25 Jan 2023
Submitted by Admin
1219

Раҳматуллозода Сахидод Раҳматуллоевич: 27. 10. 1964 дар ноҳияи Қубодиёни Ҷ Т таваллуд шудаам. Мактаби миёнаи № 37 ноҳияро соли 1982 хатм карда, ҳамин сол чун донишҷӯ дар факултаи забонҳои шарқи ДДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикитсон) таҳсилро идома дода, онро срои 1989 ба ихтисоси  «Забон ва адабиёти шарқ» ва квалификатсияи «Филолог, муаллими забони форсӣ ва забону адабиёти тоҷик» ба итмом расонидам.

Аз 14. 05. 1984 то 30. 05. 1986 дар сафи артиши собиқ Иттиҳоди Шуравӣ хизмат кардам.

Аз соли 1989 то соли 1991 ба сифати лаборанти шуъбаи диалектологияи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (ҳоло Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТоҷикистон) кор кардам. Солҳои 1991-1994 чун аспиранти Институти мазкур машғули таҳсил будам. Ба сифати ходими хурди илмӣ дар шуъбаи диалектологияи аз соли 1994 то соли 1998 ба сифати ходими илмӣ аз соли 1998 то соли 2003 чун ходими калони илмии шуъбаи мазкур кору фаъолият намудам. Дар маҷаллаи «Бойчечак» чун муҳаррир аз соли 2003 то соли 2005 кор кардам. Аз соли 2005 то 1. 04. 2005 ёрдамчи ректори ДДОТ ба номи  Қ. Ҷӯраев (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ва аз соли 2005 то соли 2008 муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳи мазкур, аз соли 2008 то майи соли 2010 мудири кафедраи забони тоҷикӣ, аз июни соли 2010 то июни соли 2012 декани факултети филологияи тоҷикии ДДОТ ба номи С. Айнӣ солҳои 2012-2013 рухсати эҷодӣ, аз соли 2013 то соли 2015 мудири кафедраи забони тоҷикии факултети мазкур ва аз соли 2015 директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ. мебошам.

Undefined

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО