19 Jan 2024
Submitted by Admin
1475

Номро, ба масал, нимаи ҳусни инсон донистаанд. Аз ин зовия, масъалаи ном ва номгузорӣ, ки Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» матраҳ карда, бегумон, ҷузъе аз татбиқи барномаи эҳёи миллӣ, ба шаҳодати худи ӯ, моҳиятан «Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ» будааст.

Дар оғози ҳар достон, ба мушоҳидаи мо, Фирдавсӣ ба мушкилаи чӣ гуна зода шудани навзодон, чи шоҳзода ва чи фарзанди осиёбон ба таври махсус таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ин ҷо, ба андешаи мо, ду нуктаи муҳим вуҷуд дорад: яке он ки дар рӯзгори Донои Тӯс номгузории навзодон саросар арабӣ шуда буд, ки он аз як сӯ, баёнгари гаравиши зоҳирии мардум ба фарҳанги исломӣ буд, аз дигар сӯ, сиёсати мутаассибонаи хилофатро дар сарзаминҳои тасарруфшуда нишон медод. Дувум, Фирдавсӣ бо овардани номҳои эронӣ, ки дар фарҳанги паҳлавӣ аз ҷумлаи суннатҳои писандида ба шумор меравад, дар ҳифзу ҳиросати онҳо кӯшида, ки ба нажоду маниши гузаштаи пурифтихори худ ишора мекунад.

Ин кори Ҳакими Тӯсиро дар зоти худ як навъ муборизаи миллӣ метавон номзад кард, ки худ ба танҳоӣ анҷом додааст ва ҳадафи ниҳоии ӯ нигоҳ доштани ҳувияти эронии ҳаммеҳанонаш мебошад. Ин ҳам маълум аст, ки тору пуди “Шоҳнома” бо ғояҳои меҳанпарастӣ танида шудааст. Маҳз ҳамин рӯҳияи эрондӯстӣ ва озодандешию хирадгароӣ Фирдавсиро савқ дода, ба посдошти забон, ки яке аз шохисаҳои таъйинкунандаи усулии ҳувияти миллӣ, дар канори модар, миллат ва меҳан мебошад, талош варзад. Аз дигар сӯ, метавон чунин амали шоирро бо наҳзати шуубӣ, ки асли онро “эроният” ё ғояти “тафзили аҷам бар араб” ташкил медиҳад, пайванд дод.

“Фирдавсӣ, - менависад донишманди эронӣ Абулфазли Хатибӣ, - бегумон дар эҳёи забони форсӣ, ки аз аркони ҳувияти миллист, нақши бечуну чарое доштааст ва муҳтавои “Шоҳнома” дорои вижагиҳоест, ки ҳувияти миллии эрониён дар он ҳифз шудааст” [11, 213].

Номи инсон дар ваҳлаи нахуст дар таъйини ҳайсият, обрӯ ва ҳатто хислати шахс ва ниҳоятан ҳувияти миллии ӯ ҷойгоҳи вижа дорад, зеро он дар радифи номи гулу гиёҳ, кӯҳу дарё, ҷойномҳо ва фарҳангу адаб, таъриху кишвардорӣ бахши таркибии ҳофизаи таърихии ҳар миллат, аз ҷумла мардуми ориёӣ, бавижа тоҷиконро ташкил медиҳад.

Ғолибан, Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ин номҳоро, он ҷо, ки дар бораи баргузиниши ҳамсар, ҷашни арӯсӣ ва зода шудани кӯдаки нав сухан мегӯяд, зикр мекунад. Муҳим будани масъалаи номгузорӣ далолат ба он дорад, ки пас аз Абулқосими Фирдавсӣ низ донишмандони дигаре чун Насируддини Тӯсӣ ва Унсурулмаолии Кайковус ба он таваҷҷуҳ кардаанд. Аз он ҷумла, Кайковус дар фасли “Андар фарзанд парвардан ва ойини он”-и «Қобуснома» мулоҳизаи ҷолиб дорад: «Бидон, эй азизи ман, ки агар Худой туро писаре диҳад, аввал номи хуш бар вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст» [3, 117].

Шинохти ҳар достон аз рӯи қаҳрамонони соҳибномаш сурат мегирад. Маҳз тавассути паҳлавонон тарҳи достон рехта шуда, бо овардани рухдодҳои устураӣ, хаёлӣ, адабӣ ва ё таърихӣ муҳтавои он шакл мегирад, муҳимтар аз ҳама, гуфтумони қаҳрамонҳои асар оғоз меёбад. Фирдавсӣ дар беш аз бист маврид, чунонки ишора шуд, дар оғози достонҳояш аз суннати номгузорӣ истиқбол кардааст, ки онҳоро мо шартан риояти низому тартиби номгузорӣ дар “Шоҳнома” номзад мекунем. Барои равшан шудани ин баҳс ду мисол меорем. Фирдавсӣ офаридагори Рустам аст. Бино ба ин, нахуст номвожаи Рустамро тавзеҳ хоҳем дод.

1)Рустам – ин ном аз ду бахш сохта шудааст. Бахши нахуст аз вожаи авастоии “раодҳа” ба маънии “болиш” ва “нумӯ” аст. “Рӯй” дар форсӣ, ки ба маънии “чеҳра” ва “сурат” зоҳир аст, калимаи мазкур аз решаи феъли “раод” аст, ки маънии “болидан”-ро дорад. Аз он вожаҳои “рустан” ва “рӯидан” низ сохта шудаанд.

Бахши дувуми онро вожаи “таҳма” ташкил медиҳад. Бино бар ин, Рустам дуруст аст ва ба маънии “таҳамтан” аст, яъне, “кашидаболо” ва “бузургтан” ва “қавипайкар” [12, 139].

Аммо нигорандаи китоби “Зебономҳои ориёӣ” дар мавриди тавзеҳи ин номвожа андешаи дигаргуна дорад: “Рустам - озодаи диловар, ёридиҳандаи диловар. Баҳампайвастаи “рус” ва “там”. “Рус” аз вожаи эронии бостон “рад” – “раҳо, озод” ва низ аз вожаи эронии бостон “рас” ва порсии бостон “раса” – “ёридиҳанда, додгиранда” ва “там” аз вожаи авастоии “таҳам” – “далер, диловар, паҳлавон” баргирифта шудаанд” [6,200].

Фирдавсӣ номгузории Рустамро чунин ба риштаи назм мекашад:

Падар чун ба дидори ӯ гом кард,

Мар ӯро сабук Рустам ном кард.

Ин номвожа ба гунаҳои Рустаҳм ва Рустаҳам низ вомехӯрад.Чунонки Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ин гунаро ҳам оварда:

Бибӯсид Рустаҳм тахт, эй шигифт,

Ҷаҳонофаринро ситоиш гирифт.

2)Номвожаи Суҳроб пури Рустам низ аз ду баҳра таркиб ёфтааст. Бино ба навиштаи китоби “Таърихи Эрон дар қуруни нахустини исломӣ” номвожаи “Суҳр+об ба маънии сурх аст. Сурх + об = сурх об, сурхоб. Ин ном ба маънии “дорандаи обу ранги сурх” мебошад”. Ҳамин муаллиф ба гуфтаҳои боло ин нуктаро низ меафзояд, ки Суҳрак сурати мусағғари Суҳроб аст ва калимаи “Саҳл” он тавре ки дар “Таърихи Табарӣ” ва ғайри он дида мешавад, тағйири сурати нодурусте аз “Суҳрак” мебошад [8, 367].

Аммо тавзеҳи Мустафо Пошанг дар мавриди ин номвожа нисбатан саҳеҳ ва комилтар ба назар мерасад: “Суҳроб – дорандаи чеҳраи равшан, гулгунчеҳра, хушобуранг” мебошад. Баҳампайваста аз “суҳр” – “сурх” ва “об” – равшан” [6, 243].

Фирдавсӣ дар достони “Рустаму Суҳроб” пас аз сипарӣ шудани фурсати муайян аз зода шудани навзоде хабар медиҳад, ки ӯро модараш - Таҳмина Суҳроб ном ниҳодааст:

Чу хандон шуду чеҳра шодоб кард,

Варо ном Таҳмина Суҳроб кард.

Шоир дар байти боло таркиби “чеҳра шодоб кардан” –ро ба кор гирифтааст, ки ба андешаи мо, шарҳи маънои канории номвожаи “Суҳроб”-ро ифода месозад.

Барпо кардани ҷашни зодрӯз

Дар ойини ниёгони мо, бавижа дар рӯзгори паҳлавӣ, пас аз зода шудани навзод барпо кардани ҷашни зодрӯз ҷойгоҳи шоиста доштааст, ки он, албатта, ба масъалаҳои ному номгузорӣ иртибот дорад. Бад-ин далел, ки масъалаи мазбур дар китоби муътабар ва мувассақи “Таърих”-и Ҳеродот - донишманди юнонӣ дар садаи II пеш аз мелод махсус таъкид шудааст. Ҳеродот он ҷо, ки дар бораи фарҳанги порсиён сухан мегӯяд, зимни баёни ойини парвардани кӯдакон, аз ҷумла менависад: “Эрониён рӯзи зодани худ ҷашн барпо кунанд”. Донишманди эронӣ Мансури Фасоии Растагор онро “ҷашни зоиш” номида, барои иддиои худ байти зери Фирдавсиро ҳамчун далели қотеъ шоҳид оварда: “Чун яке аз занони Урмузд, - менависад ин донишманд, - пас аз даргузашти ӯ фарзанде зоида, мӯбад номашро Шопур ниҳод ва ҷашне барпо шуд:

Варо мӯбадаш ном Шопур кард,

Бар он шодмонӣ яке сур кард” [7].

Ё ин ки Фаридун чун мефаҳмад, ки соҳиби наберае шудааст, маю ҷом меоварад ва номи ӯро Манучеҳр мениҳад:

Маи равшан оварад пурмоя ҷом,

Мар ӯро ниҳодаш Манучеҳр ном.

Чунин ба назар мерасад, ки таҷлили зодрӯз дар фарҳанги гузаштаи мо пешинаи куҳани таърихӣ дошта, аз ойинҳои вижаи зода шудани кӯдак будааст.

Ойини номгузорӣ

Ба шаҳодати Фирдавсӣ, дар одобу русуми куҳани ниёгони мо, маъмулан дар рӯзи шашуми зода шудани кӯдак ойини номгузорӣ баргузор мешудааст. Ин номгузорӣ, одатан, аз ҷониби мӯбад сурат мегирифтааст. Фирдавсӣ ойини аз ҷониби мӯбад ном ниҳодани кӯдакро чунин ба силки тасвир кашидааст:

Варо мӯбадаш ном Шопур кард,

Бар он шодмонӣ яке сур кард”.

Яке аз шартҳои аслии номгузорӣ ниҳодани номи хуш ба навзод будааст. Хоҷа Насируддини Тӯсӣ дар “Ахлоқи Носирӣ” дар ин маврид менависад: “Чун фарзанд ба вуҷуд ояд, ибтидо бояд ба тасмияи ӯ иқдом кард ба номе некӯ...” [9, 176].

Тамоми номҳои ориёие, ки Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” овардааст, номҳои таърихӣ буда, дар китобҳои қадим ва ривоятҳои шифоҳии суғдӣ ва паҳлавӣ, ки пораҳое то рӯзгори мо расидаанд, ба мушоҳида мерасанд. Донои Тӯс зиндакунанда ва нигоҳдорандаи номҳои паҳлавонон, ки дар “Шоҳнома” ҳамчун қаҳрамони достонҳо омадаанд, мебошад. Гузашта ин, аксари онҳоро метавон аз ҷумлаи зебономҳои ориёӣ баршумурд. Бино ба ин, ҳақ ба ҷониби Мирҷалолуддини Каззозист, ки менависад: «Номи паҳлавонони «Шоҳнома» ҷуз ном нест: номе, ки дар сояи диловарию ҳаросношиносӣ, родию озодагӣ, бузургворию мардонагӣ, маздопарастию меҳандӯстӣ, доду дурустию ростӣ, фарзонагию хирадмандӣ ва дигар шоистагиҳо ва арзишҳои волои инсонӣ фародаст метавонад омад» [4, 8].

Тартиби номгузорӣ

Дар фарҳанги ориёии мо ҳангоми номгузорӣ ба пушти падар такя мекардаанд ва асосан ба номи хонаводагӣ тарҷеҳи бештар медодаанд. Ин масъала яке аз суннатҳои устувор ва собити тартиби номгузорӣ дар рӯзгорони куҳан будааст, ки имрӯз ҳам дар маҳдудаи забони порсӣ риоят мешавад.

Ном ва номи падар

Яке аз усулҳои роиҷи равишҳои номгузории порсии тоҷикӣ нахуст овардани номи кӯчак ва сипас номи падар мебошад, ки дар бештари ҳолат бо бандаки изофӣ ва гоҳе бидуни он сурат мегирад. Ин суннат имрӯз низ маъмул аст. Фирдавсӣ низ дар “Шоҳнома” аз ҳамин тартиб кор гирифтааст. Мисол:

Фароиз яке пил - бар Золи Зар,

Нишонду бирондаш сипаҳ сӯи дар.

Ва:

Фаромарзи Рустам, ки буд пешрав,

Нигаҳбони ҳар марзу солори нав.

Ё:

Ба Пирони Виса чунин гуфт шоҳ,

Ки эй пурхирад, меҳтари некхоҳ!

Афзун ба ин, дар қадимулайём пас аз зикри ном вожаи “пур” мавриди корбурд қарор дошта, ки Фирдавсӣ чунин қолаби номгузориро дар “Шоҳнома” истифода кардааст. Ин равиши номгузорӣ пас аз гаравиш ба ислом ба вожаи “ибн” иваз шуд. Бояд гуфт, ки он яке аз пуркорбурдтарин гунаҳои номгузории порсиён буда. Мисол:

Ҳамон Сом пури Наримон будаст,

Наримони гурд аз каримон будаст.

Гоҳе номи асосӣ уфтода, танҳо бо вожаи “пур” ва номи падар омадааст. Фирдавсирост:

Ҳама олати лашкару сози ҷанг

Бибурданд наздики Пури Пашанг.

Ё:

Ки Рустам манам, к-ам намонод ном,

Нишонод бар мотамам Пури Сом!

Ё:

Надонам касе, к-ӯ барад пеши асп,

Чу пеш оварад даст Пури Ггушасп.

Агар духтар бошад, пас аз ном вожаи “духт” меояд, духтари фулон мард буданро мефаҳмонад. Масалан:

Ду хуршед буд андар айвони ӯй

Чу Синдухту Рӯдобаи моҳруй.

Ном, номи падар ва номи падарбузург

Гузашта аз ин, дар “Шоҳнома” номвожаҳое ба назар мерасанд, ки пас аз зикри номи писару падар номи падарбузург, яъне номи хонаводагӣ низ оварда шудааст, ки ин ба мо имкон медиҳад, то ҳангоми номгузорӣ аз ин қолаб ё тартиби номгузорӣ ба фарзандони худ низ кор бигирем. Мисол:

Чу Баҳроми Пирӯзи Баҳромиён,

Хазарвони Руҳҳом бо Андиён.

Дар мавориде дигар пас аз ном якбора номи хонаводагӣ омада, номи падар ҳазф мегардад:

Зи як даст Гударзи Ашкониён,

Чу Бежан, ки буд аз нажоди Каён.

Гоҳе пас аз ном вожае меояд, ки ба кадом нажод мансуб будани шахсро таъкид мекунад ва он ба нисба табдил мешавад:

Бар ин сон ҳаме ронд фарсанг сӣ,

Паси пушти ӯ Қорани порсӣ.

Ва:

Зи Истахр Меҳрозари порсӣ

Биёмад ба даргоҳ бо ёр сӣ.

Гоҳе дигар вожаи “нажод” ба ҷузъе аз ном табдил ёфта, ба кадом хонавода тааллуқ доштани шахсро сареҳан ишора мекунад:

Бар ӯ хонд он номаи Кайқубод,

Бихандид Шопури Меҳракнажод.

Ва:

Ду шери гаронмоя Бежаннажод,

Ду гурди сарафрозу ду покзод.

Гоҳе пас аз ном лақаб оварда шудааст, ба мисли Рустами Таҳамтан, Баҳроми Гӯр, Баҳроми Чӯбина, Исфандёри Рӯйинтан. Онро эрониён “пойном” гӯянд:

Ҷаҳонҷӯй Чӯбина дорад лақаб,

Ҳам аз паҳлавонон-ш бошад насаб.

Ва:

Чунин дод посух, ки ман Баҳманам,

Наберай ҷаҳондори Рӯйинтанам.

Номҳо дар “Шоҳнома” бо пасвандҳои насабсози “зод” ва “ванд” ва “вард” низ дида мешаванд:

Чунин гуфт, к-ин поктан Чеҳрзод,

Ба гетӣ фаровон набудаст шод.

Ва:

Каманде бияндохт Пӯлодванд,

Сари Геви гурд анда омад ба банд.

Ё:

Ба наздики Лаҳҳоку Фаршедвард

Саросар суханҳо ҳама ёд кард.

Гоҳе дигар Донои Тӯс пас аз ном ҷойномҳои маҳалли зода шудани шахсро низ зикр мекунад. Барои намуна, вожаҳои Котӣ, Чағонӣ, Каҳонӣ ва Яман дар байтҳои зер ҳамчун нисба омадаанд:

Зи Сақлоб чун Кундари шермард,

Чу Беварди Котӣ сипеҳри набард.

Ва:

Чағонӣ чу Фартуси лашкарфурӯз,

Каҳори Каҳонӣ гави Аспрӯз.

Ё:

Чу шоҳи Талимону Сарви Яман

Ба пеши сипоҳ андарун ройзан.

Масъалаи дигаре, ки дар таркиби сохтории номҳои “Шоҳнома” ба мушоҳида мерасад, якҷузъа, дуҷузъа ва сеҷузъа будани номҳои порсии тоҷикист, ки албатта, ба сохтори забон дахл дошта,тавоноии онро нишон медиҳад.

Номҳои якҷузъа

Ҳамаи номҳои якҷузъа кӯтоҳ, сода ва равон буда, ба гунаи комил талаффуз мегарданд. Номҳои Шеда, Эраҷ, Бобак, Барзу, Виса, Пирон, Гев, Тӯс, Гударз, Бежан, Сосон, Дастон якҷузъа буда, аз зебономҳои ориёӣ ба шумор мераванд.

Варо мӯбаде буд Бобак ба ном,

Ҳашивору донодилу шодком.

Ва:

Ҷаҳондор Дастону Барзу ба ҳам

Бирафтанд бо шаҳ чу шери дижам.

Ё:

Чу Сосон шунид ин сухан, хира шуд,

Зи гуфтори Баҳман дилаш тира шуд.

Номҳои дуҷузъа

Номҳои дуҷузъаро метавон номҳои сохта низ хонд. Озарбону, Озармигон ё Озармаҳон, Озарнӯш, Ардашер, Исфандёр, Анӯшервон, Беҳофарид, Борбад, Шаҳронгуроз ва... аз ҷумлаи номҳои дуҷузъаи “Шоҳнома”-анд. Мо ба хотири равшан шудани масъала ду мисол меорем ва ҷузъҳои онро нишон медиҳем.

1) Анӯшервон – бемарги ҷовидон, дорои равони осебнопазир, дорои равони ҷовид, ҷовид, ҷовидон, сармад. Баҳампайваста аз вожаи авастоии “анӯша” –“бемарги ҷовидон” ва “равон” аз вожаи авастоии “урван” ва дар забони паҳлавӣ “раувон” ва дар порсӣ “равон”. Номвожаҳои Анӯш, Анӯша, Анӯшак, Нӯша, Нӯшин, Анӯшаравон, Анӯшакравон ва Шервон низ аз ҳамин ном бархостаанд, аз як сӯ, ғанои номҳоро ифода созанд, аз ҷониби дигар, ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ метавонанд, ба кӯдакон гузошта шаванд.

2) Борбадро маънӣ “фар ва шукӯҳи боргоҳ” бошад [6, 98]. Ин ном аз ду баҳра сохта шуда: баҳраи нахуст “бор”- “боргоҳ” ва баҳраи дувум “бад” – “фар, шукӯҳ”. Соҳиби мақолаи “Сурудҳои сосонӣ ва таронаҳои наврӯзӣ” решаи номвожаи Борбадро “паҳлабад” дониста, онро “хуросонӣ” маънӣ кардааст.

Аммо дар мавриди номи Борбад ба чигунагии навишти он Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ андешаи дигар дорад: “Борбад дар хатти паҳлавӣ мумкин аст Bahl (a) badh хонда шавад ва чун дар нусахи форсӣ ғолибан байни “б” ва “п” имтиёзе намегузоранд, ин калима “паҳлабад” хонда шуда ва ба ғалат онро аз решаи “паҳлав” (портӣ, паҳлавон) шумурдаанд. Аз тарафи дигар, агар ин ном дар асл паҳлабаз мебуд, ҳаргиз онро Борбад наметавонистанд бихонанд. Пас, бидуни шак, саҳеҳтарин сурати ин исм Борбад аст” [5,102]. Ибни Хурдодбеҳ дар “Рисолаи мусиқӣ” ба ин бовар аст, ки: “Зеро Борбад унвон буда, на ном, “бор” ба маънии “рухсат додан” ва “бад” ба маънии “худованд ва”доранда” аст”. Ӯ ин андешаи худро чунин собит кардан мехоҳад: “Чаро ки Хусрави Парвез ба ӯ изни духул дар ҳама маҷолис ва дар ҳама маворид дода буд”[2, 33].

Номҳои сеҷузъа

Номҳои сеҷузъаро номҳои мураккаб низ метавон гуфт. Номҳои сеҷузъа нодир буда, нисбатан камистеъмоланд. Монанди номи Эзадгушасп, ки ба маънии “дорандаи аспи нари эзадӣ” омадааст. Соҳиби “Луғати Шоҳнома” ин номвожаро бисёр муфассал ва муҳимтар аз ҳама саҳеҳ шарҳ медиҳад: “Дар асл аз се калима мураккаб аст: яке “Эзад” аст, ки номи мубораки зоти Борӣ таъолост ва яке “гуш” ба маънии зебову маҳбуб ва ҳам яке “асб” аст, ки ба сабаби таркиб бо “гуш” ҳамза соқит шудааст. Гушасб ба маънии дорандаи асби зебост. Эзадгушасб изофаи мақлуб аст. Асли он “Гушаспи эзад” аст. Таъхири музоф дар паҳлав ва тақдими он дар забони умум аст” [1, 39].

Дар номгузории мардуми ориёӣ аз рӯзгори бостон то имрӯз дар ҷузъи номҳо омадани номи Худо роиҷ будааст. Чунонки дида мешавад, баҳраи нахусти номи Эзадгушасп “эзад”, ба маънии худо, офаридгор, парастидан, ниёиш, ситудан, дархури ситоиш ва фариштагон омада. Баъдан дар забони паҳлавӣ ба гунаи “язд” омада, ки аз он номи Яздгирд сохтаанд. Дар бархе аз нусхаҳои “Шоҳнома” ба ҷои ин ном Озаргушасп омада.

Номи “Бонугушасп” низ сеҷузъа аст. Нуктаи муҳим он аст, ки номҳои сеҷузъа ҳангоми талаффуз душворӣ ба миён меоранд ва нокомил ба забон меоянд. Бино ба ин, тавсия мешавад, ки онҳо аз номҳои сода ва сохта ё дуҷузъа бештар истифода баранд, ки хуш бошад.

Инчунин, гоҳе дар анҷоми номҳо вожаи “худой” ба маънии “соҳиб” низ ба назар мерасад. Масалан, Салм писари Фаридунро Ховархудой мехонданд, ки пойном (лақаб)-и шоҳони Ховар будааст. Мисол:

Ба тахти Каён - андар овард пой,

Ҳамехондандиш Ховархудой.

Ё:

Ҳаюни фиристода бигзорд пой,

Биёмад ба наздики Тӯронхудой.

Як нуктаро боястӣ ин ҷо таъкид кард, ки эрониёни бостон дар рӯзгорони дур мардуми чорподор буданд ва дороии аслии эшонро аспу гову шутур ташкил медод, аз як сӯ, ба хотири судманд будани ин чорпоён дар таркиби номҳои фарзандони худ аз онҳо кор мегирифтанд. Аз дигар сӯ, онҳо дар асотири эронӣ дорои рамзу намоде буда, як ҷузъи зиндагии эшонро ташкил медодааст.

Номҳое, ки дар онҳо вожаи асп пайваст шуда: Арҷосп, Луҳросп, Гуштосп, Виштосп, Ҷомосп. Номҳое, ки бо гов ҳамбастагӣ доранд: Дуғдӯ (ба маънии дӯшандаи шири гов), Ҳугува – дорандаи гови хуб, Гаваин – дорандаи говмеш, Параштгува – дорандаи гави аблақ (ало). Номҳое, ки номи шутур дар онҳо ба кор рафтааст: Ферашауштра – дорандаи шутури тезтак, Аварауштар – он ки шутураш намеғуррад. Воҳууштара- дорандаи шутури хуб, Заратуштра – дорандаи шутури зард (ниг. Зардушт). Ин гуна номҳо баъдан бо пайдо шудани шаҳрҳо ва марказҳои тамаддунӣ берун аз корбасти мардум қарор гирифтанд.

Бархе номҳо бо сиғаи навозиш (-ак) низ сохта шудаанд:

Ба мисли Фаронак, ки дар «Шоҳнома»-и Пири Тӯсӣ номи модари Фаридун буда, он ба маънии «сиёҳгӯш» омада. Он гунаи «парвонак» ҳам дорад.

Фаронак будаш ному фархунда буд,

Ба меҳри Фаридун дилоканда буд.

Ё номи Равшанак ба маъноҳои «нури хурд», «фурӯғи кӯчак» омада. Номи духтари Дорои Дороб аст, ки ӯро Дориюши севум хонанд. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» дар бораи чӣ гуна ҳамсари Искандар шудани Равшанак (Рӯшанак)-ро ба назм кашидааст. Аз зеботарин номҳои ориёист. Пири Тӯсӣ дар номгузории Равшанак менависад:

Куҷо модараш Равшанак ном кард,

Ҷаҳонро бад-ӯ шоду пидром кард.

Ин номҳо, аз як сӯ, «дам аз зебоӣ, меҳрубонӣ, дӯстӣ, ёрӣ, бахшишу родмардӣ, дурахшонию равшанӣ, покӣ, дурустию ростӣ, ситоишу ниёиш, лабханду шодӣ, диловарию тавонмандӣ мезананд» [6, 4], аз дигар сӯ, аз мояҳои фарҳангу тамаддуни озоданажодон башорат медиҳанд.

Дар “Шоҳнома” чанд омиле вуҷуд дорад, ки дар номгузорӣ Фирдавсӣ риояти онҳоро ҷоиз шумурдааст:

а) Тағйирпазирии як ном ба гунаҳои гунагун. Гоҳе дар “Шоҳнома” як ном шаклҳои гуногун омада, ба андешаи мо, ин амр дар бештари ҳолатҳо ба ду омил бастагӣ дорад: нахуст, риояти вазн, ки “Шоҳнома” дар он суруда шудааст. Дувум, дар асри Фирдавсӣ дабираи паҳлавӣ аз муомилоти расмӣ берун шуд ва ба ҷои он хатти тозӣ ҷойгузин гардида, баъзе овозҳо ва ҳуруфи порсиро ба арабӣ мутобиқ сохтанд, ки дар баъзе ҳолот сурати решаии он тағйир ёфт.

Масалан, номи Бастомро Маликушшуаро Баҳор дар "Луғати Шоҳнома” ба гунаҳои Юстаҳм, Густаҳам, Густаҳм, Ястом ва Гастом оварда ва чунин ташаккули номҳоро ба дигардесии сохтории забон нисбат додааст. Гунаи нахусти ин вожа Вистаҳм буда, аслан авастоист ва дар натиҷаи таҳаввули рушди забон ба Густаҳм табдил шуда, сипас вориди забони арабӣ гардида, ба худ сурати Бастомро гирифтааст. Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ду Густаҳм мавҷуд аст. Нахуст Густаҳм писари Нӯзари шаҳрёр ва Густаҳм писари Каждаҳам, ки ҳар ду аз номдорони эронӣ ҳастанд. Дар “Шоҳнома” он ба гунаҳои Ястом, Густаҳм ва Бастом омадаанд:

Барошуфт Хусрав, ба Ястом гуфт,

Ки бо ман сухан баркушо аз ниҳуфт.

Туро модарат ном Густаҳм кард,

Ту гӯӣ, ки Бастом андар набард.

Равиши ба чанд гуна сабт шудани ин ном ва номҳои дигар дар кутуби “Таърихи Табарӣ”, “Ғурару ахбор мулуку-фурс”-и Саолибӣ, “Муруҷу-з-заҳаб”-и Масъудӣ ва “Ахбору-т-тивол”-и Динаварӣ ва “Муҷмалу-т-таворих” низ ба мушоҳида мерасад ва далолат ба он дорад, ки дар садаҳои баъдӣ дар забону адаби порсии тоҷикӣ дар сохтори номҳо низ дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омадаанд.

б) табдили ҳарфҳо ва ҷузъҳои калима. Масалан “Озарнӯш ба Нӯшозар, Андариён ба Андаримон, Фарибурз ба Бурзфарӣ, Аспнӯй ба Аснпӯй”, “Фаррухзод ба Зодфаррух”.

Озарнӯш дар “Шоҳнома ба гунаи Нӯшозар омада, аммо дар “Таърихи Табарӣ” ба сурати Озарнӯш сабт шудааст. Ба гумони ғолиб, Ҳакими Тӯсӣ ба далели риояти вазни мутақориб ин номро бад-ин гуна ба кор бастааст. Чунонки, шоир номи фарзанди чоруми Исфандёрро Нӯшозар медонад:

Чаҳорум будаш ном Нӯшозаро,

Ниҳодӣ куҷо гунбади озаро.

в) хат ва ихтилофи хондани он. Мисол “Паҳлабад ба Борбад, Арҷозуф ба Арҷосп”.

г) табдили ҳуруф ва ихтилофи нигориш. Мисол: “Исфандёр ба Исфандёз. “Бормон ба Бозмон, “Барта ба Фарта”, “Бастур ба Настур”, “Суфазой ба Суфаро ва Сухаро”. Ё номҳои “Армоил ва Кармоил” дар баъзе нусхаҳо ба гунаи “Армонак ва Гармонак” сабт шудаанд.

д) тағйири забонии калима. Мисли: “Виштосп, Гуштосп, Яштосф”, “Вистаҳм, Густаҳм ва Бастом”.

Дар рӯзгори Фирдавсӣ, ки сесад сол аз пирӯзии тозиён бар Сосониён мегузарад, бо дигар шудани сиёсати замона ва дину ойини ваҳдонӣ ба арабӣ ном ниҳодани фарзандон ба расмият табдил ёфт ва мардум ба фарзандони худ камтар номҳои порсии тоҷикӣ мениҳоданд.

«Ҳангоме ки номи бегона, - менависад донишманди эронӣ Мустафо Пошанг, - бар фарзандони ин марзу бум гузошта мешавад, онҳо бо шиносномаи дигар ва фарҳанги дигар ба мардуми ин ҷаҳон шиносонида ва аз фарҳангу мардуми худ дур шудаву бегона хонда мешаванд, зеро ном шиносномаи он фарзандон буда ва нишонгари он аст, ки дар кадом сарзамин чашм ба ҷаҳон кушудаанд.

Бегона аз ҳар куҷо, ки омада бошад, бегона аст ва чун ин номҳо ҳам бахше аз вожагони як забон ҳастанд, бо гузоштани номи бегона бар фарзанди худ як вожаи бегонаро дар дили фарҳанги худ ҷой дода ва ба гунаи ноогоҳона ё зиракона бегонапарастӣ мешавад ва ин фарҳанги чандҳазорсоларо олуда месозад» [6, 3-4].

Хусусан, пас аз он ки Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Ҷамоҳири Сусиёлистии Шӯравӣ қарор гирифт, номгузорӣ аз рӯи фарҳанги русӣ ҷорӣ шуд ва аксари мардум ба тариқи иҷборӣ номҳои худро ба сарфу наҳви русӣ мутобиқ гардониданд. Танҳо баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон номгузории бобоӣ ба расмият даромад ва мардум саросар зодномаву шиносномаи худро бо номҳои тоҷикӣ зеб доданд.

Нигорандаи ин навишта номҳои ориёии “Шоҳнома”-ро дар маҷмӯае мураттаб сохта, пас аз таҳрири ниҳоии он ба дасти чоп хоҳад супорид.

Кӯтоҳи сухан, Фирдавсӣ, ки аз меъморони бузурги Эрони Бузург ва “Шоҳнома”-и ӯ аз сутунмуҳрам иттиҳоду инсиҷоми миллии мо – тоҷикон мебошад ва ин мо меросбарони ин шоҳкори адабиро водор месозад, ки дар таҳкими худогоҳию худшиносӣ ва меҳандӯстию меҳанпарастӣ, инчунин дар ҳифзу ҳиросати забон, миллат ва меҳани худ кӯшо бошем.

 

Умриддин Юсуфӣ
доктори илмҳои филологӣ
Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ