ОСОРХОНАИ АДАБИИ МУЪМИН ҚАНОАТ

7 ноябр бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ  дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз осорхона ва пайкараи  Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бо харҷи 4 миллион сомонӣ, барои арҷгузорӣ ба  шахсияти  устод Муъмин Қаноат бунёд гардидаст.

Пайкараи шоир дар баландии 4 метр ҷойгир шуда, гирдогирди он бо санги мармари истеҳсоли корхонаҳои саноатии ноҳия оро ва сабзу хуррам гардонда шудаст.

Дар осорхона асарҳои гаронбаҳо, аксу мусаввараҳои таърихӣ бо чеҳраҳои шинохтаи кишвар, мукофотҳои давлативу ҷамъиятӣ, ки аз фаъолият ва эҷоди устод Муъмин Қаноат нақл мекунанд, ҷой дода шудаанд.

Зимни боздид аз осорхона Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба сохтмони он баҳои баланд дода, онро намунаи олии сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон кард. Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода чун нишони эҳтиром дар китоби меҳмонони фахрӣ соядасти хешро гузошт.

Бо мақсади иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода №2к/27-45 аз 19.11.2022 ва мувофиқи қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз санаи 13.12.2022 №148 Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани нигоҳубини минбаъдаи хона-музейи шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат тибқи тартиби муқарраргардида, тавозуни он ба Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ гузаронида шуд.

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО