22 Dec 2023
Submitted by Admin
1065

Тахминан даҳ ҳазор сол аст, ки одамони рӯи замин, дар ҳар гӯшаву канори ҷануби кишварҳои Осиё, бо кишоварзӣ машғуланд. Дар китоби «Тоҷикон»-и аллома Б.Ғафуров бар асоси санадҳои илмӣ ишорат бар он шудааст, ки дар минтақаи Осиёи Миёна дар асри неолит, тахминан 9-7 ҳазор сол пеш, чорводарӣ, зиротакорӣ ва ҳатто кулолӣ вуҷуд доштааст. Осори кулолии он замон бо нақшунигор оро дода мешудааст [ниг.: Ғафуров, Тоҷикон, 1998, с.21-25]. Мавҷуд будани обёрӣ, кишоварзӣ, сохтани асбобҳои рӯзгор, тасвирҳои рӯи санг ва монанди ин, ки таърихи беш аз ҳафт ҳазор сол дорад, далел бар он шуда метавонад, ки ниёгони тоҷикон дар он замонҳои хеле қадим ҷашнҳои бостонии худ Ялдо, Сада, Исфандорҷашн (ҷашни модар), Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро, шояд бо номҳои дигар, доштаанд. Маҳз кишоварзӣ боиси он гардидааст, ки инсонҳои замони пеш вақтро дуруст истифода баранд, гоҳшумориҳо созанд, зиндагии худро мувофиқи гардиши хуршед ба роҳ монанд.

Одамони замони бостон тасаввур мекарданд, ки ҳама чиз таваллуд мешаваду мемурад, аз ҷумла хуршед низ. Аз ин рӯ охирин шабҳои тирамоҳро марги хуршед ва субҳи шаби дарозтарини солро таваллуди он мешумурданд. Ниёгони мо дар он шаби дарозтарин то субҳ бедор зоиши хуршедро пешвоз мегирифтанд. Хуршед дар байни ҳамоягони мардуми эронитабор, шумериҳо (сумериҳо) низ ҷойгоҳи хос дошт. Табиӣ аст, ки одамон дар он замон низ байни худ рафту омад доштанд. Ҳамин сумероиҳо шаби таваллуди хуршедро шаби Ялдо мегуфтанд. Ялдо вожаи шумерӣ буда, бо мурури замон ба забонҳои дигар гузаштаст. Маънои он таваллуд аст, яъне зоиши хуршед.

Аз трафи дигар барои ниёгони мо ба Митро (Меҳр), эзади равшанӣ, аҳду паймон, дӯстӣ ва адолату инсоф бовар доштанд. Ин эзадро мепарастиданд. Онро нигаҳдорандаи фурӯғи яздонӣ ва ҳатто хуршед низ медонстанд. Ба ин пайвастагӣ дар баъзе мавридҳо дар сарчашмаҳо хуршед ва эзади Меҳр ҳамчун муродифи якдигар омадаанд. Ба ин ҷиҳат бархе пажӯҳандагон Меҳр ва хуршедро омезиш дода, шаби зиши хуршедро (Ялдоро), шаби таваллуди Меҳр низ гуфтаанд. Ва ҳолон ки меҳр эзади паймон, дӯстӣ, рӯшноӣ аст. Ба вижа устурашинос ва донишманди эронӣ Меҳрдоди Баҳор ба таври қатъӣ ишорат бар он менамояд, ки шаби Ялдо (шаби чилла) ин шаби зода шудани хуршед аст.

Ҳамин шаби Ялдоро, яъне шаби таваллуди хуршедро, ки тӯлонитарин шаб аст, тоҷикон шаби чилла меноманд. Яъне ба ақидаи одамони қадим хуршед дар ҳамин шаби дарозтарин таваллуд мешавад. Барои ҳамин ин «кӯдаки навзод»-ро (хуршедро) то чилрӯзагӣ аз неруҳои аҳриманӣ эҳтиёт менамуданд, ки ба вай аз бадиҳои муҳити табиӣ зарар нарасонад. Баҳри нигаҳбонии вай расму оинҳоеро иҷро карда, кӯшиш менамуданд, ки хуршеди навзод то чилрӯзагӣ тандуруст ба камол рассад то баъдан бо равшании худ заминро бедор намуда, барои кишту кори одамон шароит муҳайё созад. Аз торикӣ, зимистони сангин, тӯфону балоҳо ва камбуди хӯрок инсон ва тамоми ҷондоронро наҷот диҳад.

Дар давоми ҳазорсолаҳо тибқи мушоҳидаҳо ва боварҳо мардум ба мушоҳида гирифтаанд, ки дарозтарин шаб, шаби аввали зимистон аст, яъне нахустин шаби даймоҳ (21-22 декабр). Аз аввали даймоҳ хуршед ҳар рӯз андак-андак бештар намоён мешавад, ки аз он замон шурӯъ намуда, ин рӯзро рӯзи таваллуди хуршед, яъне шаби ялдо, шаби чилла номиданд. Дар даврони қадим мардуми эронитабор зодрӯзи хуршедро оғози сол меномиданд ва шаби аввали зимистон, шаби зоиши хуршедро, бо бедорӣ ҷашн мегирифтанд. Ба гуфти А.Кристенсен инро дар баъзе расму оини қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла олмониҳо, низ метавон дид, ки онҳо таваллуди хуршедро дар саршавии зимистон ҷашн мегиранд [Кристенсен, Нахустин инсон ва нахустин шаҳрёр, 1377(1998)]. Ин асоси мантиқӣ дорад, ки хуршед дар он бахши замин рӯз ба рӯз намоёнтар мешаваду барои зиндагии инсон мусоидат менамояд.

Ба гуфти Берунӣ «Даймоҳ ва онро «хурмоҳ» (хур = хуршед) низ мегӯянд, нахустин рӯзи он Хуррамрӯз аст. Ва ин рӯзу ин моҳ ҳарду ба номи Худои таъоло, ки Ҳурмузд аст, номида шуда, яъне подшоҳи ҳакиму соҳибраъи Офаридгор» аст [Берунӣ 1990, Осор-ул-боқия, с. 246].

Ин аст, ки ба гумони одамони замони бостон шаби Ялдо таваллуди хуршед аст. Мувофиқи боварҳо ва устураҳои ниёгон хуршед ҳангоми дарозтарин шаби сол, аввали моҳи дай (баробари 21-22 декабр) зоида мешавад. Ба ин далел дар шаби дарозтарини сол, ки шаби таваллуди хуршед аст, мардум бедор мебошанд. То неруҳои аҳриманӣ ба зоиши хуршед зарар нарасонанд, ки зиндагии инсон ба он вобаста аст. Чунки маҳз гармӣ ва рӯшноии хуршед табиатро бедор менамояд; барои кишту кори одамон шароит муҳайё месозад, то инсон боз барои ояндаи зиндагии худ ризқу рӯзӣ ҷамъ оварад. Маҳз барои ҳамин шаби зоиши хуршед барои одамон, ки чорводорӣ ва кишоварзӣ асоси зиндагии онҳо буд, аҳаммият дошт.

Ниёгони тоҷикон дар шаби таваллуди хуршед оинҳое доштанд. Дар он замонҳо равшании хуршедро гиромӣ медоштанд. Онро эҳёгари тамоми мавҷудоти зиндагӣ ва рамзи некӣ медонистанд. Аммо торикиро рамзи бадӣ ва бадбахтиҳо гумон мекарданд. Мувофиқи тасаввуроти онҳо тамоми неруҳои аҳриманӣ дев, парӣ, ҷин, албастӣ, бало, лашкар ва монанди ин асосан шабона амал мекунанд. Онҳо маҳз дар шаб ба инсон ва дигар ҷонварон зарар мерасонанд. Ба ин сабаб одамон дар он шаби дарозтарин барои дур сохтани неруҳои аҳриманӣ, оташ равшан мекарданд ва дар гирди он шодиву сурур намуда, бадиҳоро аз муҳити худ, бо анҷом додани амалҳои сеҳру ҷодуӣ, дур месохтанд. То субҳ бо гуфторҳои афсуномез, саргармиҳо, базму сурур, достонгӯӣ ва бозиҳои гуногун машғул мешуданд. Ин гуна рафторҳо чун боварҳои ниёгон асрҳо дар байни мардум мавҷуд буд, ки нишонаҳои он то замони мо низ расидааст.

Яъне барои ниёгони мо ҳисоби сол як навъ гоҳшуморӣ бар асоси хуршед буд, ки дар ин бора пажуҳандагони зиёд ибрози назар намудаанд. Аз ҷумла эроншиноси лаҳистонӣ А.Красноволска (Krasnowolska) дар китоби худ «Чанд чеҳраи калидӣ дар асотири гоҳшумории эронӣ» ба таври муфассал бо муқоиса ба чунин натиҷа расидааст, ки тамоми оинҳо ва ҷашнҳои фаслҳои соли мардуми эронитабор ба кишту кор вобаста аст [ниг.: Красноволска 1372(1993)].

Дар замонҳои қадим кашишҳои (диндорони) англис кӯшиш намуданд, ки солшумории худро (шаби таваллуди Исои Масеҳро ва ё «крисмас»-ро, ки 6 январ аст) ба шаби дарозтарин ба таваллуд хуршед (21-22 декабр) баранд. Вале ҳангоми ҳисоб чанд рӯз хато шуд. Дар натиҷа ҳисоби онҳо ба 25 декабр (4 даймоҳ) рост омад. Ҳамин кӯшиш буд, ки ҳоло соли мелодии масеҳиён аз таърихи 25 декабр оғоз мешавад. Дар асл таърихнигорон шаби таваллуди Исои Масеҳро 6 январ медонанд, вале дар натиҷаи иштибоҳи руҳониён ҳангоми табдили солшумории ориёӣ ба солшумории масеҳӣ ба ҷои 22-уми декабр онро ба 25-уми декабр интиқол доданд. Ҳоло масеҳиёни дунё шаби 25 декбрро чун шаби мавлуди Исо ҷашн мегиранд, ки дар асл он ҳамон шаби ялдои мардуми ориёитабор аст [ниг.: Фрезер 2001, с. 357; Кристенсен 1377(1998), с.210].

А.Красноволска дар асоси баррасиҳои устураҳои замони бостон ва устураҳои мардумӣ, ҳамчунин ишоратҳои «Шоҳнома» назари ҷолибе дорад. Тибқи баррасии эшон таваллуди Кайхусрав дар зодрӯзи хуршед, дар ҳамон шаби дарозтарин аст, ки тавре ишора шуд, баъдҳо таваллуди Масеҳро ба он интиқол додаанд. Ӯ аввал роҷеъ ба марги Сиёвуш ва баъд оид ба «таваллуди мӯъҷизаосои Кайхурав» сухан ронда, бо ишорат ба Фирдавсӣ чунин гуфтааст: «Дар матни Фирдавсӣ чанд иборати мубҳами гоҳшуморӣ низ вуҷуд дорад. Аз ҷумла вақте аз Кайхусрави ҷавон, ки ҳанӯз пинҳон ва ношинос монда бо таъбире сухан меравад, гуфта мешавад ки:

Ба даймаҳ нишони баҳорон будӣ,

Парастишгаҳи сӯгворон будӣ.

Аз сӯи дигар таваллуди Кайхусрав ба фаро расидани «баҳор дар дили зимистон» таъбир шуда, дуруст ҳамон гуна, ки Пирон аз рӯи басират интизори онро мекашид. Ин таъбир ба шуҳуди баромадани «хуршед дар нимаи шаб», ки байни урафои эронӣ машҳур аст бисёр наздик менамояд. Ба назар мерасад, ки Кайхусрав ва занҷирае аз тасвирҳо, ки бар нури таваллудёфта аз торикӣ таъкид дорад ба ҷашни оташ ва шояд Сада ишора дошта бошад, ки дар инқилоби зимистонӣ ё нуқтаи чархиши дигаре аз он фасл баргузор мешуда. Намодгароӣ ва ҳолу ҳавои ин тасвир шабоҳати бисёр бо саҳнаи таваллуди Митро ва Масеҳ дорад. Бинобар ин Кайхусрави навзодро аз дидгоҳи таҷассуми «хуршеди шикастнопазир» низ мешавад мавриди таваҷҷуҳ қарор дод» [Красноволска 1372(1993), с. 132-133].

Тибқи баррасии А.Красноволска баромадани «хуршед дар нимаи» шаб дар асоси тасвири Фирдавсӣ ҷолиб аст. Ба андешаи эшон Фирдавсӣ «бар нури таваллудёфта аз торикӣ таъкид дорад, ба ҷашни оташ ва шояд Сада ишора дошта бошад».

Ба ин гуфтаи пажуҳанда як мантиқи қавӣ мавҷуд аст. Ёдоварии эшон оид ба «нури таваллудёфта аз торикӣ» ин шояд ҳамон шаби зоиши хуршед, яъне шаби Ялдо бошад, ки Кайхусрав дар он шаб таваллуд шудааст. Барои тақвияти андешаи хеш мо ба рӯзи таваллуди Кайхусрав назар менамоем, ки Фирдавсӣ «Андар зодани Кайхусрав»-ро бо мисраҳои зерин оғоз менамояд:

Шаби тирагун, моҳ пинҳон шуда,

Ба хоб андарун мурғу дому дада.

[Фирдавсӣ 1988, с.229].

Ба ибораҳои «шаби тирагун», «пинҳон шудани моҳ», «ба хоб будани парранадагону ҳайвонот» таваҷҷуҳ шавад. Шояд ибораи «шаби тирагун» ҳамон «шаби чилла» (шаби Ялдо) аст. Ҳамчунин Фирдавсӣ бар он ишорат менамояд, ки зода шудани Кайхусравро Пирон дар хоб мебинад:

Чунон дид солор Пирон ба хоб,

Ки шамъе барафрӯхта з-хуршед.

Сиёвахш бар тахту теғе ба даст,

Ба овоз гуфтӣ, нашояд нишаст.

Аз ин хоби нӯшин сар оғоз кун,

Зи фарҷоми гетӣ яке ёд кун.

[Фирдавсӣ 1988, с.229].

Хеле ҷолиб аст. Баъди ин мисраҳо байти зерин меояд ва ин байт шахсро ба андеша водор месозад:

Ки рӯзи навоину ҷашни нав аст,

Шаби зодани шоҳ Кайхусрав аст.

[Фирдавсӣ 1988, с.229]

Пасон ҳангоми тасвири «Бозгашти Кайхусрав ба Сиёвушгирд» симои Сиёвуш чун устураи эҳёгари табиат ҷилвагар мешавад: «Равони Сиёвуш пур аз нур бод», «Ҳама хори он шаҳр шамшод гашт», «Зи хоке, ки хуни Сиёвуш бихвард», «Нигорида бар баргҳо чеҳри ӯй». Баъди ин тасвирҳои Фирдавсӣ, А.Красноволска байти зеринро меорад:

Ба даймаҳ нишони баҳорон будӣ,

Парастишгаҳи сӯгворон будӣ.

Пас, агар Сиёвуш эҳёгари табиат бошад, фарзанди ӯ Кайхусрав чун рамзи хуршед дар шаби Ялдо таваллуд мешавад, ки ин ҳама бояд мавриди омӯзиш қарор гирад.

Дар бораи арзиши чилла дар ҳаёти моддӣ ва маънавии тоҷикон, оинҳои вобаста ба он, гоҳшумории ҳисоби мард, ҳисоб бо гардиши хуршеду моҳ мардумшинос М.Андреев ва пажуҳандагони дигар дар асоси мушоҳидаҳо ибрози назар намудаанд [ниг.: Андреев, Таджики долины Хуф, 1953].

Вобаста ба ҳамон таваллуди хуршед, яъне шаби Ялдо дар байни мардуми эронитабор оинҳое вуҷуд доранд, ки то имрӯз дар байни тоҷикон ин пайвастагӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла ибораҳои чиллаи зимистон, чиллаи тобистон, чиллаи калон, чиллаи хурд, чиллаи кӯдак, шаби чилла, чиллагурезон, чиллашинӣ, чиллагӣ, чиллаи арӯс, чиллаи домод ва ғайра ба ақидаҳои бостонӣ пайванд аст. Сарчашмаи ин расму оинҳо аз рӯзгорони гузашта, аз таваллуди хуршед, то имрӯз расидааст.

Бале, ҷашнҳои ниёгон воқеан ба устураҳои замони бостон пайваст аст. Пажуҳандагон бояд радди пои онҳоро аз устураҳо биҷӯянд. Ин аст, ки аз сабаби муҳим будани хуршед дар замонҳои қадим, дар ин шаби дарозтарин оташ афрӯхта, ба пешвози он то субҳ бедор мемонданд. Дар дастархони худ нони гирда, ки монанди хуршед аст, анор, себ, тарбуз ва дигар меваҳои сурхранг мегузоштанд. Барои он меваҳо ва хӯрданиҳои сурхранг мегузоштанд, ки ранги сурх рамзи хуршед аст. Дар шаби Ялдо, яъне чилла, то субҳ шодмонӣ мекарданд, устураву афсонаву ҳикоятҳо мегуфтанд ва баъдҳо дар шоҳномахонӣ мекарданд. Аз ин тариқ таваллуди хуршедро пешвоз мегирифтанд.

Инак, чӣ нек аст, ки сол то сол шаби ялдо, ки зоиши хуршед аст ва таҷлили ҷашнҳои бостонӣ Сада, Исфандорҷаш (ҷашни модар), Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ба он пайвастагӣ дорад, сол то сол эҳё мегардад. Шаби ялдо, шаби зоиши хуршед, ба ҳамгон муборак бошад, дар ҳар хонавода фурӯғи хуршеди зиндагибахш тобон бошад.

Равшан Раҳмонӣ, д.и.ф., профессор, сарходими шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Photos: 
Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ