Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).

Муҳаммадиев Шамсиддин Муродович зодаи  деҳаи Тагоби Халқи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд мебошад.

Солҳои 1967-1975 дар мактаби рақами № 41 зодгоҳаш ва солҳои 1975-1977 дар мактаби миёнаи № 6 ба номи Абдусалом Деҳотии деҳаи Ғӯсар таҳсилро ба поён расонидааст. Фориғуттаҳсили  факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (рӯзона) мебошад.

Аз 1-уми июли 1983 дар шуъбаи адабиёти халқҳои Ҳинду Покистони Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти илмӣ оғоз кард.

Солҳои 1985-1986 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси тарҷумони Созмони ҷавонони умумииттифоқ дар назди Созмони  ҷавонони Афғонистон дар вилояти Бодғис адои вазифа намуд.

Баъди бозгашт аввал дар шуъбаи таърихи тамаддуни  Осиёи Марказӣ, сипас дар шуъбаи ҳинду эроншиносии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳқиқ пардохт.

Соли 2009 рисоли номзадии хешро дар мавзуи «Маосири Раҳимӣ»  ҳамчун сарчашмаи адабиёти форсии тоҷикӣ дар асрҳои XVI-XVII» дифоъ намуд.

         Солҳои 2012-2017 ба ҳайси дабири масъули маҷаллаи “Суханшиносӣ”-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ  кор кардааст.

Солҳои 2017 ва 2019-2021 котиби илми Институти забон ва адабиёт будааст.

Аз 25 майи соли 2021 ба вазифаи муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ кор мекунад.

Муаллифи беш аз 200 мақолаи илмӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ се нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд.

         Саҳми Шамсиддин Муҳаммадиев дар рӯдакишиносӣ назаррас аст. ӯ яке аз муҳаққиқони пуркори осори Рӯдакӣ буда, аз муаллифони асосии “Донишномаи Рӯдакӣ” (иборат аз се ҷилд, ҷилдҳои 1-2, Душанбе: Дониш, 2008 ва ҷилди 3, Душанбе: Дониш, 2019) мебошад. Танҳо дар ҳамин Донишнома беш аз 150 мақолаи ӯ дар бораи паҳлуҳои гуногуни осори боқимондаи Одамушшуаро Рӯдакӣ интишор шудааст. Илова ба ин, мавсуф  дар мақолаҳои ҷудогонаи хеш перомуни осори мансуб ба Рӯдакӣ, маъхазҳои ашъори бозмондаи устод, таъсиру нуфузи осор ва афкори шоир ба шоирони дигар, масъалаҳои матншиносии он масъалаҳоеро ба таҳқиқ гирифтааст, ки дар рӯдакишиносӣ тоза мебошанд.

         Шамсиддин Муҳаммадиев яке аз муаллифони таҳқиқоти арзишманди “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ” (ҷ. 1, Душанбе: Дониш, 2019, 660 саҳ.) буда, бахши “Адабиёти форсии тоҷикӣ дар асрҳои VIII-IX” (сс. 589-670) ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Дар таҳия ва нашри осори хаттии гузаштагон саҳми басазо дошта, ашъори Робиаи Балхиро (ҳамроҳ ба А. Маликова) баргардон ва чоп кардааст. Рисолаи “Арзишҳои адабии “Таърихи Байҳақӣ” (Душанбе, 2014) дар таҳия, тасҳеҳ ва тавзеҳи ӯ ба чоп расидааст.

Шамсиддин Муҳаммадиев дар конфронсҳои III-уми умумииттифоқии шарқшиносон (Душанбе, 1988), Симпозиуми байналмилалии 1400- солагии Борбад (Душанбе, 1989), 675- солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ (Душанбе, 1989), бузургдошти Амир Ҳасани Деҳлавӣ (Эрон, Зоҳидон, 2008), 1150- солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (Душанбе, 2008), Ҳамоиши байналмилалии Бузургдошти Робиаи Балхӣ (Душанбе, 2010), Анҷумани  VI  байналмилалии устодони забон ва адаби форсӣ (Теҳрон, 2011), Ҳамоиши байналмилалии Бузургдошти Шайх Озарии Исфароинӣ (Эрон, Исфароин, 11-13. 11. 2011); Ҳамоиши байналмилалии илмӣ ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ «Масъалаҳои нашр, таҳқиқ ва таълими мероси Рӯдакӣ дар даврони муосир» (Душанбе, 22 сентябри 2014); Ҳамоиши байналмилалии 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ (Душанбе, сентябри 2014); Ҳамоиши байналмилалии Бузургдошти Шоҳ Қосими Анвор (Эрон, Турбати Ҷом, 20-22. 08. 2015), Симпозиюми байналмилалии 675-солагии Амир Алишери Навоӣ (Кобул, 11-16 апрели 2016), Конференсияи байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» (Хуҷанд, 28-29 октябри 2016), конференсияи байнал-милалии «Равобити адабӣ ва таъсири мутақобилаи фарҳангҳо» (Тирмиз, 19-20 апрели 2019), Симпозиуми байналмилалии “Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёт ва фарҳанги Шарқ” (Хуҷанд, 15-17 октябри 2020), конференсияи байналмилалии “Тӯрақул Зеҳнӣ ва фарҳангу адаби форсии тоҷикӣ” (Душанбе, 2022), конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Густариши равобити адабию фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: ҳолат ва дурнамо”(Душанбе, 2022), Симпозиюми байналмилалии “Фирдавсӣ ва ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” (Душанбе, 2022) ширкат ва суханронӣ намудааст.

Узви Ассосиатсияи байналмилалии шарқшиносони умумииттифоқ мебошад.

Бо мукофотҳои Ифтихорномаи КМ Созмони ҷавонони умумииттифоқ (Иттиҳоди Шӯравӣ), Ифтихорномаи КМ Созмони ҷавонони демократии Афғонистон (Афғонистон), медалҳои “Аз халқи миннатпазири афғон”(Афғонистон), “Даҳсолагии Инқилоби Савр”(Афғонистон), “Аълочии қувваҳои сарҳадии Иттиҳоди Шӯравӣ”(Иттиҳоди Шӯравӣ), “Даҳсолагии Артиши миллӣ” (Тоҷикистон), Ифтихорномаи Академияи илмҳо (Тоҷикистон) сарфароз гардонида шудааст.

 

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО