12 Feb 2024
Submitted by Admin
347

Маълумот:

     Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шуморо барои ширкат дар конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ ба муносибати 700-умин солгарди зодрӯзи Ҳофизи Шерозӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳи Ҳофиз дар адабиёти ҷаҳонӣ», ки  дар санаи 14-15-уми октябри соли 2024 баргузор мегардад, даъват менамояд.

МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРИИ КОНФЕРЕНСИЯ:

  1. Ҳофиз: зиндагинома, осор ва афкор:

–  Ҳофиз ва мактаби риндӣ;

– Ҳофиз ва ирфон;

– ишқи Ҳофиз;

– хамриёти Ҳофиз;

– Ҳунари шоирии Ҳофиз.

– Нусхашиносӣ ва матншиносии осори Ҳофиз.

– Ҳофизшиносӣ дар Шарқ.

– Ҳофизшиносӣ дар Ғарб.

– Ҳофиз ва Иоҳанн Волфанг Гӯте.

– «Девони шарқиву ғарбӣ»-и Гӯте ва шеъри форсии тоҷикӣ.

­– Шарҳҳои девони Ҳофиз.

– Ҳофиз ва суннати ғазалсароӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ.

– Ҳофиз ва ғазали муосири форсии тоҷикӣ.

– Забон, тарзи баён ва сабки Ҳофиз.

– Тарҷумаи шеъри Ҳофиз ва забонҳои дунё.

– Ҳофиз  ва мусиқӣ.

– Ҳофиз ва фарҳанги мардумӣ.


Макони баргузории чорабинӣ:

Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Санаи баргузории чорабинӣ:

душанбе 14-уми  октябр  то сешанбе, 15-уми октябри соли  2024

Созмондиҳандаи чорабинӣ : доктор Фарангис Шарифзода Худоӣ

Маълумоти  калидӣ:

Даричаи бақайдгирии конфронс боз аст

Муҳлати пешниҳоди мақолаҳо: то 1 августи соли 2024

Ҷавоб ба мақолаҳо: то 1 сентябри соли 2024

Мӯҳлати охири бақайдгирӣ: 1 августи соли 2024

Конфронс 14-15 октябри соли 2024 баргузор мешавад.

Мактуби  иттилоотӣ ва барномаи фарохони конфронс  барои маълумоти иловагӣ  дар зер оварда шудаанд.


Мактуби иттилоотии конфронси байналмилалӣ.pdf


Масъул: доктор Сафина Абодуллоева, почтаи электронӣ: 

safinaabodulloeva77@bk.ru


Нишонӣ: Институти забон ва адабиети ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21, сомона: www. izar.tj


     

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО