05 Dec 2023
Submitted by Admin
1158

Ин матлаб, ки академик Бобоҷон Ғафуров (1908-1977) ба сифати чеҳраи дурахшону мондагори миллат ба забону адабиёт ва таъриху фарҳанги мо муҳаббати фаровон дошт, ҳеч ҷойи гумону шубҳа надорад. Бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла устоди аллома Садриддини Айнӣ, ки аз тобноктарин ситораҳои осмони илму адаби тоҷик дар садаи бист маҳсуб мешавад ва ба мақоми олии илмии кишвар – президенти Академияи илмҳо пешбарӣ ва интихоб шудани ӯ дар даврони давлатдории шуравӣ далели равшани таваҷҷуҳи хоси Бобоҷон Ғафуров ба забони дерини ширину шевои модарӣ, адабиёти ғанию рангини ҷаҳоншумул ва таърихи куҳани пурифтихори миллат аст. Гузашта аз ин, академик Бобоҷон Ғафуров бо таълифи шаҳкитоби «Тоҷикон» (1972) метавон гуфт, дар ҳамон рӯзгори миллатситез на танҳо шоҳраги худшиносӣ ва ҳувияти миллии мардуми моро ба таҳрик овард, балки ба бунёди мактаби илмии тоҷикшиносӣ ва муҳимтар аз ҳама, барои эътирофи тоҷикон дар доираҳои муътабари илмии ҷаҳон, ба сифати яке аз қадимтарин мардумони соҳибфарҳангу тамаддунофари олам роҳ ҳамвор кард. Аз ҳамин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат китоби “Тоҷикон”-ро “шиносномаи миллат” ном буда, дар робита ба арзишу аҳаммияти ин шоҳасар чунин изҳори назар кардаанд: “Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад, ки барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст”. Дар ин суханони Пешвои миллат як таносуби малеҳ ва қиёси ҳикматомез миёни “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ, ки ба фармудаи худи ӯ:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ...

ва “Тоҷикон”-и безаволи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамчунин дар тули сӣ сол таълиф гардид, ба мушоҳида мерасад. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таърихи ҳамосии Аҷам ва “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров таърихи ростини ин куҳандиёр ва куҳанмардум аст. Бо камоли итминон метавон гуфт, ки ин ду шоҳасар танҳо асарҳои дирӯзу имрӯз набуда, барои ҳамаи давру замонҳо таълиф шудаанд ва асрҳои аср дар дилу дидаи мардуми соҳибназар боқӣ хоҳанд монд.

Дар баробари таҳқиқи мӯшикофонаи масъалаи ташаккули халқи тоҷик, тарҳи масъалаи ташаккули забони адабии тоҷикӣ ҳам дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ҷойгоҳи муҳим дорад.

Бояд тазаккур дод, ки Бобоҷон Ғафуров дар боби дувуми фасли чоруми китоби якум оид ба масъалаи пайдоиш ва рушди забони адабии тоҷикӣ бо далелҳои қотеъ изҳори назар кардааст.

Ба назари ӯ, рӯзгори Сомониён, яъне асри Х ва асрҳои минбаъда давраҳои муҳимми нашъунамои адабиёти классикии тоҷику форс ба ҳисоб мераванд ва осори адабиёти бадеӣ ва таърихию илмие, ки дар ин рӯзгор ба миён омад, дар ҳаёти фарҳангии на танҳо мардуми Фарорӯд (Мовароуннаҳр), Хуросон, ғарби Эрон, шимоли Ҳиндустон, балки аксари кишварҳои Шарқи Наздику Миёна нақши муҳим бозидаанд. Ҳақ ба ҷониби ӯст, ки “тавассути тарҷумаи русӣ ва забонҳои Аврупои ғарбӣ имрӯз ёдгориҳои адабиёти классикии тоҷику форс сарвати мадании бисёр халқҳои ҷаҳон гардидаанд ва ба ганҷинаи умумии дурдонаҳои қиматбаҳое, ки инсоният андӯхтааст, дохил шудаанд”.

Бобоҷон Ғафуров масъалаи пайдоишу интишори забони модарии моро дар китоби “Тоҷикон” аз масъалаҳои хеле муҳим арзёбӣ карда, зарур мешуморад, ки барои ҳалли ин масъала ба таърихи забонҳои эронӣ ва осори хаттии мардуми эронинажод муроҷиат карда шавад.

Ин ба он маънист, ки академик Бобоҷон Ғафуров марҳилаи нави ташаккули забони модарии моро дар ин марзу бум идомаи мантиқии давраҳои миёнаву бостон баррасӣ карда, мардуми моро меросбари ростини таъриху фарҳанги ниёгони шарафмандамон дар тамоми қаламрави густариши ин забону фарҳанг медонад.

Шоистаи таъкид аст, ки қадимтарин ва барҷастатарин намунаҳои бозмондаи назму наср ба забони модарии мо суханони мардуми Фарорӯду Хуросонанд ва он ҳама аз асолат ва бумӣ будани забони тоҷикӣ дар ин сарзаминҳо то истилои араб шаҳодат медиҳанд. Масалан, суруди мардуми Бухоро дар бораи ишқи Саид ибни Усмон бо маликаи Бухоро:

Кӯри хамир омад,

Хотун дурӯғ кунда,

ё суруди мардуми Балх ба муносибати шикасти волии Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ аз мардуми Хатлон ва бозпас ба Балх фирор кардани ӯ, ки Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар се маврид бо се гуна дар таърихномаи худ аз он ёдовар шудааст, гунаи аввал:

Аз Хуталон омазӣ,

Ба рӯ табоҳ омазӣ

гунаи дувум:

Аз Хуталон омазӣ,

Ба рӯ табоҳ омазӣ.

Бедил фароз омазиҳ

гунаи севум:

Аз Хуталон омадиҳ,

Ба рӯ табоҳ омадиҳ.

Обор боз омадиҳ,

Хашак низор омадиҳ

андешаи болоиро таъйид мекунанд.

Тавзеҳан, Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон” аз ин сурудаи мардуми Балх дар ду маврид, нахуст аз амалиёти ҳарбии арабҳо ба муқобили Хатлон дар соли 725 дар зерфасли “Муборизаи Хатлонзамин бар зидди истилогарон” бо зикри худи суруда ва сониян дар зерфасли мавриди назари “Оид ба масъалаи пайдоиш ва инкишофи забони адабиёти классикии тоҷик” бо истинод ба таърихномаи Табарӣ, танҳо бо ном бурдани он, ёд кардааст.

Академик Ғафуров ҳамчунин бо истинод ба В.В. Бартолд сурудаи ба харобаҳои Самарқанд бахшидаро, ки Ибни Хурдодбеҳ онро дар китоби ҷуғрофии худ зикр кардааст, намунаи муҳим ва қадими забони модарии мо медонад. Асли ин суруда чунин аст:

Самарқанди кандманд,

Ба-зинат кӣ афканд.

Аз Шош та баҳӣ,

Ҳамеша та хаҳӣ.

(яъне, Эй Самарқанд. Кӣ туро ба чунин рӯз афканд? Ту аз Шош (муарраби Чоч, Тошканди имрӯза) беҳтарӣ. Ҳамеша ту хубӣ).

Ба андешаи Бобоҷон Ғафуров дар сарзаминҳои аҷдодии мо истилои араб (асрҳои XII-XIII ва давраҳои баъдӣ) ҳамроҳ бо нобуд кардани осори хаттии қадим ва алифбои мардуми эронинажод – алифбои паҳлавӣ дар Эрон, суғдию хоразмӣ дар Фарорӯд, бохтарӣ дар Бохтар (Тахористон) ҷараён ёфт, ки ҳақиқат доштани он дар китобҳои таъриху ахбори гузашта бо далелҳои мустанад сабт шудааст. Масалан, Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” (“Ёдгори мондагор”) ёдовар мешавад, ки сарлашкари араб Қутайба ибни Муслим ҳангоми забти Хоразм (бори аввал дар соли 712 ва бори дувум дар соли 714) “ҳар касро, ки хатти хоразмӣ медонист аз дами шамшер гузаронид ва онон ки аз ахбори хоразмиён огоҳ буданд ва ин ахбору иттилоотро миёни худ тадрис мекарданд, эшонро низ ба дастаи пешин мулҳақ сохт. Бад-ин сабаб ахбори Хоразм тавре пӯшида монд, ки пас аз ислом намешавад онҳоро донист...”.

Аммо ёдоварӣ мебояд ва Бобоҷон Ғафуров ҳам таъкид кардааст, ки дар Хуросону Фарорӯд баъд аз густариши ислом низ забони арабӣ барои табақаҳои поинии ҷомеа, барои мардумони одӣ ҳамчунон забони бегона боқӣ монд ва мардумони ин минтақа аз арабӣ ба ғайр аз чанд фаризаи зарурии динӣ дигар чизе намедонистанд. Ҳамин аст, ки Абубакри Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» ёдовар мешавад: Қутайба ибни Муслим дар Бухоро «ҳар одина мунодӣ фармудӣ, ҳар кӣ ба намози одина ҳозир шавад, ду дирам бидиҳам. Ва мардумони Бухоро ба аввали ислом дар намоз Қуръон ба порсӣ хондандӣ ва арабӣ натавонистандӣ омӯхтан».

Ин матлаб, ки Наршахӣ мегӯяд, қобили таваҷҷуҳ буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки тарҷумаи оёт ва сураҳои ҷудогонаи Қуръони шариф ба забони тоҷикӣ (порсии дарӣ) дар оғози густариши ислом, яъне, хеле пештар аз замони «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» сурат гирифтааст. Ҳамчунин Абубакри Наршахӣ тазаккур медиҳад, ки Қутайба «аҳли Бухороро фармуд як нима аз хонаҳои хеш ба араб доданд, то араб ба эшон бошанд ва аз аҳволи эшон бохабар бошанд...» [ 7, с.66]. Мусаллам аст, ки ин иқдоми Қутайба ибни Муслим на фақат ба манзури омӯзонидани шариати ислом, балки ба мақсади густариши забони арабӣ низ буд. Вале аҳли Хуросону Фарорӯд пас аз ислом овардан ва ба сафи мусулмонон пайвастан, боз ҳам зери бори гарони омӯзиш ва пазириши забони бегона нарафтанд ва аз забони модарии худ ҷудоӣ ва бегонагӣ наҷустанд. Истилои араб натавонист истиқлоли забонии аҳли Хуросону Фарорӯдро дар ҳам шиканад ва дар роҳи таҳаввулу такомули забони адабӣ ва илмии порсии дарӣ (тоҷикӣ) дар ин марзу бум монеа эҷод намояд. Дар ин манотиқ забони порсии дарӣ бо забони арабӣ муддати бештар аз сад сол пайваста рақобат кард ва дар мақоми худ пойдору устувор бимонд.

Тадриҷан бо ташкилу барқарории давлатҳои маҳаллии хонадонҳои эрониасли Тоҳириён (821-873), Саффориён (873-903) ва Сомониён (875-999) ин забон рушд ва тавсеаи бештар ёфт. Бахусус замони давлатдории Сомониён авҷи шукӯҳ ва боландагии забони модарии мо маҳсуб мешавад.

Бобоҷон Ғафуров нақши муҳимми забони модарии моро дар ҳаёти таърихию фарҳангӣ ва адабии халқҳои Эрон ва Осиёи Миёна таъкид намуда, тавзеҳ медиҳад, ки аксари шоирони маъруфи форсизабон дар Фарорӯду Хуросон ва Систон, яъне вилоятҳое, ки дар ҳудуди онҳо раванди ташаккули халқи тоҷик сурат гирифт, таваллуд ёфта, умр ба сар бурдаанд. Вай ба вуҷуд омадани аввалин асарҳои насрии адабиёти моро низ ба ҳамин замон ва ҳамин вилоятҳо мансуб дониста, дар зимн аз «Муқаддимаи Абумансурӣ»-и «Шоҳнома», ки соли 957 дар Тӯс (Хуросон), “Китоб-ул-абния” ё «Дорушиносӣ»-и Муваффақи Ҳиравӣ, ки дар замони ҳукмронии Мансур ибн Нӯҳ (961-976) дар Бухоро, «Ҳудуд-ул-олам» - асари ҷуғрофии муаллифаш номаълум, ки соли 982/983 дар Гузгонон (шимолу ғарби Афғонистони имрӯза) таълиф шудаанд, ҳамчунин аз «Аҷоиб-ул-булдон» ё «Китоби аҷоиботи баҳру бар»-и Абулмуайяди Балхӣ ёдовар мешавад.

Муҳаққиқи соҳибназар дар рӯзгори Сомониён аз забони арабӣ ба забони модарии мо тарҷума шудани “Таърих”-у “Тафсири Табарӣ” ва “ас-Савод-ул-аъзам”-и Абулқосими Самарқандиро бо дастури амирони сомонӣ зикр карда, дар бобати ваҷҳи тасмияи «дарӣ» низ андешаи қобили мулоҳиза баён кардааст.

Бояд таъкид кард, ки аксари муҳаққиқони дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ эътирофшудаи таърихи забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, аз ҷумла донишмандони маъруф – устод Айнӣ, Евгений Бертелс, Саид Нафисӣ, Маликушшуаро Баҳор, Забеҳуллоҳи Сафо, Муҳаммади Муин, Ҷалоли Матинӣ, Абдулҳайи Ҳабибӣ, Мирғуломмуҳаммади Ғубор, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Акбари Турсон, Мусо Диноршоев ва дигарон андешаи макони рӯишу болиши забони адабию китобӣ будани Хуросону Фарорӯдро таъйид кардаанд. Ба андешаи ин донишмандон, ин забон асосан дар ҳамин сарзамин, ки донишманди маъруф Саид Нафисӣ онро бо ифтихор «сарзамини поки ниёгонам» ном бурдааст, падид омада, дар заминаи гӯйишҳои маҳаллии он ташаккул ёфтааст.

Бобоҷон Ғафуров низ бо истинод ба Евгений Бертелс ва мақолаи маъруфи ӯ “Персидский-дари-таджикский” (Форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ)) (Советская этнография, 1950, №4. – С.65-86) ин андешаро таъйид менамояд: “Забони адабиёти классикии тоҷику форс дар ҳудуди Мовароуннаҳр, Систон, Хуросон ташаккул ёфтааст. Маҳз дар ҳамин ҷо (асрҳои IХ-Х), пояи забони адабие, ки дар ҳаёти таърихию мадании Осиёи Миёна, Эрон ва мамлакатҳои дигари Шарқи Наздик ва Миёна роли бузург бозидааст, устувор гардид. Маҳз аз Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот, Тӯс ва дигар вилоятҳои Мовароуннаҳр, Хуросон, Систон аввалин эҷодкорони бузурги ин адабиёт ба зуҳур омаданд. Ном гирифтани Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём кифоя аст. Ин ҳам тасодуф нест, ки бузургтарин шоирони дарбори Ғазнавиён ва Салҷуқиён аз вилоятҳои мазкур (Унсурӣ аз Балх, Фаррухӣ аз Систон, Анварӣ аз Сарахс, Муиззӣ аз Нишопур ва ғ.) баромаданд. Мувофиқи маълумоти тазкираи Муҳаммад Авфӣ (1221, 1222) «Лубоб-ал-албоб», ки қадимтарин тазкираи то ба замони мо расида ба шумор меравад, аз 106 шоири замони Салҷуқиҳо 68 нафарашон дар Хуросон ва Мовароуннаҳр ва танҳо 16 нафари онҳо дар вилоятҳои ғарбии Эрон ба дунё омадаанд”.

Андешаи мазкур воқеан мантиқӣ ба назар мерасад, зеро нахустин бузургони забону адабиёти мо, ки ба ин забон дар шеъру адаб (устод Рӯдакӣ бо сурудани ашъори фаровони «саҳли мумтанеъ», ҳаким Фирдавсӣ бо сурудани «Шоҳнома») ва дар илм (Абуалии Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ», Абурайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб-ут-тафҳим») шоҳасар офариданд, дар марзу буми Фарорӯду Хуросон ба дунё омада, ба камол расидаанд. Ба андешаи ғолиб ин забон дар ҳамин манотиқ аз авони тифлӣ то давраи балоғат роҳи пурпечутоби ташаккулу такомул паймуда, тадриҷан ба дараҷаи ифодаи нозуктарин таъбирҳои шоирона ва дақиқтарин мафҳумҳои илмӣ расид. Дар такомули таркиби луғавии ин забон метавон гуфт, ҳамчунин вожаҳои иқтибосӣ аз забонҳои маҳаллии гурӯҳҳои шарқию ғарбии эронӣ: суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, сакоӣ, портӣ, форсии миёна… ва вобаста ба руҳи замон ва марҳилаҳои рушди таърихии забон: забонҳои ҳиндӣ, юнонӣ, арабӣ... нақши муҳим доранд.

Ҳосили сухан, Бобоҷон Ғафуров забони модарии моро забони қадиму асил медонад, ки реша дар умқи таърих дорад ва дар сарзаминҳои аҷдодии мо аз рӯзгори қадим вуҷуд дошт ва танини шевоию асолат ва шукӯҳу шуҳрати он имрӯз ҳам бо рангу ҷилои тоза идома дорад. Ба андешаи ӯ: “Ҳар гоҳ ки сухан аз таърихи қадимтарин марҳилаҳои инкишофи ин забон равад, забони адабиёти классикии тоҷику форсро аз давраҳои гузаштаи тараққиёти он, ки дар ёдгориҳои хаттии форсии қадим ва миёна муҷассам шудааст, набояд ҷудо кард. Ин забон дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадааст ва ба вуҷуд омада ҳам наметавонист. Таърихи он на ин ки аз давраи истилои араб, балки аз асри VI пеш аз милод шуруъ мегардад, ки ин иддаоро ёдгориҳои хаттӣ тасдиқ менамоянд”.

Вале, дар маҷмуъ, академик Бобоҷон Ғафуров ташаккули комили забони адабии моро бо далелҳои муътамад ба рӯзгори Сомониён ва зуҳури шоироне чун устод Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ... дар Фарорӯду Хуросон, ки дар ҳудуди онҳо раванди ташаккули халқи тоҷик сурат гирифт, марбут медонад.

Ҳасани СУЛТОН, д.и.ф., профессор, узви вобастаи АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ