10 Apr 2022
Submitted by Admin
1228

Президенти Тоҷикистон барои таҷлили 35 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон фармони вижа ба тасвиб расонд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисиҷумҳур. Дар фармони мазкур омадааст, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2026 баргузор карда мешавад. Дар ин росто ҳукумат аз кишвардор супориши муҳлатнок гирифт.

"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотро таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати шаш моҳ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд", - омадааст дар фармон.

Мақсад аз тавсиби ин фрамон, таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа гуфта мешавад. Тоҷикистон истиқлоли давлатиро 9 сентябри соли 1991 ба даст овардааст. Имсол кишвар 30 - солагии истиқлолро бошукуҳ таҷлил кард. Ба муносибати ин ҷашн дар саросари кишвар иншооти ҷашнӣ бунёд шуд ва таҷлили ин сана бо барномаи бошукуҳи фарҳангӣ поён ёфт.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО