20 Feb 2024
Submitted by Admin
298

Ҳамасола 21 феврал мувофиқи қарори иҷлосияи 30-юми Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Ҷаласаро директори Институт д.и.ф., профессор Шарифзода Ф. Х. оғоз намуда, ҳозиринро бо ин рӯз табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки забони тоҷикӣ дар байни забонҳои ҷаҳон яке аз бойтарин, ғанитарин, ширинтарину гуворотарин забон ба шумор меравад.

Дар мизи мудаввар донишмандони забоншинос Назарзода С. Султон Ҳасан Баротзода, Аскар Ҳаким, Мирбобоев А., Мирзоев С. ва донишманди афғонистонӣ, собиқ унвонҷӯйи Институт доктор Шамсулҳаққи Ориёнфар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори мизи мудаввар мавқеъ ва нақши забони модарӣ-тоҷикӣ дар пойдории давлатдории миллӣ муҳим ва аввалиндараҷа баён гардид. Ҳамзамон, доир ба забони “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва пойдор нигоҳ доштани забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО