ШУЪБАИ ДОКТОРАНТУРАИ Ph.D ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

 

Тартиби қабули довталабон ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дохил шудан ба зинаи таҳсилоти докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос

1. Қабул ба зинаи докторантураи Ph.D-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯйи самт ва ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки вобаста ба омода намудани докторантураи Ph.D дар ин самт Институт соҳиби иҷозатномаи намунаи давлатӣ мебошад.

2. Барои қабул шудан ба докторантураи Ph.D шахсоне ҳуқуқ доранд, ки барномаҳои таҳсилоти олии касбиро ба итмом расонида, дорои дипломи магистрӣ бошанд.

3. Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯйи барномаи магистр хатм карда, бо қарори Комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои таҳсил ба зинаи докторантураи Ph.D тавсия шудаанд, аз рӯйи ихтисоси 6D-020500-Филология (барномаи докторантураи Ph.D) бо таълифи реферат ва гузаштан аз суҳбат-озмун ҳуқуқи ба докторантура ҳуҷҷат супориданро доранд.

4. Шахсони дорои дипломи таҳсилоти олӣ аз рӯйи барномаи зинаи магистрӣ, ки ихтисосашон бо равияи интихобнамудаашон дар зинаи докторантураи Ph.D  мувофиқат намекунад, дар доираи талабот ба имтиҳон роҳ ёфта наметавонанд.

5. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос дохил мешаванд, иловатан аз фанни забони тоҷикӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

6. Имтиҳони дохилшавӣ аз рӯйи як забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (зинаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад. Имтиҳон аз рӯйи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (зинаи магистратура) дар шакли хаттӣ,  шифоҳӣ ва ё тестӣ гузаронида мешавад.

7. Таҳсил дар докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос, барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар шакли рӯзона сурат мегирад. Тартиби қабул ба докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ муайян карда мешавад.

8. Муддати таҳсил дар докторантурам Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос 3 сол мебошад.

9. Қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар зинаи докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос аз 10.08.2023 то 25.08.2023 сурат гирифта, баъди ба анҷом расидани давраи қабул, суҳбат-озмун ва имтиҳонҳо ҷиҳати қабул ба зинаи магистратура аз 28.08.2023 то 31.08.2023 давом хоҳад кард.

Макони супоридани ҳуҷҷатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, 734025 хиёбони Рӯдакӣ, 33. Тел:

 

НОМГӮЙИ ҲУҶҶАТҲОИ БАРОИ ЗИНАИ ДОКТОРАНТУРАИ PH.D, ДОКТОР АЗ РӮЙИ ИХТИСОС:

 

1. Диплом ва замимаи он (зинаи магистратура).

2. Нусхаи шиноснома.

3. Нусхаи шаҳодатномаи ҳарбӣ (барои писарон).

4. Маълумотномаи тиббӣ – шакли 038.

5. Расми андозааш 3х4 – 6 дона.

6. Ариза ба номи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (дар комиссяи қабули АМИТ дода мешавад).

7. Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули АМИТ дода мешавад) – барои докторантураи Ph.D, ки ба гурӯҳи шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.

8. Реферат (дар мавзӯе, ки ба ихтисоси интихобкарда мувофиқ бошад).

 

 

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО