12 Jun 2026
Submitted by Admin
23

10 июни соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию назариявии «Робиаи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ баргузор гардид.

Дар кори конференсия донишмандон ва муҳаққиқон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Подшоҳии Нидерландия (Голландия), Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қисми ифтитоҳии ҳамоишро директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, профессор Фарангис Шарифзода ифтитоҳ бахшида, ҳадаф ва аҳаммияти баргузории конференсияро шарҳ дод.

Сипас Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрур Абдуллозода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибеки Қаландар бо суханони табрикӣ баромад намуда, ба кори конференсия ба иштирокдорон дар кори ҳамоиш барору комёбӣ орзу намуданд. Дар идомаи қисми ифтитоҳӣ иштирокдорон маърузаҳои илмии профессор Матлубаи Мирзоюнус (Тоҷикистон), Шодӣ Шуҷоӣ (Эрон), Башир Азизӣ (Нидерландия), Шукуфта Ёсин Аббосӣ (Покистон), Багиров Акрам (Озарбойҷон), Ниҳот Деғирменҷӣ (Туркия) ва Анзурати Маликзода (Тоҷикистон)-ро шунида, доир ба ҳаёт, осор ва ҷойгоҳи адабии Робиаи Балхӣ мубодилаи афкор намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО