26 Jan 2026
Submitted by Admin
40

Имрӯз дар толори Шурои олимони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ ҷаласаи навбатии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Рӯдакӣ” баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои ташкилоти ибтидоии "Ворисони Рӯдакӣ" муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Хирадмандон"-и ҲХДТ дар АМИТ д.и.т. Ширин Қурбонова, муовини директори Институти масъалаҳои Осиё ва Аврупо - д.и.ҳ. Дониёр Сангинзода ва олимону пажӯҳишгарон иштирок намуданд. Ҷаласаро директори Институт, профессор Шарифзода Фарангис оғоз намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ҷалб кард. Мавсуф таъкид дошт, ки дастурҳои Пешвои миллат бояд меҳвари фаъолияти ҳаррӯзаи кормандон бошад.

Профессор Сангинзода Дониёр, аъзои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар бораи аҳамияти ҳуқуқии Паёми Пешвои миллат маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Ходими илмии Институт Давлатов Фирдавс дар мавзуи “Пешвои миллат — эҳёгари фарҳанги миллӣ” суханронӣ карда, нақши Пешвои миллатро дар рушди арзишҳои маънавӣ баррасӣ кард. Муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Ваҳҳобзода Сулаймон оид ба натиҷаҳои фаъолияти “Ворисони Рӯдакӣ” дар соли 2025 гузориш дода, нақша ва вазифаҳо барои соли 2026 тасдиқ гардиданд.

Дар анҷоми нишаст муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ Қурбонова Ширин фаъолияти ташкилотро ҷамъбаст ва вазифаҳои минбаъдаро мушаххас намуда, барои фаъолияти босамари ҳамсафони ҳизбӣ изҳори сипос намуд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО