24 May 2024
Submitted by Admin
272

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ барои саҳми арзанда ва иштироки фаъоли кормандони Институт дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Олимзода.С., бо сипоснома қадрдонӣ шудааст.

Дар марҳилаи ноҳиявии озмуни мазкур ҳамчунин докторанти PhD-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Шералиев Шералӣ аз рӯйи номинатсияи “Эҷоди наср” миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун сазовори ҷойи дувум гардида, бо дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуд.

Бад-ин муносибат Раёсати Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҳамкорони фаъоли худро табрику шодбош намуда, барои онҳо комёбиҳои рӯзафзун таманно менамояд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО