09 Apr 2024
Submitted by Admin
909

Баҳори соли 2018 дар толори Академияи илмҳо дарси забони авестоӣ барои пажӯҳишгарон ва омӯзгорони риштаи забоншиносиву эроншиносӣ оғоз гардид. Устоди забони авестоӣ мутахассиси забонҳои эронии бостон аз Фаронса ҷаноби Раҳом Аша буданд. Дар рафти дарсҳо маълум шуд, ки Раҳом Аша бисёр шахси ботамкину фурӯтан бо ҷаҳонбинии фарох, донандаи чандин забонҳои куҳану муосир, нуктадону нуктасанҷанд. Ҳангоми баргузории дарсҳо аз китобхонаи олими маъруф, нависанда, пажӯҳишгар ва устоди донишгоҳи Теҳрон ва донишгоҳи Сорбоннаи Париж дар риштаи таърих – Ҳумо Нотиқ (равонашон шод бод!) ҳам баҳравар шудем. Китобхонаи Ҳумо Нотиқ бо теъдоди чанд ҳазор нусха китоб ба тозагӣ аз Фаронса бо кӯшиши шогирди бонуи донишманд – Раҳом Аша ба Тоҷикистон интиқол шуда буд. Пас аз як сол дар толори Академияи илмҳо устод Раҳом Аша ба пажӯҳишгарон ва омӯзгорони макотиби олӣ алифбои суғдиро омӯзонда, чанде аз матнҳои суғдиро барои мо – шогирдон овонависӣ ва тарҷума карданд. Дар поёни дарсҳо устод ба мо чанд таълифоти худро тақдим карданд, ки аз ин лутфу марҳамати эшон бениҳоят шоду миннатдор шудем ва ҳоло нуҳ китоби устодро дар даст дорам. Соли 2019 китоби “Забони авестоӣ”-и устод дар толори Академияи илмҳо дар ҳузури олимону муҳаққиқон рӯнамоӣ шуд.
Устод шахси фавқулода хоксоранд, ҳангоми навиштани мақола аз эшон феҳристи мақолоту китобҳояшонро пурсон шудам, гуфтанд феҳрист надорам, сипас аз эшон хоҳиш кардам, каме аз зиндагиномаашон бигӯянд, то ба ҷомеаи Тоҷикистон муаррифиашон намоям, дар ҷавоб навиштанд (бо пӯзиш аз устод айни матни номаро меорам): “برايم سخت است که ابر خودم به نويسم. اوشنر گويد که ابر سه کس نه شايد پيشتر چيز گفتن: زن ِ آبستن تا نه زايد، مرد ِ جنگی تا از جنگ باز نيايد، ... من نيز بهتر دانم که پس از من ازم به گويند.
Раҳом Аша – риёзидон ва эроншиноси маъруф, шаҳрванди ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Академияи миллии улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори фахрии Донишгоҳи Самарқанд, соли 1957 дар устони Гелони сарзамини Эрон ба дунё омадаанд. Аз соли 1982 дар кишвари Фаронса зиндагӣ ва кору фаъолият мекунанд. Соли 1985 поённомаи дуктурои худро дар риштаи риёзӣ аз Ecole Pratique des Hautes Etudes дифоъ намудаанд. Мавсуф аз соли 1987 ба омӯзиши забоншиносӣ ва санскрит дар Институти таҳқиқоти Шарқии Бҳандаркари Пунаи Ҳинд ва ҳамчунин ба мутолиаи забони оромӣ дар Донишгоҳи католикии Париж машғул шудаанд. Соли 1989 Раҳом Аша мудири муассисаи пажӯҳишии Эрик дар Париж таъйин мешаванд. Аз соли 1990 бо муассисаи K.R. Cama Oriental Institute ҳамкорӣ намуда, бархе аз мақолот ва китобҳои худро интишор намуда, феҳристи нусхаҳои хаттии нав аз забонҳои авестоӣ, паҳлавӣ, санскрит, гуҷаротӣ ва порсиро дар ҳамкорӣ тартиб додаанд. Соли 2003 мадраки доктори улуми фалсафаро аз Донишгоҳи байналмилалии озод бо тахассуси доруҳои мукаммал дарёфт мекунанд. Муаллифи беш аз бист китобанд ва дар ҳоли ҳозир ба таҳияи луғати решашинохтии забони суғдӣ машғул мебошанд. Аз китобҳои ба дасти мо расидаи устод инҳоянд:
“Озарбоди Маҳраспандон: партаве нав абар зиндагӣ ва бархе аз корҳош”
(آذرب‍ادِ م‍ه‍رس‍پ‍ن‍دان‌: پ‍رت‍وی‌ ن‍و اب‍ر زن‍دگ‍ی‌ و ب‍رخ‍ی‌ از ک‍اره‍اش‌ (پاریس: ارمان ۲۰۰۲) تهران: تیمورزاده،۱۳۸۲-396ص)
Китоб дар бораи Озарбод писари Маҳрспандон аз хонадони осрунони Эроншаҳр, ки дар асри III-IV мелодӣ умр ба сар бурдааст, мебошад. Бо кӯшиши Озарбод “Авесто” ва “Занд” гирдоварӣ ва веросторӣ шудааст ва “Авесто” ва “Занд”-е, ки имрӯз ба ёдгор дорем, пораҳое аз он матни веростаанд.
Китоб аз ду бахш иборат буда, бахши аввали он “Зиндагӣ, кардаҳо ва чоштаҳои Озарбод”-ро фаро мегирад. Дар ин бахш, ки аз 15 фасл иборат аст, бар мабнои сарчашмаҳои мутафовит дар мавриди ном ва меҳану замони зиндагии Озарбод баҳс меравад. Дар дигар фаслҳо матнҳое, ки ба Озарбод рабт доранд, омадаанд: сухан аз Монӣ ва анҷумани ӯ бо муғон; андарзҳо ва озандҳо, номи рӯзҳо, чанд вожаи Озарбоди Маҳраспандон, ки ба мардум гуфт ва омӯхт, “ки ба ёд доред ва аз рӯяш кор кунед”; бисту ду вожа – фарҳанги кӯчак ба номи Озарбод аст, ки “ҳамонанди бархе аз сомонҳои ин матн андар “Динкарди шашум” низ бозёбем” (Озарбоди Маҳрспандон, 292); “Андарзҳои Озарбод ва пазира” – андарзҳои Монӣ, ки дар “Динкарди севум” нахуст даҳ андарзи Озарбодро оварда, он гоҳ пазираи ҳар андарзе, сухане аз Монӣ ёд кард” (304); “Неҳиши чизҳои гетӣ” – як матни кӯчак аз Озарбод аст, ки чизҳои гетиро ба панҷ баҳр кунад ва ин матн ба порсиг (Позанд), форсӣ ва арабӣ омадааст. Дар дигар зерфаслҳо матнҳое аз дини беҳӣ омадаанд, ки ба гумони муаллиф Озарбод “ҳамчун веростори Авесто беҳтар аз ҳар кас метавонист ба як матни авестоӣ абар патит колбаде нав бибахшад ва ё худ бо баҳрагирӣ аз суханони “Авесто” патитномае бисозад” (Озарбоди Маҳраспандон, 328) ва ҳамчунин “Номи ситоиш” – ниёши порсиг, ки андар “Хурда Авесто” пас аз ниёиши vīspa humata омадааст; дар фасли “Суханони пароканда” суханони Озарбодро, ки дар матнҳои гуногуни порсиг ва паҳлавиву форсӣ ва арабӣ иқтибос шудаанд, ҷой гирифтаанд. Дар бахши дувуми китоб – “Огоҳиҳо ва ёдҳо абар Озарбод” ҳар ҷо ки сухан аз Озарбод рафтааст, шуруъ аз “Занди Авесто”, “Динкард” ва дигар осори порсиг, ҳамчунин аз осори форсиву арабӣ дар ин китоб гирдоварӣ ва манзури хонандагон шудааст. Китоби мазкур пажӯҳиши муфассалест, ки муаллиф барои дарёфти тамоми сарчашмаҳои давраи қадиму асрҳои миёна ба забонҳои порсигу форсӣ ва арабиву урду ва адабиёти зиёди ғарбӣ кӯшидааст ва дар охири китоб ҳамаи матнҳоро, ки марбут ба Озарбоданд ё аз Озарбод қавле меоранд ё аз ӯ ёд мекунанд, меорад. Дар китоб ҳар ҷое матни порсиг омадааст, вожагони он тафсир ва решашинохтӣ шудаанд. Дар бахши “Неҳиши чизҳои гетӣ”-и китоби мазкур матн аз “Динкард”-у аз матнҳои паҳлавӣ, аз Позанд, матнҳои арабии суханони Озарбод аз китобҳои “Ал-ҳикмата-ал-холидат”, “Ал-басоир ва ал-захоир”, матни форсӣ аз “Ривояти Шобур Баручӣ”, “Насиҳат-ул-мулук”, “Таърихи гузида” гирдоварӣ шудаанд (Озарбод, 312-324). Ин ҷо чанд андарзи Озарбодро, аз китоби мазкур меорем:
Ҳар гоҳ шигифттарин чиз расад, ба Яздону дин гумонманд магардед (285).
Ма бисёр шод гардед, ҳар гоҳ некӣ-тон расад (285).
Ҳар чи-тон ба хештан нек наёяд, бо дигар кас макун (287).
Хубӣ кунед! Чӣ хубӣ хуб аст, нек аст хубӣ, ки бад-он низ хубӣ ситоянд (287).
Ба занон густох мабошед, то ки ба шарму пушаймонӣ нарасед (287).
Роз ба занон мабаред, то ранҷи бисёр-тон набошад (286).
Матни “Позанд”ривояти дигаре аз андарзи Озарбод ба писараш:
Писар(м) бегуноҳ бош, то бебим бошӣ!
Сипосдор бош, то (ба некӣ) арзонӣ бошӣ!
Барои гоҳ макӯш! Ба дӯстон яконагӣ (кун)!
Бо солорон ва подшоҳон яке ба ду макун! (245).
Китоби “Вирозагон” як матни навёфта ба порсиг аз нигораҳои дастнавишти Ҳинд (BNFIndien 722 ), ки за ҷониби Раҳом Аша нахустин бор омӯхта шуда, бо овонависӣ ва матни “Ардавирозагон” ба чоп расидааст. (ویرازگان.همراه با آوانویسی ویرازکن و ارداویرازگان.- تهران، 1396.-88ص.)
Дар китоб ду матн – яке матни порсиги “Вирозагон” бо овонавишт ва дувумӣ овонавишти “Ардавирознома” омадааст. Гузориши мазкур дар бораи, чунончи аз матни “Ардавирофнома/Ардавирознома” маълум гашт, дар бораи сафари осмонии муғ – Вироз ба бињишт ва дўзах ва барзах рафтан ва дар бозгашт ва тавсифи дидаҳояш аст. Матни мазкурро муғони порсӣ аз рӯйи Буннавишт бознависӣ кардаанд ва онро “бо андешаи рӯзгори Сосонӣ созгор сохтанд” ва барои намуна муаллифи китоб ёд накардани хешовандӣ миёни наздиконро медонад. Ба андешаи Раҳом Аша “Ардавирознома” саррост аз “Вирозагон” барнаёмада, балки аз матни куҳани дигаре бо номи “Ардавирозгон” баромадааст, “ки барои гузидае аз рӯнавишти “Позанд” ба кор рафта буд”. Номи қаҳрамони гузориш Вироз (vīrāz/vīrāf) дар “Авесто” зикраш рафтааст: vīrāzahe aṣaonō fravaṣim yazamaide – Фаравашии Вирози ашаванро меситоем (Вирозагон, 3). Вироз дар замони Виштоспшоҳ зиста, пас аз даргузашти Зардушт, шоҳ ӯро аз “ҷаҳони зиндагон” (šahr ī zindagān) ба “ҷаҳони мурдагон” (šahr ī murdagān) фиристод ва ду эзад – Сурӯш ва Озар ӯро ба пули чинивад (činivatō pərətu) раҳсипори ҷое карданд, ки доварии рашн, андешаҳову гуфторҳо ва кирдорҳои мурдаро бо тарозуяш месанҷид ва “низ ба ҷое раҳ намуданд,ки дӯзахиён бо деву друҷу подофроҳ медиданд”. Матни “Вирозагон”-ро дастур Нӯшервони Марзбон бо ёрии ду дастури дигар хонд.
Матни “Ардавирозагон” бо вуҷуди аз матни “Вирозагон” ҷудо будан, барои овонависӣ ва дарёфти дурусттар барқарор сохтани матни навёфтшуда кӯмак мекунад. Барои намуна порае аз матнҳои мазкурро меорем, то умумият ва тафовути онҳо барои хонандаи нуктасанҷ ошкор бошад:
Вирозагон 30:
аni vēn-z-um ruvān īmard-ē kē ped rasan ō dušox āguxt ēstād.
pursum an vīrāz kū: ēn mard čē vināh kird?
ōh gōbend srōš ahlā ud ādur yazd: kū ēn ruvān ī ōy mard kē ped zindagān sōgnd ī drōv xvard (31). – “ Дигар, равони мардеро дидам, ки бо расан ба дӯзах овехта буд. Мепурсам (ман Вироз), ки: Ин мард чӣ гуноҳе карда буд? Суруш Ард ва Озар Эзад мегӯянд, ки: Ин равони он мард аст, ки чун зинда буд савганди дурӯғ мехӯрд” .
Ардовирозагон 40:
ēgum dīd ruvān ī zan-ē kē uzvān hame kand.
u-m pursīd kū ōy tan čē vināh kird kū ruvān ōn grān pādifrāh bared
guft srōš ahlā ud ādur yazd kū ēn ruvān ī ōy durvand zan kē ped zīndagān tēz-uzvān būd (62) – “Дигар, равони занеро, ки забони худро меканд. Пурсидам, ки: Ин тан (шахс) чӣ гуноҳ карда, ки равони ӯ чунин подафраҳи (азоб) гарон мебарад? Суруш Ард ва Озар Эзад мегӯянд, ки: Ин равони он зани дурванд (кофир) аст, ки дар зиндагӣ теззабон буд”.
Китоби “Омӯзаи пизишкии муғон”
آموزه‌ی بزشکیِ مغان (پوسته‌ی یک) (پاریس: ارمان ۲۰۰۰) ) иборат аз 157 саҳифа мебошад. Мавзуи китоб таълимоти пизишкии муғон мебошад ва муаллиф дар мавриди омӯзаҳои пизишкӣ мегӯяд: “Қасди мо дифоъ аз гузаштаи худ ва ё перостанаш нест, ҳарчанд бад-он вобаста ва ё дилбаста бошем, кори мо шинохти чаҳорчӯби андешаи муғон аст ва мехоҳем бидонем, ки ҷуз он чӣ абар корҳои пизишкӣ муғон овардаанд, оё метавон аз бизишкии вижа ёд кардан аз они худи муғон, ки ба буни авестоӣ ва ё куҳан-эронӣ баста бошад”(Омӯзаи пизишкии муғон, 15). Муаллиф дар бораи пизишкии муғон аз матнҳои юнонӣ, лотин ва оромиву ҳиндӣ нишон ҷустаанд. Чунончи суханони файласуфи замони атиқа Палиниюси Меҳтар ва гувоҳӣ аз Пруклус, ки чаҳор навиштаро аз Зардушт хондааст, омадаанд: “аз ҳастон ба ном ёд накард, магар аз зарурат, ки ӯро вой хонанд” (15). Донишмандони ҳиндӣ – гузорандагони пизишкии “Аюрвед” номи як пизишки эронии балуҷ (Конкоин) - kāṅkāyano bāhlika bhiṣaj-ро ёдовар шудаанд.
Устод Раҳом Аша бар асоси матнҳои авестоӣ ва порсиг, ки “осебдида ва ё ба сурати ривоятҳои тозатар (ва аз ин рӯ дастхӯрда) ба мо расидаанд” омӯзаи пизишкии муғонро дар тарҳи аслиаш овардааст ва аз он пас ба кори татбиқӣ шуруъ кардааст.Душвории хондани матнҳо ба он расонидааст, ки пораҳои омӯзаӣ-назарӣ баъзан ба иллати “бадхониашон” мубҳаманд, бинобар ин муаллиф “ночор” гоми нахустро аз дуруст хондани дастнавиштаҳо оғоз кардааст. Чунончи матни Динкарди сеюм матне “абар пизишкии авестоӣ” боқӣ мондааст, ки Раҳом Аша онро бозхонӣ кардааст, порае аз онро ин ҷо меорем:
“Танпизишкӣ шаш бахш дорад, ки номҳои динӣ (-авестоӣ)-ашон иборатанд аз аҳлоипизишкӣ (ahlāyī-bēšāzišnīh); оташпизишкӣ (ātaš- bēšāzišnīh), гиёпизишкӣ (urvar- bēšāzišnīh), кордпизишкӣ (kārd- bēšāzišnīh), доғпизишкӣ(dāg- bēšāzišnīh), меҳрпизишкӣ (mānθr- bēšāzišnīh).
Пизишкии аслӣ (андар ин шаш) меҳрпизишкӣ аст, ки андар гетӣ аст ва ҳадафи аслиаш бе реш(ҷароҳат) ва бе дарду бе ранҷ (гардонидани) тан аст ва бо афсун ва ниранги меҳрӣ тез берун бурдани беморӣ аз тан” (Омӯзаи пизишкии муғон, 24). Фасли сеюм – “Тани мардум ҳамчун гетӣ”, ки масоили ҷаҳоншинохтӣ ва пизишкӣ, баҳраҳои ҷаҳон ва ҷаҳони кӯчак ва пайдоиши онро фаро мегирад. Дар динкарди сеюм тани ҷаҳон иборат аст аз оташ, об замин аюшуст (филиз), урвар (гиёҳ, дарахт), гӯспанд (ҷонвар) ва мардум ва ин ҳафт ном дар “Авесто” ба назар мерасад: asman, āp, zam, urvarā, ātar, nar, aṣavan. Тани мардум иборат аст аз мағз, хун, раг, пай, устухон, гӯшту мӯй (36-37). Номҳои муодили чаҳор (-zahag) унсури гетиро аз матнҳои “Ривояти паҳлавӣ”, “Гузориши гумон шикан” ва “Гузидаҳои Зодспарам”-ро ин ҷо мебинем: čahār zahagān ī hend vād, ātaš, ā ud gil, bun ī gētīgān čihr - “ Чаҳор устуқус (унсур), ки буни табиати чизҳои модианд, иборатанд аз бод, оташ, об, гил” (39). Инчунин дар китоб масоили беҳоншиносӣ, сохтмони тану ҷон, андомшиносӣ ва бемориҳо, тандурустӣ ва дармон, ахв ва маниш, пизишкӣ ва пешаи севум аз нубиги(китоб) муғон омадааст. Дар бахши тандурустӣ ва дармон сухани кӯдаке аз “Андарзҳои пешингон” омадааст: xāstag, tan-dtustīh veh – “тандурустӣ беҳтарин хоста (сарват) аст”.
Китоби дастури забони авестоӣ (Avesta; A Grammatical Précis (Dushanbe: Academy of Sciences, Tehran: Sade, 2019) ба забони англисӣ дар Теҳрон соли 2019 дар 20 ҷузъи чопӣ аз нашр баромад. Дар муқаддимаи китоби мазкур муаллиф менависад, ки китоб хулосаи дарсҳояш аст, ки дар соли 2018 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуданд, бинобар ин дар рӯйи китоб номи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Ин китоб барои омӯзиши забони авестоӣ васоити таълимии хубу судманд аст. Китоби мазкур барои доншҷӯёни забоншинос пешбинӣ шудааст ва вожагони авестоӣ дар он решашинохтӣ шудаанд. Инчунин муаллиф ба президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ, ба Парвона Ҷамшед, Масъуди Миршоҳӣ барои мусоидат кардани баргузории дарсҳои забони авестоӣ изҳори сипос кардааст. Китоб аз сарсухан ва чунин фаслҳо иборат аст: низоми навишторӣ – алифбои авестоӣ ва овонавишти он, фонология – низоми фонемаҳои аслии забони форсӣ-ориёӣ (Original Perso-Aryan), низоми садоноку ҳамсадоҳо, морфология – сохтори морфемаҳо, аблаут ва калимасозӣ; морфологияи вербалӣ (морфологияи каломӣ), ташкили асос (поя) – асоси замони ҳозира (асосҳои тематикӣ), асоси аорист, асоси замони гузашта, сиғаҳои феъл, гунаи феълҳои ғайритасрифӣ, ҳиссаҳои номии нутқ – исму сифату ҷонишину шумора; дигар ҳиссаҳои нутқ чун зарф, ҳиссача, пайвандак, нидо.
Бояд қайд кард, китоби мазкур аз диди нави пажӯҳишӣ бидуни назарияҳои якранг доир ба забони авестоӣ дар илми эроншиносии ҷаҳон анҷом шудааст. Забони китоб сода буда, вижагиҳои фонологиву морфологии забони авестоӣ кӯтоҳу мушаххас бо овардани шавоҳид баён шудаанд. Дар аввали китоб алифбои авестоӣ бо овонавишт ва намунаи вожагон омадааст, ки хонандаи боҳуш мустақилона метавонад онро ёд бигирад. Ҳангоми нишон додани вижагиҳои дастурии вожагон муаллиф шакли авестоии калима ва овонавишти онро бо тарҷумаи он бо забони англисӣ меорад, ки чунин равиши овардани вожагон ба хатти авестоӣ дар яке аз аввалин дастурҳои забони авестоӣ – китоби “Дастури забони авестоӣ”-и Вилям Ҷексон (ниг.W.Jekson. Avestian grammar, 1800) ё дар китоби «Асосҳои забоншиносии эронӣ. Забонҳои эронии қадим» (Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки, 1979) ба назар намерасад.
Шинохт ва таснифи асосҳои дастурии таркиби забони авестоии ин китоб аз пажӯҳишҳои қаблии муҳаққиқон фарқ мекунад. Чунончи авестошиноси рус С.Н. Соколов чаҳор сиғаи феълро дар ин забон муайян кардааст: конъюктив, оптатив, инъюнктив, императив (Соколов С.Н. Авестийский язык, Москва,1961). В.Ҷексон чунин сиғаҳои феъли забони авестоиро меорад: ваҷҳи ахборӣ, ваҷҳи амрӣ, ваҷҳи илтизомӣ, ваҷҳи таманноӣ ва дар китоби “Авесто”-и Раҳом Аша панҷ навъи сиғаи феъли забони авестоӣ шинохта шудааст: “Avesta possesses five moods indicative, injunctive, subjunctive, optative and imperative ”.
Китоби “Забони порсиг” (Pārsīg Language (The so-called Pahlavi). Parts of Speech, Word Formation, and Phonology. – Tehran: Sade, 2017.-501p). “Pārsīg language (The so-called Pahlavi)” Ин китоб аз сӯйи Марям Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон ба порсӣ баргардонда ва мунташир шудааст. Китоби мазкур аввалин китоби грамматикаи тавсифии (descriptive) забони паҳлавист, ки вижагиҳои дастурӣ – морфология ва фонологияи забони паҳлавиро фаро мегирад. Китоб аз се қисм иборат буда, дастур ба равиши таҳқиқи диахронии вожагони порсиг таҳия шуда, дар баробари овардани шавоҳид гунаи онҳо дар забонҳои эронӣ ва санскрит таҳия шудааст. Дар қисми аввали китоб – “Part І. Parts of Speech” вижагиҳои морфологии забони порсиг ба монанди исму сифату ҷонишин ва дигар ҳиссаҳои нутқ баррасӣ шуда, чунин оғоз мешавад: “Забони порсии қадим аз ҷониби соҳибонаш pārsa – “порсик”, airya – “ориёӣ” ном бурда мешуд ва забонҳои хешованди ин забон ва адабиёти ба асрҳои баъдӣ тааллуқдоштаро порсиг мегуфтанд. Порсиг – бештар машҳур чун паҳлавӣ дар сарзамини Порсу Ориёӣ то барҳам хӯрдани шоҳигарии Ориёиҳо (асри VІІ) забони лингво-франко буд”. Равиши нигориши ин китоб низ аз китобҳои қаблӣ доир ба забони форсии миёна аз ҷониби В.С. Расторгуева, А.Тафаззулӣ ва Ж.Омӯзгор, Ф.Ҷунайдӣ таълиф шуда фарқ мекунад. Масалан, муаллиф ҳангоми овардани исмҳо шарҳи этимологӣ ва ҳолатҳои сарфии онҳоро манзури хонандагон мекунад: “dēn (дин) “religion” Аvesta̓ < daianā- f. (Av. daēnā): dēn<daianā. Sg. (Av. Daēna/ G daēnā nom. sg.daēnam acc.sg.)…”
Zan “woman, wife ̓ <*jani-, zanin, also zanān (Av.jaini-/ G. jəni-f. jainiš nom. sg., jaininam gen. pl., Parthian - žan, žanin, Pāzand -zani)”(Забони порсиг,14). Ё ин ки дар фасли сифат сухан аз мавқеи сифат бар мавсуф, алоқаи байни онҳо ба воситаи ī/īg меравад ва шавоҳид оварда мешавад: dēn ī veh – “дини беҳӣ”, nēv mard – “марди далер”.
Қисми дуюми китоб дар боби калимасозии вожагони забони форсии миёна мебошад, ки дар он равиши сохтани калимаҳо ба воситаи пешвандҳо шарҳ ёфтааст: (a-, an-, duš, -ham, hu, -jud, -pad) – duš-men, ham-gēhān ва пасвандҳо (-kā, -ag, -g, -īg, ūg, -ōg, -ānag, -agā, -īh, -vār, -stān, -ār) – kadīzag, frāzīh, sōgvār, pārvār, dādestān, vāzār; навъҳои вожагони мураккаб (kārnāmag, āzadmard, nevdil) ва мураккаби омехта (drustravišnīh).
Қисми сеюми китобро масоили фонологияи забони порсиг ташкил додааст, ки дар он ҳар як фонема таъриф шуда, дар таркиби вожагони порсиг ва инчунин дар забонҳои форсии бостон, авестоӣ, санскрит, суғдӣ, паҳлавониг, арманӣ ва Позанд, форсии муосир нишон дода шудааст. Чунончи: az from, of, out of < *hača (Old Persian hača, Avestan hačā, Sanskrit sacā, Parthian až, Pāzand əž).
Китоби “Сруг номак” (The Book of Psalms. srōg nāmag.- Paris: Ermān 2000.-95р.) пораи асли матни Забури паҳлавиро бо овонавишт ва шарҳи вожагони он фаро мегирад. Матни мазкур солҳои 1904-1905 аз калисои насрониён дар Булоик – шимоли Турфон дар миёни ёдгориҳои насронии суғдӣ пайдо гардид. Матн мутааллиқи асрҳои VІ-VІІІ замони Сосониён буда, танҳо 12 саҳифаи он - мазомири 94/17-99/6, 118/124-142 и 121-136/3 бо осеби зиёд то замони мо боқӣ мондааст. Матни Забур аз забони суриёнӣ ба форсии миёна аз ҷониби настуриҳо тарҷума шудааст. Нахустин бор Ф.Андреас (1910) дар бораи ин ёдгорӣ маълумот додааст. Баъдан К.Барр матни аслро бо тарҷума дар соли 1933 ва Саъиди Урён овонавишт ва тарҷумаи матнро дар соли 2004 ба чоп расонид. Дар муқаддимаи китоб сухан дар бораи ёфт шудани ёдгории мазкур ва номи тахминии матн - srōg-nāmag ё stāyšnīhā меравад. Бартарии ин китоб аз чопҳои пешин дар он аст, ки тафсири вожагони матн, гунаи сурёнӣ ва баъзан оромии онҳо дар охири китоб дарҷ гардидаанд ва бархе аз вожагони қаблан нодуруст хондаи муҳаққиқон бозхонӣ шудаанд.
Китоби Шак-уд- гумониг-визор (šak-ud-gumānīh-vizār): The Doubt-removing book of Mardānfarrokh (Introduced, translated, and edited) (Paris: Alain Mole 2004; Mumbai: K. R. Cama Orienatal Institute 2014; Paris: Alain Mole 2015.-300р). Ин китоб таълифи Мардонфаррух Урмуздод аст, ки эҳтимолан дар авохири қарни севуми ҳиҷрӣ зистааст. Маънии унвони китоб “гузориш (ё шарҳ)-и гумоншикан” буда, аз ду бахш иборат аст: бахши аввалро маҷмуаи посухҳо дар исботи ақоиди зардуштӣ ба пурсишҳои Меҳрёр писари Меҳмод ташкил медиҳад; бахши дувум ҷанбаи ҷадалӣ дошта, дар он баҳс дар атрофи динҳои ислом, яҳудия, масеҳӣ ва монавиён меравад.
Инчунин ба дасти банда мусаввадаи луғати забони суғдии (A Compendious Sogdian Dictionary) таҳиякардаи Раҳом Аша дар 20 ҷузъи чопӣ расида буд, ки имсол он интишор шуда, ба дасти ҳаводорони забони суғдӣ ва забонҳои эронӣ расид. Дар луғати мазкур вожагони суғдӣ ба забони англисӣ шарҳи маъноӣ ва дастурӣ ёфта, гунаи онҳо дар забонҳои санскрит, авестоӣ, форсии бостон, паҳлавӣ, форсиву яғнобӣ, осетинӣ, сурёнӣ, арманӣ нишон дода шудааст. Чунончи: < ̓nkwšt>(M< ̓ngwšt>)/àṁgušt/ “finger” <*àngušta-, Yaγn. unkùšt, Av. аngušta –m. “finger, (big) toe”, Skt.aṅguṣṭhà-m. “thumb”, Pers. angušt, Yaγn. aṅgušt (Луғати суғдӣ,17).
Пуркории устод ва заҳмату пажӯҳишу ковишҳои илмии ӯ касро ба ҳайрат меорад. Соли 2020 аз расонаҳои хабарӣ дар бораи китоби тозанашри устод Раҳом Аша “Паймонҳои заношӯӣ” (Marriage contracts) иттилоъ ёфтам, ки дар он паймонҳои заношӯии барҷоймонда аз Эрони куҳан ба забонҳои порсиг (паҳлавӣ), суғдӣ ва балхӣ ва тарҷумаи онҳо ба забони англисӣ ва пайнавишт ва тавзеҳи онҳо нигошта шудаанд (http://parsianjoman.org). Мақолаи устод бо номи Самарқанд (Samarkand) ба забони англисӣ дар мавзӯи ҷойноми Самарқанд, решашинохтӣ ва таҳаввулу корбурди он дар маъхазҳои қадим ва асрҳои миёна ба дастам расид, ки барои Донишгоҳи Самарқанд фиристода буданд.
Илм дорӣ, зи кас мадор дареғ,
Бар дили ташнагон бибор чу меғ. Авҳадӣ
Имрӯзҳо устоди арҷманд дар шаҳри Душанбе бо дастовези гаронарзише барои тоҷикистониён – “Луғати забони суғдӣ” ва китобҳои тозанашр ташриф оварданд. Сипос аз устоди донишманд ва пурмоя, ки аз маҳзари пурфайзи тадрису пажӯҳишҳои илмиашон баҳра бурдаем ва ба эшон барори кору тандурустиву комёбиҳои нави илмӣ хоҳонем.

Фарангис Шарифзода
директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ