20 Feb 2026
Submitted by Admin
37

Чуноне маълум аст, 26 сол мешавад, ки дар ҷаҳон Рӯзи забонҳои модарӣ ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи забонҳои модарӣ ҳар сол рӯзи 21-уми феврал дар муассисаҳои таълимӣ, яъне дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо таҷлил гардида, ба ифтихори ҷашни забонҳои модарӣ чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, семинару конференсияҳо баргузор мекунанд.

Бинобар ин, чун анъана 20-уми феврали соли 2026 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар мавзуи “Истиқлол ва масъалаҳои рушди забонҳои миллӣ” конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

Дар кори конференсия аз донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмӣ-таълимии гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, инчунин унвонҷӯ аз Донишгоҳи Глостершири Англия Тимоти Перри ширкат карда, маърузаҳои худро ироа намуданд. Дар маҷмуъ, ба конференсия 21 мақола дар мавзуи вазъи забонҳои модарӣ дар шароити нави ҷаҳонӣ пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Конференсияро мудири шуъбаи забони тоҷикӣ д.и.ф. Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Маърузаҳо дар масъалаҳои гуногуни забон, Ҳифзи забонҳои дар зери хатар қарордошта, аз ҷумла забони яғнобӣ, гурӯҳи забонҳои помирӣ, Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон, нақши анҷомаҳои номвожасоз дар баъзе сарчашмаҳои таърихӣ ва ғайраҳо сурат гирифтанд.

Инчунин д.и.ф., узви вобастаи АМИТ, Ҳасани Султон ва н.и.ф. Тураев Бурҳониддин шеърҳои ба тозагӣ эҷодкардаи худро дар бораи забон қироат карданд.

Дар музокира д.и.ф., узви вобастаи АМИТ, С. Назарзода ва х.к. и. Бобохонов Б. ширкат карда андешаҳои худро баён карданд.

Профессор Сайфиддин Назарзода пешниҳод кард, ки бар ивази истилоҳи забони яғнобӣ агар забони суғдӣ истифода шавад, беҳтар аст, зеро забони яғнобӣ идома ва ё яке аз гӯйишҳои забони суғдӣ шинохта шудааст ва асоси таърихӣ ва илмӣ ҳам дорад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО