ТАРТИБИ ҚАБУЛИ УНВОНҶӮ БА ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

 

1. Қабул ба зинаи унвонҷӯии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯйи самт ва ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки вобаста ба омода намудани унвонҷӯён дар ин самт Институт соҳиби иҷозатномаи намунаи давлатӣ мебошад.

2. Барои қабул шудан ба унвонҷӯйӣ шахсоне ҳуқуқ доранд, ки барномаҳои таҳсилоти олии касбиро ба итмом расонида, дорои дипломи магистрӣ бошанд.

3. Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯйи барномаи магистр хатм карда, бо қарори Комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои таҳсил ба зинаи унвонҷӯйӣ тавсия шудаанд, аз рӯйи ихтисоси 6D-020500-Филология бо таълифи реферат ва гузаштан аз суҳбат-озмун ҳуқуқи ба унвонҷӯйӣ ҳуҷҷат супориданро доранд.

4. Шахсони дорои дипломи таҳсилоти олӣ аз рӯйи барномаи зинаи магистрӣ, ки ихтисосашон бо равияи интихобнамудаашон дар зинаи унвонҷӯйӣ мувофиқат намекунад, дар доираи талабот ба имтиҳон роҳ ёфта наметавонанд.

5. Имтиҳони дохилшавӣ аз рӯйи як забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (зинаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад. Имтиҳон аз рӯйи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (зинаи магистратура) дар шакли хаттӣ,  шифоҳӣ ва ё тестӣ гузаронида мешавад.

6. Таҳсил дар зинаи унвонҷӯйӣ дар шакли рӯзона сурат мегирад. Тартиби қабул ба унвонҷӯйӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ муайян карда мешавад.

8. Муддати таҳсил дар зинаи унвонҷӯйӣ 4 сол мебошад.

9. Қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар зинаи унвонҷӯйӣ аз 10.08.2023 то 25.08.2023 сурат гирифта, баъди ба анҷом расидани давраи қабул, суҳбат-озмун ва имтиҳонҳо ҷиҳати қабул ба зинаи магистратура аз 28.08.2023 то 31.08.2023 давом хоҳад кард.

Макони супоридани ҳуҷҷатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, 734025 хиёбони Рӯдакӣ, 33. Тел:

 

НОМГӮЙИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАБУЛ БАРОИ УНВОНҶӮЁН

 

1. Диплом ва замимаи он (зинаи магистратура).

2. Нусхаи шиноснома.

3. Нусхаи шаҳодатномаи ҳарбӣ (барои писарон).

4. Маълумотномаи тиббӣ – шакли 038.

5. Расми андозааш 3х4 – 6 дона.

6. Ариза ба номи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (дар комиссяи қабули АМИТ дода мешавад).

7. Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули АМИТ дода мешавад) – барои унвонҷӯён, ки ба гурӯҳи шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.

8. Реферат (дар мавзӯе, ки ба ихтисоси интихобкарда мувофиқ бошад).

 

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО