Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
25 Dec 2025
Submitted by Admin
36

Имрӯз дар толори Шӯрои олимони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ ҷаласаи гурӯҳи кории Консепсияи "Маркази байналмилалии Наврӯз" баргузор гардид. Дар ҷаласа ходимони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ, мудири шуъбаи санъатшиносии раёсати АМИТ - Аслиддин Низомов, профессори ДДОТ ба номи С.Айнӣ - Қосимӣ С., директори Институти астрофизика - Буризода А. ва ходими илмии ҳамин Институт - Баҳромзод Р., ходимони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш - Шовалиева М. ва Сафоева Б. ҳузур доштанд. Дар ҷаласа моҳияти Наврӯз ва ҷашнҳои миллии тоҷикон, пайдоиш ва ташаккули онҳо, суннату фазилатҳои Наврӯз, баррасӣ шуданд. Ҳозирин андешаҳои худро дар бораи мақсаду вазифаҳои марказ, сохтори он ва мазмуну муҳтавои муҷтамаъ андешаҳои худро баён карда, пешниҳодҳои муфид доданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО