҳ (шамшери Худо), аз он ки доим дар сайру сафар буд, баъзеҳо Шамси Паранда ва чун ҳамеша қабои фохири сабз дар бар дошт, иддае Шамси Сабзпӯш ном бурдаанд. Ба Шамси Табрезӣ ҳамчунин азбаски қомати баланд доштааст, чанде бадхоҳону мункиронаш «Тавил», яъне «дароз» лақаб додаанд. Худи ӯ дар «Мақолот», ки ягона асари ӯст ва онро муридонаш фароҳам кардаанд, дар бобати ба ин лақаб ном бурданаш дар ду маврид ишора дорад, аз ҷумла мегӯяд: «…маро «Тавил» гуфт ва ман зуд бурун омадам».

Мегӯянд, ки гузаштагони ӯ аз Хуросон буданд, ки барои тиҷорат ба Табрез омада, ин ҷо сукунат ихтиёр кардаанд. Давлатшоҳи Самарқандӣ ҳам дар “Тазкира”-и худ ин матлабро таъйид кардааст. Худи Мавлоно дар “Девони Шамси Табрезӣ” ба ин маънӣ ишораҳо дорад:

Гуфтам: Зи куҷоӣ ту? Тасхар заду гуфт: «Эй ҷон,

Нимем зи Туркистон, нимем зи Фарғона».

ё:

Шамсулҳақи Табрезӣ азбаски даромезӣ,

Табрез Хуросон шуд, то бод чунин бодо.

Шамси Табрезӣ пас аз таҳсили илм, касби камол ва сафарҳои зиёд рӯзи шанбеи 26 ҷумодиюлохари соли 642 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба 30 ноябри соли 1244 мелодӣ дар хони Шакаррезони (тибқи иттилои баъзе маъхазҳо дар хони Шакарфурӯшон ё Биринҷфурӯшони) шаҳри Қуния бо Мавлоно мулоқот кард. Маҳалли мулоқоти ин ду орифи бузург баъдан бо номи «Мараҷ-ал-баҳрайн» (ҳамомади ду баҳр) машҳур гардид ва мегӯянд, ки солҳои зиёд пас аз ғайб задани Шамси Табрезӣ ва даргузашти Мавлоно муридону муътақидон ба нишони эътиқод шабҳо аз мазори Мавлоно ба ин мавзеъ шамъ оварда, ба ёди он ду бузургвор то рӯз фурӯзон медоштанд.

Мулоқот бо Шамси Табрезӣ инқилоби руҳоние буд дар вуҷуди Мавлоно, ки баъзе муҳаққиқон онро таваллуди дигари ӯ қаламдод кардаанд. Худи Мавлоно низ ин мулоқотро таваллуди дубораи худ медонад:

Зодаи аввалам бишуд, зодаи ишқам ин нафас

Ман зи худам зиёдаам, з-он ки ду бор зодаам.

Чун зи билоди кофарӣ ишқ маро асир кард,

Ҳамчу равони ошиқон софу латифу содаам.

Писари Мавлоно Султон Валад, ки шоир буд ва ба форсии тоҷикию туркӣ шеър мегуфт, ба ёд меорад, ки баногоҳ Шамси Табрезӣ пайдо гардид ва дар партави нури ӯ сояи Мавлоно гум шуд:

Ногаҳон Шамси дин расид ба вай,

Гашт фонӣ зи тобу нураш фай...

Шайхи устод гашт навомӯз,

Дарс хондӣ чу кӯдакон ҳар рӯз.

Бар асари ин мулоқот Мавлоно дастор аз сар ва мусҳаф аз даст ба замин бигзошт, дарсу фатворо бо шеъру тарона ва рақсу симоъ бадал намуд:

Дар даст ҳамеша Мусҳафам буд,

Аз ишқ гирифтаам чағона.

Андар даҳане, ки буд тасбеҳ,

Шеър асту дубайтию тарона.

Беэътиноии Мавлоно бо хешовандону муридон ва тарки мадраса кардани ӯ сабаби бадгӯйиву бадгумониҳои ҳасудону муғризон гардид. Илова бар ин, ёрону муридони Мавлоно ва дигар мардуми Қуния қасди ҷони Шамси Табрезӣ карданд. Ӯро ҷоду ва Мавлоноро девона пиндоштанд. Шамси Табрезӣ аз чунин ранг гирифтани воқеа бағоят парешону озурдахотир шуд. Аз фамудаҳои худи ӯ ба ин маънӣ дар “Мақолоти Шамс” омадааст: «Бисёр бузургонро дар андарун дӯст дорам ва меҳре ҳаст... зоҳир накунам, ки яке-ду зоҳир кардам ва ҳам аз ман дар муошират чизе омад, ҳаққи он суҳбат надонистанд ва нашинохтанд…, ба Мавлоно буд, ки зоҳир кардам, афзун шуду кам нашуд. Рост натавонам гуфтан, ки ман ростӣ оғоз кардам, маро берун мекарданд. Агар тамом рост гуфтаме, ба якбор ҳамаи шаҳр маро берун кардандӣ...».

Бино бар ин, Шамси Табрезӣ ба ҷуз тарки Қуния дигар чора надид. Вай дар таърихи 21 шавволи санаи 643 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ бо 12 марти соли 1246 мелодӣ, тақрибан баъди понздаҳ моҳу ҳаждаҳ рӯзи суҳбат бо Мавлоно пинҳон аз Қуния берун омад ва ҷониби Димишқ раҳсипор шуд.

Мавлоно бомдоди рӯзи дигар ӯро талаб кард, ӯ дар ҳуҷраи худ набуд. Он рӯз тамоми Қунияро ҷустанд, аз ӯ асаре пайдо накарданд. Аз ин пас Мавлоно Ҷалолиддин хилватнишин шуд, дарро ба рӯйи ёрону иродатмандон баст ва дар фироқи Шамсиддин пайваста ба гиряву зорӣ машғул буд:

Қадри ғам гар чашми сар бигристӣ,

Рӯзу шабҳо то саҳар бигристӣ.

Шамси Табрезӣ бирафту ку касе,

То бар он фахрулбашар бигристӣ?

Ин ҷаҳонро ғайри ин самъу басар,

Гар будӣ самъу басар, бигристӣ.

Сармои фироқи Шамси Табрезӣ боди сарди хазон дар чаманистони суруру нишоти Мавлоно барангехт ва шохаҳои сабзи умеди ӯро зарду заъфарон сохт:

Даруни миҷмари дилҳо сипанду уд месӯзад,

Ки сармои фироқи ӯ зуком овард мастонро.

Мегӯянд, ки Мавлоно дигар боре ба минбари мадраса боло нашуд ва дар курсии таълиму тадрис нанишаст. Мардуми Қуния ва дигар муридону иродатмандони Мавлоно ӯро чун ба ин ҳол диданд, аз карда пушаймон шуданд ва ба зиёраташ шитофта аз ӯ узр хостанд.

Пас аз як моҳи ғайб задани Шамси Табрезӣ аз Димишқ ба номи Мавлоно аз вай мактубе расид ва шуълаи умеди мулоқоти дигарбора бо ӯ дар дили Мавлоно фурӯзон гашт.

Мавлоно чун донист, ки Шамси Табрезӣ дар Димишқ аст, фарзанди худ Султон Валадро бо бист нафар муридону иродатмандон фиристод ва Шамси Табрезиро ба Қуния фаро хонд.

Шамси Табрезиро дар Қуния гарм истиқбол карданд. Хотири Мавлоно аз партави дидори Шамси Табрезӣ дигарбора хурраму шукуфо шуд. Ӯ дигар намехост аз суҳбати Шамси Табрезӣ соате ҷудо бошад.

Ба гуфтаи Афлокӣ дар “Маноқиб-ул-орифин”, бори дувум Мавлоно ва Шамси Табрезӣ муддати шаш моҳи тамом дар ҳуҷраи мадрасае, ки Мавлоно он ҷо қабл аз мулоқот бо ӯ мударрисӣ мекард, бо ҳам суҳбат доштанд.

Афлокӣ ёдовар мешавад, ки тамоми ин муддати шаш моҳ миёни онҳо хӯрдану нӯшидан набуд. Ба ҷуз Шайх Салоҳиддини Заркӯб ва Султон Валад дигар касе назди эшон раҳ намеёфт.

Аҳли Қуния аз чунин сурат гирифтани ҳодиса боз ба шӯр омаданд ва дар ҳаққи Шамси Табрезӣ бадгӯйиҳо карданд. Ӯро соҳиру афсунгар эълон доштанд, ки Мавлоноро сеҳру ҷоду кардааст:

Боз густохон адаб бигзоштанд,

Тухми куфрону ҳасадҳо коштанд.

Хешро куштанду гаштанд аз тариқ,

Он чи киштанд, ончунон бардоштанд.

Зиндагонӣ дар Қуния барои Шамси Табрезӣ тоқатфарсо гашт ва аз ин турфа мардум дилаш ба тамом гирифт. Ба гуфтаи худи ӯ «туро як сухан бигӯям: Ин мардумон ба нифоқ хушдил мешаванд ва ба ростӣ ғамгин мешаванд. Ӯро гуфтам:

-Марди бузургӣ ва дар аср бегонаӣ. Хушдил шуд ва дасти ман гирифту гуфт:

-Муштоқ будам ва муқассир будам.

Ва порсол бо ӯ ростӣ гуфтам, хасми ман шуд ва душман шуд. Аҷаб нест ин. Бо мардумон бо нифоқ мебояд зист, то дар миёни эшон бо хушӣ бошӣ, ҳамчунин ростӣ оғоз кардӣ, ба кӯҳу биёбон бояд рафт».

Мегӯянд, ки Шамси Табрезӣ пас аз чунин муносибати аҳли Қуния ба Султон Валад гуфт, ки ин дафъа чунон ғайб хоҳам зад, ки ҳеч офарида асари маро наёбад ва ногаҳон ғайб зад. Ин ғайбати дубора ва охирини ӯ буд, ки дигар касе асаре аз ӯ пайдо накард.

Аҳмади Афлокӣ дар «Маноқиб-ул-орифин» ин таърихро чунин овардаааст: «ва ториху-л-ғайбати ва иститори Шамсиддин явм-ал-хамиси лисанати хамсин ва арбаъина ва ситтамиа». Яъне, ғайб задани Шамси Табрезӣ рӯзи панҷшанбеи 21 моҳи раҷаби санаи 645 ҳиҷрии қамарӣ, баробари панҷшанбеи 22 ноябри соли 1247 мелодӣ рух додааст.

Мавлоно бо маслиҳати ёрони худ ба суроғи Шамси Табрезӣ ба Димишқ рафт, дар кӯҳи Солиҳия ва дигар ҷойҳо талаби ӯро гирифт, вале асаре аз ӯ пайдо накарда, ба Қуния баргашт:

Худ ҳамон буд, дигар ӯро кас надид,

Чун парӣ аз одамӣ шуд нопадид.

Чун зи чашми хешу халқон дур шуд,

Ҳамчу анқо дар ҷаҳон машҳур шуд.

Баъзе маноқибнигорон навиштаанд, ки гӯё ҳафт нафар душманони Шамси Табрезӣ, ки дар миёни онҳо Алоуддин – писари дигари Мавлоно ҳам буд, нимашабе Шамсиддинро ҳафт корд зада, ҷасади ӯро ба чоҳи назди мадраса андохтанд. Писари калонии Мавлоно – Султон Валад аз ин ҳодиса воқиф мешавад ва он нимашаб бо се нафар наздикони содиқи худ ҷасади Шамсиддинро аз чоҳ кашида, дар гӯрхонаи Бадриддини Гавҳартош, ки дар мадрасаи бинокардаи худи ӯ воқеъ буд, паҳлуи Бадриддин ба хок месупорад. Аз ин ходиса гӯё танҳо зани ӯ - Фотимахотун огоҳ мешавад ва ҳангоми пирии худ, ки дигар на Мавлоно дар қайди ҳаёт буд ва на Султон Валад, ин сирро ошкор месозад.

Вале таъйиди ин нукта дар дигар тазкираву маноқибномаҳо нест ва ба навиштаҳои худи Султон Валад дар «Валаднома», ки сафари Мавлоноро дар ҷустуҷӯйи Шамси Табрезӣ ба Димишқ тасвир намудааст, мухолиф аст.

Мавлоно ду сол Шамси Табрезиро ҷустуҷӯ карда, ҳар куҷо суроғи ӯро гирифт, нишоне наёфт ва асаре пайдо накард. Вале ҳаргиз аз ёди ӯ фориғ набуд, ӯро дар ҳарду ҷаҳон ёри худ медонист:

Шамси Табрезӣ, туро дорам, туро ҷӯям, туро,

Дар ду олам чун туӣ ҳам мунису ҳам ёри ман.

Дар робита ба таълифоти Шамси Табрезӣ бояд гуфт, ки худи вай ҳаргиз ба навиштан иқдом накард ва асаре таълиф нанамуд. Дар ин бора худаш чунин мегӯяд: «Ман одати навиштан надоштам ҳаргиз, чун наменависам ва дар ман намемонад. Ва ҳар лаҳза маро рӯйе дигар медиҳад, сухан баҳона аст».

«Мақолоти Шамс» ёдгори гаронбаҳост аз суханон ва ёддоштҳои ӯ, ки муридонаш фароҳам кардаанд. Дар ин китоб маҷмуи суҳбату ваъзҳои ӯ ва пурсишу посухҳое, ки миёни ӯ ва Мавлоно ё муридону мункирони дигараш, ки баъди вуруди ӯ ба Қуния иттифоқ афтода буд, гирд омадааст. Ин китобест номуназзаму номураттаб ва пур аз маъниҳои сарбаставу печида. Вале шеваи гуфтори Шамси Табрезӣ ширину рангин аст, монанди: «...лошак (бегумон) бо ҳар чӣ нишинӣ ва бо ҳар чӣ бошӣ, хӯи ӯ гирӣ, дар ҳар кӣ нигарӣ, дар ту пухтагӣ дарояд, дар сабзаву гул нигарӣ, нозукӣ дарояд, зеро ҳамнишин туро дар олами хештан кашад».

Пешвои муаззами миллат зимни суханронии худ дар таърихи 8 июли соли 2010 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ таъкид фармуданд, ки “то ба имрӯз оромгоҳи Шамси Табрезӣ, ки мегӯянд ногаҳон аз Қуния ғайб зад, дақиқан муайян нашудааст. Дар Туркияву Эрон барои ин орифи бузург гӯрхона таъйин кардаанд, ки мардум барои зиёрат ба ин шаҳрҳо мераванд. Мардуми ин водии кӯҳистони Тоҷикистон бошанд, гӯрхонаи Шамси Табрезиро ба ҳамин деҳаи Вешаб эҳтимол медиҳанд”. Ба назари мо, далелҳои зерин метавонанд ба мавҷудияти мазори Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ шаҳодат диҳанд:

Далели якум: Пас аз таҳқиру озори зиёди бадхоҳон дар охири умр аз Қуния азми ватани аҷдодӣ, яъне Хуросону Фарорӯд кардани Шамси Табрезӣ, ки ӯро Мавлоно “ниме зи Туркистон, ниме зи Фарғона” донистааст ва дар кӯҳистони Самарқанд (Зарафшон) маҳалли сукунат ихтиёр кардан ва дар ҳамин ҷо вафот намудани Шамси Табрезӣ, аз эҳтимол дур нест. Худи Шамси Табрезӣ ҳам, чунонки дар боло гуфта омад, дар бобати ғайб задани худ ва гӯшанишинию ба кӯҳу дара рафтан, ки “касе асарашро наёбад”, дар фармудаҳояш зиёд ишораҳо дорад.

Ба баёни дигар, эҳтимол меравад, ки Шамси Табрезӣ бори охир пас аз тарки Қуния ва саргардониҳо дар Димишқ рӯ ба Шарқ, ба диёри аҷдодӣ – Хуросони бузург овард ва шояд нахуст дар Бухоро ё Самарқанд ва ё ягон деҳаи атрофи он муддате сукунат ихтиёр кард.

Аз баъзе сурудаҳои Мавлоно ҳам ишораи рӯ ба Шарқ овардани Шамси Табрезӣ ба мушоҳида мерасад:

Бинмой Шамси мафхари Табрез рӯ зи Шарқ,

Ман ҳудҳудам ҳузури Сулаймонам орзуст.

Далели дувум: Ба кӯҳистони Самарқанд ё водии Зарафшон рахти сафар бастани Шамси Табрезӣ мумкин аст ба манзури зиёрати мазори Шайх Абулҳасани Харақонӣ сурат гирифта бошад, зеро мутобиқи баъзе ривоятҳо мазори ин шайхро, ки Шамси Табрезӣ ба шахсияти ӯ эҳтироми фаровон дошт ва дар “Мақолоти Шамс” шахсияти бузурги ӯ ёд шудааст, дар саргаҳи Зарафшон эҳтимол додаанд.

Абдураҳмони Мустаҷир низ дар сафарномаи худ мазори ҳазрати Абумусоро, ки дар Деҳисор воқеъ аст, ба шайх Абулҳасани Харақонӣ нисбат дода, Абумусоро кунияи ҳамин Шайх Абулҳасани Харақонӣ тавзеҳ медиҳад: “Ба чӣ азобу уқубат боло баромада дидем, ки дар он ҷой бузургворе ҳастанд, ки номашонро Шайх Ҳасани Харақонӣ мегуфтаанд. Алҳол Абумусо мегӯянд. Аз он сабаб, ки номи писарашон Мӯсо будааст. Маънии Абумӯсо падари Мӯсо гуфтан аст...”.

Далели севум: Деҳаи Вешабро то охири умр маҳалли сукунат қарор додани Шамси Табрезӣ, шояд ба фаровонии обу гиёҳ дар ин мавзеъ ва файзосорию ҳавои нисбатан мусоиди он бастагӣ дорад. Пешвои муаззами миллат ҳам дар робита ба маънишиносии номи ин деҳа, ки аз ду вожа – “веш” ба маънии гиёҳ ва “аб”, яъне об таркиб ёфтааст, дар суханронии худ таъкид фармуда буданд: “Номи ин деҳа дар катибаҳои маъруфи суғдӣ, ки солҳои сиюми асри гузашта, ҳангоми ковишҳои бостошиносӣ аз қалъаи Муғ ба даст омаданд, дар ду шакл – “Вешаб” ва “Вешак” ба мушоҳида расида, ба фаровонии обу гиёҳ дар ин мавзеи файзбори кӯҳистон далолат мекунад”. Абдурраҳмони Мустаҷир ҳам дар “Рӯзнома”-и худ ин мавзеъро “ҷойи файзосори хуб” тавсиф кардааст.

Профессор Ҳамза Камол дар робита ба ин мавзеъро маҳалли сукунат қарор додани Шамси Табрезӣ ривоятеро дар китоби “Мазорҳои шимоли Тоҷикистон” ва муҷаддадан дар китоби “Чаҳордаҳ мазор” аз қавли “пирону рушанзамирон”-и водии Зарафшон ёдовар шудааст, ки “гӯиё бештар аз 700 сол пеш аз ин Шамси Табрезӣ ба Бухоро меояд ва дар корвонсарое макони иқомат ихтиёр мекунад. Дар ин айём шоҳи Бухоро хоб мебинад, ки тахташ вожгун шудааст. Муъаббиронро талаб мекунад. Хоби шоҳро ба ин мазмун таъбир мекунанд, ки дар ин шаҳри ту бузурге омадааст ва подшоҳ таваҷҷуҳе мабзул надоштааст. Ба дастури шоҳ нахуст ин бузургворро аз хонақоҳҳо ҷустуҷӯ мекунанд ва касеро намеёбанд, баъдан тамоми корвонсаройҳоро меполанд ва билохира Шамсро пайдо мекунанд. Подшоҳ иззату икромаш мекунад ва аз ӯ хоҳиш менамояд, ки ҳар дастуре, ки дорӣ бифармо. Гӯиё Шамс мегӯяд, ки то ин шаҳри ту ҳама роҳҳо фароху ҳама амлок умрон. Биноъан ба ин диёр бегазанд расидам. Ман қасди зиёрати мадфани Абӯмӯсоро дорам. Чун он диёр кӯҳистону мушкилрав аст, хоҳиш дорам, ки дар мушойиъати ман чанд нафарро маъмур бидорӣ, то саломат ба кӯи мақсуд бирасам. Шоҳ ду нафарро дар бадрақаи Шамс дастур мефармояд ва онон озими роҳ мешаванд. Баъди чанд рӯзи роҳпаймоӣ мерасанд ба ин макон, ки дар ниҳояти зебоист. Ду тараф кӯҳҳои сар ба афлок ва дар домани ин кӯҳҳо чаманзори дилнишин, ки аз васаташ рӯдхонаи мусаффое ҷорист. Шамс мубталои зебоии ин мавзеъ мешавад ва интизори сипарии шаб дар он ҷаннат-ул-маъво мегардад ва ҷоеро барои истироҳат интихоб мекунад, ки гӯиё ҷои мактаби кунунии деҳаи Вешаб аст.

Чун чодари шабро анвори хуршед ба дур меафканад. Шамс бедор мешавад ва дар камоли ҳайрат дар ҷои имрӯзаи мазор ду гунбади зебоеро мебинад ва ба ҳамроҳонаш мегӯяд, ки макони ман ин ҷост ва барои ҳамеша мондагор мешавад ва баъди вафоташ иродатмандонаш ӯро дар ин ҷо дафн мекунанд” (Ҳамза Камол. Чаҳордаҳ мазор. – Душанбе: Пайванд, 2001, с.43-44.). Чунонки ба мушоҳида мерасад, дар ин ривоят низ ба манзури зиёрати мазори Шайх Абулҳасани Харақонӣ ба кӯҳистони Зарафшон рахти сафар бастани Шамси Табрезӣ таъйид шудааст.

Далели чорум: Гуфтем, ки шахсиятҳои зиёди таърихӣ, аз ҷумла Мирзо Бобур, шоҳи Афғонистон Абдурраҳмонхон ва дигар шахсиятҳои маъруф дар давраҳои мухталиф мазори Шамси Табрезии деҳаи Вешабро зиёрат карда, аз файзи раҳматаш бархурдор шудаанд. Дар ин бора миёни мардум ривоятҳои зиёд ва ҳамчунин дар даромадгоҳи деҳа сангнавиштае бо дасти Мирзо Бобур мавҷуд аст.

Тавзеҳан академик Аҳрор Мухторов, ки ба дасти Мирзо Бобур навиштани ин сангнавиштаро таъйид карда буд, дар рӯйхати мазорҳои кӯҳистон мазори Вешабро мазори Мавлоно Шамсиддин Сабзпӯши Табрезӣ номбар кардааст (Мухторов А. Этнографические памятники XI-XIX вв. из Кухистана как источник по истории народов Средней Азии. Дисс. д-р. ист. наук. Душанбе, 1971, с.354.).

Далели панҷум: Амири Бухоро – Насруллоҳ Баҳодурхон (1806-1860) ба ин мазор таваҷҷуҳи хос доштааст. Ишораи Абдурраҳмони Мустаҷир дар “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл”, ки хонақоҳи болои он ҳазратро “бо фармони Амир Насруллоҳ андохта буданд”, ба бузургвории шахсияти соҳиби гӯрхона пайванд мехурад. Ҳамчунин шак нест, ки фармони Амир Насруллоҳ дар хусуси бунёди хонақоҳ бо машварат ва савобдиди уламои Бухорои ҳамон рӯзгор, ки ба шахсияти соҳиби гӯрхона ошно буданд, содир шудааст. Чунин шахсият бидуни тардид метавонад Шамси Табрезӣ бошад, зеро бо ин ном, яъне Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Табрезӣ дар таърихи адабу фарҳанги мо дигар шахсияти бузурги мавриди эътироф ба назар намерасад.

Далели шашум: Дар хонақоҳи мазор аз рӯзгори пеш то ба ҳол китоби бузурге нигоҳдорӣ мешавад, ки мардуми одӣ ҳамин китобро таърихи он ҳазрат мепиндоранд. Вале дар асл ин китоб Девони кабир ё Куллиёти Шамси Табрезист. Дар хонақоҳи бузургвор то айёми инқилоб мардуми деҳа гирд омада, ҳамин китобро мехондаанд. Таърихи аз китобсӯзиҳои айёми инқилоб ва пас аз он ҳам дар амон мондани китоби мазкур ба афсона шабоҳат дорад. Зеро, мегӯянд, ки масъулони амнияти шуравӣ ҳар гоҳ, ки ин китоби бузургро аз деҳа берун мебурданд, ба фоҷеаи сахте дучор омада, бо тавбаву тазарруи зиёд онро дубора ба деҳа бармегардонданд.

Далели ҳафтум: Ҳар сари субҳ аз рӯзгори пешин то ба имрӯз дар масҷиди назди гӯрхонаи бузургвор пас аз намози бомдод аз тарафи намозгузорон “зарби шариф” адо мешавад, ки ба маҷлиси самоъ шабоҳат дорад. Дар “зарби шариф” ҳамчунин оятҳои қуръонӣ ва порчаҳои шеърӣ қироат мешавад. Ҳангоми адои он баъзеҳо ҳатто тобу тавон аз даст дода, бехуд мешаванд.

Ҳамчунин дар байни мардуми куҳансоли Вешаб таъбири “самоҳ рафтан” (самоъ рафтан) маъруф аст, ки ҳаракати озоду бехудона буда, бо самоъ ва тариқати мавлавия иртибот дорад.

Далели ҳаштум: Мардуми деҳа ва деҳоти атроф маъмулан бузургвори Вешабро “авлиёи Вешаб” ё “подшоҳмарди (ба гунаи маҳаллӣ “поччомарди”) валӣ” мегӯянд ва дар рафъи мушкилот аз он ҳазрат мадад хоста, ҳангоми зарурат ба руҳи он бузургвор савганд мехуранд. “Авлиё” дар забони арабӣ шакли ҷамъи шикастаи калимаи “валӣ” мебошад. Мавлоно ҳам Шамси Табрезиро “валӣ” ва гузашта аз ин “фахри авлиё” ба қалам додааст:

Шамси Табрезӣ, ки фахри авлиёст,

Сини дандонҳош “Ёсин”-и ман аст.

Далели нуҳум: Пирони деҳаи Вешаб ҳангоми ба мусофирон дуои сафар додан “Шамсулҳақ мададгор шаванд”, мегӯянд, ки бегумон ба Шамси Табрезӣ иртибот мегирад, зеро Шамсулҳақ лақаби дигари Шамси Табрезист ва Мавлоно дар ғазалиёти “Девони кабир” борҳо ӯро Шамсулҳақ ёд кардааст.

Далели даҳум ва муҳимтар аз ҳама эътиқоди мардуми Вешаб ва дуоҳое, ки мардуми одӣ насл ба насл ҳангоми хатми қироати оёти қуръонӣ мехонанд: “... бахшидем ба руҳонияти ҳамин зоти поки бобаракот, пирам Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Сабзпӯши Табрезии Ҳоҷатбарор ва шогирдашон Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ..., шайх Аттори Валӣ...”.

Ҳосили сухан, чунонки ба мушоҳида мерасад, далелҳои ёдшуда то андозае бар воқеият доштани эътиқоди мардум дар хусуси ба Шамси Табрезӣ тааллуқ доштани мазори деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ гувоҳӣ медиҳанд. Вале дар ҳалли масъалаи мансубияти мазори Шамси Табрезӣ бегумон таҳқиқоти ҷиддии фарогири холисонаи илмӣ аз тарафи муҳаққиқони ватанию хориҷӣ нуқтаи анҷом хоҳад гузошт.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ