15 Apr 2026
Submitted by Admin
28

Дирӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ маҷлиси умумии ҳайати илмӣ ва кормандони муассиса дар мавзуи “Дастовардҳои Институт дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Иттифоқи касабаи Институт Латифзода Собир Зарифӣ ифтитоҳ намуд.

Дар оғоз муовини директор оид ба илм ва таълим, н.и.ф. Муҳаммадиев Шамсиддин оид ба пажуҳишҳои олимони тоҷик ва дастовардҳои илмии Институт дар даврони соҳибистиқлолӣ маърузаи пурмуҳтаво намуд.

Сипас, фаъолияти семоҳаи аввали соли ҷории Иттифоқи касаба баррасӣ гардида, гузориш пешниҳод шуд.

Директори Институт профессор Шарифзода Фарангис Худоӣ саҳми назарраси доктори илмҳои филологӣ Шоҳзамон Раҳмоновро, ки зиёда аз 60 соли умри худро ба пажуҳишҳои илмӣ бахшидааст, махсусан таъкид намуда, ӯро шоистаи қадрдонӣ арзёбӣ кард.

Ҳамчунин, ҳамкорон — узви вобастаи АМИТ, д.и.ф. С. Назарзода, н.и.ф. С. Собирҷонов, н.и.ф. Б. Тураев, н.и.ф., А. Абдураҳимов ва н.и.ф. А. Мажнунов фаъолияти 60 соли пурсамари адабиётшинос Ш.Раҳмоновро ситоишу тамҷид намуданд.

Дар фарҷом, Шоҳзамон Раҳмонов бо Ифтихорномаи Институт ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардид.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО