05 May 2026
Submitted by Admin
22

Имрӯз, 5 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Точикистон ба муносибати 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Точикистон, арбоби бузурги давлатию сиёсӣ устод Мирзо Турсунзода, ки ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" рост меояд, Конференсияи ҷумхуриявии илмию амалии таҳти унвони «Мирзо Турсунзода шоири миллӣ ва шахсияти ҷаҳонӣ» баргузор гардид.

Предиенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки шахсияти барҷастаи Мирзо Турсунзода дар таърихи адабиёти тоҷик ва фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи хосса дошта, осори гаронмояи ӯ ҳамчун сарчашмаи маънавӣ дар тарбияи наслҳои гуногун нақши муассир мегузорад.

Қайд гардид, ки мероси адабии устод бо фарогирии арзишҳои олии инсонӣ, аз ҷумла сулҳ, дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, то имрӯз аҳаммияти худро гум накарда, дар шароити муосир низ роҳнамои ҷомеа ба сӯи худшиносиву худогоҳӣ мебошад. Таъкид гардид, ки фаъолияти густурдаи ҷамъиятӣ ва сиёсии устод Мирзо Турсунзода дар таҳкими равобити байналмилалӣ, муаррифии фарҳанги тоҷик дар арсаи ҷаҳон ва таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми назаррас гузоштааст. Аз ин лиҳоз, омӯзиш ва тарғиби осори ӯ яке аз вазифаҳои муҳими муҳаққиқону донишмандон ба ҳисоб меравад.

Дар идома муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толиб дар суханронии хеш қайд намуд, ки мероси ғании адабӣ ва фаъолияти пурсамари ҷамъиятию сиёсии Мирзо Турсунзода дар ташаккули худшиносии миллӣ, тарбияи маънавии ҷомеа ва таҳкими арзишҳои умумибашарӣ аҳаммияти хосса дорад. Қайд гардид, ки осори устод Турсунзода бо мазмуну муҳтавои баланд, ғояҳои сулҳпарварона ва инсонгароёнааш на танҳо барои мардуми тоҷик, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ арзишманд буда, имрӯз низ ҳамчун омили муҳими таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ хизмат мекунад.

Инчунин, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва дигар олимону муҳаққиқон дар баромадҳои хеш таъкид намуданд, ки осори пурғановат ва фаъолияти пурсамари Мирзо Турсунзода ҳамчун мактаби бузурги адабӣ ва маънавӣ барои наслҳои имрӯзу оянда хизмат менамояд.

Зикр гардид, ки дар эҷодиёти устод масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, арзишҳои волои инсонӣ, сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати халқҳо бо маҳорати баланд инъикос ёфта, аҳаммияти онҳо дар шароити ҷаҳони муосир боз ҳам бештар мегардад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки омӯзиши амиқи мероси адабии Турсунзода ва татбиқи ғояҳои пешқадами ӯ дар ҳаёти ҷомеа метавонад ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ мусоидати назаррас намояд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО