04 Nov 2025
Submitted by Admin
12

Имрӯз, дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, нимаи дуюми бахши филологии Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1045-солагии донишманди бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид.

Дар кори бахш олимон, муҳаққиқон ва филологҳои кишварҳои гуногун иштирок карда, дар мавзӯъҳои муҳимми филологӣ ва мероси адабии Ибни Сино суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи бахш бо муҳокимаи масъалаҳои мероси илмӣ ва адабӣ, инчунин тағйироту таҳаввулоти филологӣ дар замони муосир идома ёфт.

Ҳадафи асосӣ аз баргузории бахш таҳкими омӯзиш ва пажӯҳиши мероси илмию адабии Ибни Сино ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ байни донишмандони дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО