28 Apr 2026
Submitted by Admin
31

Имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бузургдошти 1050-сологии Робиаи Балхӣ ва дар чорчӯби соли «Вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», аз ҷониби шуъбаи таърихи адабиёти ИЗА АМИТ семинари илмӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш маърузае таҳти унвони «Тарғиби озодӣ ва озодандешӣ дар шеъри Робиаи Балхӣ» аз ҷониби Маликова Анзурат Саъдуллоевна пешниҳод карда шуд.

Дар маъруза масъалаи тафсири моҳияти «ишқ» дар ашъори Робиаи Балхӣ мавриди баррасии илмӣ қарор дода шуд. Маърузакунанда бо такя ба равишҳои матншиносӣ ва сабкшиносӣ нишон дод, ки дар бисёре аз манобеи классик ва муосир гароиши тафсири суфиёна аз шахсият ва ашъори Робиа ҷой дорад.

Таъкид гардид, ки чунин хонишҳо бештар дар осори Фаридуддини Аттор ва Абдураҳмони Ҷомӣ шакл гирифта, ба тадриҷ ба як анъанаи устувори тафсирӣ табдил ёфтаанд. Аммо, ба андешаи маърузакунанда, ин гуна тафсирҳо на бозтоби воқеияти таърихии зиндагӣ ва эҷодиёти Робиа, балки натиҷаи таъвилҳои баъдӣ дар заминаи густариши гуфтумони тасаввуф мебошанд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО