ТАЪРИХИ ШУЪБАИ ФОЛКЛОР           

   Таъсиси шуъбаи фолклор. Пас аз ташкил ёфтани Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакии АМИТ (собиқ АИ ҶТ) зарурати созмон додани шуъбаи фолклор ба миён омад. Ҳамин тавр, дар таърихи 29-уми марти соли 1958 бо фармони №30 дар назди Институт бахши фолклор ва шевашиносӣ таъсис дода шуд ва номзади илми филология Раҷаб Амонов мудири он таъйин гардид. Дар оғоз мутахассисоне, монанди С. Норматов, Ф. Зеҳниева ва Б. Шермуҳаммадов дар шуъбаи фолклор ба кор ҷалб шуданд. Инчунин, дар ҳамон сол кормандони ҷавоне, мисли Р. Аҳмадов ва М. Холов, баъди хатми шуъбаи таъриху филология Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон тавассути роҳхати Донишгоҳ дар ин бахш ба кор шуруъ карданд. Сипас, ихтисосмандони дигар, амсоли А. Суфиев (1958-1965), Раҳматов Ҳ. (1959- 1972), С. Фатҳуллоев (1960), Н. Шакармамадов (1960-1967), Қ. Ҳисомов(1960-1989), Г. Раҳматова (1960-1989), Н. Улуғзода (1960-1992), Д. Обидов (1961), Ф. Муродов (1961), Т. Неъматов (1961-1967), А. Назарова (1961-1982), Б. Тилавов (1961), Ҷ. Рабиев (1962-1992), Р. Ширинова (1962-1967), С. Маҳдиев (1961-1982), И.Г. Левин (1965-1974), К. Ахмадов (1968-1974), Ш. Умарова (1978), М. Мирзоева (1965-1992), Д. Маҳкамова (1982-1990), М. Латифов (1986-1992), Ш. Мирзоева (1989-1992) ба тартиби синхронӣ дар шуъбаи фолклор ба кор қабул шуда, дар муддати муайн дар ин бахш фаъолият намуда, дар ҷамъоварӣ, таҳлилу таҳқиқ ва таҳияву нашри осори халқӣ саҳми худро гузоштаанд. Инчунин, қобили зикр аст, ки муҳаққиқоне, монанди Ш. Мирзоева, Д. Ятимов, С. Мақсудова ва Н. В. Иванова низ муддати кӯтоҳе дар шуъбаи фолклор кор кардаанд.

   Шуъба бо муруи замон аз лиҳози неруи кор тақвият ёфта, теъдоди коргарон маҳсули кори онҳо афзоиш пайдо мекард. Масалан, соли 1969 дар шуъбаи мазкур 27 нафар корманд, аз ҷумла чор нафар корманди калони илмӣ, 15 нафар корманди хурди илмӣ, 3 нафар лаборанти калон, 5 нафар лаборант ва 1 нафар аспирант ба фаъолият машғул буданд.

    Дар заминаи маводди гирдовардашудаи осори халқӣ дар шуъбаи фолклор Фонди фолклор бунёд гардид. Муҳофизат ва истифодаи босамари Фонд масъулияти махсусро тақозо мекард. Бинобар ин, фолклоршиносон С. Норматов, М. Холов ва баъдан Қ. Ҳисомов ба тартиби муайян вазифаи назорат ва мудирии ин ганҷинаи осори мардумро анҷом додаанд. Ҳамчунин, бояд қад намуд, ки Ф. Муродов аз соли 1962 мудирии фондро ба дӯш гирифт. Ғамхорӣ ва сайъу талоши ӯ буд, ки ин ганҷина дар солҳои нооромӣ (солҳои 90-ми асри XX) бидуни осеб маҳфуз монд. Шуъба зарурати ба таври видиёӣ ва аудиёӣ сабт намудан ва омӯхтани эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷикро ба эътибор гирифта, ҳанӯз дар солҳои 1958-1959 мутахассиси варзидаи соҳаи дастгоҳҳои аудиёиву видеоӣ Э.А. Швартсро ба кор ҷалб намуд.

   Шуъба аз оғози фаъолият ба ҷамъоварии анвои гуногуни осори халқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сол ба сол дар ин росто бо ҷиддият ба фаъолият мепардозад. Ҳар сол чанд гурӯҳи фолклоршиносон ба маҳалҳо рафта, намунаҳои гуногуни осори халқро ҷамъоварӣ менамуданд. Инчунин, ҳайатҳои кории фолклоршиносӣ ба шаҳру навоҳии тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ҷиҳати гирдоварии маводди фолклорӣ ба сафарҳои хидматӣ фиристода мешуданд. Дар натиҷа, осори зиёду арзишманди фолклорӣ аз тоҷикони бурунмарзӣ гирдоварӣ ва таҳқиқ гардаанд. Соли 1958 моҳҳои июл-август гурӯҳи фолклоршиносон: Р. Амонов (сарвар), Р. Аҳмадов, М. Холов ва Т. Исроилова дар ноҳияи Ашт ковишҳои фарҳангӣ гузаронида аз мардуми ин ноҳия намунаҳои зиёди осори халқӣ гирд оварданд. Соли 1959 як ҳайате аз фолклоршиносон: Б. Шермуҳаммадов (роҳбар) Ф. Зеҳниева, М. Ҳодиева ва Р. Аҳмадов ба муддати се моҳ дар шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои атрофи он – Форишу Нурато ба ҷамъоварии осори халқӣ машғул буданд. Чунин экспедитсияҳои фолклоршиносӣ ба вилоятҳои Бухоро, Қашқадарё, Фарғона ва Сурхандарёи Узбекистон то соли 1965 фиристода мешуд ва маводди аз он ҷамъоваришуда Фонди фолклори тоҷикро хеле ғанӣ гардонид.

   Бояд гуфт, ки аз тарафи Шуъба дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам экспедитсияҳои фолклоршиносӣ созмон дода шудаанд. Аз ҷумла, солҳои 1960 то 1964 бо роҳбарии Н. Шакармамадов дар вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон чандин сафари таҳқиқотӣ анҷом ёфт ва дар натиҷаи осори гуфтории мардуми Бадахшон гирдоварӣ ва ба ганҷинаи шуъба ворид карда шуд. Инчунин ба қадри имкон дар вилояти Кӯлоб, гурӯҳи ноҳияҳои тобеи марказ, водиҳои Вахшу Ҳисор ва дар баъзе минтақаҳои     Афғонистон таҳқиқоти фолклоршиносӣ анҷом дода шуда, осори зиёди халқӣ гирдоварӣ шуда ба Фонд ворид гардид.

   Қобили зикр аст, ки дар гирдоварӣ, таҳия ва таҳқиқи маводди фолклорӣ корманди илмие, ки дар экспедитсияҳо иштирок кардаанд, саҳми арзанда гузоштаанд ва мо зарур донистем, ки ба унвони аргузорӣ номи онҳо ва замони созмонёбии экспедитсияҳоро дар ин ҷо қайд намоем: вилояти Бухорои Узбекистон (соли 1960): Б. Шермуҳаммадов (роҳбар), Р. Аҳмадов, С. Аҳророва, Т. Исроилова ва Э.А. Шварц; водии Вахш (соли 1960): Р. Амонов (роҳбар), Б. Шермуҳаммадов, Т. Исроилова, Х. Отахонова ва Э.А. Шварц; ноҳияи Варзоб (соли 1959): Б. Шермуҳаммадов (роҳбар) Д. Обидов, Ҳ. Раҳматов, С. Мерганов, Т. Исроилова; ноҳияҳои Варзоб ва Ҳисор (соли 1960): Ҳ. Раҳматов (роҳбар) Т. Исроилова ва Ф. Зеҳниева; вилояти Қашқадарёи Узбекистон (соли 1960): Р. Аҳмадов (роҳбар) Ҳ. Раҳматов; вилояти Қашқадарёи Узбекистон (солҳои 1958-1961): Р. Қодиров; Ноҳияҳои Ховалинг ва Данғара (соли 1962): Ф. Муродов (роҳбар), С. Аминова ва М. Миркамолова; вилоятҳоии Сурхандарё ва Қашқадарёи Узбекистон (соли 1966): Б. Шермуҳаммадов (роҳбар), Д. Обидов, Р. Аҳмадов, Б. Тилавов ва С. Маҳдиев; Конибодому Исфара (соли 1967): Д. Обидов (роҳбар), С. Назаров ва Ҷ. Рабиев; ноҳияҳои Кӯлоб, Ховалинг ва Данғара (соли 1962): Ф. Муродов (роҳбар) С. Аминова ва М. Миркамолова; ноҳияҳои Ғарму Тоҷикобод (соли 1979): Д. Обидов (роҳбар) Ятимов; ноҳияҳои Ҷиргатолу Тоҷикобод соли 1982 Қ. Ҳисомов (роҳбар), Ф. Муродов, Ш. Умарова, М. Аъзамова ва Д. Маҳкамова; ноҳияи Ваҳдат (собиқ Орҷеникидзе) (соли 1983): Р. Аҳмадов (роҳбар), М. Латифов ва Ш. Умарова; вилояти Қашқадарёи Узбекистон (соли 1984): Р. Аҳмадов (роҳбар), Р. Қодиров ва С. Фатҳуллоев; ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззахи Узбекистон (соли 1977): Б. Шермуҳаммадов (роҳбар), Р. Аҳмадов; ноҳияи Панҷакент (соли 1979) Д. Обидов (роҳбар) Ҷ. Рабиев; ноҳияи Балҷувон (соли 1986) Ш. Умарова; ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ (соли 1991): Т. Исроилова ва Х. Вазирова. Ҳамчунин, С. Фатҳуллоев солҳои 1960-1961 дар Қурғонтеппа ба ҷамъоварии достонҳои эпоси “Гӯруғлӣ” машғул гардида, аз гурғулисарои забардаст Ҳақназар Кабуд 33 достон, аз Раҳимов Карим (аз Муъминобод) ва Алиев Сайдалӣ (Данғара) абёти зиёдеро сабт намуда, ба «Ганҷинаи фолклори ба номи академик Раҷаб Амонов» супоридааст.

Таъсиси бойгонии осори фолклори тоҷик. Таъсиси бахши библиографӣ, бахши сабти овоз.

   Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари экспедитсияҳои фолклоршиносӣ дар ганҷинаи фолклори Институт, ки бо номҳои «Фонди фолклори тоҷик», «Фонди адабиёти шифоҳии тоҷик», «Захираи дастнависҳои фолклори тоҷик» низ зикр мешавад, маводи фаровони фолклорӣ ҷамъоварӣ шудааст. Забони аксари осори ганҷина тоҷикӣ буда, дар он инчунин маводҳои узбекӣ русӣ ёфт мешаванд. Аксари осори гирдоваришуда бо ҳуруфи кириллӣ навишта шудаанд ва баъзе мавод бо хатҳои арабӣ ва лотинӣ сабт гардидаанд. Дар ин ганҷина намунаҳои осори фолклории тоҷикони Афғонистон ва Эрон низ мавҷуданд. Инчунин, ба ганҷина фолклор фонди профессор Загуров, ки ӯ маводро солҳои 30-юм дар маҳбас аз тоҷикони маҳбус ҷамъ меоварад, ворид гардидааст.

 Шуъба соли 1965 барномаи таҳия ва чопи “Куллиёти фолклори тоҷик”-ро дар 20 муҷаллад пешниҳод кард. Ба ин мақсад ду нафар коркунони шуъба М.М. Явич ва Ҳ. Раҳматов барои омӯхтани таҷрибаи фолклоршиносони рус ва ҷумҳуриҳои назди Балтик ба сафари хизматӣ фиристода шуданд. Онҳо дар Ленинград бо яке аз фолклоршиносони ботаҷриба Исидор Ҳаймович Левин мулоқот намуда, дар мавриди танзими «Куллиёти фолклори тоҷик» машварат карданд. Ҳамин тавр, И. Ҳ. Левин соли 1965 ба Душанбе даъват карда шуд. Бо машварати вай барномаи танзими маводи Фонди фолклор оғоз гардид ва дар ин кор бештари кормандони шуъба ширкат намуданд. Дар натиҷа, фонд дар асоси усули нави илмӣ тартиб ва танзим гардид. Тибқи ин усул ҳама захираи дастхатҳои фолклори тоҷик тавассути нумиратор (мошини рақамгузор) рақамгузорӣ намуда, ҳар як жанри фолклориро дар варақаҳои Фонд бо нишонаҳои ФФI, ФФII, ФФIII ишора карда, сабт кардаанд. Сабти асарҳои фолклории Фонд аз ФБI шуруъ гардида, то ба ФБII идома пайдо кард.

    Пас аз анҷоми ин корҳо масъалаи танзими феҳрасти жанрҳои фолклорӣ пеш омад. Кормандони илмии Шуъба ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, бо ҳайати зерин: Р. Амонов, Б. Тилавов, Б. Шермуҳаммадов, И. Азимов, Ф. Зеҳниева, Р. Аҳмадов, С. Норматов, С. Маҳдиев, Д. Обидов, Ҷ. Рабиев, Ф. Муродов, Ҳ. Раҳматов, Н. Улуғзода, Қ. Ҳисомов, С. Фатҳуллоев, Н. Шакармамадов, Э. А. Шварц, М.М. Явич, Т. Исроилова, Р. Ширинова, З. Увайдова, М. Ҳабибова, М. Мирзоева, Н. Мардонов (аспиранти шуъба) ба танзими феҳрести осори фолклории Фонд пардохтанд.

   Фолклоршинос М.М. Явич ба бахши пажуҳиш наср, ки щайати он аз Д. Обидов, Ҷ. Рабиев ва С. Маҳдиев иборат буд, сарварӣ менамуд. Онҳо дар марҳилаи аввали танзим ва таҳияи Куллиёт, ки солҳои 1966-1970-ро дар бар мегирифт, афсонаҳо дар бораи ҳайвонотро бо усули нав ба чоп омода намуданд ва он соли 1981 аз ҷониби нашриёти адабиёти Шарқ дар Москва ба табъ расид. Танзимгарони ин куллиёт И. Левин, Ҷ. Рабиев ва Мирра Явич буданд. Китоб аз масалу афсонаҳо дар бораи ҳайвонот иборат аст.

   Исидор Левин дар пешгуфтори ин куллиёт роҷеъ ба назарияи жанри афсона, таърихи ҷамъоварии афсонаҳо дар бораи ҳайвонот дар миқёси ҷаҳон, назарияҳои генеративӣ, ҷуғрофию таърихӣ, сотсиологӣ, фалсафаи масал, бадеияти он, репертуари куллиёт ва китобномаи ин жанр дар илми ҷаҳонӣ тафсилоти ҷолиб баён доштааст. Ба ҷилди аввали куллиёти фолклори тоҷик олимони афсонашиноси ҷаҳон низ тақризҳои мусбат навишта буданд.

   Гурӯҳи сурудшиносон, ки он аз Б. Шермуҳаммадов (роҳбар), Р. Аҳмадов, Ф. Зеҳниева ва С. Фатҳуллоев ва Ш. Умарова иборат буд, дар давраи дуввуми кори танзими Куллиёт (солҳои 1981-1996) мебоист ба таҳия ва чопи ин навъи осори халқӣ мепардохтанд. Инчунин, аз ҷониби ин гурӯҳ ҷилдҳои «Сурудҳои ҷашни арусӣ». «Сурудҳои мавсимӣ ва кору меҳнат» ва «Сурудҳои бачагона»-и “Куллиёти фолклори тоҷик” омода шуда буд, ки ин ҷилдҳо дар нашриёти «Дониш» бояд чоп мешуданд.

   Гурӯҳи насршиносон, таҳти роҳбарии М.Л. Явич дар ҳайати Д. Обидов, Ҷ. Рабиев ва С. Маҳдиев ба кори танзими ҷилдҳои “Куллиёти насри халқӣ” оғоз намуданд. Олимони ин гурӯҳ барои танзими куллиёт корҳои таҳқиқотии худро пеш бурданд. Бо сарварӣ ва раҳнамоии И. Ҳ. Левин М. М. Явич дар мавзуи «Афсонаҳои тоҷикӣ дар бораи ҳайвонот» ва Ҷ. Рабиев «Таснифи моҳияти воситаҳои ривоятӣ дар насри халқии тоҷик» рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Инчунин аз ин гурӯҳ Д. Обидов дар мавзуи «Афсонаҳои ҳаҷвии маишии тоҷикӣ» рисолаи номзадӣ навишта дифоъ намуд, ки он соли 1978 ба табъ расид.

   Шуъбар бо фолклоршиноси Ҷумҳурии исломии Эрон, Давлати исломии Афғонистон ҳамкории илмӣ дорад. Фолклоршиносон 5 ҷилди китобҳои шуъбаро ба хаттӣ форсӣ баргардон карда, ба нашриёти сернуфузи «Суруш»-и ҶИЭ тибқи қарордод фиристоданд, ки онҳо солҳои наздик чоп хоҳанд шуд. Асару маҷмуаҳои фолклории таълиф ва тартибдодаи олимони тоҷик Р. Амонов, Д. Обидов, Р. Аҳмадов, С. Фатҳуллоев, Б. Тилавов, Ф. Муродов, Ш. Умарова ва Равшан Раҳмонӣ аз тариқи нашрияҳои гуногуни ҶИЭ аз чоп баромадаанд ва баъзеашон дар арафаи чопанд.

Қобили зикр аст, ки дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI дар шакли китобҳои алоҳида нашри фарогирии фолклори шаҳру ноҳияҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: Рашт, Уротеппа, Данғара, Бадахшон, Кулоб, Роғун ва дигар минтақаҳои тоҷикнишини кишварҳои ҳамсоя: вилояти Қашқадарё, Бухоро, Эрон, Афғонистон, ҳамчунин такмили захираи шуъбаи фолклор таҳқиқи пайвастагии масъалаҳои поэтика ва сабки бадеии эҷодиёти мардуми дар шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти Рӯдакии АИ Тоҷикистон ва тарбияи фолклоршиносони ҷавони тоҷик, афғон ва эронӣ далели рушди фолклоршиносӣ дар Тоҷикистон мебошад.

 

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ТО ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

   Куллиёти фолклори тоҷик: «Масал ва афсонаҳо дар бораи ҳайвонот». (Ҷ.1. 1981); «Латифаҳо», (дар ду китоб. Ҷ.1. 2007); «Зарбулмасалу мақолҳо» (Ҷ.3. 1986); Куллиёти «Рубоиҳо» (1970); Куллиёти «Сурудҳо» (1980); «Шуравӣ». Ҷ.1, 2. 1979.

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

 Ҷ. Рабиев «Фолклори Уротеппа» (1991); «Зарбулмасалу мақолҳо». (Ҷ. 4. 1992); «Фолклори Данғара». Мураттиб: Ф. Муродов. (2002); «Фолклори Роғун». Тартибдиҳандагон: Р. Аҳмадов ва С. Фатҳуллоев. (2017); «Фолклори тоҷикони Афғонистон». Ҷ.1. Тартибдиҳандагон: Р. Аҳмадов ва С. Фатҳуллоев (2020); “Фолклори тоҷикони Афғонистон”. Ҷ.2.  Тартибдиҳандагон:  Р. Аҳмад ва С. Фатҳуллоев (2021); “Фолклори тоҷикони Афғонистон”. Ҷ. 3. Тартибдиҳанда: Р. Оймаҳмадов (2023).

МУДИРОНИ ШУЪБАИ ФОЛКЛОР

   Пас аз ташкил шудани шуъба дар солҳои гуногун ашхоси зерин масъулияти мудирии онро бар дӯш доштанд: д.и.ф. профессор, академик Р. Амонов (с.1958-1994), д.и.ф. Б. Тилавов (с. 1994-1996), д.и.ф. Б. Шермуҳамадов (с1996-1998) н.и.ф. Р. Аҳмадов (с. 1998-2006) н.и.ф. Д. Раҳимов (с. 2006-2016), н.и.ф. Абдуламин Маҷнунов (соли 2017 то кунун).

   Мажнунов Абдуламин аз моҳи январи соли 2017 то ҳол вазифаи мудири шуъбаи фолклорро ба уҳда дорад. Феълан кормандони зерин дар ин шуъба кор мекунанд: Р. Оймаҳмадов – ходими калон, О.Бухориев – ходими илмӣ, Г.Ёрбекова – лоборанти калон, Р. Раҳмонӣ – ходими пешбари илмӣ, Ҳ. Каримова – ходими илмӣ. Кормандони шуъба аз соли 2022 то кунун бо роҳбарии мудири шуъбаи фолклор н.и.ф. А. Мажнунов барои омода кардани ҷилдҳои чопнашудаи “Куллиёти фолклори тоҷик”, монанди “Чистонҳо”, “Байт”, “Ривоят”, “Марсияҳо”, “Дубайтӣ”, “Афсонаҳои серомез”, “Афсонаҳои ишқӣ”, “Сурудҳои ишқӣ”, “Сурудҳои туёна”, “Қисса”, “Ҳикоя ва дигар жанрҳои фолклорӣ” кӯшишу талош менамоянд.

 

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО