08 Mar 2024
Submitted by Admin
939

"Занону бонувон нигини пурҷилои тоҷи миллатанд".
Эмомали Раҳмон

         Дар шароити имрӯзаи бунёди давлати миллӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ зан-модар ба ҳамаи душвориҳои зиндагӣ нигоҳи тозае дошта, дар эъмори ҷомеаи навин ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон нақши босазо гузошта истодааст,
         Бояд ёдовар шуд, ки аз рӯзҳои нахустини Истиқлоли ҷумҳурӣ масъалаи беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусияти фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ҳамеша пайгирӣ менамояд. 
          Президенти мамлакат дар ҳар як вохӯрию баромадҳояшон дар мавриди рисолати воқеии занон дар ҷомеа фикру андешаҳояшро иброз намуда, таъкид менамоянд, ки нақши занон дар рушди мамлакат нақши аввалиндараҷа дорад, зеро дабистони нахустин барои фарзандон домони модар аст. Аз ин рў, бори дигар дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки нисбат ба тарбияи насли хурдсол беэътиноӣ зоҳир накунем, чунки аз онҳо ояндаи нек ва ҳастии Тоҷикистон вобастагӣ дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуданд, ки «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».
Нахуст, зан, ки имрӯз ҳамқадами ҷомеаи навин аст, дар устувориву рушди оила мақоми хоса дорад. Ҷойгоҳи модар дар хонаводаи муосир пеш аз ҳама ба сатҳи маърифат ва донишу саводи ӯ вобаста аст. Бинобар камтаҷрибагӣ бештари вақт дучори мушкилот мегарданд. Баъдан, агар ҳамсарон бе талош барои бунёди оилаи солиму устувор, ноогоҳона оила барпо кунанд, фарзандони онҳо ҳеҷ гоҳ дар ҷомеа муваффақ намешаванд. Рушду камолоти оилаи солим ба ташаккули зеҳнӣ ва сатҳи маънавияти ҳамсарон вобастагӣ дорад.
          Маърифати мард дар интихоби зан аз ӯ интихоби дурустро дар издивоҷ тақозо менамояд. Яъне зан бояд ба ҳаёти мустақилона омода бошад, то ин ки ба нофаҳмиҳое, ки рӯзҳои аввали хонадорӣ сари роҳаш мегарданд, таҳаммул намояд. Набояд фаромӯш кард, ки зан на танҳо модар – мураббӣ, инчунин танзимгари низоми хонавода мебошад. Равоншиносон низ бар он андешаанд, ки зан дар таҳлил ва дурбинии масъалаҳо нисбат ба мардон пешсафтар аст. Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ зарурате пеш оварда, ки дар мавриди низоми оиладорӣ низ бояд қолабҳои кӯҳнаро шиканем ва дар ҷаҳони нав бо андешаи нав қадам гузорем. Воқеан, зан неруест, ки инсонро барои ҷомеа тарбия менамояд ва онро ба ҳаёти инсонҳо тавъам мегардонад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат оиди нақшу манзалати зан-модар беҳтарин суханҳо барои ин олиҳаи зиндагӣ гуфта шуд. Занони тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим дар ҷомеа нақши бориз доштанд. Онҳо бо фазилату накӯгавҳарӣ фарҳанги ҷомеаро пеш бурда, дар он тухми меҳру садоқат ва илму маърифатро кошта, онро пояндаву ҷовидон ва давомдори кишвари маҳбуби хеш нигоҳ доштаанд. Аз таъкидҳои Пешвои муаззами миллат айён гардид,ки "Соли 1989 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор занони маълумоти олидор буданд. Ҳоло 256 ҳазор бонувони тоҷик дорои маълумоти олӣ ҳастанд". Аз ин маълумотҳо бармеояд ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сафи занону бонувони маълумоти олидор афзудааст. Занони тоҷик бо донишу малакаи баланди худ таваҷҷуҳи аҳли башарро ҷалб намуда, барои пешрафт ва рушду равнақ ёфтани кишвари хеш, пояндаву устувор нигоҳ доштани оила саҳми арзанда гузоштаанд. Занон дар баробари мустаҳкам нигоҳ доштани оилаи солим, хизмат ба давлату миллатро шарафи бузург ҳисобида, дар пешрафти он ҳамеша саъю талошҳо ба харҷ додаанд. Ҳамин аст, ки беҳдошти ҳаёти зан-модар, тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои он, пойдевори асосии сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон мебошад. Заҳматҳои Пешвои муаззами миллат ба он равона гардиданд, ки зан-модар ҳамчун симои воқеӣ, тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар рушд ёбад. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавии ҷомеаро ба инобат гирифта, баҳри беҳтаргардонии шароити занон ва таълиму тарбияи маърифатпарваронаи онҳо камари ҳиммат баст. 
         Пешвои муаззами миллат дар паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки "Нагӯед, ки модар надорем, ҳамаи модарони тоҷик модари мо ҳастанд". Ҳамаи моро зарур аст, ки ба қадру манзалати зан модар арҷ гузорем. Мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим меояд, ки дар дилхоҳ гӯшаю канори дунё бошем обурӯи зани тоҷикро обурӯи худро фикр кунем ва занони тоҷик низ дар навбати худ вазифадор ҳастанд, ки обурӯи марди тоҷикро обурӯи худро фикр карда ба ҳамдигар эҳтиром гузоранд. Чунки муттаҳидии миллат ин аз эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ сарчашма мегиранд. Бинобар ин нақши модар дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва камолоти маънавию ахлоқии фарзанд як рукни   муайянкунанда дониста шудааст. Аз ин рӯ таъкидҳои Пешвои муаззами миллатро занону бонувони Тоҷикистон ба инобат гирифта худро дар назди наслҳои имрӯза ва оянда масъул меҳисобанд.
       Метавон гуфт, ки мавқеи занон дар сиёсати имрӯза ҷойгоҳи махсусро касб кардааст ва бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва ибтикору роҳнамоии шаҳрдории кишвар, инчунин, дигар дастгириҳои сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ занон дар қатори мардон фаъолияти пурсамар намуда, ҷиҳати рушд намудани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ камари ҳиммат бастаанд. Занону бонувони даврони соҳибистиқлолии кишвар вазифадор ҳастанд, ки дар тарғиби фарҳанг, маданияти пурғановати миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пойдории либоси миллӣ саҳмгузор бошанд.
            Ҳамасола Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи мазкур дар Паёми худ баромад намуда, таъкид месозанд, ки: «Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд».
        Занҳо дар замони соҳибистиқлолӣ ба субъектони фаъоли ҳаёти сиёсӣ мубаддал гардиданд. Маҳз ин давра ба зани тоҷик имкон дод, ки дар соҳаи илму сиёсат ва иқтисодиёт заминаи комёбиро соҳиб шавад. Ӯ тавонист, ки ба минталитети қафомондаи асримиёнагии баъзе аз тоифаҳои ҷомеа муқобил баромада, мақоми хешро дар партави тазодҳои гуногуни маънавӣ мустаҳкам созад. Махсусан, дар солҳои шӯравӣ дар баъзе аз ноҳияҳои Тоҷикистон занҳо аз сабаби надонистани забони давлатӣ (русӣ) ва надоштани маълумоти касбӣ ба корҳои маъмурӣ ва давлатӣ ҷалб карда намешуданд. Дар корхонаҳо вазифаҳои роҳбарикунанда ва бомаъсул дар уҳдаи занҳои русзабон буданд. Пайваста бо дастгирии давлат заминаҳои зиёде барои рушди занон дар солҳои истиқлолият пайдо гардид. Дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи мазкур чунин иброз намуданд: «Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд».
            Заҳмат ва кӯшишҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ташаккули мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани имкониятҳои амалигардии он ба занҳо шароитро баҳри ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда дар соҳаҳои гуногун муҳайё сохт. Занҳо бо назардошти ҷонибдории Президенти кишвар ҳисси бовариро ба худ касб намуда, баҳри тайёр будан ба хизмати Тоҷикистони соҳибистиқлол ягонагии маънавиро изҳор намуданд. Зан дар ин бобат аз як қисмати ғайрифаъоли ҷомеа, ки ба ғайр аз ҷаҳони оила чизеро намедонист, ба шахси обрӯманд ва роҳбари мушфиқу ғамхор ва серталаб мубаддал гардид.  Албатта, ин бесабаб набуд. Пеш аз ҳама ба таҳсил ҷалб намудани духтарон, таъмин намудани квотаи президентӣ ба духтарони ноҳияҳои дурдаст ва камбизоат сафи мутахассисони заруриро дар ҷомеа зиёд намуд ва имконияти рушди ҳаёти арзандаро барои онҳо фароҳам овард. Зиёд шудани муассисаҳои томактабӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав ба занҳо имкон дод, ки онҳо баробари мардҳо ба буҷаи оила маблағҳои моддиро ворид созанд. Бо баробари ин зан вазифаи воқеии худро аз даст надод. Ӯ чун ҳамеша модар ва нигаҳбони оила ва тарбиягари фарзандон боқӣ монд. 
          Имрӯз занҳо аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар инкишофи пурпечутоби ҷомеа саҳмгузор шуданд. Ҷаҳони маънавии зан ба воситаи дастгирии ҳукумат ва таъсиррасонии воситаҳои комуникасионӣ васеъ гардида, боварӣ ба қувваи худ бар дӯши ӯ изофа гардид. Шахсияти зан ва арзёбии комёбиҳои он аз ҷониби давлат ва ҳукумат баҳои сазоворро соҳиб шуд, ки самтҳои фаъолияти онро боз ҳам васеътар гардонид. Дар ин бобат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”.
         Эълон доштани соли 2018 соли рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ ва солҳои 2019-2020 соли деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ нақши занҳоро боз ҳам афзалтар ва фаъолтар намуд. Зан тавонист, ки ҳунари худро ба фаъолияти ҷамъиятӣ мубаддал созад. Акнун чорабиниҳои ҷамъиятӣ бо иштироки занони ҳунарманд, аз ҷумлаи ҳунарҳои гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, кадбонугӣ ва ғайра гузаронида мешуд ва ин машғулиятҳои судманд ба фаъолияти рӯзмарраи онҳо мубаддал гардида буд. Вобаста ба инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, корҳонаҳои мушаххаси занона, марказҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра дар ноҳияҳо, марказҳои маъмурӣ ва шаҳрҳо кушода шуданд, ки занҳоро ба кори ҷамъиятӣ ҷалб сохта, шумораи ҷойҳои кориро зиёд намуанд. 
          Дар Паёми навбатии худ роҳбари кишварамон қайд карданд: «Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад». Аз рӯи маърӯзаи Бонки Осиёгии Рушд маълум мешавад, ки дар соли 2016 дар парламенти Тоҷикистон танҳо 17,5% ҷойҳоро занон соҳиб мебошанд. 
        Аз Паёми роҳбари кишвар, маълум гардид, ки аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Вусъат додани таъмини ҳуқуқҳои зан, хоҳиш, заковат, дараҷаи саводнокӣ ва аҳволи иҷтимоии ӯ баҳри афзалиятнок гардидани мақоми ҷамъиятиаш бояд мусоидат намояд. 
Зан дар замони соҳибистиқлолӣ пеш аз ҳама баҳри беҳтарсозии шароити оила ба бозор ва савдо худро ҷалб сохт ва ба зани босалоҳият, фаъол, корчалон ва соҳибкор мубаддал гардида, саҳми худро дар инкишофи ҷомеа гузошт. Президенти кишвар дар Паёми худ иброз доштанд: «...Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд». Албатта, ин саҳми босазои роҳбари кишвар дар ташаккули минбаъдаи фаъолияти касбии духтарон заминаҳоро муҳайё намуда, боиси боз ҳам ҷоннок шудани мақоми онҳо дар соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ мегардад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба занон муроҷиат намуда, мақоми онҳоро дар рушди давлатдории муосири Тоҷикистон қайд намуданд: «Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд». 
         Дар ҳақиқат, занон дар ҷомеа нигини пурҷилои давлат, неруи бузургро ташкил медиҳанд. Пас мо, бонувон неруе бошем, ки созандаву бунёдкор, тарбиятгар, ҳалиму меҳрубон, бонуи ҳунар, саҳмгузор дар ҷомеаи имрӯзу фардои башар бошему садсолаҳо ба давлату миллат хизмат намоем.
         Итминони комил дорем, боварие, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувон доранд, моро водор менамояд, ки ба ин боварии Сарвари давлат арзанда бошем ва ҷавобан ба ин ғамхорӣ ҷиҳати амалишавии нақшаю ниятҳои неку созанда саҳми босазои хешро гузорем. 

НУРАФШОН БОЗОРОВА-  ДОКТОРАНТИ СОЛИ 2-ЮМИ ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКИИ АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ