ОСОРХОНАИ АДАБИИ МУҲАММАДҶОН РАҲИМӢ

Хона-музейи Муҳаммадҷон Раҳимӣ аз 14 майи соли 1969 ташкил шудааст. Нахуст дар хиёбони Рӯдакии (Рӯдакӣ,56, ҳуҷраи 8) маркази шаҳри Душанбе воқеъ буд. Соли 1969 баъди вафоти шоир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоир Муҳаммадҷон Раҳимӣ дар бораи тараққӣ додани назми советӣ хизматҳои илмӣ ва барқароркунии  Ҳокимияти советиро ба инобат гирифта барои абадӣ гардондани хотираи шоир манзили ӯро ба  хона-музей табдил дод. Зеро шоир аз соли 1966 то соли 1968, яъне то охири умри худ дар ин манзили хоксорона зиндагӣ ва эҷод кардааст. Соли 2017 бо сабаби сохтмони шаҳрсозӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хона-музейи М. Раҳимӣ ба хиёбони  Рӯдакии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кӯчонда шуд ва баъд аз кӯчонда шудан он аз «Хона-музейи  Муҳаммадҷон Раҳимӣ» ба «Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ»табдил дода шуда, аз санаи 10-уми апрели соли 2018 дари худро ба рӯйи тамошобинон боз намудааст. Осорхонаи Муҳаммадҷон Раҳимӣ ҳамчун ёдгории адабӣ ва фарҳангӣ саҳифаҳои рангину хотирмони умри шоирро муаррифӣ менамояд.

Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ аз чаҳор ҳуҷра иборат аст, ки ҳуҷраи якум - ҳуҷраи корӣ; ҳуҷраи дуюм - мероси адабӣ; сеюм ҳуҷра - китобхона, ҳуҷраи чорум бошад ашёҳои шахсӣ шоир мебошанд, ки тамошобинон метавонанд бо ҳаёт ва фаъолияти ин шахсияти таърихӣ аз наздик шинос шаванд.

Дар «Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ» асарҳои эҷодкардаи шоир, орден ва медалҳо, расму портретҳои давраҳои гуногун, асбобу анҷоми шоир китобҳои даснависи арабӣ, китобхонаи шоир, ки зиёда аз 2000 китоб мавҷуд мебошад. Инчунин 134 экспонат, ки ҳамаи онҳо то ҳол тозаву озода ва батартиб ҷо ба ҷо  шудаанд.

Самти муҳимми фаъолияти осорхонаро тарғибу ташвиқи корномаи мондагори шоири маъруфи тоҷик М. Раҳимӣ ташкил медиҳад. Дар ин самт кормандони осорхона дар рӯзҳои ба нақшагирифтаи корӣ ҳамеша ба тамошобинон аз рӯзгори ибратбахши шоир маълумоти ҷолиб пешниҳод менамоянд. Маврид ба зикр аст, ки ин муаррифӣ ба воситаи садою симо низ ба роҳмонда шудааст. Кормандони осорхонаи адабию ёдгории Муҳамадҷон Раҳимӣ ҳама сола гузаронидани зодрӯзи Шоиро бо иштироки устодону дониҷуён ҷашн мегиранд.

Муҳаммадҷон Раҳимӣ яке аз шоирони сермаҳсул, пуртаҷриба ва машҳури Тоҷикистон маҳсуб ёфта, бо эҷодиёти худ дар таърихи адабиёти муосири тоҷик мавқеи барҷастаеро ишғол менамояд.

Муҳаммадҷон Раҳимӣ соли 1901 дар қишлоқи Фоиқи райони Шофиркоми вилояти Бухоро таваллуд ёфтааст. Падараш Абдураҳим, аз аҳли санъат будааст. Шоир дар синни 12-солагиаш ба мактаби ибтидоӣ дода шуд, ки ӯ он мактабро соли 1917 тамом кардааст.  Дар ҳамон солҳои мактабхонӣ ва шогирдпешагӣ дар натиҷаи мутолиаи асарҳои адабиёти классикии тоҷик тадриҷан ҳаваси шеърхонӣ ва шеъргӯйӣ пайдо мекунад.

Раҳимӣ дар кори эҷодӣ қобилият пайдо карда, дар соҳаи назм машқҳо мегузаронд. «Гарчи ман, – менависад М. Раҳимӣ ҳанӯз дар овони ҷавонӣ ва мактабхон буданам ғазалиёти Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил ва рубоиёти Умари Хайём барин устодони суханро хонда, мафтуни шеърсароӣ шуда будам, ҳамчун як ошиқи содиқ… аз пайи шоирӣ афтода будам ва аз солҳои 1918 сар карда шеър машқ мекардам, вале то револютсияи Бухоро, ғайр аз баъзе шеърчаҳои майда, чизе дурусте ба майдон оварда натавониста будам».

«Тиллокамарон» ном шеъри дар соли 1919 навиштаи Раҳимӣ  аввалин бор садои ӯро баланд карда буд, ки дар бобати фош кардани ҳақиқати хунини аморати Бухоро ва бо муборизаи зидди амирӣ даъват намудани оммаи халқ кӯшиши аввалини шоирро мефаҳмонад.  Шеъри мазкур ин аст:

Дар ҳалқаи аморати се-чор паст бин,

Бино агар туӣ, нигар, охир, чӣ ҳаст, бин!

Бозичаест зоҳири ӯ, ҳеҷ дар назар,

Ботин муҳити аъзами хуни тар аст, бин!

М. Раҳимӣ низ донандаи хуби мусиқии классикӣ буд ва дар замони мо бо зинда гардондани мероси гаронбаҳои «Шашмақом» ҳиссаи арзандае дорад. Бо иштироки  бевоситаи ӯ ин мероси гаронбаҳо ба тартибу танзим дароварда шуда ва матни 254 оҳанги шашмақом ва матни се ҷилди оҳангҳои халқии тоҷикиро низ тайёр кардааст.

Муҳаммадҷон Раҳимӣ яке аз беҳтарин донандагони забони адабии тоҷик ва адабиёти классикии он мебошад. Таҳрири асосии «Луғати тоҷикӣ-русӣ», ки бо қалами М. Раҳимӣ анҷом ёфтааст, дар инкишофи забони адабии имрӯзаи тоҷик аҳммияти  калоне дорад. Вай дар таҳрири луғати тафсирии сеҷилдаи забони тоҷикӣ иштирок кардааст. Шумораи ҳамаи асарҳои  илмию бадеие, ки шоири маҳбуби мо таҳрир ва ба чоп омода кардааст, ба бештар аз 90 номгӯй мерасад. Меҳнати пурмашаққати луғат тартиб додан ё таҳрир намуданро аз луғатҳои бешумори забонҳои гуногуни оламро ҷамъ овардани устод мазмун мегирем.

Луғати тоҷикӣ-русии аз зери таҳрири ӯ гузаштаро дастуруламал гуфтан кам аст, вай ҳаққонӣ кӯпрукеро мемонад, ки ду соҳили дарёи азимро бо ҳам пайвастааст. Ғайр аз ин, ӯ яке аз беҳтарин тарҷумаҳои кино буда, тарҷумаи матни зиёда аз чил кинофилм ба қадами Раҳимӣ тааллуқ дорад. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ худи ӯ низ бо унвони «Фарзанди Тоҷикистон» нақшеро навиштааст, ки дар худи ҳамон солҳо ба кино гирифта шуда, дар кинотеатрҳои Ватанамон ва Эрону Ҳиндустону Арабистон мамлакатҳои хориҷӣ бо муваффақият намоиш дода шудааст. Ӯ асари А. С. Пушкин «Фаввораи Боғчасарой» ва достони В. Маяковский «В. И. Ленин»-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.  Мунтахаби дуҷилдаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, дубайтиҳои Бобо Тоҳири Ҳамадонӣ, мунтахаботи Ҷомӣ ва «Рубоиёт»-и Бедил низ аз тарафи Раҳимӣ ба чоп тайёр шудаанд.

Меросе, ки устод М. Раҳимӣ ба мо гузошт аст, ба қадршиносии беандоза меарзаду сазовор аст. Инро ҳукумати ҷумҳурӣ ба хубӣ дарк намуда, манзилашро зиёратгоҳ қарор доданд ва то ҳол қурби он  барҷост.

 

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО