21 Nov 2022
Submitted by Admin
2832

Фарҳангҳои пурқудрат дар тамоми таърихи инсоният мудом бар фарҳангҳои хурду кӯчак бартарӣ дошта, тадриҷан онҳоро ба худ фурӯ мебаранд, ки ин ҳодисаи табиии таърихист. Вақте ба таърихи ҷаҳонӣ назар мекунем, пайванди фарҳангҳо қабл аз ҳама дар натиҷаи бархӯрди онҳо ба миён меояд. Дар даврае аз таърих кишваре пурқудрат гашта, кишварҳои дигарро зери тасарруфи худ медарорад ва ба ҳамин васила раванди ҷаҳонигароиро тавсеа мебахшад – халқу қавмиятҳо ба ҳам наздик ва фарҳангҳо омехта мешаванд ва аз тарафи дигар, фарҳангҳои хурде, ки миёни халқу қавмиятҳои хурд вуҷуд дорад, тадриҷан ба фарҳангҳои бузург дохил шуда, як унсури фарҳанги азим мегарданд. Агар ба таври маҷмӯӣ гирем, дар раванди ҷаҳонигароӣ ҳамаи фарҳангҳои хурду кӯчак ҷузъҳои ҷудонашавандаи фарҳанги умумибашариро ташкил медиҳанд. Аз ҳамин ҷост, ки ҳифзу нигаҳдории ин фарҳангҳо ба унвони дастовардҳои башарӣ бисёр муҳим аст.

Мо имрӯзҳо метавонем бо истифода аз дастовардҳои илму техника тамоми масъалаҳои умумибашариро омӯзем, таҳқиқ кунем ва сабт карда, барои ояндагон нигаҳдорӣ намоем. Бинобар ин, ҷамъоварӣ, гурӯҳбандӣ ва сабти анъанаву суннатҳои маҳаллии манотиқи гуногун аз тарафи пажӯҳишгарон баҳри ба наслҳои оянда мерос мондани онҳо бисёр муҳим мебошад. Ин нукта дар асари Президенти Ҷ.Т. Асосгузори сулҳу Ваҳдат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон “ Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” (2006) хеле барҷаста ва нозукбинона инъикос ёфтааст. ӯ дар ин асар нисбат ба вазъи пажӯҳиши забонҳои помирии Бадахшон менигорад: “Ба назари ман дар натиҷаи таҳаввулоти давраи нави таърихи миллатамон шояд забонҳои помирӣ дар асари марҳалаи сифатан нави равобит ва таъсири мутақобил таѓйиру таҳаввули ҷиддии ногузир хоҳанд дид, вале мо бояд кӯшиш кунем, ки ин забонҳо ҳамчун сарвати маънавии халқамон ҳифз шаванд”.

Дар шароити нави ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ба ҳам омехта, ҳавзаҳои фарҳангӣ ба ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, шинохти ин фарҳангҳо, донистани осори фарҳангу тамаддуни ин халқҳо, забони онҳо бисёр муҳим аст. Агар  мо мехоҳем ба худшиносии миллӣ бирасем, бояд пеш аз ҳама забони модарии худро аз худ кунем, аз унсурҳои фарҳангии худ бохабар шавем, онҳоро ҳангоми суҳбат бо намояндагони халқҳои дигар муаррифӣ ва таблиѓ карда тавонем ва аз тарафи дигар, бо таъриху тамаддуни он халқҳо ошноӣ пайдо намоем. Яъне, омӯхтан, донистани забонҳои дигар дар заминаи забони миллӣ ё забони модарии худ бисёр муҳим аст. Албатта ин пахлуи масъала бахши бисёр муҳимми сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳамагон шоҳидем, ки имрӯзҳо забонҳои русиву англисӣ дар заминаи забони тоҷикӣ омӯхта мешаванд ва албатта дар шароити муосир донистани на танҳо забонҳои русиву англисӣ, балки забонҳои дигари дунё низ муҳим аст. Бинобар ин, ҷавонони тоҷикро, ки имрӯз дар донишкадаву донишгоҳҳои бонуфуз ва дар шароити мусоид таҳсил мекунанд, зарур аст, ки дар бахшҳои муҳимми муносибатҳои давлатӣ бо кишварҳои дигар фаъол бошанд. Яъне омӯзиши фарҳанг, тамаддун, забон, сиёсати давлатҳои дунё, махсусан давлатҳои абарқудрат барои пешрафти минбаъдаи мардуми мо хеле муҳим аст. Аз тарафи дигар, ду марҳилаи инқилоби илмию техникӣ – дар қарни гузашта ва идомаи он дар асри XXI тақозо мекунад, ки мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисоди халқи мо аз тамоми дастовардҳои техникӣ огоҳ бошанд, тарзи истифодабарии онҳоро омӯзанд ва дар сатҳи касбӣ аз онҳо баҳрабардорӣ намоянд. Маълум аст, ки имрӯз барои омӯхтани ин гуна дастовардҳои илму техника дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо тамоми шароит муҳайё аст, раванди ҷаҳонигароӣ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати “дарҳои боз” аст, ин шароитро фароҳам овардааст. Аз ҳама муҳим аз худ кардани донишҳои техникӣ ва дар амал татбиқ намудани он аст. Мо тоҷикон ҳам бояд ба ин раванди ҷаҳонигароӣ бо ҳамон дастовардҳои илмию техникии худ шомил шавем. Ин як унсури бисёр муҳимми пешрафти ҷомеаи мо ба хисоб меравад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки дастовардҳои таърихии худро омӯзем, муҳтаво ва арзиши фарҳангии онҳоро тарѓибу ташвиқ намоем, онҳоро ба мардум ошно созем, то ҳамин унсурҳои фарҳангии ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи мо ба андозае оммавӣ шавад, ки ҷомеаи шаҳрвандии мо онҳоро ҳам истифода кунад, ҳам таблиѓ намояд ва ҳам ба унвони арзишҳои фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён пешкаш кунад ва аз ҳама муҳим, онҳоро ҳимоя кунад. Ин масъалаи асосии фарҳангии мо дар раванди ҷаҳонигароӣ аст.

Дар дарозои таърих мардуми тоҷик аз тарафи халқҳои ҳамсояи худ чун халқи тамаддунофару фарҳангӣ шинохта шуда буд ва имрӯз ҳам месазад, ки мо меросбарони ин фарҳангу тамаддуни оламшумул таҷрибаи гузаштагонро аз худ карда, дар амал татбиқ намоем, ки албатта ин кори осон нест. Имрӯз расонаҳои иттилоотии мухталиф бо назардошти манфиатҳои гурӯҳии давлатҳои алоҳида ба ҳар навъ таблиѓоту ташвиқот мебаранд. Махсусан, гирифтани пеши роҳи таъсири манфии фарҳангҳои бегона хеле муҳим аст. Пешгирии ҷалби ҷавонони камсавод ба гуруҳҳои мухталифи террористӣ ва бунёдгароёна, аз гирдоби хатарҳои экстримистӣ эмин нигоҳ доштани онҳо вазифаи ҳар як зиёӣ мебошад. Сарвари тоҷикон, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ муҳим будани ин масъаларо чунин зикр кардаанд: Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд. Мо тоҷикон, ҳарчанд давлати ҷавони соҳибистиқлол дорем, вале фарҳанги ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи мо худ оламгир аст. Моро танҳо зарур аст, ки бо огоҳии дуруст, бо пажӯҳишҳои дақиқ ва ба таври шоиста онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Бояд қайд кард, ки фарҳанги мо ҳанӯз аз тарафи гузаштагонамон ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ шуда буд ва бисёре аз унсурҳои фарҳангии мо имрӯз ҷаҳонӣ шудааст, ки ҷашни Наврӯз беҳтарин намунаи он аст.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ тамоми унсурҳои заруриро соҳиб аст, яъне дар тамоми қаламрави Тоҷикистон васеъ истифода мешавад, ҳамчун забони давлатии коргузорӣ аз тарафи тамоми вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию ѓайридавлатӣ ва дар муносибатҳои байналмилаии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди корбурди фаъол қарор дорад. Яъне, агар хулоса карда гӯем, тибқи гуфтаҳои Пешвои миллати мо, Сарвари тоҷикони ҷаҳон, забони тоҷикӣ ё ин ки забони модарии мо дар паноҳи давлат қарор дорад. Бисёр як ибораи машҳур аст, ки «Забон дар паноҳи давлат аст», ё худ «Давлат дар паноҳи забон аст», ки ин аз гуфтаҳои Пешвои миллати мост.

Дар Тоҷикистон баҳри таҳкими пояҳои давлатии забони тоҷикӣ корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Агар аз нуқтаи назари таърихӣ нигарем, танҳо даврони Истиқлол мо забони тоҷикиро ба ҳадде мустаҳкам намудем, ки имрӯз забони тоҷикӣ тамоми рукнҳои истифодаи забони давлатиро доро гардидааст, яъне забони фаъол, забони пуё ва забони зоё аст. Имрӯз забони мо ба асли худ баргашта истодааст ва тамоми унсурҳои дигаре, ки дар забони миллии мо аз давраҳои пешин то имрӯз вуҷуд доштанд, ба таври васеъ, фаъол истифода мешаванд ва худи ҳамин сели хурушони вожаҳову истилоҳоте, ки имрӯз ба забони тоҷикӣ ворид гаштаву мавриди истифода қарор доранд, шоҳиди возеҳи гуфтаҳои болост. Забони тоҷикӣ тадриҷан ба забони илм табдил шуда истодааст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯроҳои ҳимоя дар чумҳурӣ таъсис меёбад таъсис меёбад ва коршиносон, забоншиносон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисоди халқи мо метавонанд ба забони тоҷикӣ рисолаҳои худро ҳимоя намоянд, ки ин заминаи устуворест баҳри забони илм гардидани забони давлатии мо.

Албатта, боиси ифтихор аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ ба ин андоза равнақ ёфта истодааст.

Забони мо се давраи таърихиро аз сар гузарондааст: давраи бостон, давраи миёна ва давраи нав. Дар давраи нави таърихи забон – замоне, ки гунаҳои дигари забон, яъне забонҳои миёнаи эронӣ ба забони тоҷикӣ табдил ёфт ва забони тоҷикӣ шакл гирифт, дар ҳолати шаклгирии ин забон мо ба як таҳоҷуми бисёр бузурги фарҳангӣ – ҳуҷуми араб дучор шудем. Дини ислом дар ин минтақа ривоҷ ёфт, забони арабӣ забони илм ва забони коргузории давлатӣ гардид ва ба андозае ба забони модарии мо таъсир кард, ки имрӯз як бахши бисёр муҳимми таркиби луѓавии забони моро вожаҳои арабӣ ташкил медиҳанд. Ҳатто кор ба дараҷае расида буд, ки дар як матне, ки ба забони тоҷикӣ нигошта мешуд, тақрибан 5-6 иқтибоси арабӣ вуҷуд дошт. Яъне, забони мо ба андозае махлут гардида буд, ки агар ҳамин тавр идома меёфт, оҳиста-оҳиста мисли дигар забонҳои он давра, ба монанди забонҳои сурӣ, қибтӣ, забонҳои барбарии Африқои шимолӣ ва ѓ., ки забони арабӣ онҳоро фурӯ бурд, аз байн мерафт. Вале хушбахтона, бинобар он тавоноие, ки забони модарии мо дошт ва заҳмати он донишмандоне, ки ба ин забон эҷод карданд, баҳри устуворсозии ин забон хидмат карданд, забони мо аз байн нарафт. Дар даврони оѓози ташаккулёбӣ, ба  ҳамлаи араб гирифтор шуд, вале аллакай баъд аз 200 соли хомӯшӣ ё тақрибан баъд аз 150 соли хомӯшӣ, ки дар ҳама ҷо забони арабӣ ҳукмрон буд, забони мо тавонист он тавоноиеро пайдо кунад, ки бо ин забони муқтадири дунё рақобат намояд, мавқеи худро соҳиб гардад ва аллакай дар асри X ба як забони тавонои давлатӣ ва расмиву коргузорӣ табдил шавад. Аз қарни XI шурӯъ карда, забони модарии мо забони байналмилалии минтақаи бисёр васеъ аз Осиёи Хурд то Ҳиндустон гардид ва тахминан то асри XIX ин мавқеи худро ҳифз карда, дар ҳавзаи паҳноваре истифода мешуд. Ин ҳолатро ҳам метавон як навъ ҷаҳонигароии ҳамон давра қаламдод кард.

Глобализатсия, ҷаҳонишавӣ ё худ ҷаҳонигароӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст. Дастовардҳои илму техника дар қарни XX халқҳои ҷаҳонро бисёр ба ҳам наздик кард. Аз тарафи дигар, мо дар асри XXI дар истиқболи ҷаҳонишавии нав ҳастем. Имрӯзҳо дастовардҳои илму техника, махсусан дастгоҳҳои иттилоотӣ ба андозае иқтидор доранд, ки дигар марзҳои сиёсӣ монеи барқароршавии муносибатҳои халқу миллатҳо шуда наметавонанд. Имрӯзҳо шоҳид ҳастем, ки хабаре дар як минтақаи ҷаҳон сар занад, фавран оламгир мешавад. Яъне принсип ё усули ҷаҳонигароӣ дар шароити муосир тавре амал карда истодааст, ки акнун башарият дар пешорӯйи баҳамойӣ қарор доранд, яъне фарҳангҳо ба ҳам омада истодааст, омехта шуда истодааст ва як фарҳанги томи умумибашарӣ ба миён омада истодааст.

Албатта дар ин раванд рисолати зиёиён басо назаррас аст, зеро тамоми он осору дастовардҳои фарҳангие, ки имрӯз мо доред маҳсули заҳмат ва эҷоди фарҳангиён, зиёиён аст. Маҳз зиёиёни мо ҳастанд, ки бо забони ноби тоҷикӣ асарҳо менависанд, шоҳасарҳо меофаранд ва симои фарҳангии миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Ман боварӣ дорам, ки аҳли зиёи кишвар дар ин марҳилаи таърихии мавҷудияти мо тоҷикон низ парчамбардорони воқеии фарҳангу тамаддуни чандҳазорсолаамон гашта, онро ба тариқи шоиставу сазовор ва бо обурангу тарҳи муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ