09 Oct 2024
Submitted by Admin
116

Имрӯз дар Институт бо намояндаи бахши муассисаи иттилоърасонӣ- мутолеъотии шарқшиносӣ ва Ховари миёна дар китобхонаи Донишгоҳи Мортин Лутер дар иёлоти Саксонияи Олмон - бону Илҳом Иброҳимпур вохӯрӣ ва суҳбат ороста шуд. Дар рафти мулоқот бону Иброҳимпур кору фаъолияти китобхонаро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Дар китобхонаи мазкур 250000 китоб дар атрофи масоили шарқшиносӣ нигаҳдорӣ мешавад, ки аз ин миқдор тақрибан 1000 дона китобу маҷалла ба забони тоҷик аст. Ин китобхона шакли электронии тамоми китобҳоро дар сойти зер www.menalib.de/menadoc барои хонандагон пешкаш кардааст.

Ҳадаф аз ташрифи бону Иброҳимпур пешниҳоди ҳамкорӣ бо донишмандони бахши забону адабиёт ва ғанӣ гардондани ин бахши китобхона бо китобҳои муҳаққиқони тоҷик мебошад.

Муҳаққиқон ва ҳаводорон метавонанд содаву осон аз китобхонаи электронии мазкур истифода баранд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО