Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
08 Sep 2026
Submitted by Admin
30

Имрӯз зимни конфронси байналмилалӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, барои саҳми арзанда ва талошҳои пайваста дар рушди барномаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои академӣ миёни Тоҷикистон ва Анҷумани байналмилалии Рӯдакӣ дар Париж, бо Ҷоизаи Бунёди байналмилалии Манучеҳри Фаҳангӣ (Испания) барои соли 2026, Нишони нуқраи Ҷоизаи Бунёди байналмилалии Рӯдакӣ дар Фаронса барои соли 2026 ва Сипоснома ба муносибати 30 соли ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Бунёди Рӯдакӣ сарфароз гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки қадрдонии мазкур дар заминаи ҳамкориҳои судманди илмӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ сурат гирифта, аз эътирофи фаъолияти созанда ва саҳми арзандаи роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар густариши робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Бунёди Рӯдакӣ ва Анҷумани байналмилалии Рӯдакӣ дар Париж дар тӯли солҳои зиёд ба таҳкими робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ, муаррифии мероси гаронбаҳои адабиёти классикии тоҷик, бахусус осори абадзиндаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намудааст.

Дар ин замина, саҳми академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дастгирии ташаббусҳои илмӣ ва фарҳангӣ, ҷалби муҳаққиқон ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои илми тоҷик қобили таваҷҷуҳ мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рушди илм, таҳкими робитаҳои байналмилалии илмӣ ва муаррифии дастовардҳои олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии илмии кишвар дар густариши ҳамкориҳо бо марказҳои илмӣ, донишгоҳҳо ва созмонҳои илмӣ-фарҳангии кишварҳои гуногун нақши муҳим дорад.

Ҷоизаҳо ва сипосномаҳои мазкур барои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҷомеаи илмии кишвар мояи ифтихор буда, аз эътирофи фаъолияти илмӣ, фарҳангӣ ва байналмилалии роҳбарияти Академия шаҳодат медиҳанд.

Ҷоиза муборак бошад, устоди гиромӣ!

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО