01 Sep 2026
Submitted by Admin
56

Имрӯз, 1 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони “Илму дониш омили асосии рушди Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, дар сухани ифтитоҳии хеш қайд намуд, ки баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки ҳамасола бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад, барои ҷомеаи кишвар аҳамияти бузурги маънавию сиёсӣ дошта, ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба сулҳу субот ва баланд бардоштани мақоми илму дониш дар рушди ҷомеа мусоидат менамояд.

Зикр гардид, ки дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон илм ва маориф ҳамчун заминаи асосии рушди устувори давлат, таҳкими иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини пешрафти ҷомеа мавқеи калидӣ пайдо намудаанд. Истиқлоли давлатӣ барои рушди низоми илмии мамлакат, ташаккули муассисаҳои нави илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард.

Таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои илмӣ, рушди инфрасохтори илмӣ, дастгирии олимони ҷавон ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд.

Гуфта шуд, ки пешрафти давлат ва ҷомеаи муосирро бе илму дониш, таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ, рушди технологияҳои нав ва истифодаи васеи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Аз ин рӯ, тақвияти неруи илмӣ, дастгирии олимони ҷавон, рушди инфрасохтори илмӣ ва пайванди устувори илм бо истеҳсолот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими замони муосир ба ҳисоб мераванд.

Дар идома Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Имомзода Нилуфар ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Солеҳзода Наима суханронӣ намуда, оид ба нақши илму дониш дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, рушди устувори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иқтисодии аҳолӣ, инчунин саҳми занон дар пешрафти соҳаҳои илму маориф ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа андешаҳои худро баён намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди ҳамаҷонибаи илму маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои фаъолияти илмӣ ва эҷодии шаҳрвандони кишвар заминаи устувор гузошт. Дар ин давра барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, рушди муассисаҳои илмӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои таҳқиқотӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.

Инчунин, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муродзода Аҳмадхон, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинов Маҳмадизода Нозим, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Шарифзода Фарангис ва директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобозода Комил суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои илмӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва саҳми таҳқиқоти илмӣ дар рушди устувори мамлакат андешаҳои худро баён намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО