ОСОРХОНАИ АДАБӢ-ЁДГОРИИ САДРИДДИН АЙНӢ

Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ соли 1963 бо қарори КМ Ҳизби Коммунист ва Шурои вазирони Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ дар ибтидо муассисаи Вазорати Маданияти РСС Тоҷикистон буд. Сипас соли 1966 ба ихтиёри АИ РСС Тоҷикистон супорида шуд. Ба муносибати ҷашни садумин солгарди зодрузи Садриддин Айнӣ Осорхона аз нав таъмиру тармим гардида, маводу ҳуҷатҳои он зиёдтар шуданд. Осорхона соли 1978 бо Қарори Комитети Иҷроия, Шурои Вазирон ва Қарори Юнеско бахшида ба садумин солгарди зодрӯзи устод дари худро барои бинандагон боз намудааст.  Осорхона аз ҳуҷраҳои гуногун иборат буда, ҳар кадоме аз онҳо саҳифае аз зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии адабиву илмӣ ва маорифпарварии С.Айниро дар бар мегиранд.

           Осорхона дар маркази шаҳри Душанбе ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода ҳавлии №1 воқеъ гардидааст. Дар ин манзил устод Садриддин Айнӣ ҳамроҳи аҳли байт солҳои охири ҳаёти хешро (1951-1954) сипари намудааст. Шумораи экспонатҳои Осорхона 150 адад, шумораи воситаҳои асосӣ 189 адад, шумораи китобҳо наздики 2000, ки ба онҳо дохил мешаванд; асарҳои устод бо забонҳои гуногун ва нашри солҳои гуногун инчунин китобҳои ба Осорхона ворид гардида. Дар бойгонӣ дастхатҳои устод, мукотибаҳо бо шахсиятҳои гуногун, рузномаву маҷаллаҳо, китобҳое, ки худи устод аз онҳо истифода бурдааст, ҳифзу ҳимоя мегарданд.

          Дар толорҳои осорхона экспонатҳое ҳастанд, ки оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабию ҷамъиятиву илмӣ ва давраҳои гуногуни зиндагии устод маълумот медиҳанд. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии осорхона то кунун шахсиятҳои зерин барои пешбурди корҳои илмӣ фаъолият намудаанд: Марям Давлатова, Акрам Ғуломов, Шафоат Эшонова, Зуҳро Шаҳидӣ, Моҳшариф Табарова.

Айни замон ухдадории сардори шуъбаро Гулби Мусавирова ба зима доранд.

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО