20 Feb 2024
Submitted by Admin
337

         21-уми феврал аз тарафи созмони ЮНЕСКО рӯзи байналмилалии забони модарӣ номгузорӣ шудааст. Номгузории ин рӯз дар конфаронси умумии Юнеско соли 1999 бо мақсади кумак ба забону фарҳангҳои гуногун анҷом шудааст. Созмони милали муттаҳид ҳам ба далели аҳамияти зиёди он соли 2008-ро соли ҷаҳонии забонҳо эълон кард. Сабаби номгузории рӯзи забони модарӣ аз замоне оғоз шуд, ки дар соли 1952 донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталифи шаҳри Даккаи пойтахти имрӯзаи Бангладеш, ки Покистони шарқӣ номида мешуд, барои миллӣ кардани забони банголӣ дар канори забони урду тазоҳурот карданд. Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти Бангладеш ва дархосташ ба ЮНЕСКО рӯзи 21 февралро рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ номид. Ҳама сола дар кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла дар Тоҷикистон ин рӯзро гиромӣ дошта, барномаву чорабиниҳое роҳандозӣ мешаванд.

Дар Тоҷикистон миллатҳои гуногун бо фарҳангу забонҳои гуногун аҳлона зиндагӣ мекунанд. Дар моддаи 3 Конститутсияи ҶТ омадааст: “Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он гуфтаанд: “Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.”

Инчунин дар кишвари азизи мо дар баробари тоҷикон намояндагони дигар кишварҳо аз ҷумла, русҳо, арманиҳо, ӯзбекон, қирғизон, қазоқон, туркманҳо, бошқирдҳо ва ғайраҳо зиндагӣ мекунанд. Мутобиқи маълумоти Ҷамъияти "Дӯстии халқҳо" то ба имрӯз 16 ташкилоту муассиса ва ҷамъияту марказҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон амал мекунад. Мактабҳои таҳсилашон ба забонҳои узбекӣ, русӣ, туркманӣ ва қирғизӣ дар манотиқи ҷумҳурии мо хонандаҳоро ба таҳсил фаро гирифтаанд, яъне тамоми ҳуқуқу озодиҳоро мардуми гуногунзабони кишвари мо доранд.

Сарвари давлат дар баробари забони давлатӣ ба дигар забонҳои қаламрави Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, мегӯяд: “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқӣ, доираи истифода, ҳифзу ҳимоя ва дурнамои рушди забони давлатиро дар рӯзгори файзбори истиқлоли давлатӣ ва шароити кунунии дигаргуниҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар ҳаёти дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар мекунад. Бояд таъкид кард, ки Қонуни мазкур дар заминаи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва дар робита ба вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ таҳия шуда, дар он дар баробари забони тоҷикӣ вазъи ҳуқуқии дигар забонҳои бумии ин марзу бум, ҳамчунин забонҳои ақаллиятҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътибор гирифта шудааст”.

РӮЗИ ЗАБОНИ МОДАРӢ БА ҲАМА МЕРОСБАРОН ВА ПОСДОРОНИ ОН ХУҶАСТАВУ ҲУМОЮН БОД!

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО