Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
12 Apr 2024
Submitted by Admin
224

Имрӯз дар толори Шурои олимони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар доираи “Ҳафтаи илм” дар АМИТ рӯнамоии китобҳои тозанашри донишманд ва муҳаққиқи номвари забонҳои эронии бостон доктор Раҳом Аша баргузор гардид. Вохӯриро бо сухани муқаддимавӣ раиси шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ, узви вобастаи АМИТ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки доктор Раҳом Аша шаҳрванди ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар таҳқиқи забонҳои бостонии ниёконамон саҳми боризе гузоштааст. Ӯ зимни сафарҳояш ба Тоҷикистон дар давраҳои омӯзиши забонҳои эронии бостонӣ ба таълими омӯзандагони ин забонҳо машғул гардида, ба ҳамин васила дар тарбияи муҳаққиқони ҷавони соҳаи забоншиносии тоҷик низ ҳиссагузор мебошад. Доктор Раҳом Аша зимни суханронии худ доир ба масоили муҳими таҳқиқи забонҳои эронии аҳди бостон ва миёна изҳори назар карда, андешаҳои худро перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои пажуҳишҳои эроншиносӣ баён дошт. Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, доктори илми филология Шарифзода Ф.Х. дар мавзуи “Раҳом Аша – муҳаққиқи барҷастаи забонҳои эронии бостон ва миёна” сухан ронда, таъкид дошт, ки ин донишманд дар риштаи риёзиёт ва фалсафа соҳиби дараҷаи илмӣ гардида, ҳамзамон умри худро сарфи таҳқиқи осори хаттии забонҳои эронии бостон ва миёна гардондааст ва дар ин ҷода осори гаронмояи илмиро мунташир намудааст. Ба қалами ин донишманд як силслила китобҳои муҳимме мисли “Озарбоди Маҳраспандон: партаве нав абар зиндагӣ ва бархе аз корҳош”,“ Ардавирозагон”,“ Омӯзаи пизишкии муғон”,“Китоби дастури забони авестоӣ (Avesta; A Grammatical Précis (Dushanbe: Academy of Sciences, Tehran: Sade, 2019)”, “Забони порсиг”,“ Сруг номак”,“ Шак-уд- гумониг-визор (šak-ud-gumānīh-vizār)”,“ A Compendious Sogdian Dictionary”,“ Паймонҳои заношӯӣ”, “Луғати забони суғдӣ” мансуб мебошад.

Дар суханронии сарходими илмии Институт, номзади илми филология А.Мирбобоев масъалаи даврабандии пажӯҳишҳои лексикографии забони суғдӣ ва саҳми доктор Раҳом Аша дар рушди луғатнигории забони суғдӣ ба доираи мубоҳисаи илмӣ кашида шуд. Зикр гардид, ки таваҷҷуҳ ба забони суғдӣ беш аз як аср пеш, аз замоне, ки донишманди маъруф Ф.К. Мюллер дар миёни навиштаҳои монавии пайдошуда аз Турфони Чин дар соли 1904 дар канори навиштаҷоти портӣ мавҷудияти бархе аз дастнависҳоро ба кадом як лаҳҷаи номаълуми паҳлавӣ пай бурд, дар илм пайдо шуда буд. Пасон профессори бахши филологияи эронии Донишгоҳи Геттинген Фридрих Карл Андреас ҳамон ишораи Ф. Мюллерро дар бораи мансубияти баъзе навиштаҳои “кадом як лаҳҷаи номаълуми паҳлавӣ”-и осори Турфон пайгирӣ карда, мутааллиқ будани онҳоро ба забони суғдӣ муайян намуд. Аз ҳамон замон ба баъд дар эроншиносии муосир суғдшиносӣ як соҳаи муҳими онро ташкил мекунад. Сухангӯ дар гузориши худ таърихи пажӯҳишҳои лексикографии забони суғдиро ба чаҳор марҳила тақсим карда, вижагиҳои хоси ҳар кадоме аз ин марҳилаҳоро баён намуд. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки “Фарҳанги забони суғдӣ”, ки Раҳом Аша дар ду ҷилд таълиф намудааст, бори нахуст дар таърихи фарҳангнигории забони суғдӣ иттилооти ҷомеи тафсирӣ, решашинохтӣ ва муқоисавӣ-таърихиро доир ба вожагони ин забон фаро гирифта, самти наверо дар таърихи фарҳангнигории забони суғдӣ боз мекунад ва дар радифи беҳтарин таҳқиқоти суғдишиносӣ қарор дорад.

Мудири шуъбаи забони Институт, номзади илми филология С. Мирзоев дар мавзуи “Дастоварди нав дар суғдшиносӣ (Ироаи чанд нукта оид ба асари доктор Раҳом Аша “Фарҳанги забони суғдӣ”)” изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки бисёр калимаҳое, ки дар ин фарҳанг тафсир шудаанд, шаклҳои ҳамрешаи худро дар забони яғнобӣ доранд ва чунин вожагони забони яғнобӣ дар оянда метавонанд дар ин фарҳанг ба сифати маводи иловагӣ ба кор гирифта шаванд. Ҳамчунин фарҳанги мазкур барои муайян кардани калимаҳои аслӣ дар таркиби луғавии забони яғнобӣ, пайгирӣ намудани ҷараёни инкишофи маъноҳои луғавии вожагони ин забон кумаки зиёде карда метавонад.

Дар поёни ин ҳамоиши илмӣ пурсишу посух ва мубоҳисоти илмӣ перомуни масоили мубрами суғдшиносии муосир баргузор гардида, доктор Раҳом Аша ба саволҳои ҳозирин доир ба бархе аз вижагиҳои хат ва осори хатти суғдӣ ва шарҳу тафсир ва тарҷумаи онҳо ҷавобҳои муфассал дод. Муҳаққиқони хориҷӣ аз тариқи zoom дар ин ҳамоиши илмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО