30 Dec 2022
Submitted by Admin
418

Ҳар нафас нав мешавад дунёи мо...

      Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо камоли эҳтиром фарорасии Соли Нав – соли кушоишу созандагиро барои Шумо табрик менамояд.

Гардиши хуршеду фалак, табдили солу моҳ ва тағйири рӯзу шаб фалсафаи зебои ҳамоҳангию ҳамкории табиат ва инсонро ба намоиш мегузоранд, ки мақсади ҳамаи ин таҳаввулот расидани инсон ба авҷи камолот аст.

Фаро расидани Соли Нав ҳамеша навидбахши афкори нав, кирдори нав ва тасмимҳои нав барои оянда аст, ояндае, ки ҳама умед дорем, беҳтар аз гузашта бошад.

Тоҷикистони азиз, дар даврони Истиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназири сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардида, нуфузу эътибораш дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам устувортар шудааст.

Аз ин рӯ, дар оғози Соли Нав барои Шумо дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат ва ҳимояти шаъну шарафи Ватани азизамон комёбӣ ва дастовардҳои нав ба нав таманно намуда, мувафаққияти рӯзафзуни Шуморо орзумандем.

Соли нави 2023 мубораку фархунда бод!

 Раёсати Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 
TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО