20 Mar 2024
Submitted by Admin
817

Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии мо аст, ки аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз ғоя ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашариашро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад. Бахусус, пас аз қабули қатъномаи иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010 оид ба ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз шукуҳу эътибори он дар саросари ҷаҳон нуфуз ва доманаи густариши бештар пайдо намуд. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Наврӯз ва дигар ҷашнҳои қадимии миллии мо чунин изҳори назар намуда буданд: «Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон барҳақ ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ мояи ифтихори мо аст, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст».

Ин суханони Пешвои миллат ҳақиқате аст, ки дар он ҷойи шубҳа нест, зеро Наврӯз дар баробари Сада, Тиргон ва Меҳргон аз ҷашнҳои қадимтарини миллии мо аст, ки аз даврони бостон, аз замони подшоҳии Ҷамшед ва дигар хусравони аҳди қадим ба мо мерос мондааст. Дар матнҳои бозмонда аз рӯзгори пешин ва осори назму насри гузаштагони мо дар бораи ҳикмати Наврӯз ва чигунагии пайдоиши он нақлу ривоятҳои гуногун мавҷуд ҳастанд. Аз ҷумла, пешиниёни мо Наврӯзро далели пайдоиш ва офариниши ҷаҳон дониста, гуфтаанд, ки дар ин рӯз Худованд афлокро пас аз он ки сокин буд, ба гардиш овард ва Офтобро барои он ки замон ва солу моҳу рӯз аз гардиши он шинохта шавад, офарид. Ҳамчунин мегӯянд дар ин рӯз буд, ки инсон офарида шуд ва ё нахустин шоҳи олам Каюмарс, ки ӯро бо таваҷҷуҳ ба подшоҳӣ ёфтанаш дар кӯҳ гузаштагони мо Галшоҳ ё Гаршоҳ лақаб додаанд, ба тахти шоҳӣ нишаст.

Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» бунёд ниҳодани ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед дар рӯзи ҳурмуз, яъне рӯзи аввали моҳи фарвардин – моҳи аввали тақвими аҷдодии шамсӣ нисбат додааст:

Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд.

Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,

Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Майу ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,

Ба мо монд аз он хусравон ёдгор.

Чунин нақлу ривоятҳо зиёд ҳастанд, вале ин нукта ҷойи баҳс надорад, ки Наврӯз оғози сарсабзиҳо, шукуфтанҳо ва дар маҷмуъ, эҳёи замин аст.

Аз рӯзгори қадим дар байни мардуми мо дар ин рӯз расм аст, ки ба якдигар ҳадя фиристанд ва мегӯянд, ки сабаби он ба ошкор шудани найшакар дар рӯзи Наврӯз бастагӣ дорад. Ба ин маънӣ, ки рӯзи Наврӯз Ҷамшед найеро дид, ки обҳои даруни он ба берун таровиш карда буд ва чун Ҷамшед дид, ки он ширин аст, амр намуд, ки оби ин найро берун оваранд ва аз он шакар сохтанд. Ҳамин гуна сирри шакар ошкор шуд. Ҳамин аст, ки дар ибтидо мардум барои якдигар дар Наврӯз шакар ҳадя мефиристоданд.

Бори нахуст бунёдгузори давлати Ҳахоманишиён Куруши Кабир (559-530 то мелод) соли 538 пеш аз милод Наврӯзро ҷашни миллии мардуми мо эълон намуд. Дар ин рӯз дари боргоҳи подшоҳони Аҷам ба рӯйи мардум боз гардида, ҳоҷати ниёзмандон раво, маҳбусон озод, гунаҳкорон авф карда мешуданд.

Дар замони Дориюши аввали Ҳахоманишӣ (522-486 то мелод) Наврӯз дар Тахти Ҷамшед баргузор мешуд.

Ин нукта ҳам ҷолиб аст, ки бунёдгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон (224-241) соли 230 мелодӣ давлати Римро шикаст дод ва талаб намуд, ки Рим ҷашни Наврӯзро ба расмият шиносад. Сенати Рим ҷашни Наврӯзро дар қаламрави Рим бо номи «Луперкал» ба расмият шинохт.

Мегӯянд, ки пешиниёни мо обро дар баробари оташ муқаддас медонистанд ва дар аҳди Сосониён дар бомдоди рӯзи Наврӯз мардум ба ҳам об мепошиданд. Аз замони ҳукмронии Ҳурмузи аввали сосонӣ (272-273) дар шаби Наврӯз афрӯхтани оташ расм гардид. Аз замони Ҳурмузи дувуми сосонӣ (302-309) расми додани сикка ё танга ба сифати идӣ пайдо шуд.

Дар аҳди Сомониён (875-999) низ Наврӯз бо шукуҳу ҷалол таҷлил мешуд.

Дар рӯзгори давлатдории Аббосиён дар Бағдод ва дигар шаҳрҳои хилофат мардум дар кӯчаҳо бо нидои «шукра-н-Найруз» ҳамдигарро муборакбод мегуфтанд.

Баъдан бо шарофати Истиқлол ва саъйи ҳамвораи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Ба расми маъмул, гузаштагони мо дар рӯзи Наврӯз либоси нав ё тозаву озода дар бар карда, аҳли ҳар хонавода бар сари хони наврӯзӣ менишастанд. Хони наврӯзӣ аз ҳафт син, яъне сипанд, себ, сиёҳдона, санҷид, суманак, сикка ва сабзӣ ё гандуми сабзида ва ҳафт шин, яъне шакар, шир, шароб, шиннӣ, шамшод, шамъ, шона иборат буд.

Маросиму ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн ё хонатаконӣ, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, аёдати беморон, ёд намудани руҳи гузаштагон, навозиши сари ятимону бепарасторон, хайру эҳсон ба ниёзмандону дармондагон ва ғайра аз суннатҳои неки наврӯзӣ мебошанд, ки аксари ин ойинҳо то имрӯз дар мамлакати мо вуҷуд доранд. Бахусус, ёд кардани гузаштагон ва дастгирии бечорагону дармондагон аз анъанаҳои хуби Наврӯз ба шумор мераванд.

Мардуми моро аз рӯзгори қадим дар баробари «ориёӣ» бо сифати «озодагон» ҳам ном мебурданд, ки ин вожа бо «ориёӣ», яъне озодаву наҷибзода ҳаммаъно аст. Устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва бузургони дигар дар сурудаҳову нигоштаҳояшон сареҳан гузаштагони моро «озодагон» ном бурдаанд. Бинобар ин, як суннати муҳимми Наврӯзи озодагон озодагию покизагӣ ва покизарӯзгорӣ аст.

Бинобар ин зарур аст, ки ҳар яки мо ба хотири ободию шукуфоии ҳарчи бештари сарзамини аҷдодиамон суннатҳои наврӯзӣ, аз ҷумла озодагию покизагии зоҳиру ботинамон ва шаҳру деҳоти мамлакатро шиори зиндагӣ қарор диҳем ва барои тантанаи Наврӯзи оламафрӯз дар ҳар чор фасли сол ва ҳамасола ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёфтани Тоҷикистони азиз содиқона хизмат намоем.

Ҳасани Султон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ