23 Sep 2022
Submitted by Admin
341

    Имрӯз дар санаи 23.09.2022 бо ибтикори масъулин аз Пажӯҳишгоҳи забону адаби ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони "ШЕЪРИ РӮДАКӢ: ТАҲҚИҚ, ТАРҶИМА ВА НАШРИ ОН ДАР ШАРҚ ВА ҒАРБ" ҳамоиши илмӣ дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҳамоишро директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, доктори илмҳои филология Фарангис Шарифзода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки раванди таҳқиқ ва тарҷима ҷиҳати бознигарии осори ҷаҳонии Рӯдакӣ амре аз вижагиҳои илмии замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад.

Сипас, ба президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ имкон дода шуд, ки аз минбар ҷиҳати вазъи таҳқиқу тарҷима ва интишори осори Рӯдакӣ андешаронӣ кунад. Мавсуф иқрор кард, ки қофиласолори шеър устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бо вуҷуди пажӯҳишҳои нодир дар замони Шӯравӣ имрӯз ба бознигарии илмӣ ниёз дорад ва аз вазифаҳои асосӣ дар самти баррасиҳои филологӣ маҳз бознигарӣ шудани осори гаронбаҳои устод маҳсуб мешавад.

Дар ҳамоиш донишмандони ҳирфаӣ чун Абдунабӣ Сатторзода, Парвонахон Ҷамшедов ва Абдулҳай Маҳмадаминов мушорикат доштанд.

Илова бар ин, таҳқиқоти назарраси донишмандони муосир аз давлати Эрон мисли Саид Нафисӣ, Маликушшуаро Муҳаммадтақии Баҳор, Забеҳулло Сафо, Бадеъуззамони Фурӯзонфар ва дигарон анҷом додаанд, ки то кунун аҳамияти илмиву таҳқиқии худро гум накардаанд. Шояд ҳамин омил ба инобат гирифта шуд, ки дар анҷоми ҳамоиш нашри нави китоби Саид Нафисӣ "Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ" дар Порис рӯнамо гардид.

Дар ҳамоиш адабшиносон аз қабили Сайфиддин Назарзода, Сахидод Раҳматуллозода, Шамсиддин Муҳаммадиев, Олимҷон Хоҷамуродов, Ҷамила Муруваттиён ва дигарон дар бахшҳои таҳқиқӣ маърӯза намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар осори Рӯдакӣ ғайр аз қасоид, маҷмӯаи ғазалиёт нуфузи бештар дорад ва аксар муҳаққиқон ба ғазалҳои Рӯдакӣ бештар муроҷиат менамоянд. Илова бар ин, шеъри Рӯдакӣ фақат риоя аз низоми иртиботи қофия=радиф иборат нест ва месазад мутазаккир шуд, ки Рӯдакӣ тибқи вижагиҳои андешаронӣ мутафаккир аст, чунки афроди андешаманд танҳо бо доштани истиқлоли фикр ва адами дарюзагӣ муаррифӣ мешаванд. Рӯдакӣ бошад, айни замон ба ҳифзу қироати ашъораш аз сӯйи муосирин ниёз надорад, чунки ҳифзу қироат хосси андешамандон нест, балки моро аз лавозим аст, ки дар ашъори Рӯдакӣ андеша ҷустуҷӯ кунем.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО