21 Feb 2025
Submitted by Admin
23

 

Марши сарбозон

1

Шоҳбайту шоҳкори мо, Ватан!

Эътибору иқтидори мо, Ватан!

Боғу роғу навбаҳори мо, Ватан!

Кӯҳи рӯҳи ифтихори мо, Ватан!

Хоку обу оташат нишони мост,

Қуллаи баландат ошёни мост,

Меҳри ту сиришта дар равони мост,

Номи ту ҳамеша бар забони мост.

Нақарот

Афсарони ҷонфидои хоки меҳанем,

Аскарони тезҳуши кӯҳу барзанем,

Дар дифои марз раъди барқафканем,

Мо ба ҳам танида тору пӯд яктанем.

2

Посбони марзи покгавҳарем,

Сафшикан муборизи диловарем,

Мо сипоҳиёни меҳрпарварем,

Таҳти амри Пешвои кишварем.

Ишқро чу тоҷи сар намудаем,

Шоми торро саҳар намудаем,

Тан ба роҳи ту сипар намудаем,

Бар адӯи ту зафар намудаем.

Нақарот.

Афсарони ҷонфидои хоки меҳанем,

Аскарони тезҳуши кӯҳу барзанем,

Дар дифои марз раъди барқафканем,

Мо ба ҳам танида тору пӯд яктанем.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО