25 Jan 2023
Submitted by Admin
1275

Боймурод Шарифзода (Шарифзода Боймурод Бобопур; 2 декабри 1964, Элок, Файзобод, ҶШС Тоҷикистон)— адабиётшинос, номзади илми филология (1995), дотсент (1997)

Зиндагинома

Боймурод Шарифзода 2-декабри 1964 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод дар хонадони коргар ба дунё омадааст. Солҳои 1972—1982 дар мактаби миёнаи деҳа (№ 11) таҳсил кардааст. Соли 1982 ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шудааст. Солҳои 1983—1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ хизматро адо намудааст. Баъди хизмати ҳарбӣ хонданро идома дода соли 1989 факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ

Солҳои 1989—1990 лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1991—1994 лаборанти калон, коромӯз — муҳаққиқ.

Солҳои 1994—1998 аспиранти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,

Солҳои 1996—1998 муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба тарбия ва илм.

Солҳои 1998—2003 ҳамзамон ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ рӯзноманигор ва ҳуруфчину тарроҳи компютерӣ машғул шудааст.

Солҳои 2003—2004 муовини декани факултети филологияи тоҷик.

Солҳои 2004—2007 декани факултети филологияи тоҷик.

Аз соли 2012 то 2020 вазифаи декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айниро ба уҳда дошт.

Шарифзода Боймурод Бобопур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин карда шуда, аз январи 2020 то ҳол дар вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кору фаъолият дорад.

Фаъолияти илмӣ

Фаъолияти илмии Б.Шарифзода аз соли 1990 оғоз мешавад. Соли 1992 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи миллӣ дохил шуда, мавзӯи рисолаи номзадияшро зери унвони «Афкори адабӣ ва танқидии Хоқонии Шарвонӣ» тасдиқ намуд. Соли 1995 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Афкори адабӣ ва танқидии Хоқонӣ» ҳимоя намуд. Б.Шарифзода ҳамчун мутахассиси соҳаи нақди шеър перомуни адибони классику муосир тавассути оинаи нилгун беш аз 100 барнома омода карда, пахш намудааст.

Таълифот

Муаллифи 2 китоб ва зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ. Самти фаъолияти илмиаш таҳқиқи афкори адабӣ ва танқидии суханварони асримиёнагии форсу тоҷик мебошад. Дар конференсияҳои илмӣ иштирок ва маърӯзаҳо кардааст.

Китобҳо

1.Хоқонӣ ва нақди шеър.- Душанбе: “Шарқи озод”, 2010.- 185 саҳ

2. Шарҳи «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ.- Душанбе, 2015

Осори илмӣ:

  1. Балоғати сухан аз назари Хоқонӣ (Дар маҷмӯаи «Ҳақиқати ҳаёт ва ҷустуҷӯҳои адабӣ»). -Душанбе, 1994.- 98-105
  2. Афкори адабӣ ва танқидии Хоқонӣ.- Душанбе, 1995.- 25 с.
  3. Нақди ахлоқии Хоқонӣ. (Дар маҷмӯаи «Ҷустуҷӯҳои адабӣ», китоби VI) -Душанбе, 2004.- саҳ. 90-102
  4. Суварнигори Ҳадис. (Дар маҷмӯаи «Забон– рукни тоат», китоби дуюм). -Душанбе, 2004.- саҳ. 162-176
  5. Рӯдакӣ ва Хоқонӣ. -Фишурдаи суханрониҳо аз «Симпозиуми байналмилалии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон».- Душанбе, 2008.- С. 86-88
  6. Оинаи ибрат. //Садои шарқ, 2008, № 8.- С. 27-34
  7. Сӯфии Кӯфӣ. //Ба қуллаҳои дониш. 22 майи соли 2009, саҳ. 6-7
  8.  Imam Azam and his role in the scientific world of the East. |The tajik times, № 6, 27.05.2009, p. 7
  9.  Зодани офтоб осон нест. //Ҷумҳурият, 30 майи, 2009 (№ 70-71), саҳ. 7
  10.  Каломи матбӯъ. (Тақриз). //Ба қуллаҳои дониш, № 9, 4 июни соли 2009, саҳ. 5
  11.  Унвони илмӣ ҳанӯз маънои олим шуданро надорад (Мусоҳиба). //Ба қуллаҳои дониш, № 8, 22 майи соли 2009, саҳ. 11
  12. Вижагиҳои ирфони Хоқонӣ.//Паёми донишгоҳи миллӣ, 9 саҳ, (дар дасти чоп)
  13. Имоми Аъзам ва мақоми ӯ дар олами маънавиёти Шарқ. (Маърӯза дар конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии «Масъалаҳои ташаккули услубҳои забони адабии муосири тоҷикӣ» бахшида ба бузургдошти 1310 солагии Имоми Аъзам, 10 марти соли 2009
  14.  Агар ғамро чу оташ дуд будӣ (Дар бораи шоирони зиндонӣ: Масъуди Саъди Салмон). //Чархи гардун, № 41, 8 октябри соли 2009, саҳ. 10-22
  15.  Робитаи Имоми Аъзам бо ирфон ва тасаввуф. //Дар маҷмӯаи мақолаҳои «Мақоми Имоми Аъзам дар тамаддуни ислом ва ҷаҳон».- Душанбе: Матбааи Вазорати маорифи ҶТ, 2009, саҳ. 129-137
  16. Худшиносии эҷодӣ ва маърифати шеър. //Паёми Донишгоҳи миллӣ № 6- Душанбе, 2006.- саҳ. 21 -34
  17. Муаммои ирфон ва тасаввуфи Хоқонӣ. //Ахбори Академияи илмҳои Ҷ.Т., №1, саҳ. 140-147
  18. Навкарди матлаъ дар қасоиди Хоқонӣ.//Адаб№3(14), саҳ.12-17
  19. Мухтассоти қасоиди ахлоқии Хоқонӣ. //Адаб№4(15), саҳ.15-24
  20. Андешаҳои пурарзиши Фитрат. //Омӯзгор, 15 январи соли 2010, саҳ. 10.
  21. Тадқиқоти тоза дар илми адабиётшиносӣ. //Омӯзгор, 15 январи соли 2010, саҳ. 10
  22. Муаллиме, ки муааллифӣ кардааст. //Омӯзгор, 26 марти соли 2010, саҳ. 14 (Оид ба Ҳамид Бақозода)
  23. Ноқиди соҳибмактаб (Бо ҳамқаламии профессор Х. Асозода) //Адабиёт ва санъат, 13 майи соли 2010, саҳ. 5
  24. Устура воқеият дорад. //Омӯзгор, 28 майи соли 2010, саҳ.7
  25. Фоҷиаи давру як маорифпарвар. //Ҷумҳурият, 13 майи соли 2010,саҳ. 4
  26. Фарҳанги техникӣ дастрасии комил ба техника аст. //Омӯзгор, 16 апрели соли 2010, саҳ 6 (Мусоҳиба)
  27. Низоми тестӣ дар фанҳои гуманитарӣ. //Омӯзгор, 18 июни соли 2010, саҳ. 5
  28. Минбари аввалини ман ба «Қулаҳои дониш» буд. (Мусоҳиба бо Бозор Собир). //Ба қуллаҳои дониш,№17, 3 ноябри соли 2010, саҳ. 10-11
  29. Сайри маънӣ (Ҳеҷ шакле ба ҳаюло қобили сурат нашуд…). //Ба қуллаҳои дониш, №17, 3 ноябри соли 2010, саҳ. 13
  30. Сайри маънӣ (Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ...) //Ба қуллаҳои дониш, №18, 13 ноябри соли 2010, саҳ. 11
  31. Тақриз ба рисолаи номзадии Ҳикматов Ҷумъабой Ҳакимович дар мавзӯи «Мухлиси Бадахшонӣ ва мухаммасоти ӯ»- Душанбе, 2010 (Рӯзи ҳимояи рисола11 марти соли 2010)
  32. Истиқболи Лоҳутӣ аз Хоқонӣ. Замиствование Лахути от произведений Хакани. //Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Вестник Педагогического Университета, №6 (55 қ. 2).- Душанбе, 2013, саҳ. 297-309
  33. Ҳунарварзии Хоқонӣ дар санъати ташбеҳ. Мастерство Хакани ва употребеленири аллегорий. //Паёми Донишгоҳи милли Тоҷикистон.4/2 (133), 2014.- саҳ.140-147
  34. Инъикоси истилоҳоти тибби қадим дар ашъори Хоқонӣ. //Авҷи Зуҳал (Нашрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ инби Сино), 4 (13), 2013, саҳ. 66-77
  35. Таҷдиди матлаъ дар қасоиди Хоқонӣ. Обновление начального бейта ва касыдах Хакани. //Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Вестник Педагогического Университета, №3 (58 -1).- Душанбе, 2014, саҳ. 330-338
  36. Саҳнаи хаёл дар шеъри Хоқонӣ. //Осори Академия, №1 (21), 2014, саҳ.82-91
  37. Арзиши маънавӣ ва эстетикии мадеҳаҳои Анварӣ (Идейно-эстетические ценности панегирических стихов Анвари). //Осори Академия. №2 (20), 2013, саҳ.70-76
  38. Инъикоси истилоҳоти тибби қадим дар ашъори Хоқонӣ. //Номаи Донишгоҳ (илмҳои ҷомеашиносӣ), Учёные записки (гуманитарные науки), №2 (39).- Хуҷанд, 2014, саҳ.65-77
  39. Худшиносии эҷодӣ ва маърифати шеър. //Паёми Донишгоҳи миллӣ, № 1, соли 2008.- с.
  40. Хоқонӣ ва нақди шеър.- Душанбе: “Шарқи озод”, 2010.-199 с
  41. Бозтоби истилоҳоти илми нуҷум дар шеъри Хоқонӣ. Термины астрологии в поэзии Хакани. // Осори Академия(Труды Академии)№2 (26), 2015.- саҳ.126-135
  42. Дар марзи дилҳо. Тақриз, ба повести Равшани Махсумзод. //Адабиёт ва санъат, 4.06.15, саҳ. 5
  43. Намоишномаи дархӯри замон. //Омӯзгор, №51, 18 декабри соли 2015, саҳ4
  44. Сувари иҳом дар саҳнаи хаёли Хоқонӣ. Использование ихама (двусмысленное выражение) в стихотворениях Хакани. //Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Вестник Педагоического Университета.№6 (67), 2015, саҳ. 151-158
  45. Бозтоби истилоҳоти илми нуҷум дар шеъри Хоқонӣ. Термины астрологии в поэзии Хакани. //Осори Академия(Труды Академии)№2 (26), 2015.- саҳ.126-135
  46. Сирқоти адабӣ. //Садои Шарқ, 2015, №10, саҳ. 97-104
  47. Дар марзи дилҳо. Тақриз, ба повести Равшани Махсумзод. //Адабиёт ва санъат, 4.06.15, саҳ. 5
  48. Намоишномаи дархӯри замон. //Омӯзгор, №51, 18 декабри соли 2015, саҳ4
  49. Сувари иҳом дар саҳнаи хаёли Хоқонӣ. Использование ихама (двусмысленное выражение) в стихотворениях Хакани. //Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Вестник Педагогического Университета.№6 (67), 2015, саҳ. 151-158
  50. Сувари иҳом дар саҳнаи хаёли Хоқонӣ. //Суханшиносӣ, №3, 2015, саҳ. 86-100
  51. Шарифов Б. Вижагии сӯгномаҳои хонаводагӣ дар шеъри Хоқонӣ. //Гузоришҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, №1-2 (001-002), 2018, саҳ.135-143
  52. Девони Ҳофиз (Бар асоси нусхаи дастхати Мулло Ёри Ванҷӣ. //Адабиёт ва санъат, №8 (1979), 21-уми феврали 2019, саҳ. 6
  53. Гулзори маърифати ниёгон. Тақриз ба тазкираҳо. //Адабиёт ва санъат, 7-уми арти соли 2019, №10, саҳ.4
  54. Нақди назарӣ ва андешаҳои адабӣ. Тақриз ба китоби Ҳафиз Раҳмон «Ҷанбаҳои назариявии маърифати каломи бадеъ». //Адабиёт ва санъат, 13 июни соли 2019, №24, саҳ.5
  55. Ман шароб аз соғари ҷон хӯрдаам. Тақриз ба китоби Ш.Сӯфиев. //Адабиёт ва санъат, 11 июли соли 2019, №28, саҳ. 14
  56. Фатҳи боб (Сайре дар шеъри Хоқонии Шарвонӣ). //Адабиёт ва санъат, 1 августи 2019, №31, саҳ. 11
  57. Мавқеи ғазал дар эҷодиёти  Хоқонии Шарвонӣ. //Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, №2, (31), 2019, саҳ.77-87
  58. Назаре ба «Хатм-ул-ғароиб»-и мансуб ба Хоқонӣ. //Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, №1 (78), 2019, саҳ. 127-131
  59. Пажӯҳише дар таҳаввули маънии бода. //Садои Шарқ,2019, №11, саҳ. 151-157
  60. Назаре ба марсияҳои иҷтимоии Хоқонӣ ва Анварӣ. //Номаи Донишгоҳ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ, 2(59), 2019, саҳ.81-89
  61. Тири Исо нутқро дар харкамон овардаам.//Омӯзгори ҷавон, №3, 16 октябри 2019, саҳ. 10-11
  62. Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ. //Омӯзгори ҷавон, №4, 16 октябри 2019, саҳ. 10-11
  63. Одамӣ бӯзина буд? //Омӯзгори ҷавон, №5, 16 ноябри 2019, саҳ. 13-14

Эзоҳ

Президенти Тоҷикистон. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин намудани Шарифзода Б. Б. president.tj. 24 январи 2020 санҷида шуд.

Undefined

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО