Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
10 Nov 2026
Submitted by Admin
12

Имрӯз, 10 ноябр дар доираи ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, хатсайри илмӣ-маърифатии олимону муҳаққиқон ташкил гардида, иштирокчиён аз ганҷинаҳои илмиву адабии Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуда, ҳамзамон бо шароити корӣ ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ шинос гардиданд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии роҳандозии чунин хатсайрҳои илмӣ-маърифатӣ таҳкими робитаҳои илмӣ миёни муассисаҳои зертобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, табодули таҷрибаи касбӣ, муаррифии дастовардҳои илмӣ, омӯзиши фаъолияти муассисаҳои таҳқиқотӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои густариши ҳамкориҳои байнисоҳавӣ мебошад.

Дар ҷараёни боздид иштирокчиён бо ганҷинаҳои арзишманди илмиву адабӣ, осори муҳаққиқон, дастовардҳои илмӣ ва фаъолияти пажӯҳишии Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ шинос шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои омӯзишу ҳифзи мероси гаронбаҳои адабӣ, таҳқиқи таърихи забон ва адабиёти тоҷик, гирдоварӣ ва нашри осори адибону мутафаккирон, инчунин нақши муассисаи мазкур дар рушди илми филологияи тоҷик зоҳир гардид.

Зикр гардид, ки мероси илмиву адабии миллати тоҷик яке аз сарчашмаҳои муҳимми худшиносии миллӣ, таҳкими ҳувияти фарҳангӣ ва тарбияи маънавии наслҳои оянда ба ҳисоб рафта, омӯзишу муаррифии ҳамаҷонибаи он аз вазифаҳои асосии муассисаҳои илмӣ мебошад.

Ҳамзамон, олимону муҳаққиқон аз Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуда, бо шароити кории кормандон, фаъолияти шуъбаҳои илмӣ ва самтҳои асосии таҳқиқоти муассиса шиносоӣ пайдо карданд.

Дар рафти шиносоӣ масъалаҳои марбут ба рушди илмҳои ҳуқуқшиносӣ, таҳқиқи масъалаҳои давлатдорӣ, такмили заминаҳои илмии қонунгузорӣ, таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва нақши таҳқиқоти илмӣ дар рушди низоми ҳуқуқии кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки густариши ҳамкориҳои илмӣ миёни муассисаҳои таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон метавонад барои анҷом додани пажӯҳишҳои муштарак, истифодаи самараноки имкониятҳои илмӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Зикр гардид, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз нав таъсис дода шуда, бинои он пас аз солҳои тӯлонӣ мавриди таъмири асосӣ қарор гирифта, барои фаъолияти пурсамари олимону муҳаққиқон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар натиҷаи корҳои таъмиру навсозӣ бинои муассиса симои тоза касб намуда, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншооти зарурӣ мутобиқ ба талаботи муосир таҷдиду муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Фароҳам овардани чунин шароит барои тақвияти иқтидори илмӣ, рушди таҳқиқоти бунёдиву амалӣ дар самти давлатшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муассиса аҳаммияти муҳим дорад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО