Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).

Муҳамммадхоҷаева Рахшанда Аҳмадҷоновна 06.07.1989 дар ш.Душанбе дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2005 литсей-интернати президентии ш. Душанберо хатм науда, худи ҳамон сол ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба факултаи забонҳои Шарқ дохил шудааст. Донишкадаро соли 2010 бо ихтисоси муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик-забони англисӣ бо баҳои аъло хатм кардааст. Ноябри соли 2010 ба шуъбаи аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (АМИТ) дохил шудааст. Соли 2013 риштаи аспирантураро хатм кардааст. Худи ҳамин сол дар шуъбаи забони ИЗА ба ҳайси лаборанти калон фаъолияти кориашро оғоз намудааст. Аз соли 2016 то ноябри 2021 дар вазифаи ходими илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот кор кардааст. Аз ноябри соли 2021 то инҷониб ба ҳайси котибии илмии Институт фаъолият карда истодааст. Сентябри соли 2022 рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Вижагиҳои лексикӣ-семантикии “Мантиқ-ут-тайр”-и Аттори Нишопурӣ” бо роҳбарии узви вобастаи АМИТ, д.и.ф. Султон Ҳ. дифоъ кардааст.

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО