05 Mar 2024
Submitted by Admin
307
МОДАРНОМА
(рубоиёт)
Лафзи хуши шаҳдбори модар дорам,
Як сина пур аз хумори модар дорам.
Чун кӯдаки дурмонда аз модари хеш,
Чашми бараҳинтизори модар дорам.
***
Он нукта, ки ширину шакарбору накӯст,
Модар ва дуои давлати ҳастии ӯст.
Гар сайри ҳама дафтару девон созӣ,
Ширинтар аз ин нукта наёбӣ, эй дӯст.
***
Гӯянд, баҳори бехазон аст биҳишт,
Гулбоғи ҳамеша гулфишон аст биҳишт.
Пайғоми Паямбар аст бар насли башар:
“Дар зери қудуми модарон аст биҳишт”.
***
Модар, ки биҳишти кӯдакӣ домани ӯст,
Сарманзили ваҳдату якӣ домани ӯст.
Сарсаҳфаи “Қонун”-у “Шифо”-и Сино,
Сарчашмаи шеъри Рӯдакӣ домани ӯст.
***
Ку дӯст, ки пурсад дили ғампарвари ман?
Ояд дами дар, боз намояд дари ман.
Рӯид дубора сабзаву лола шукуфт,
Ку модари ман, модари ман, модари ман?!
***
Ҳаргиз нарасад ғубори ғам бар сари ту,
Сар дар накашад гарди алам аз дари ту.
Ман модари ғамгусори худ гум кардам
Хоре нахалад ба панҷаи модари ту.
***
Ман бар ту баҳори бехазон мехоҳам, Ман бар ту шукӯҳи ҷовидон мехоҳам.
Эй ҷони ҷаҳони ман зи даргоҳи Худо, Ҳар чиз бихоҳӣ ту, ҳамон мехоҳам.
***
Сар дар қадами ту сарфарозӣ бошад,
Савдои ту авҷи бениёзӣ бошад.
Рӯйи гули ту нишона аз боғи биҳишт,
Меҳроби ду абру-т намозӣ бошад.
***
Эй зӯри тану мадори ҷон, модари ҷон,
Сарҷамъии аҳли хонадон, модари ҷон.
Пеши кӣ аламҳои дилам нола кунам?!
Ман бе ту азизи меҳрбон, модари ҷон.
***
Ку модари ман, модари ҷонпарвари ман?
Раҳпойи ману раҳнигару раҳбари ман.
Пеши раҳи ман оби равон меомад,
Аз раҳмати оби дидаи модари ман.
***
Рӯйи ту зи пеши дидагонам наравад,
Бӯйи хушат аз машоми ҷонам наравад.
Ҳарчанд ба сар зи дар бурунат бурданд,
Нақши қадамат аз остонам наравад.
***
Дар бодияҳо сароби модар дорам,
Сад хонаи дил китоби модар дорам,
Аз меҳру муҳаббате, ки мерос аз ӯст,
Ман шуълаи офтоби модар дорам.
***
Эй модари меҳрбони меҳромӯзам,
Бе меҳри ту кай чароғи меҳр афрӯзам?!
Бо ёди ту мисли шамъ рӯзону шабон,
Мегиряму мегудозаму месӯзам.
***
Модар, ки ба ҷони мо баробар бошад,
То ҳаст, ҳумои бахт бар сар бошад.
Эй кош, тамоми умр рӯзу шаби мо
Фархунда чу ҷашни Рӯзи модар бошад.

Ҳасани СУЛТОН

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО