11 Jan 2023
Submitted by Admin
435

Имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ конференсия дар мавзуи "Паёми роҳнамо" перомуни Паёми ояндасози Президенти кишвар баргузор гардида, бардошту таассурот ва андешаву назари хешро ходимони илмии Институт дар он баён карданд. Маҷлисро директори Институт Фарангис Шармфзода ҳусни оғоз бахшида, сипас мудири Шуъбаи адабиёти муосир Беҳрӯзи Забеҳулло маърузаи худро таҳти унвони "Паёми илҳомбахши Пешво" манзури ҳозирин намуда, муҳимтарин нуктаҳои Паёмро шарҳу тавзеҳ дод. Ӯ дар суханронии хеш бештар дар бораи таъкиди Пешвои миллат дар масъалаи маориф сухан гуфт.

Сарходими шуъбаи адабиёт, доктори илми филология Умриддин Юсуфӣ дар суханрониаш қайд кард, ки "Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимми сиёсии кишвари мо дар соли гузашта мебошад. Бад-ин далел, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро дар доираи як барномаи мукаммал тарҳрезӣ карданд.

Агар ин маъниро ба таъбири дигар баён созем, дар ин ҳуҷҷати асосии сол муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ҷамъбасту арзёбӣ ва дар навбати худ вазифаҳои оянда муайян ва мушаххас гардидааст.

Сипас мудири шуъбаи адабиёт профессор А.Сатторзода дар суханрониашон дар бораи арзиши Паём гуфтанд, ки " Паёми Президенти кишвар ҷамъбасти яксолаи тамоми самтҳои кишвар аст. Паём бояд сармашқи кори мо бошад". мудири Шуъбаи забонҳои бостон ва ориёӣ, номзади илми филология А.Мирбобоев ба кори конференсия ҳусни анҷом бахшида, таъкид карданд, ки " Паём - роҳнамои рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва маорифи кишвар аст. Рушди ҷомеа аз маориф вобаста аст ва маориф фардои мост".

Дар охири ҷаласа кормандони Институт якдилона тасмим гирифтанд, Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳанд, ва бо комёбиҳои назарраси илмӣ дар рушди нумуи илми кишвар саҳмгузор бошанд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО