ШУЪБАИ АДАБИЁТИ МУОСИР

Шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ моҳи ноябри соли 1940 дар заминаи бахши таъриху лингвистикаи Шуъбаи тоҷикистонии Институти таърих, забон ва адабиёти АИ Иттиҳоди Шуравӣ таъсис дода шудааст. Шуъба дар тули солҳои фаъолияташ дар заминаи таҳқиқу омӯзиши адабиёти муосири тоҷик корҳои муҳимму бунёдиро анҷом додааст, ки дуҷилдаи «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (1956-1957) ва асари бунёдии «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо иборат аз 6 ҷилд” (1980) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар ин муддат шуъбаро академик М. Шакурӣ (1951-1988), н. и. ф. Ҳ. Шодиқулов (1988-1993), н. и. ф. А. Набиев (1993-1994), н. и. ф. Ҳ. Шодиқулов (1994-1998), д. и. ф. М. Раҷабӣ (1998-2001), академик Х. Отахонова (2003-2008), д. и. ф. Ш. Солеҳов (2009-2012), н. и. ф. Ш. Маҳмадшоев (2013-2014), н. и. ф. А. Ҳаким (2015), н.и.ф. Абдураҳимов А. (2015-2017), д. и. ф. Ш. Раҳмонов (2017-2021) сарварӣ кардаанд. Инчунин дар шуъба Р. Ҳодизода, Л. Н. Демидчик, С. Табаров, Р. Ҳошим, А. Маниёзов, А. Сайфуллоев, Ш. Ниёзӣ, С. Давронов, Ҷ. Бақозода, З. Муллоҷонова, А. Абдуманнонов, Ю. Акбаров, А. Аминов, Х. Ҳошимова ва дигарон фаъолият намудаанд.

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ТО ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Муҳимтарин дастовардҳои кормандони шуъба дар таҳқиқу баррасии адабиёти муосири садаи ХХ-XXI иборатанд аз осори Х. Отахонова «Падидаҳои навҷӯӣ» (1972), Л. Н. Демидчик «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Насри солҳои 30» (1978), М. Шакурӣ «Таърихи адабиёти советии тоҷик: насри солҳои 1945-1974» (1980), Х. Отахонова «Пайванди ҳис ва андеша» (1981), Х. Отахонова «Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик» (1983), А. Набиев «Эҷоди бадеӣ, инсон ва замон» (1983), Х. Отахонова, А. Абдуманнонов «Абулқосим Лоҳутӣ» (1987), М. Шукуров «Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ» (1987), А. Набавӣ «Тасвири олами ботинии инсон, нависанда ва замон» (1987), Ҷ. Бақозода «Нависанда ва идеали замон» (1987), М. Раҷабӣ «Тадқиқи таърих – тадқиқи характер» (1990).

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Тадқиқоти А. Набиев «Адабиёт ва нақди адабӣ» (1993), М. Шакурӣ «Хуросон аст ин ҷо. Маънавият, забон ва эҳёи миллии тоҷикон» (1996), Маъруфи Раҷабӣ «Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ», Х. Отахонова «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик» (1999), М. Шакурӣ «Равшангари бузург » (2006), М. Раҷабӣ «Сотим Улуғзода - абармарди набард ва андеша» (2004), А. Набавӣ «Нарзулло Бектош ва илму адаби тоҷики солҳои 20-30», (2004) Ш. Солеҳов «Поэтикаи жанри ҳикояи солҳои 70-80-и қарни ХХ» (2006), М. Шакурӣ «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ» (2006), М. Шакурӣ «Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист» (2006), А. Набавӣ «Бухорои шариф» сароғози матбуоти миллии тоҷикӣ», «Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ» (2015), Ш. Раҳмонов «Таҳаввули воҳидҳо ва созмони шеъри ғиноӣ дар назми форсии тоҷикӣ» (2015), Х. Ҳошимова «Жанри қисса дар насри давраи Истиқлол» (2017), А. Ҳаким «Анвои шеъри ғиноӣ (нимаи дувуми садаи ХХ)» (2020), Абдухолиқи Набавӣ «Ду чеҳраи дурахшони адабиёти муосир» (2021) ва дигарон аз ҷумлаи дастовардҳои давраи Истиқлол маҳсуб меёбанд.

Кормандони шуъба бо ҷоизаҳои адабӣ ва илмӣ, аз ҷумла Мукофоти давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Рӯдакӣ, Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Турсунзода қадрдонӣ шудаанд.

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО