20 Feb 2025
Submitted by Admin
29

Имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ таҳти унвони «Сиёсати давлатии забон дар ҳифзи забонҳои модарӣ» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии илмӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми филология, узви вобастаи АМИТ Сахидод Раҳматуллозода, профессори кафедраи забони Донишгоҳи давлатии байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Олимҷон Муҳаммадҷонзода, меҳмонон аз муассисаи «Бунёди равобити фарҳангии халқҳои тоҷик ва ҷаҳон» иштирок доштанд.

Ҷаласаро директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ доктори илми филология, профессор Фарангис Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Дар ҷаласа Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода, профессори кафедраи забони Донишгоҳи давлатии байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Олимҷон Муҳаммадҷонзода, директори Институт Фарангис Шарифзода, мудири шуъбаи забони тоҷикӣ Сайфиддин Мирзоев, сарходими шуъбаи забони тоҷикӣ, доктори илми филология Сафина Абодуллоева, сарходими шуъбаи забони тоҷикӣ, номзади илмҳои филология Азизхон Мирбобоев, ходими калони илмии шуъбаи таърихи адабиёт Мубашшир Акбарзод оид ба вазъи кунунии забон ва сиёсати давлатии забон дар ҷумҳурӣ, инчунин роҳҳои рушди забони модарӣ сухан карданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО